Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи шабакаи муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шабакаи муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани зоти чорво, паранда ва моҳӣ бо муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, ҳамкорӣ намоянд.
3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таҳким бахшидани заминаи хӯрока, бо дарназардошти саршумори чорвои шабакаи муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ, ҷиҳати ҷудо намудани заминҳои корам ва чарогоҳ чораҷӯйӣ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2021, № 570
Замима