Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, № 519 "Дар бораи Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарор

Дар бораи Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ назорати давлатиро оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тибқи муқаррароти Тартиби мазкур таъмин намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011, №679 "Дар бораи тасдиқи Тартиби назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 декабри соли 2021, №519

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке государственного контроля в области питьевого водоснабжения и водоотведения

В соответствии со статьей 14 Закона Республики Таджикистан "О питьевом водоснабжении и водоотведении" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок государственного контроля в области питьевого водоснабжения и водоотведения (прилагается).

2. Уполномоченным государственным органам обеспечить государственный контроль за питьевым водоснабжением и водоотведением согласно положениям настоящего Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2011 года, №679 "Об утверждении Порядка государственного контроля и надзора питьевого водоснабжения".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 декабря 2021 года, № 519