Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар соли 2017 аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст, таъмин карда шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2018-2021 хароҷоти вобаста ба амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои Барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.
5. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошудаи буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомёфта маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2017 № 260
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Комплексной программе развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы
В соответствии со статьёй 16 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях усиления деятельности государственных органов управления и местных органов государственной власти в сфере физической культуры и спорта, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Комплексную программу развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы и План мероприятий её реализации (прилагаются).
2. Определить Комитет по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Комплексной программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы.
3. Финансирование Плана мероприятий Программы в 2017 году осуществлять в рамках ежегодно предусматриваемых средств из государственного бюджета для Комитета по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан, министерств и ведомств, исполнительных органов государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов.
4. Министерству финансов Республики Таджикистан с учетом фактического резерва государственного бюджета на 2018-2021 годы предусматривать в отдельной строке средства, связанные с реализацией Плана мероприятий Программы.
5. Комитету по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках ежегодно предусматриваемых средств из государственного бюджета принять необходимые меры для реализации данной Программы и ежегодно не позднее 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан подробную информацию о проделанной работе.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 мая 2017 года, №260