Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, №270 "Дар бораи Низомномаи муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи Низомномаи муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Низомномаи муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сохтори муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаъолияти худро тибқи фармони мазкур ба роҳ монад.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, №504 "Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 10 ноябри соли 2021, №270

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Положении о государственном учреждении "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Утвердить Положение о государственном учреждении "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" и структуру государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" (приложения 1 и 2).

2. Государственному учреждению "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" осуществлять свою деятельность в соответствии с настоящим указом.

3. Признать утратившим силу указ Президента Республики Таджикистан от 17 июня 2015 года, №504 "О вопросах Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 10 ноября 2021 года, №270