Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 567 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қ А Р О Р

Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 муайян карда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2022-2026 хароҷоти вобаста ба амалисозии Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

4. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошавандаи буҷети давлатӣ барои амалисозии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба натиҷаҳои амалисозии он ҳар сол то моҳи феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 2021, № 567