Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, № 502 "Дар бораи Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоти дахлдори шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои заруриро андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 25 ноябри соли 2021, № 502

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке создания и использования финансовых и материально-технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О питьевом водоснабжении и водоотведении" Правительство РеспубликиТаджикистан поста новляет:

1. Утвердить Порядок создания и использования финансовых и материально-технических резервов для восстановления систем питьевого водоснабжения и водоотведения, подвергшихся отрицательным воздействиям в результате чрезвычайных ситуаций (прилагается).

2. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, соответствующим предприятиям, учреждениям и организациям систем питьевого водоснабжения и водоотведения, независимо от организационно- правовой формы принять необходимые меры по выполнению данного постановления.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 ноября 2021 года, №502