Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он чораҳои зарурӣ андешад.
3. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он чораҳо андешад;
- оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш Душанбе,
аз 3 декабри соли 2021, №515
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития национальной библиотеки в Республике Таджикистан на 2022-2027 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развигия Республики Таджикистан" и статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития национальной библиотеки в Республике Таджикистан на 2022-2027 годы и План мероприятий по реализации Программы развития национальной библиотеки в Республике Таджикистан на 2022-2027 годы (приложения 1 и 2).
2. Государственному учреждению "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и плана мероприятий по ее реализации.
3. Государственному учреждению "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан:
- принять меры по реализации настоящей Программы и плана мероприятий по ее реализации за счетсредств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан;
- ежегодно до 1 марта представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и плана мероприятий по ее реализации.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 декабря 2021 года, №515