Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 289 "Дар бораи таъсис додани филиалҳои муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд"

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 380 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2022 № 17)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2022 № 17, аз 27.02.2024 № 104)

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2022 № 17).

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин намудани филиалҳои навтаъсисро ҳаллу фасл намояд.

3. Маблағгузорӣ ва нигоҳдории филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2022 № 17, аз 27.02.2024 № 104).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

 аз 30 июли соли 2021, № 301

ш. Душанбе

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 29.06.2024 №380

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании филиалов Государственного учреждения "Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана" в Хатлонской и Согдийской областях

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.01.2022 №17)

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.01.2022 №17, от 27.02.2024 №104)

В соответствии со статьей 32 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать филиалы Государственного учреждения "Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана" в Хатлонской и Согдийской областях (в редакции постановления Правительства РТ от 27.01.2022 №17).

2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке в двухмесячный срок решить вопросы обеспечения новых филиалов зданием, транспортными средствами, оборудованием и другими необходимыми средствами.

3. Обеспечить финансирование и содержание филиалов Государственного учреждения "Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана" по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан за счет средств государственного бюджета и других денежных средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 27.01.2022 №17, от 27.02.2024 №104).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 30 июля 2021 года, №301