Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 ноябри соли 2021, №502

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 ноябри соли 2021, №502

тасдиқ шудааст

Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" таҳия гардида, тартиби таъсис, истифодабарӣ, номгӯй, ҳаҷм ва манбаҳои ташаккули захираҳои молиявӣ ва моддию техникиро барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода зарар дидаанд, муайян месозад.

2. Захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, бо мақсади ҷалби фаврии воситаҳои зарурӣ дар ҳолати ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов равона мегарданд.

2. ТАЪСИС ДОДАНИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

3. Захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, бо қарори маъмурияти корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилоти шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, таъсис дода мешаванд.

4. Захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, дар асоси пешгӯии намуд ва ҳаҷми ҳолатҳои фавқулода, ҳаҷми пешбинишудаи корҳо оид ба рафъи онҳо, инчунин истифодаи ҳадди имконпазири неру ва воситаҳои мавҷуда барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов таъсис дода мешавад.

3. НОМГӯЙ ВА ҲАҶМИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

5. Номгӯй ва хаҷми истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, аз ҷониби субъектҳои таъсисдиҳандаи ин захираҳо муайян карда мешаванд.

6. Захираҳои моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд дар иншооте ҷойгир карда мешаванд, ки аз ҷониби субъектҳои таъсисдиҳандаи ин захираҳо муайян шудаанд ва аз он ҷо интиқоли фаврии онҳо ба минтақаҳои ҳолати фавқулода имконпазир аст.

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 25 ноября 2021 года, №502

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 25 ноября 2021 года, №502

Порядок создания и использования финансовых и материально-технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок создания и использования финансовых и материально-технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций разработан в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "О питьевом водоснабжении и водоотведении" и определяет порядок создания, использования, перечень, объемы и источников создания финансовых и материально-технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, повреждённых при возникновения чрезвычайных ситуаций.

2. Финансовые и материально-технические резервы для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций, создаются в целях экстренного привлечения необходимых средств, в случае возникновения чрезвычайных ситуаций для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения.

2. СОЗДАНИЕ ФИНАНСОВИХ И МАТЕРИАЛЬНО-ТЕХНИЧЕСКИХ РЕЗЕРВОВ

3. Финансовые и материально-технические резервы для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций, создаются решением администрации предприятий, учреждений и других организаций систем питьевого водоснабжения и водоотведения, независимо от организационно-правовой формы.

4. Финансовые и материально-технические резервы для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций, создаются исходя из прогнозируемых видов и масштабов чрезвычайных ситуаций, предполагаемого объёма работ по их

ликвидации, а также максимально возможного использования имеющихся сил и средств для ликвидации чрезвычайных ситуаций и восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения.

3. ПЕРЕЧЕНЬ И ОБЪЕМЫ ФИНАНСОВЫХ И МАТЕРИАЛЬНО-ТЕХНИЧЕСКИХ РЕЗЕРВОВ

5. Перечень и объемы финансовых и материально - технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций, устанавливаются создавшими их субъектами.

...