ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 декабр оид ба корҳои анҷомдода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2021, №566