Низомномаи муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 ноябри соли 2021,№270

Низомномаи муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

(Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Комиссия) муассисаи ҷумҳуриявии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ буда, бо мақсади татбиқи низоми миллии аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин эътирофи баробарарзиши (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, таъсис дода шудааст.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳбарӣ мегирад.

3. Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссия қонуният, салоҳиятнокӣ, мустақилият, беғаразӣ, воқеъбинӣ, шаффофият, ошкорбаёнӣ, баҳои воқеӣ додан ба дастовардҳои илмӣ, ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа, давлат ва риояи меъёрҳои одоби илмӣ (касбӣ) мебошанд.

4. Комиссия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибии мустақил, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, логотип, аломатҳои дахлдор, бланкҳои расмӣ, молу мулки алоҳидаи бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташуда мебошад.

5. Комиссия ҳуқуқ дорад аз номи худ мустақилона ба муносибатҳои гражданию ҳуқуқӣ ворид шуда, шартномаҳо ба имзо расонад, ҳуқуқи молумулкӣ ба даст орад, дар суд ба сифати даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.

6. Фаъолияти Комиссия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Комиссия ҳуқуқ дорад маблағҳо ва молу мулки худ, даромади аз ҳисоби хизматрасониҳои давлатии пулакӣ ба даст овардашуда ва намудҳои дигари моликиятро, ки шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ инъом ё ҳамчун хайрия тақдим намудаанд ва ё ба мерос гузоштаанд, мустақилона бо тартиби муқарраргардида аз рӯйи таъиноти мақсаднок истифода намояд.

7. Номи расмӣ:

- ба забони давлатӣ - Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли ихтисоршуда - КОА ҶТ;

- ба забони русӣ - Государственное учреждение "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршудаВАК РТ;

- ба забони англисӣ - Ғtate eғtabliғhment "Нigher Atteғғtation Commiғғion under the Preғident of the Republic of Tajikiғtan", дар шакли ихтисоршуда - НАС of RT.

8. Суроғаи ҳуқуқии Комиссия: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39. Тел. +992 (37) 227-55-37; 227-00-09. Факс (37) 221-91-94. Веб-сайт: www.vak.tj; E-mail: info@vak.tj

2. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

9. Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ иштирок менамояд;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия, стандартҳо, барномаҳои давлатӣ, нақшаҳо ва дурнамоҳои рушди низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ иштирок менамояд;

- фаъолияти илмии мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ ҳамоҳанг месозад;

- талаботи ягонаро ба сатҳи тахассуси илмӣ ва илмию техникии довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ таъмин мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳо оид ба додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмии дар давлатҳои дигар додашударо, ки бо он давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътирофи ин ҳуҷҷатҳо шартномаҳо ба имзо расонидааст, нострификатсия (баробарарзишӣ) мегузаронад;

- тартиби азнаваттестатсиякунонии дорандагони ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлатҳо шартномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо нарасонидааст, тасдиқ мекунад;

- дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмиро ба талаботи меъёрии тахассусии стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардонад;

- ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ роҳандозӣ менамояд;

- шакли шиносномаҳои ихтисосҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- дар ташкили фазои ягонаи илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалии дигар иштирок менамояд;

- бойгонии идоравии нигоҳдории парвандаҳои аттестатсионӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ бо супоридани минбаъдаи диссертатсияҳо ба муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад;

- бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, ҳамкорӣ менамояд;

- феҳристи ихтисосҳои кормандони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ихтисосҳоеро, ки аз рӯйи онҳо дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд, таҳия ва тасдиқ мекунад;

- тартиби таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, таҳлили фаъолият ва расонидани кумаки методӣ ба онҳоро тасдиқ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва баррасии диссертатсияро аз ҷониби шурои диссертатсионӣ ба муҳлати муайян манъ мекунад, фаъолияти шуроро ба муҳлати муайян бозмедорад, қатъ менамояд, иҷозат медиҳад ва ба ҳайати он тағйирот ворид мекунад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931);

- бо тартиби муқарраргардида экспертизаи диссертатсияҳои аз шӯроҳои диссертатсионӣ воридшударо баррасӣ ва ба роҳ мемонад;

- тибқи тартиби муқарраргардида қарорҳои шӯроҳои диссертатсиониро дар бораи ба довталабон додани дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (РhD)доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм ва доктори ҳабилитат тасдиқ ё бекор мекунад;

- дар асоси қарорҳои шӯроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ ё илмию таҳқиқотӣ, ки дорои иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсионии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо тартиби муқарраргардида унвонҳои илмии дотсент ва профессорро медиҳад ё дархостномаҳои онҳоро дар ин хусус рад менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кадрҳои илмӣ ва илмию техникиро аз дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, маҳрум менамояд, дараҷа ва унвонҳои илмии шахсони беасос маҳрумшударо барқарор мекунад;

- натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсиониро таҳлил намуда, дар сомонаи Комиссия инъикос мекунад;

- оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ ҳамасола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи таҳлилии дахлдор пешниҳод менамояд;

- дар бунёди низоми иттилоотӣ ва махзани маълумоти кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад;

- дар таҳияи барномаҳои таълимии докторантураи фалсафа (РhD)докторантура аз рӯйи ихтисос, постдокторантура ва имтиҳонҳои минимуми ҳатмии номзадӣ иштирок менамояд;

- дар таҳияи лоиҳаи шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Комиссия иштирок менамояд;

- расмиёти баррасии парвандаҳои аттестатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмиро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- қоидаҳои бақайдгирӣ ва феҳристи маҷалла (нашрияҳо)-и илмии тақризшавандаро, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ чоп мешаванд, тасдиқ намуда, маҷаллаҳои илмиро ба феҳрист ворид месозад, хориҷ мекунад ва аз нав ба қайд мегирад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931);

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо, фармоишҳо ва иттилооти дигари дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ таҳия ва тасдиқшударо тибқи тартиби муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма ва Бюллетени Комиссия ба табъ мерасонад, шарҳу эзоҳ медиҳад, иҷрои онҳоро, ки барои ҳамаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳатмӣ мебошад, назорат мекунад ва дар сомонаи Комиссия ҷойгир менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бюллетенҳо, маҷаллаҳои маъмулӣ, электронӣ ва маводи дигари иттилоотию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро оид ба масъалаҳои аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ созмон медиҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида мутахассисони баландихтисосро ба сифати коршинос дар раванди аз экспертиза гузаронидани диссертатсияҳо ҷалб менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931);

- гузориши роҳбарони шӯроҳои диссертатсиониро бо мақсади омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадам таҳлилу баррасӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳои худ бо мақомот ва муассисаҳои илмӣ-аттестатсионии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ робита барқарор менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар барномаҳои дарёфти бурсияҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва сармоягузорони ватанӣ иштирок менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар анҷуманҳо, конференсияҳо, семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ иштирок менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷаласаҳои байниидоравиро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ ташкил, даъват ва ба онҳо роҳбарӣ менамояд;

- шаклҳои хизматрасонии давлатии пулакиро аз рӯйи самтҳои фаъолият дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд;

- барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатии пулакӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қоидаҳои хизматрасонии давлатии пулакӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои дигареро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколатҳои Комиссия дохил мешаванд, баррасӣ ва татбиқ менамояд.

3. СОХТОР ВА ИДОРАКУНИИ КОМИССИЯ

10. Муассиси Комиссия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

11. Ба ҳайати роҳбарикунандаи Комиссия раис, муовини раис ва саркотиби илмӣ дохил мешаванд.

12. Ба ҳайати кормандони Комиссия тибқи сохтори он мудирони шуъбаҳо ва кормандони маъмурию хоҷагӣ дохил мешаванд.

13. Роҳбарӣ ба фаъолияти Комиссия аз ҷониби раиси Комиссия амалӣ карда мешавад, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

14. Муовини раис бо пешниҳоди раиси Комиссия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва дар ҳолати набудани раиси Комиссия вазифаи ӯро иҷро менамояд.

15. Саркотиби илмӣ аз ҷониби раиси Комиссия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Саркотиби илмии Комиссия маҷлисҳои Раёсати Комиссияро ташкил ва тартиби гузаронидани онҳоро таъмин мекунад, протоколҳо, тавсияҳои Раёсатро таҳия ва ба расмият медарорад, фаъолияти шуъбаҳои аттестатсионии илмии Комиссияро назорат мекунад, вазифаҳои дигареро, ки аз қарорҳои Раёсати Комиссия, санадҳои дигари ҳуқуқии Комиссия ва супоришҳои раиси он бармеоянд, иҷро менамояд.

16. Ба вазифаи раиси Комиссия ва муовини ӯ номзадии шахсони дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ва ба вазифаи саркотиби илмӣ номзадии шахсони дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, ки дар низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олии ватанӣ ва хориҷӣ таҷриба доранд, пешниҳод карда мешавад.

17. Ба вазифаи мудири шуъбаи аттестатсионӣ мутахассисони дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос таъин карда мешаванд.

18. Раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- роҳбарии умумии фаъолияти Комиссияро амалӣ намуда, барои иҷрои ваколат ва вазифаҳои Комиссия, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;

- вазифаҳо ва ваколатҳои муовини раис, саркотиби илмӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Комиссияро муайян менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ Комиссияро дар ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳои давлатӣ, мақомот ва муассисаҳои давлатии дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, бо онҳо тибқи тартиби муқарраргардида музокирот анҷом медиҳад ва доир ба ҳамкории мутақобила вобаста ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ шартномаҳо ба имзо мерасонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо қабул мекунад ва санадҳои дохилиидоравиро тасдиқ менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида сметаи даромад ва хароҷот, рӯйхати мансабҳои Комиссия, инчунин дастурамали мансабии кормандонро тасдиқ менамояд;

- Комиссияро дар ҳама муносибатҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, пулӣ, молумулкӣ, таълимӣ, илмӣ ва робита бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, муассисаҳо, корхонаҳо, шахсони воқеӣ ва алоҳидаи хориҷӣ намояндагӣ мекунад;

- нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакиро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои вогузоршуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад;

- маҷлисҳои Раёсати Комиссияро даъват намуда, ба онҳо раисӣ мекунад;

- оид ба масъалаҳои аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ ба масъулини Комиссия фармоишҳо медиҳад;

- ба дипломҳои дараҷаҳои илмӣ, шаҳодатномаҳои унвонҳои илмӣ, шаҳодатномаву ҳуҷҷатҳои вобаста ба баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ имзо мегузорад;

- масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ намуда, кормандони Комиссияро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- нисбат ба кормандони Комиссия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чораҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро меандешад;

- нисбат ба кормандони Комиссия ва ҳайати хизматрасони он барои иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ва вайрон кардани Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Комиссия чораҳои интизомӣ меандешад;

- аз кормандони Комиссия ва ҳайати хизматрасони он иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, риоя ва иҷрои Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, қоидаҳои дигар, муқаррарот ва иҷрои шартҳои шартнома (қарордод)-и меҳнатиро талаб менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои дигари таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ иштирок менамояд;

- ваколатҳои дигареро, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ месозад.

19. Мақоми олии илмӣ-аттестатсионии Комиссия Раёсати Комиссия мебошад, ки он барои баррасии дастаҷамъонаи масъалаҳои стратегӣ ва дурнамои низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ таъсис дода мешавад.

20. Ҳайати Раёсати Комиссия, ки аз 7 нафар иборат мебошад, бо пешниҳоди раиси Комиссия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 3 сол тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати он раиси Комиссия (раиси Раёсати Комиссия), муовини раиси Комиссия (муовини раиси Раёсати Комиссия), саркотиби илмӣ, олимон ва кормандони илмию техникии соҳибтаҷриба ва ихтисосманд, ки дараҷаи илмии доктори илм ё унвони илмии профессор доранд, шомил мешаванд. Сеяки ҳайати Раёсати Комиссия ҳар се сол нав карда мешавад. Як нафар наметавонад пай дар пай зиёда аз ду муҳлат узви Раёсати Комиссия бошад, ба истиснои раис, муовини раис ва саркотиби илмии Комиссия.

21. Раёсати Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- талаботи ягонаро оид ба сатҳи илмии диссертатсияҳо ва тахассуси илмии довталабони дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ дар кишвар таъмин менамояд;

- ҳисоботи солонаи Комиссияро тасдиқ мекунад.

22. Ваколатҳои узви Раёсати Комиссия дар мавриди ихтиёран даст кашидан аз узвият ё дар давоми як соли тақвимӣ се маротиба бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлисҳои Раёсати Комиссия ё вайрон кардани дастури Раёсати Комиссия, қоидаҳо ва тартиботи амалкунандаи Комиссия метавонанд қатъ гарданд.

23. Фаъолияти Раёсати Комиссия дар асоси Низомномаи мазкур ва дастур, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

24. Шакли фаъолияти Раёсати Комиссия маҷлис мебошад, ки дар як моҳ як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ маҷлисҳои ғайринавбатӣ бо ташаббуси раиси Комиссия ё бо талаби аз се як ҳиссаи аъзои Раёсати Комиссия гузаронида мешавад.

25. Раёсати Комиссия дар доираи ваколати худ қарорҳо қабул мекунад. Маҷлиси Раёсат дар сурате босалоҳият ҳисобида мешавад, ки агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзо ҳузур дошта бошад. Қарорҳо бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои дар маҷлис иштирокдошта қабул карда мешаванд ва онҳо бо фармоиши раиси Комиссия амалӣ карда мешаванд.

26. Шурои экспертӣ ҳамчун мақоми илмию ҷамъиятии экспертӣ аз рӯйи соҳаҳои илм ё гурӯҳи ихтисосҳои соҳаи дахлдори илм дар ҳайати на кам аз 7 нафар ба муҳлати 2 сол таъсис дода мешавад. Низомномаи шурои экспертӣ бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931).

27. Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти Комиссия ва дар дастрасии умум қарор додани натиҷаҳои аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ қарорҳо ва фармоишҳои Комиссия дар сомонаи он ҷойгир карда мешаванд.

4. МОЛУ МУЛК ВА ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ

28. Молу мулки Комиссия аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз ашёи дигар, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили муҳосибавии он сабт гардидааст, иборат мебошад.

29. Молу мулки Комиссия моликияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст ва тибқи сметаҳои тасдиқшуда истифода бурда мешавад.

5. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

30. Комиссия баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии худро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, дар шаклҳои муқарраршуда ҳисоби муҳосибавӣ ва оморӣ мебарад ва дар муҳлатҳои муайяншуда онҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад.

31. Давраи ҳисоботӣ барои Комиссия аз 1 январ то 31 декабри ҳар сол мебошад.

32. Комиссия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоб ва суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

6. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛКУНӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОМИССИЯ

33. Азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии Комиссия аз ҷониби Муассис бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931).


дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931) 


Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 ноябри соли 2021, №270

Сохтори муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Роҳбарияти Комиссия

Шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиию математикӣ ва техникӣ

Шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, банторӣ ва аграрӣ

Шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ

Шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ

Шуъбаи коргузорӣ ва назорат

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шуъбаи молия ва муҳосибот

Шуъбаи таъминот ва хоҷагидорӣ

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши таъмини лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2025 № 931)


Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 10 ноября 2021 года, №270

Положение о государственном учреждении "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан"

(в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственное учреждение "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" (далее - Комиссия) является республиканским учреждением аттестации научных и научно-технических работников высшей квалификации и создано с целью применения национальной системы государственной аттестации научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации, а также признания приравнивания (нострификации) документов об ученых степенях и ученых званиях, полученных гражданами Республики Таджикистан, иностранными гражданами и лицами без гражданства за пределами Республики Таджикистан.

2. В своей деятельности Комиссия руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами и иными законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Основными принципами деятельности Комиссии являются законность, компетентность, независимость, бескорыстность, объективность, прозрачность, открытость, объективная оценка научных достижений, защита интересов личности, общества, государства и соблюдение норм научной (профессиональной) этики.

4. Комиссия является юридическим лицом, имеет самостоятельный бухгалтерский баланс, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своего наименования на государственном, русском и английском языках, логотип, соответствующие знаки, официальные бланки, отдельное имущество, закрепленное за ней на правах оперативного управления.

5. Комиссия имеет право от своего имени самостоятельно вступать в гражданско-правовые отношения, подписывать договора, приобретать имущественные права, выступать в суде в качестве истца или ответчика.

6. Деятельность Комиссии осуществляется за счет средств республиканского бюджета, а также других источников, не запрещенных законодательством. Комиссия имеет право в установленном порядке использовать по целевым назначениям собственные денежные средства, имущество, доходы, полученные за счет оказания платных государственных услуг и другие виды собственности, даренные, пожертвованные или переданные по наследству физическими и юридическими лицами.

7. Официальное название:

- на государственном языке - Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон", в сокращенной форме - КОА ҶТ;

- на русском языке - Государственное учреждение "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан", в сокращенной форме - ВАК РТ;

- на английском языке - State establishment "Higher Attestation Commission under the President of the Republic of Tajikistan", в сокращенной форме - НАС of RT.

8. Адрес Комиссии: 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Шевченко, 39. Тел. +992 (37) 227-55-37; 227-00-09. Факс (37) 221-91-94. Веб-сайт: www.vak.ti: E-mail: info@vak.tj

2. ПОЛНОМОЧИЯ КОМИССИИ

9. Комиссия имеет следующие полномочия:

- участвует в разработке и реализации государственной политики в области аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- участвует в разработке нормативных правовых актов, стратегий, стандартов, государственных программ, планов и прогнозов развития системы аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- координирует научную деятельность государственных органов и соответсвующих ведомств, учреждений высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образованиями научно-исследовательских учреждений, независимо от форм собственности и их ведомственной подчиненности, в области аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- обеспечивает единые требования к уровню научной и научно-технической квалификации соискателей ученых степеней и званий;

- проводит в установленном порядке нострификацию (приравнивание) документов о присуждении ученых степеней и званий, выданных в других государствах, с которыми Республикой Таджикистан подписаны договора о признании этих документов;

- разрабатывает и утверждает порядок проведения переаттестации владельцев документов об ученых степенях и ученых званиях, полученных в иностранных государствах, с которыми Республикой Таджикистан об этом не подписаны международные и межправительственные договора;

- приводит в соответствии с международными стандартами квалификационные требования к ученым степеням и ученым званиям;

- осуществляет международное сотрудничество в области аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- утверждает формы паспортов научных специальностей Республики Таджикистан;

- участвует в создании единого научного пространства Содружества Независимых Государств, Европейского Союза и других международных организаций;

- создает ведомственный архив хранения аттестационных дел и других документов по аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации с последующей передачей диссертаций в государственное учреждение "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- сотрудничает с учреждениями высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образования, научноисследовательскими учреждениями, независимо от форм собственности и их подчиненности;

- разрабатывает и утверждает номенклатуру специальностей научных работников Республики Таджикистан и перечень специальностей, по которым присуждаются ученые степени и присваиваются ученые звания;

- утверждает порядок создания диссертационных советов при учреждениях высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образования, научно-исследовательских учреждениях, независимо от форм собственности и их ведомственной подчиненности, анализирует их деятельность и оказывает методическую помощь;

- в установленном порядке запрещает прием и рассмотрение диссертации диссертационным советом на определенный срок, приостанавливает, прекращает, разрешает деятельность совета на определенный срок и вносит изменения в его состав (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931);

- в установленном порядке рассматривает и проводит экспертизы диссертаций, поступивших из диссертационных советов;

- в установленном порядке утверждает или отменяет решения диссертационных советов о присуждении соискателям ученых степеней кандидата наук, доктора философии (PhD)- доктора по профилю, доктора наук и доктора хабилитат;

- присваивает ученые звания доцента и профессора или отклоняет их ходатайства на основании решений ученого совета учреждений высшего образования, послевузовского профессионального образования, научных или и научно-исследовательских учреждений, имеющих лицензию и аккредитационное свидетельство Агентства по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан;

- в установленном порядке лишает научные и научно-технические кадры ученых степеней и ученых званий, приобретенных в Республике Таджикистан, восстанавливает лицам необоснованно лишенные ученые степени и звания;

- анализирует результаты диссертационного исследования и отражает их на веб-сайте Комиссии;

- предоставляет ежегодно Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан соответствующий аналитический отчет о результатах своей деятельности;

- вносит вклад в создание информационной системы и базы данных научных и научно-технических работников высшей квалификации Республики Таджикистан;

- участвует в разработке учебных программ докторантуры философии (PhD)-докторантуры по специальности, постдокторантуры и минимальных обязательных экзаменов кандидатского минимума;

- участвует в разработке проектов межгосударственных и межправительственных договоров по вопросам, относящимся к полномочиям Комиссии;

- разрабатывает и утверждает процедуру рассмотрения аттестационных дел соискателей ученых степеней и ученых званий;

- утверждает правила регистрации и перечень рецензируемых научных журналов (изданий), в которых публикуются основные результаты диссертационных исследований, включает научные журналы в перечень, исключает их и перерегистрирует научные журналы (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931);

- в установленном порядке публикует внутриведомственные нормативные правовые акты, решения, распоряжения и другую информацию, разработанную и одобренную по аттестации научных и научно-технических кадров в средствах массовой информации в Бюллетене Комиссии, дает по ним разъяснения, контролирует их обязательное выполнение всеми научно-исследовательскими учреждениями, учреждениями высшего и послевузовского профессионального образования и размещает их на сайте Комиссии;

- создаёт в установленном порядке бюллетени, обычные, электронные журналы и другие информационно-методические и научно-исследовательские материалы по вопросам аттестации научных и научно-технических кадров;

- в установленном порядке привлекает высококвалифицированных специалистов в качестве экспертов в процессе проведения экспертизы диссертаций;

- анализирует и рассматривает отчет руководителей диссертационных советов с целью изучения и внедрения передового опыта;

- в установленном порядке в рамках своих полномочий устанавливает связь с соответствующими государственными органами и научно-аттестационными учреждениями зарубежных государств и международными организациями;

- в установленном порядке участвует в программах по получению проектных грантов от международных и отечественных инвесторов;

- в установленном порядке участвует в республиканских, международных конгрессах, конференциях, семинарах и других мероприятиях по аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- в установленном порядке созывает межведомственные совещания для обсуждения проблем, связанных с аттестацией научных и научно-технических кадров высшей квалификации и осуществляет руководство ими;

- утверждает виды платных государственных услуг по направлениям деятельности в области аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации по согласованию с уполномоченным государственным органом;

- разрабатывает и утверждает по согласованию с уполномоченным государственным органом правила оказания платных государственных услуг в Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан для предоставления платных государственных услуг гражданам Республики Таджикистан, иностранным гражданам и лицам без гражданства;

- рассматривает и реализует другие вопросы, входящие в полномочия Комиссии в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

3. СТРУКТУРА И УПРАВЛЕНИЕ КОМИССИЕЙ

10. Учредителем Комиссии является Президент Республики Таджикистан.

11. В руководящий состав Комиссии входят председатель, заместитель председателя, главный ученый секретарь.

12. В состав сотрудников Комиссия согласно её структуре входят заведующие отделами и административно-хозяйственные работники.

13. Руководство деятельностью Комиссии осуществляется председателем Комиссии, который назначается на должность и освобождается от должности Президентом Республики Таджикистан.

14. Заместитель председателя назначается на должность и освобождается от должности Президентом Республики Таджикистан по представлению председателя Комиссии и при отсутствии председателя Комиссии исполняет его обязанности.

15. Главный ученый секретарь назначается на должность и освобождается от должности председателем Комиссии. Главный ученый секретарь Комиссии организует заседания Президиума Комиссии, обеспечивает процедуру их проведения, составляет и оформляет протоколы и рекомендации Президиума, осуществляет контроль за деятельностью аттестационных отделов Комиссии, выполняет другие функции, вытекающие из решений Президиума Комиссии, других нормативных правовых актов Комиссии и поручений ее председателя.

16. На должности председателя Комиссии и его заместителя выдвигаются лица, имеющие ученую степень доктора наук или доктора хабилитат, а на должность главного ученого секретаря назначаются лица, имеющие ученую степень доктора наук, доктора хабилитат, кандидата наук или доктора философии (PhD)-доктора по специальности с опытом работы в отечественной и зарубежной системе аттестации научных и научно-технических кадров.

17. На должность заведующего аттестационным отделом назначаются специалисты, имеющие ученую степень доктора наук, доктора хабилитат, кандидата наук или доктора философии (РЬD)-доктора по специальности.

18. Председатель Комиссии имеет следующие полномочия:

- осуществляет общее руководство деятельностью Комиссии, несёт ответственность перед Президентом Республики Таджикистан за выполнение полномочий и функций Комиссии, реализацию государственной политики в области аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- определяет функции и полномочия заместителя председателя, главного ученого секретаря и руководителя структурных подразделений Комиссии;

- в рамках своих полномочий представляет Комиссию в сотрудничестве с органами государственной власти, соответствующими государственными организациями и ведомствами, зарубежными государственными органами и учреждениями, международными организациями, ведет в установленном порядке с ними переговоры и подписывает договора о взаимном сотрудничестве по вопросам аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- принимает в соответствии с законодательством Республики Таджикистан распоряжения и утверждает внутриведомственные акты;

- утверждает в установленном порядке смету доходов и расходов, штатное расписание Комиссии, а также утверждает должностные инструкции сотрудников;

- представляет Комиссию во всех организационных, правовых, денежных, имущественных, образовательных, научных отношениях и связях с государственными, общественными организациями, учреждениями, предприятиями, физическими и отдельными иностранными лицами;

- утверждает по согласованию с уполномоченным государственным органом тарифы об оказании государственных платных услуг для выполнения поставленных задач;

- созывает заседания Президиума Комиссии и председательствует на них;

- выдает распоряжения по вопросам аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации ответственным работникам Комиссии;

- подписывает дипломы ученых степеней, аттестаты ученых званий, свидетельства и документы о нострификации и о переаттестации;

- рассматривает вопросы подбора и расстановки кадров, принимает на работу и увольняет с работы сотрудников Комиссии в соответствии с законодательством;

- в установленном законодательством порядке принимает меры материального и морального стимулирования к сотрудникам Комиссии;

-  принимает меры дисциплинарного воздействия к сотрудникам Комиссии и её обслуживающему персоналу за неисполнение своих служебных обязанностей и нарушение Правил внутреннего трудового распорядка;

- требует от сотрудников и обслуживающего персонала Комиссии исполнения должностных обязанностей, соблюдения и исполнения Правил внутреннего трудового распорядка, бережного отношения к государственной собственности, соблюдения других правил и положений, а также исполнения условий трудового договора (контракта);

- участвует в установленном порядке в заседаниях Правительства Республики Таджикистан, коллегии Министерства образования и науки Республики Таджикистан, Президиума Национальной академии наук Таджикистана и других заседаниях учреждений высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образования и научно-исследовательских организаций по аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации;

- осуществляет другие полномочия, вытекающие из законодательства Республики Таджикистан.

19. Высшим научно-аттестационным органом Комиссии является Президиум Комиссии, который создается для коллективного рассмотрения стратегических перспективных вопросов системы аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации.

20. Состав Президиума Комиссии состоит из 7 человек и утверждается Президентом Республики Таджикистан по представлению председателя Комиссии сроком на 3 года. В его состав входят председатель Комиссии (председатель Президиума Комиссии), заместитель председателя Комиссии (заместитель председателя Президиума Комиссии), главный ученый секретарь, опытные и квалифицированные ученые и научно-технические работники, имеющие ученую степень доктора наук или ученое звание профессора. Треть состава Президиума Комиссии обновляется каждые три года. Одно лицо не может быть членом Президиума Комиссии более двух сроков подряд, за исключением председателя, заместителя председателя и главного ученого секретаря Комиссии.

21. Президиум Комиссии имеет следующие полномочия:

- обеспечивает единые требования к научному уровню диссертаций и научной квалификации соискателей ученых степеней и ученых званий в стране;

- утверждает годовой отчет Комиссии.

22. Полномочия члена Президиума Комиссии могут быть прекращены в случае добровольного отказа от членства или неявки на заседания Президиума Комиссии три раза в течение календарного года без уважительных причин или нарушения регламента Президиума Комиссии, действующих правил и распорядка Комиссии.

23. Деятельность Президиума Комиссии осуществляется на основании настоящего Положения и регламента, утверждаемого Президиумом.

24. Формой деятельности Президиума Комиссии является заседание, которое проводится один раз в месяц. При необходимости могут проводиться внеочередные заседания по инициативе председателя Комиссии или по требованию одной трети членов Президиума Комиссии.

25. Президиум Комиссии принимает решения в пределах своих полномочий. Заседание Президиума считается правомочным, если на нем присутствует две трети части членов. Решения Президиума принимаются, если в нем голосовали более половины членов, присутствующих на его заседании и реализуются распоряжением председателя Комиссии.

26. Экспертный совет как научно-общественный экспертный орган по отраслям наук или группам специальностей по соответствующей области науки создается в составе не менее 7 человек сроком на 2 года. Положение об экспертном совете утверждается решением Президиума Комиссии (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

27. С целью обеспечения прозрачности деятельности Комиссии и общего доступа к результатам аттестации научных и научно-технических кадров высшей квалификации все решения и распоряжения Комиссии размещаются на её веб-сайте(в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

4. ИМУЩЕСТВО И ФИНАНСОВО-ХОЗЯЙСТВЕННАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ

28. Имущество Комиссии состоит из основных фондов и оборотных средств, а также других предметов, стоимость которых зафиксирована на ее самостоятельном бухгалтерском балансе (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

29. Имущество Комиссии считается государственной собственностью, закреплено на правах оперативного управления и используется в соответствии с утвержденными сметами (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

5. БУХГАЛТЕРСКИМ УЧЕТ И ФИНАНСОВАЯ ОТЧЕТНОСТЬ

30. Комиссия осуществляет свой бухгалтерский учет и отчетность в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан, ведет бухгалтерский и статистический учет в установленных формах и в определенные сроки представляет их уполномоченному государственному органу (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

31. Отчетным периодом для Комиссии является с 1 января по 31 декабря каждого года (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

32. В соответствии с законодательством Республики Таджикистан Комиссия имеет расчетный счет и специальный счет в национальной и иностранной валюте в главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

6. ПОРЯДОК РЕОРГАНИЗАЦИИ И ЛИКВИДАЦИИ КОМИССИИ

33. Реорганизация и ликвидация Комиссии осуществляется Учредителем в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931).

Приложение 2

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 10 ноября 2021 года, №270

Утверждено в новой редакции Указом Президента РТ от 27.01.2025 №931

Структура Государственного учреждения «Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан»

Руководство Комиссии

Аттестационный отдел естественно-математических и технических наук

Аттестационный отдел медицинских, фармацевтических, биологических, ветеринарных и сельскохозяйственных наук

Аттестационный отдел общественных наук

Аттестационный отдел гуманитарных наук

Отдел делопроизводства и контроля

Отдел кадров и специальных работ

Отдел финансов и бухгалтерии

Отдел снабжения и управления хозяйством

Сектор правового обеспечения

Сектор обеспечения грантовыми проектами и международных связей

Сектор информации и научных журналов (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2025 №931)