Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Ҳамоҳангсозии корҳо оид ба мониторинг ва амалисозии барномаи мазкур ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати амалисозии пурра ва самараноки барнома тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи амалисозии он ҳар нимсола ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 октябри соли 2021, №460
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Среднесрочной программе развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Среднесрочную программу развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2021 - 2025 годы и план мероприятий по реализации Среднесрочной программы развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2021 - 2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Координацию работ по мониторингу и реализации настоящей программы возложить на Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
3. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и другим организациям, независимо от форм собственности, принять конкретные меры по полной и эффективной реализации программы и каждое полугодие предоставлять информацию о результатах ее реализации в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о реализации Среднесрочной программы развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 20212025 годы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 октября 2021 года, №460