Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2021, №519
тасдиқ карда шудааст
Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов (минбаъд - Тартиб) мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" таҳия гардида, тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, вазифаҳои асосии назорати давлатӣ ва ваколати мақомоти ваколатдори давлатиро дар ин самт муайян менамояд.
2. Манбаъҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии оби нӯшокӣ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов объектҳои назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба ҳисоб мераванд.
3. Муқаррароти Тартиби мазкур ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дахолат намекунад.
4. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонида мешавад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ ОБИ НУШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
5. Вазифаҳои асосии назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ин таъмини риояи меъёру қоидаҳои зерин аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ба ҳисоб меравад:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- талаботи ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- меъёрҳои ташкили баҳисобгирии истеъмоли оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ҳангоми сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- низоми интиқоли мунтазами оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ, меъёрҳои сифат ва бехатарии обӣ нӯшокӣ;
- кафолати ҳуқукии таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ ва меъёрҳои сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ;
- кафолати давлатии эътимоднокӣ ва бехатарии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин меъёри ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт;
- ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов.
6. Назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов аз маҷмӯйи чорабиниҳои зерин иборат мебошад:
- назорати ташкили сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои он;
- назорати иҷрои талаботи экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва баистифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарии онҳо;
- назорати иҷрои қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, маҳфуз нигоҳдорӣ (консерватсия), барҳамдиҳӣ ва баистифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарии онҳо;
- назорати ҳолат, истифода ва ҳифзи манбаъҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарии онҳо;
- назорати риояи қоидаю меъёрҳои муқарраршуда, талаботи давлатии регламент ва стандартҳо нисбат ба оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ҳамчунин ба тарзу усулҳои назоратӣ дар таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов истифодашаванда;
- назорати риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва баистифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ.
3. НИЗОМИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ ОБИ НУШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВРО АМАЛӢ МЕНАМОЯНД
7. Назорати давлатиро дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мақомоти ваколатдори давлатии зерин амалӣ менамоянд:
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ.
4. ВАКОЛАТИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИРО ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ОБИ НУШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ АМАЛӢ МЕНАМОЯНД
8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар доираи ваколати худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мутобиқи меъёрҳои амалкунандаи миқдор, сифат ва бехатарӣ;
- тасдиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- муайян намудани чораҳо оид ба муҳофизати манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- якҷо бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил намудани санҷишҳои техникӣ ва аудити технологии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии таъминоти оби нӯшокӣ;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, назорати ҳолати техникии иншоотҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти онҳо;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар асоси бастани шартномаҳои тарафайн бо шахсони ҳуқуқие, ки дорои шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокию рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти онҳо;
- таъсиси фонди сармоягузорӣ бо мақсади дар як ҷо ҷамъ овардан, истифодабарӣ ва назорати самараноки маблағҳои сармоягузоришаванда аз рӯйи лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокию рафъи обҳои партов ва ҳамоҳангсозии ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи ваколати худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- интихоби муносиби манбаи таъмини оби нӯшокӣ, технологияи тоза кардан ва безараргардонии он;
- назорати мунтазами сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ истифода намудани таҷҳизот, мавод, реагентҳое, ки безарар будани онҳоро сертификати муқарраршуда тасдиқ мекунад;
- муқаррар намудан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ кардани талаботи меъёрӣ нисбат ба оби нӯшокӣ ва манбаъҳои таъмини он мутобиқи дастовардҳои муосири илмӣ;
- ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокии мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтор бо муқаррар намудани минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ва андешидани чораҳои дигари ҳифзи оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ зимни амалҳои тасодуфӣ ё барқасдона;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои кории истифода ва назорати сифату бехатарии оби нӯшокии шабакаҳои обтаъминкунии мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтор бо дарназардошти шароити маҳал;
- муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати даврии сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми эҷоди хатар ба саломатии одамон вобаста ба бад гаштани сифати оби нӯшокӣ;
- таъсиси фонди сармоягузорӣ бо мақсади дар як ҷо ҷамъ овардан, истифодабарӣ ва назорати самараноки маблағҳои сармоягузоришаванда аз рӯйи лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокию рафъи обҳои партов, ҳамоҳангсозии ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ.
10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар доираи ваколати худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- иҷрои талаботи экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва баистифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми махсуси муқарраргардидаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарии онҳо;
- назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, риояи меъёрҳо ва лимити истифодаи махсуси об, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии истифодаи захираҳои об ва рафъи обҳои партов дар иншоотҳои обтаъминкунӣ;
- додани иҷозат барои истифодабарии махсуси об аз ҳама манбаъҳои обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ бо мақсади обтаъминкунӣ, инчунин тасдиқи то ҳадди аксар имконпазири партофти обҳои партов ба объектҳои об;
- назорати давлатӣ оид ба мавҷудият ва риояи шартҳои иҷозати махсус барои истифодабарии об то ҳадди аксар хароҷоти ҷоизи имконпазири партовҳои обӣ, инчунин риояи чораҳо оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми васл, лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва ба истифода додани корхонаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоштан ва ё манъ намудани фаъолияти корхонаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов ҳангоми вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист;
- риояи меъёрҳои муқарраргардидаи пармакунии чоҳҳои таъмини оби нӯшокӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба мутобиқати сифати оби нӯшокӣ ба талаботи меъёрҳо бо риояи низоми махсуси муқарраргардидаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарии онҳо амалӣ менамояд.
12. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва баистифодадиҳии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ амалӣ менамояд.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
13. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқдоранд намунаи обро гиранд ва ба озмоишгоҳҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аккредитатсияшуда барои ташхиси озмоишгоҳӣ супоранд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.