Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, №568
Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои варзиш ва фароҳам овардани шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқӣ "Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №260 тасдиқ шудааст, маҳсуб меёбад.
2. Барнома дурнамо барои давраи панҷ соли оянда мебошад, ки дар он самтҳои асосии фаъолият бо дар назар доштани афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муайян гашта, амалисозии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар бар гирифта, барои солимии аҳолӣ, омода намудани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва омодагии захираҳои варзишӣ нигаронида шудааст.
3. Амалисозии Барнома барои мустаҳкамгардонии солимии аҳолӣ, рушди устувори инфрасохтори соҳа, таъмин бо лавозимоти босифат, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, омодасозии мутахассисони соҳа, рушди варзиши кӯдакону наврасон, омодасозии захираҳои варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи баланд барои ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар аз рӯйи намудҳои варзиши алоҳида имкони васеъ медиҳад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА
4. Варзиши муосир дар ҷаҳон рушди бемайлон дошта, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама, зоҳири таваҷҷуҳи махсус барои омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ ба миён омадааст. Айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд.
5. Варзиш яке аз василаи беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон буда, чун омили муҳимми ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқияту миллатҳо, инчунин кишварҳои гуногуни ҷаҳон хизмат мекунад.
6. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
7. Инфрасохтори варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10218 адад расидааст. Дар ҳамин асно шумораи зиёди насли наврасу ҷавон ба варзиш рӯ овардаанд. Бояд ҷараёни машқварзии онҳо ба як низоми муайян пайваста танзим карда шавад.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, мунтазам дар ин самт тадбирҳои алоқаманд амалӣ гардонида, давра ба давра барномаҳои давлатиро қабул ва барои амалисозии онҳо шароити мусоидро фароҳам оварда истодааст.
9. Дар рафти иҷрои Барнома тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян гашта, ҷиҳати таъсиси муассисаҳои нави варзишӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммал гардонидани фаъолияти ташкилию методии соҳа, ташкили назорати тиббӣ, таъминоти иттилоотии соҳа, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, зиёд гардидани шумора ва беҳтар гардидани сатҳи чорабиниҳои оммавии варзишӣ, ҳалли масъалаҳои иштироки варзишгарон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҳалли як қатор мушкилоти соҳаи варзиш дар сатҳи зарурӣ мусоидат менамояд.
10. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои амалигардонии Барнома гарчанде маблағҳои пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо барномаҳои маҳаллӣ қабул гардида, ҷиҳати амалисозии онҳо маблағ пешбинӣ шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағҳо ҷудо нагардиданд, ки ин барои иҷрои босифати Барнома дар сатҳи маҳал таъмин намегардад.
11. Барои рушди намудҳои миллии варзиш минбаъд низ чораҳои муассир андешидан зарур буда, баҳри ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳамин васила таҳкими солимии онҳо вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
12. Масъалаи бо мутахассисони сатҳи касбӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёна, дар сатҳи зарурӣ ва бо усулҳои муосир гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, инчунин азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи доимиро талаб менамояд.
13. Омӯзиши рушди соҳаи варзиши муосир дар ҷаҳон ва дастоварди варзишгарони маъруфи ҷаҳон собит менамояд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ бояд аз усулҳои нави тадқиқоти илмию техникӣ, ки дар варзиши муосир ҷорӣ карда шудаанд, истифода бурдашавад.
14. Дар ҷараёни тамрини варзишгарони маъруфи ҷаҳон на танҳо сифати корҳои таълимӣ-машқии варзишӣ, тиббӣ ва таъминоти фармакологӣ, инчунин баробарии меъёри истеъмоли ғизо, истироҳат, барқарорсозӣ ва омодагии равонӣ (психологӣ) низ ба эътибор гирифта мешавад.
15. Дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон, аз ҷумла равоншиносони варзишӣ эҳсос мегардад ва хизматрасонии тиббии варзишӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.
16. Маркази диспансери тиббии варзишии ҷумҳуриявӣ амал намекунад. Гарчанде дар минтақаҳо ва шаҳри Душанбе марказҳои диспансерӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи тибби варзишии муосир ҷавобгӯ нестанд, зеро бо мутахассисон - табибони варзишӣ таъмин нестанд.
17. Дар баробари ин, мушкилот дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва базаи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрас набудани иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла иншооти хусусии варзишӣ ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи мушкилӣ дар барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо то ҳанӯз эҳсос мегарданд.
18. Бинобар ин рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани чораҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо намуда, таҳия, қабул, банақшагирӣ ва маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
19. Давлат ба рушди самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути ташаккули сиёсати давлатӣ, таъминоти мувофиқи молиявӣ, моддӣ-техникӣ, кадрӣ, илмӣ-методӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, меъёрии ҳуқуқии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, зиёд намудани муассисаҳои тайёрии варзишӣ, клубҳо, махсусан, дар деҳот, гурӯҳҳои тахассусии маъюбон, диспансерҳои тиббӣ-варзишӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо мусоидат менамояд.
20. Мақсади асосии Барнома:
- рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ;
- ҷалби мунтазами аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- эҳёи намудҳои миллии варзиш;
- рушди намудҳои варзиши олимпӣ, миллӣ, риштаҳои амалӣ, техникӣ ва бозиҳои миллӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои варзишгарони касбӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани варзиши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ;
- ба талаботи муосир мутобиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа;
- пешбурди тадқиқот дар самти оммавияти варзиш, варзиши касбӣ, илмию методӣ, таъминоти тиббӣ-биологӣ ва равонии варзишгарони сатҳи байналмилалӣ;
- омода намудани захираҳои варзишӣ ва варзишгарони сатҳи байналмилалӣ.
21. Барои ноил гардидан ба мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вазифаҳои зеринро амалӣ намудан зарур аст:
- рушди инфрасохтори соҳаи варзиши ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ;
- тасдиқи принсипҳои тарзи ҳаёти солим бо роҳи тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби бештари васеи аҳолӣ ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ;
- ҷалби бештари аҳолии бекор ва ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таҳсил намекунанд (ё соҳибкасб нестанд) ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили ҳуқуқвайронкуниҳо;
- барқарор намудани кори клубҳо ва бахшҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзиш;
- омӯзондан ва тайёр намудани мутахассиони тибби варзишӣ ва тавонбахшӣ, инчунин равоншинос дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ;
- зиёд намудани теъдоди муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
- рушд ва ба низом даровардани фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ, захираҳои олимпӣ, марказҳои тайёрии олимпӣ, мактаб-интернат барои кӯдакони боистеъдоди варзишӣ дар минтақаҳо;
- таъсиси низоми тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ бо аҳолӣ барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ;
- тақвият додани корҳои маърифатию иттилоотӣ ва тарғиботӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- мустаҳкам намудани рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо мақсади мубодилаи таҷрибаи корӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.
4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА
22. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар татбиқи Барнома иштироккунанда амалӣ карда мешавад.
5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА
23. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, №568
Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026