Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 568 "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 муайян карда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2022-2026 хароҷоти вобаста ба амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои онро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

4. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошавандаи буҷети давлатӣ барои амалигардонии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба натиҷаи он ҳар сол то моҳи феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 2021, № 568

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы

В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте" и статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постанов ляет:

1. Утвердить Программу развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы и План мероприятий по реализации Программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы (приложения 1 и 2).

2. Определить Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан с учетом реальных возможностей государственного бюджета на 2022-2026 годы предусмотреть в отдельной строке расходы, связанные с реализацией его Плана мероприятий.

4. Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры для реализации данной Программы в пределах ежегодно выделяемых государственных бюджетных средств и о его результатах ежегодно до февраля месяца представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2021 года, №568