Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2021, №460
Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади тезонидани суръати рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави рушди иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат таҳия гардидааст.
2. Экосистемаи самараноки табодули рақамӣ барои таъмини ҷалби бештари ҳамаи иштирокчиён ва сармоягузорони имконпазири амалисозии ҷараёни табодули рақамӣ муҳим мебошад. Ҷалби аъзои экосистема барои дақиқ муайян кардани мушкилот ва пешниҳоди усулҳои инноватсионии ҳалли онҳо зарур арзёбӣ мегардад. Экосистемаи табодули рақамӣ аз дивидендҳои рақамӣ, ҳукумати рақамӣ, инфрасохтори рақамӣ ва платформаҳо, бехатарии киберӣ ва муҳити мусоид иборат аст.
3. Барнома амалисозии марҳилаи якуми Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳадафҳо ва вазифаҳоро дар доираи 8 самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2025 муайян менамояд:
- таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ;
- рушди инфрасохтори ТИК дар минтақаҳои кишвар;
- рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
- вусъатдиҳии ҷараёни амалишавии ҳукумати электронӣ;
- сармоягузорӣ ва нерӯи инсонӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;
- ташкили экосистемаи инноватсионӣ ва стартапҳо;
- низоми ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва амалигардонии иқтисоди рақамӣ;
- сармоягузорӣ барои татбиқи иқтисоди рақамӣ.
4. Механизми ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии амалисозии Барнома дар асоси таҷрибаи сатҳи байналмилалӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ бо ҷалби шарикони рушд ва тиҷоратии кишвар таъсис дода мешавад, амалӣ мегардад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СОҲА
§1. Рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон
5. Иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат мекунад.
6. Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмӯъ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.
7. Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои хориҷӣ аз 12 то 36 фоизро ташкил дода, дар оянда тамоюли афзоянда дорад.
8. Баъзе давлатҳои пешрафтаи дунё барои шаҳрвандони худ хизматрасониҳои электрониро, аз қабили Ҳуҷҷатгузории электронӣ (Digi Doc), Суди электронӣ (e-Court), Манзили электронӣ (e-Reғidency), Корти электронии муаррификунандаи шахсият (E - ID Card), Хизматрасонии муқарраркунандаи минтақаи шахс (Location-Baғed (Ғerviceғ), Имзои рақамӣ (e-ғignature), Қонунгузориии электронӣ (e-Law), Мактаби электронӣ (e-Ғchool), Бақайдгирии электронии замин (E - Land Regiғter), Таваққуфгоҳи мобилӣ (m-Parking), Бақайдгирии электронии тиҷорат (eBuғineғғ Regiғter), Сиёсати электронӣ (e-Policу), Андози электронӣ (eTax), Овоздиҳии электронӣ (e-Voting), Шиносномаи мобилӣ (Mobile - ID), Идораи электронӣ (e-Cabinet), Дорухати электронӣ (e-Preғcription), Сабти электронии вазъи тандурустӣ (e - Health Record), Зерсохтори бетугмаи тасдиқи имзоҳо (Keyleғғ Ғignature Infraғtructure) ва Пардохти мобилӣ (Mobile Payment) ба роҳ мондаанд.
9. Сармоягузории устувор ва технологияҳои муосир ба самаранокии иқтисоди рақамии давлатҳои тараққикарда мусоидат намуда, барои боз ҳам устувор гардонидани иқтисодиёти онҳо нисбат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои дар оғози тараққӣ имкон додааст. Дар ҷаҳони муосир моделҳои нави тиҷорат ба монанди маҳсулоти нав, хизматрасониҳо ва татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат намуданд.
10. Технологияҳои зеҳни сунъӣ шакли нави рақамикунонӣ ба ҳисоб рафта, аз интернети истеъмолӣ (тиҷорати электронӣ, алоқаи иҷтимоию фарҳангӣ) ва интернети саноатӣ (молия, истеҳсолот, энергетика, нафт ва газ, нақлиёт) иборат мебошад, ки Индекси ҷаҳонии ҳамгироӣ (GCI)-ро ташкил медиҳад.
11. Тибқи баҳодиҳии Ширкати технологии HUAWEI дар давоми 15 соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон бо назардошти Индекси GCI 2,5 маротиба нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пешсаф мебошад. Ширкати мазкур пешбинӣ намудааст, ки ҳангоми пурра амалӣ гардидани Индекси GCI дар давлатҳои тараққикарда иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон то 23 трлн. доллари ИМА дар соли 2025 афзоиш меёбад.
12. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар бозори меҳнат талабот ба мутахассисони соҳаи ТИК зиёд мегардад. Малакаҳои рақамӣ ҳамчун як шакли нерӯи инсонӣ рақобатпазирии шахсиятро дар бозори меҳнат муайян мекунад, ки вусъатёбии чунин малакаҳо дар аҳолӣ ба сатҳи рушд ва рақобатпазирии рақамикунонии иқтисоди кишвар таъсири назаррас мерасонад.
13. Солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ рушди тамоюли шумораи платформаҳои корпоративӣ, ки бозорҷойҳо (маркетплейс) ва экосистемаҳои рақамиро дар бар мегирад, мушоҳида мегардад.
14. Бизнес-модели платформавӣ дар ширкатҳои азими ҷаҳонӣ, аз қабили "Apple", "Amazon", "Alibaba", "Facebook", "Tencent" ва ғайра ширкатҳо бартарӣ дорад.
15. Платформа ин шакли рақамии ҳамкории ташкилот байни таъминкунандагон ва истеъмолкунандагон буда, бо мақсади кам кардани хароҷот, яъне содагардонии амалиёт ҳангоми ҷустуҷӯи шарикон, молу маҳсулот, хизматрасонӣ, ташкили пардохтҳо, бастани шартномаҳо, назорати иҷрои шартномаҳо, баҳодиҳии мавқеи иштирокчиёни соҳавӣ, тезонидани табодули арзиш дар миёни ду ва зиёда гурӯҳи истифодабаранда, истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда нақши муҳимро дар татбиқи рақамикунонии иқтисод мебозад (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Сохтори платформаи рақамӣ
16. Тамоюли дигари рушди иқтисоди ҷаҳонӣ бозорҷойҳо (MarketPlace) ё таҳвили мол ва хизматрасонӣ - майдони савдо, ки хизматрасонӣ ва моли дигар ширкатҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, мебошад. Бозорҷой ҳамчун миёнарав дар байни истеъмолкунандагон ва ташкилоту ширкатҳое, ки молу маҳсулот ва хизматрасонии худро бо муштариён, истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони хизматрасонӣ муттаҳид месозад, баромад менамояд (ҷадвали 2).
Ҷадвали 2. Сохтори фаъолияти бозорҷойҳо (MarketPlace)
17. Ширкатҳои азими "Amazon" ва "Alibaba Group" маъруфтарин намунаи бозорҷойҳо дар ҷаҳон буда, маҳз платформаи хитоӣ "Alibaba" ҳамчун хадамоти коммуникатсионӣ миёни истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва ширкатҳои логистикӣ баромад менамояд.
18. Дар доираи ташкил ва рушди иқтисоди рақамӣ Интернет дар маҷмӯъ ҳадафи экосистемаи иқтисодиро ташкил намуда, сифат ва рақобатпазириро дар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ дар ҷаҳон тағйир медиҳад.
19. Тибқи маълумоти Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБА) (Муассисаи махсусгардонидашудаи СММ) дар соли 2018 дар ҷаҳон ба 100 нафар аҳолӣ 14,1 муштарии бақайдгирифташуда ва 69,3 интернети мобилӣ рост меомад, ки дар ин давра ҳар як фарди дуюм дар ҷаҳон (51,2 фоиз) Интернет истифода намудааст.
20. Финландия пешсафи Индекси рақамикунонии тиҷорат (ИРТ) буда, дорои фарогири Интернети фарохмавҷ дар сатҳи 100,0 фоиз ва дорои нишондиҳандаи назаррас оид ба истифодаи хизматрасонии абрӣ бо назардошти амалишавии фурӯши электронии 4 ташкилоти он, дар сатҳи 65,0 фоиз мебошад.
21. Дар соли 2018 ҳаҷми содироти хизматрасониҳо бо истифодаи технологияҳои рақамӣ 2,9 трлн. доллари ИМА зиёд гардид, ки содироти хизматрасониро дар ҷаҳон дар сатҳи 50,0 фоиз ташкил намуд.
22. Тақрибан 40,0 фоизи фурӯши мустақим (онлайн) дар бозори ҷаҳон тавассути шабакаи ширкати "Amazon" бо назардошти ширкати зертобеи он дар самти инфрасохтори абрӣ сурат мегиранд.
23. Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой шабакаи иттилоотии "Wechat", ки ба ширкати "Tenғent" тааллуқ дорад, дорои зиёда аз 1 млрд. истифодабарандагони фаъол буда, низоми пардохти он бо низоми "Alipay" тақрибан тамоми бозори пардохтҳои Хитойро бо назардошти амалишавии шабакаи алоқаи мобилӣ фаро мегирад. Бо вуҷуди ин ба ширкати "Alibaba" 60,0 фоизи бозори тиҷорати электронии Хитой рост меояд.
24. Мутобиқи баҳодиҳии ширкати машваратии "McKinғey Global Inғtitute" тавассути истифодабарии технологияҳои муосири рақамӣ иқтисодиёти ҷаҳон дар сатҳи 3-6 трлн. доллари ИМА то соли 2025 афзоиш меёбад.
25. Тибқи таҳлили коршиносон бо назардошти истифодаи платформаҳои рақамӣ андозаи иқтисоди рақамӣ аз 4,0 фоиз то 15,5 фоизи ММД-ро дар ҷаҳон ташкил дода, тақрибан 40,0 фоизи арзиши иловашуда, ки бахши ТИК-ро дар ҷаҳон ташкил медиҳад, ба ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой рост меояд.
26. Шумораи аҳолии бо кор машғулбуда дар бахши ТИК дар ҷаҳон бештар дар бахши хизматрасониҳои компютерӣ дар сатҳи 38,0 фоиз таъмин гардида, аз 34 млн. нафар дар соли 2010 то 39 млн. нафар дар соли 2015 зиёд гардидааст.
§2. Ҳолати кунунии технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ
27. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали иқтисоди рақамӣ қарор дошта, оғози қадамҳои нахустини худро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт тавассути фаъолияти ТИК дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
28. Ҷиҳати татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳукумати шаҳри Душанбе таҷҳизоти серверӣ дар ҳуҷраи махсус ва байни сохторҳои дастгоҳи он тавассути барномаи "Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҒITI-DOC" насб шудааст.
29. Низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе "City Card" ҷорӣ гардид, ки шаҳрвандони кишвар тавассути он маблағи роҳкироро бо ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт менамоянд.
30. Дар ҷумҳурӣ маркази тасдиқкунандаи имзои электронии рақамӣ ва низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ "TFMIҒ" амалӣ гардида истодааст, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронӣ ва имзои электронии рақамӣ дар кишварро таъмин менамояд.
31. Низоми мазкур мунтазам такмил дода шуда, то имрӯз як қатор имкониятҳои нав ба монанди таҳияи буҷет бо усули "Аз боло ба поён", Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, санҷиши пешакӣ, банақшагирии хазинавӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот, амалиёти бонкии хазинадорӣ, маблағгузории мустақилонаи низоми худкори музди меҳнат, инчунин хизматрасониҳои коммуналӣ ба роҳ монда шудааст.
32. Айни замон моделҳои нав дар қисмати иҷрои буҷети давлатӣидоракунии маблағҳои буҷетӣ, идоракунии уҳдадориҳо ва дороиҳо, идоракунии қарзи давлатӣ - идоракунии қарзи дохилию берунӣ ва дар қисмати ғанӣ гардонидани махзани маълумот - идоракунии захираҳои кадрӣ дар марҳилаи ҷурсозӣ ва озмоишӣ қарор доранд.
33. Бо мақсади ташкил намудани мубодилаи иттилоот бо вазорату идораҳои давлатӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба суръати иҷрои вазифаю уҳдадориҳо, дар соҳаи молия портали корпоративӣ - утоқи шахсии электронӣ таъсис дода шудааст.
34. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали савдои Тоҷикистон, ки таҷрибаи нахустин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, рӯзи 26 апрели соли 2019 расман ифтитоҳ гардида, ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ имкони дастрасӣ ба маълумот оид ба ҳуҷҷатгузории содироту воридот ва транзити мол, созишномаҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи савдо ва хизматрасониро фароҳам меоварад. Айни замон дар Портали мазкур оид ба 53 расмиёти молу маҳсулоти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, ки зиёда аз 1500 маҳсулотро дар бар мегирад, маълумот оварда шудааст.
35. Низоми электронии таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз модели эконометрикии муосир ба роҳ монда шуда, корҳо ҷиҳати тақвияти ин низом давом доранд.
36. Дар кишвар портали маълумотии инноватсионӣ таъсис дода шуда, дар он маълумот ва мақолаҳои илмӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ мунтазам ҷамъоварӣ ва паҳн карда мешавад.
37. Бо мақсади сода намудани низоми раводид аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ "e-Viғa" (httpғ://www.eviғa.tj) ба роҳ монда шудааст.
38. Дар шаҳри Душанбе имрӯз низоми "Шаҳри бехатар" фаъолият менамояд, ки тавассути камераҳои мушоҳидавӣ омаду рафти нақлиёти ҷамъиятӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, гаштугузори одамон, ҳодисаҳои ғайричашмдошт тариқи рақамӣ марказонидашуда назорат карда мешавад.
39. Фурӯши рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиёт тавассути музоядаи электронӣ ба роҳ монда шудааст.
40. Дар ҷумҳурӣ шиносномаҳои дохилии пластикӣ ва биометрии хориҷӣ ҷорӣ карда шудааст, ки дорои маълумоти электронӣ ва рақамӣ мебошанд.
41. Махзани маълумоти ҳуқуқии "Адлия" ташкил карда шуда, дар компютерҳои хизматӣ ҷойгир карда шудааст, ки вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба дастрасии васеъ ва истифодаи он таъмин мебошанд.
42. Ҷиҳати фаъолияти низоми мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабакаи локалии "FTP" ба роҳ монда шуда, барномаи "Низоми иттилоотии идоракунии маориф" таъсис дода шуд, ки тавассути он маълумоти оморӣ аз тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
43. Шакли электронии китобҳои дарсии аз синфи 1 то 11 ва китобҳои бадеӣ дар сомонаҳои соҳаи маориф ҷойгир карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаи низоми иттилоотии идоракунии мактабҳои олӣ - "Учебный процесс" мавриди истифода қарор дорад, ки аз ҷараёни таълим мунтазам назорат карда мешавад.
44. Дар соҳаи нақлиёт системаҳо ва барномаҳои электронӣ оид ба низоми бақайдгирии шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, низоми назоратии GPҒ - Мониторинг, ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқнамоии ҳуҷраи серверӣ ва қисман ҷорӣ гардидани низоми автоматикунонидашудаи идоракунии дороиҳои роҳ ҷорӣ ва мавриди амал қарор доранд.
45. Дар самти хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон "Тоҷик-эйр" www.tajikair.tj ва "Сомон - эйр" www.ғomonair.com хизматрасониҳои худро ба мизоҷон оид ба харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймо тавассути сомонаҳои интернетии худ бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ ва корти бонкӣ ба роҳ мондаанд.
46. Дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, кам намудани талафоти техникиву тиҷоратии он, ҷамъоварии ҳарчӣ назарраси маблағи истифодаи нерӯи барқ, пешгирӣ ва дарёфти механизмҳои таъсиррасон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ низоми биллингии пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз соли 2018 ҷорӣ гардид.
47. Бо мақсади таҳкими низоми биллингии назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №597 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ "Авесто Гурӯҳ", ҶСК "Тоҷикгидроэлектромантаж" ва ҶДММ ТАҚҲ "Душанбе Сити" дар бораи амалӣ намудани лоиҳаи "Ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии тиҷоратии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе" тасдиқ гардидааст.
48. Дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи барномаи DHIҒ2 (барномаи иттилоотии тандурустии маҳаллӣ) аз 1 январи соли 2015 бо таври мустақим (онлайн) "Низоми ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ" таъсис дода шудааст, ки бо мақсади таъмини дастрасӣ ба иттилооти идоракунии тандурустӣ, сатҳ ва сифати маълумоти оморӣ оид ба солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мусоидат менамояд.
49. Дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ташкил намудани "Феҳристи ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба роҳ монда шуда, айни замон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ қисми ибтидоии Феҳристи мазкур Низоми иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) амалӣ шуда истодааст.
50. Шабакаи дохилиидоравии ягонаи иттилоотии соҳаи фарҳанг фаъол буда, захираи умумии китобҳои электронии китобхонаҳои ҷумҳурӣ 4,9 млн. ададро ташкил намуд, ки дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор доранд.
51. Дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ махзани ягонаи маълумот вобаста ба ҷойҳои нави корӣ дар сомонаи www.kor.tj ҷойгир карда шуданд. Инчунин дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ хазинаи иттилоотию таҳлилӣ дар сомонаи www.migration.tj маълумоти пурра оид ба суроға, ному насаб ва телефонҳои диаспораҳо - ҳамватанони бурунмарзӣ ворид карда шуда, махзани маълумоти муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ мебошад, ташкил карда шуд.
52. Дар соҳаи амнияти миллӣ барномаҳо ва воситаҳои техникӣ барои таъмини ҳуҷҷатгузории электронӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ шуда истодааст.
53. Дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати муаррифии молу маҳсулот, дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ташкил карда шудааст, ки субъектҳои соҳибкорӣ аз хизматрасониҳои портали мазкур самаранок истифода бурда истодаанд.
54. Мақомоти андоз портали электронии хизматрасониҳо барои андозсупорандагонро роҳандозӣ намуда, тавассути он 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, декларатсияи андозӣ ва ҳисоботдиҳӣ, тафтиши рақамии андозсупоранда, маълумот оид ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, ҳисобкунаки андоз, бақайдгирии давлатии электронӣ, иҷораи амвол ва пардохти андозҳо бо истифодаи кортҳои бонкии низоми пардохти миллӣ "Корти миллӣ" ва низомҳои пардохтии байналмилалии "Maғtercard" ва "Viғa", баргардонидани ААИ ва дигар хизматрасониҳои машваратию иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст.
55. Бо мақсади коҳиш додани хароҷоти расмиёти бақайдгирии давлатӣ тавассути аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва ройгон пешниҳод намудани маълумотнома аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйиру иловаҳо ба қонунҳо "Дар бораи боҷи давлатӣ" ва "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қабул карда шудаанд, ки тамоми расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ройгон анҷом дода мешавад.
56. Дар соҳаи сохтмон барномаи махсусгардонидашудаи компютериии "Иттилооти шаҳрсозӣ" мавриди истифода қарор дорад. Низоми маълумотии "Иттилооти шаҳрсозӣ" дар як барномаи компютерӣ маълумотҳои меъёрӣтехникӣ ва ҳуқуқии ба мутахассисони ташкилоти лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмирӣ ё васлгарӣ, мақомоти назоратӣ ва иҷозатномадиҳӣ зарурӣ якҷо карда шудаанд. Ташкилоти лоиҳакашӣ ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳо аз барномаҳои компютерии AutoCAD, ArchiCAD, 3D MAX, барномаи ҳисоби конструксия "ЛИРА", барномаи ҳисоби харҷнома "Гранд-Смета" ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.
57. Дар соҳаҳои замин ва геодезӣ аз соли 2018 барномаи электронии "Низоми худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон" дар 62 корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" мавриди истифода қарор дорад.
58. Барои таъмини роҳҳои нави содироти молу маҳсулот, яъне воридшавӣ ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (REX) сомонаи расмӣ фаъолият карда истодааст.
59. Ҷиҳати такмил ва истифодаи имкониятҳои барномаи компютерии низоми иттилоотии "Равзанаи ягона" барои ба таври автоматӣ пешниҳод кардани рақами мушаххаси суғуртакунанда дар як вақт бо рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзи оморӣ дар доираи низоми электронии ягона мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба Низоми иттилоотии "Равзанаи ягона" ворид карда шуд. Дар натиҷа рақами мушаххаси суғуртакунанда дар низоми мазкур барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ тибқи муҳлати дар қонунгузорӣ муқарраршуда (3-5 рӯз) барои соҳибкорон пешниҳод карда мешавад.
60. Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми электронии хариди давлатӣ шурӯъ аз соли 2019 Портали ягонаи хариди электронӣ www.eprocurement.gov.tj дар кишвар ҷорӣ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар натиҷаи татбиқи низоми мазкур дар солҳои 2015-2020 шумораи озмунҳои электронӣ дар диаграммаи 1 дарҷ гардидааст.
Диаграммаи 1. Шумораи озмунҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020
61. Дар баробари бартариятҳои низоми электронии хариди давлатӣ, аз қабили дахлнопазирӣ аз омилҳои инсонӣ, таъмини шаффофият тавассути мушоҳидаи натиҷаҳои озмунӣ дар реҷаи онлайн, коҳишёбии ҳаҷми зиёди ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби довталабони озмун ва дигарон, рақобати бовиҷдонона зимни озмунҳои электронӣ ба таври назаррас шадид шуда истодааст.
62. Зиёд гардидани истифодабарандагони Портали хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз ҳавасмандии иштирокчиён, рушди рақобати солим ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ мебошад, ки рушди тамоюли он дар солҳои 2015-2020 дар диаграммаи 2 нишон дода шудааст.
Диаграммаи 2. Тамоюли афзоиши шумораи иштирокчиёни Портали хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
63. Дар соҳаҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барномаи низоми "Махзани электронии стандартҳо" Fehriғtғtandart.tj омода гардид, ки ҳар як субъект имкон дорад оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ маълумот дастрас намояд.
64. Дар соҳаи гумрук автоматикунонидани ҷараёни коркарди декларатсияи бори гумрукӣ, декларатсияи транзитӣ (дохилӣ ва байналмилалӣ), тасҳеҳи арзиши гумрукӣ, тасҳеҳи декларатсияи гумрукӣ, декларатсияи воридоту содирот, ордери кассавии гумрукӣ, ҳуҷҷати пардохтии бонкӣ бо истифодаи системаи идораи таваккал амалӣ гардида истодааст, ки аз ёздаҳ зернизом, сенздаҳ қисмат ва бусту як зербандҳо иборат мебошад.
65. Дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва андешидани тадбирҳои муштарак аз тарафи мақомоти мутасаддии давлатӣ, рӯзи 1 сентябри соли 2020 шакли пурраи ҷорисозии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
66. Ҷиҳати татбиқи ТИК ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар бо хизматрасонии соҳаи алоқа 45 вазорату идораи дахлдори кишвар ба Шабакаи давлатии иттилоотии байни мақомоти идоракунии давлатӣ бо якдигар пайваст мебошанд. Ҳаҷми умумии кабели нахи нурӣ 48,6 ҳазор кмро ташкил медиҳад.
67. Бо мақсади вусъатёбии мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар кишвар мақомоти давлатӣ бо калиди электронии "e-Token" ва барномаи "ҒGB-net" (низоми электронии амалиёти молиявӣ)-и соҳаи молия таъмин гардида, сомонаҳои расмии онҳо, ки дар он маълумоти зарурӣ оид ба амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисоботҳои таҳлилӣ, мақолаҳои илмӣ, фарҳангӣ, руйдодҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ мунтазам ҷой дода мешаванд, таъсис дода шудааст.
68. Дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ вобаста ба амнияти иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ ва назоратӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои ҷойдоштаи киберӣ дар системаҳои иттилоотии кишвар, ки дар онҳо маълумоти дастрасиашон маҳдуд, ҳифзнашаванда коркард ва нигоҳдорӣ карда мешаванд, мунтазам пайгирӣ шуда истодааст.
69. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" бо фаъолияти шабакаи ягонаи табодули маълумоти электронӣ миёни мақомоти андоз, молия ва гумрук шумораи нуқтаҳои қабули пардохтҳои андозро ба 297 адад зиёд намуд, ки бо иттилооти ҷамъиятӣ ва дигар хизматрасониҳо мунтазам дар сомонаи бонк инъикос карда мешаванд.
70. Айни замон як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ технологияҳои муосири пардохтиро амал намуда, ба муштариёни худ имконияти осону қуллай ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро пешниҳод намуда истодаанд. Дар ин самт ташкилотҳои қарзии молиявӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкиро, аз қабили бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз (Quick Reғponғe Code) ва маблағҳои электронӣ бомуваффақият татбиқ намуда истодаанд.
71. Шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 1192 ва 5624 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1896 адад ва дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 3728 адад терминали электронӣ насб гардидаанд. Аз шумораи умумии терминалҳои электронии дар нуқтаҳои савдою хизматрасонии ҷумҳурӣ мавҷудбуда 2132 адади он ба шаҳри Душанбе, 251 адад ба вилояти Хатлон, 990 адад ба вилояти Суғд, 192 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 163 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.
72. Татбиқи технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ - яке аз тамоюлҳои нав дар низоми бонкии кишвар мебошад. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин усули пардохтҳои ғайринақдиро аз соли 2018 ба муштариёни худ фаъолона пешниҳод намуда истодаанд.
73. Аз соли 2019 операторҳои алоқаи мобилӣ низ дар доираи қонунгузории амалкунанда якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ имконияти пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. Муштариён имконият пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро бо истифодаи маблағҳои электронӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. Шумораи умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1 493 652 ададро ташкил дод, ки дар ин давра тавассути ҳамёнҳои электронӣ 7523,4 ҳаз. адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 369,5 млн. сомонӣ анҷом дода шуд.
74. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Соли 2020 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 4847 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шуда, ки дар натиҷа дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 37708 ҳазор адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 1435,1 млн. сомонӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ таносуби амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 91,9 фоиз ба 8,1 фоизро ташкил дод.
75. Солҳои охир афзоиши шумораи мутахассисони тайёр дар самти ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мушоҳида мегардад. Ҳоло 14 донишгоҳ мутахассисони касбиро дар соҳаи ТИК тайёр менамоянд, вале сатҳи тайёркунии кадрҳо ба талаботи бозори ТИК мутобиқ набуда, аз норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин самт шаҳодат медиҳад.
76. Нишондиҳандаҳои муҳими муайянкунандаи дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ барои аҳолӣ дар мамлакат шумораи муштариёни Интерент ва шаҳрвандоне, ки аз Интернет истифода мекунанд ба шумор меравад. Дар соли 2020 нишондаҳандаҳои қайдгардида мутаносибан 3,34 млн. нафар ва 37,1 нафар баробар мебошад. Маълумоти муфассал дар ҷадвали 3 нишон дода шудааст.
Ҷадвали 3. Нишондиҳандаи зичии телефон дар
77. Дар солҳои охир раванди зиёдшавии шумораи операторони алоқа дар ҷумҳурӣ ба чашм мерасад, ки боиси вусъатёбии истифодабарии ТИК дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар, татбиқи лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ ва барномаҳои иттилоотӣ гардид.
78. Теъдоди умумии ширкатҳое, ки ба таъмини хизматрасониҳои нави алоқа машғул мебошанд 17 ададро ташкил медиҳад. Тибқи диаграммаи 3 мавқеи пешсафро дар бозори хизматрасониҳои нави алоқа дар ҷумҳурӣ ҶДММ "Вавилон - Мобайл", ҶДММ "Тсеll", ҶСП "ТТ-Mobile" ва ҶДММ "Таком" ишғол мекунад.
Диаграммаи 3. Шумораи истифодабарандагони Интернет аз рӯи ширкатҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
79. Шумораи истифодабарандагони Интернет аз рӯи ширкатҳои мобилӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2019 беш аз 3,2 млн. нафар ва даромадҳо аз фаъолияти асосии алоқа дар ҷумҳурӣ 2677,0 млн. сомониро ташкил дод.
§3. Бехатарии иттилоотӣ
80. Бехатарии иттилоотӣ аз ҳифзи захираҳои иттилоотӣ бо дастрасии ғайриқонунӣ, инчунин таъмини амнияти низомҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, маҳсуб меёбад.
81. Дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон низ худро аз таҳдидҳо, ба монанди киберҳуҷумҳо бо мақсади аз кор баровардани низомҳои идоракунии давлатӣ, аз фаъолият боз мондани корхонаҳо, низоми бонкӣ, низомҳои мудофиаи миллӣ, тиҷорат ва аҳолӣ берун аз кишвар тавассути Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар шабакаҳои алоқа, таъсир аз берун ба афкори ҷамъиятӣ ва вазъи сиёсӣ дар дохили кишвар эмин медорад.
82. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба таъминоти меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ, кадрӣ ва иттилоотӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, як қатор санадҳои қонунгузориро оид ба таъмини бехатарии иттилоотӣ, ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ", "Дар бораи имзои электронӣ", "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи криптография", "Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ" ва "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"-ро қабул намудааст.
83. Консепсияи бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва маҷмӯӣ чораҳоро барои рушди ин самт амалӣ намуда истодааст.
84. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишваре мебошад, ки Консепсияи амнияти миллиро соли 2003 қабул кардааст ва дар он нақши иттилоот барои рушди ҷумҳурӣ муайян гардида, соҳаи иттилоотӣ бошад ҳамчун омили ташкилкунандаи низоми ҳаёти ҷамъият ифода меёбад.
§4.Масъалаҳои умумӣ дар самти иқтисоди рақамии кишвар
85. Аз рӯи арзёбии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) сатҳи истифодабарии Интернет дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиш ёфта бошад ҳам, вале дар сатҳи минтақаҳои кишвар қонеъкунанда намебошад.
86. Дар Тоҷикистон зиёда аз 95 фоизи минтақаҳои аҳолинишин ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд. Шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 7 млн. нафар (аз ин 5,4 млн. нафари он муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи муштариёни Интернет 3,3 млн нафар ва шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7,2 млн. нафар мебошанд.
87. Аз рӯи баҳодиҳии Индекси омодагии шабакавӣ (ИОШ (NRI) дар "Global Information Technology Report" оид ба Индекси истифодабарии инфиродии ТИК (Uғage ғubindex), ки сатҳи паҳншавии муайяни ТИК-ро дар миёни аҳолӣ, аз ҷумла вусъатёбии телефонҳои мобилӣ, истифодаи Интернет, компютерҳои шахсӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ муайян мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ум 109 ҷойро дар миёни 139 давлат ишғол намуд.
88. Аз соли 2000 дар давлатҳои аъзои Бонки АвруОсиёи Рушд вусъатёбии дастрасӣ ба Интернет мушоҳида гардида, тамоюли мусбии инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва ҳиссаи аҳолӣ бо дастрасӣ ба Интернет назаррас афзоиш ёфтааст.
89. Тибқи баҳодиҳии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки давлатҳои аъзои Бонки АвруОсиёи Рушдро дар бар мегирад, бе Тоҷикистон ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар ММД-и ИИАО 3,0 фоизро ташкил медиҳад.
90. Аз рӯи нишондиҳандаи дастрасии аҳолӣ ба Интернет давлатҳои аъзои БАОР ба ду гурӯҳ, аз қабили гурӯҳи дастрасии фарохмавҷ (Россия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон) ва гурӯҳи бо дастрасии маҳдуд (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ҷудо шудааст. Дар соли 2020 нишондиҳандаи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ дар миёни аҳолии Қирғизистон ва Тоҷикистон мутаносибан 40 фоиз ва 37,1 фоизро ташкил дод, ки дар диаграммаи 4 нишон дода шудааст.
Диаграммаи 4. Ҳиссаи аҳолӣ бо дастрасӣ ба Интернет дар давлатҳои аъзои БАОР дар солҳои 2000-2020
91. Тибқи баҳодиҳии "Гузориши ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ" дар солҳои 2013-2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи "Қонунҳо вобаста ба ТИК" "Lawғ relating to ICTғ" мувофиқи раддабандии байналмилалӣ аз мавқеи 86 соли 2013 (144 давлат) бамавқеи 84 (139 давлат) дар соли 2016 ҷойгир шуд.
92. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолнокии истифодаи Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нишондиҳандаи миёнаи давлатҳои ИДМ паст мебошад. Сабаби ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани хизматрасониҳои электронии давлатӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон дастрасии васеъи хизматрасонии Интернет, бахусус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст дар сатҳи кофӣ таъмин намебошад.
93. Таъсис додани нуқтаи мубодилаи Интернет (IXP) дар Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани сифати Интернет ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронӣ дар кишвар мусоидат намояд. Зеро мавҷудияти нуқтаи мубодилаи Интернет донишҳои зарурии техникии истифодабарандагонро мукаммал гардонида, сатҳи зарурии алоқаро дар мақомоти давлатӣ муҳайё созад.
94. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 алоқаи мобилӣ дар мамлакат сатҳи воридшавии хизматрасониҳои фарохмавҷи Интернети мобилӣ барои 100 нафар 34,2 фоизро ташкил медод, ки барои хизматрасониҳо дар мамлакат кофӣ набуд.
95. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар соли 2016 шумораи муштариёни Интернет тариқи шаклҳои нави алоқа 2,3 млн. нафар истифодабарандаро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 3,3 млн. нафар расонида шуд. Ҳамчунин агар дар соли 2016 шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 8,7 млн. нафарро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,4 млн. нафар кам гардид.
96. Дар соли 2019 шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ аз рӯи ширкатҳо дар ҷумҳурӣ 6,1 млн. нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 0,7 млн. нафар кам шудааст. Сабаби кам шудани ин нишондиҳанда азнавбақайдгирии муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ дониста мешавад.
3. ҲАДАФ, ВАЗИФАҲО ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАҚСАДНОК
97. Ҳадафҳои асосии Барнома чунин мебошанд:
- рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
- таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ;
- такмил ва амалишавии босуръати сиёсати давлатӣ дар самти табодули рақамӣ;
- рушди инфрасохтори ТИК ва экосистемаи табодули рақамии ҷавобгӯ ба талаботи амнияти иттилоотӣ;
- баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба низоми табодули рақамӣ ва рушди малакаи рақамӣ, аз ҷумла омода намудани кадрҳои соҳибтахассус;
- тамаркузи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд барои рушди иқтисоди рақамӣ.
98. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, амалисозии вазифаҳои зерин дар Барнома ба нақша гирифта шудааст:
- таҳлили вазъи муосир ва тамоюли рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- зиёд намудани суръати Интернет;
- вусъат додани корҳо дар самти фарогирии аҳолӣ ба шабакаҳои алоқа ва инфрасохтори ТИК;
- муайян намудани мушкилиҳо, таҳдидҳо ва афзалиятҳо дар самти рушди иқтисоди рақамӣ;
- дар асоси муайян кардани мушкилиҳо пешниҳоди тадбирҳои зарурӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ;
- дарёфти имкониятҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва самтҳои асосии он дар кишвар;
- тайёркунии кадрҳои касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;
- такмили қонунгузории танзими мубодилаи иттилоот, таъмини амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ, инчунин муносибатҳо дар самти табодули рақамӣ;
- идоракунии мутамарказ тавассути рақамикунонии иқтисоди миллӣ;
- баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи ТИК;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти амалишавӣ ва идораи иқтисоди рақамӣ;
- баланд бардоштани малакаи зеҳнии рақамии аҳолӣ;
- таъсиси заминаи ташаккули тиҷорати электронӣ;
- муайян намудани нишондиҳандаҳои асосии мақсадноки табодули рақамӣ;
- муайян кардани самтҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар;
- дарёфти усулҳои муосири рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
- ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати рушди технологияҳои рақамӣ;
- пешниҳоди роҳҳои рушди технологияҳои молиявӣ ва васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- ҷорӣ намудани "Шаҳри ҳушманд" дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ;
- таъмини бехатарии иттилоот дар самти ТИК;
- таъмини шароити мусоид барои рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
- баланд бардоштани нерӯи инсонӣ дар самти иқтисоди рақамӣ.
99. Нишондиҳандаҳои мақсадноки Барнома:
- баланд бардоштани суръати Интернет;
- афзоиши шумораи муштариёни хизматрасониҳои алоқаи фарохмавҷ (бо суръати на кам аз 1 Мгбит/с);
- афзоиши миқдори бақайдгирӣ дар домени ".tj";
- зиёд намудани алоқаи телефонии мобилӣ;
- дастрасии аҳолӣ бо компютер ва Интернет дар хона;
- рушди ҳосилнокии меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
- рушди ҳиссаи тиҷорати электронӣ дар ҳаҷми умумии савдои чакана;
- рушди ҳиссаи хизматрасониҳои электронӣ дар ҳаҷми умумии хизматрасониҳо;
- вусъатёбии таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби рақамикунонии соҳаҳо;
- зиёд гардидани фоизи ҳудуди ҷуғрофии дастрасӣ бо хизматрасониҳои алоқаи фарохмавҷ;
- ворид шудани Тоҷикистон ба раддабандии байналмилалӣ оид ба рушди иқтисод ва ТИК;
- зиёд гардидани шумораи мутахассисони касбӣ дар самти иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ.
4. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
§1. Таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ
100. Бо мақсади амалисозии талаботи иқтисоди рақамӣ қабул ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла инфрасохтори ТИК, хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаҳо ба миён меояд. Зеро такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди устувори фаъолияти мақомоти давлатӣ тавассути иттилоотоникунонии ҳукумати электронӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
101. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ба танзим даровардани рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ қабул гардидааст. Вале қонунгузориҳои амалкунанда муносибатҳои низомиро ба таври пурра таъмин карда наметавонад. Зеро муносибатҳои иҷтимоие, ки вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ ба миён меоянд, қабул ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунадаро тақозо мекунанд.
102. Ташаккули иқтисоди рақамӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ, гардиши маълумот, пайгирии рақамӣ, савдои рақамӣ, долонҳои нақлиётии рақамӣ, саноати рақамӣ ва ғайра дар сатҳи дохилию байналмилалӣ зарур арзёбӣ мегардад.
103. Ҳадаф аз дастгирии ҳуқуқии ташаккули иқтисоди рақамӣ фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои ташаккули иқтисоди рақамӣ мебошад.
104. Барои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди миллӣ бартараф намудани маҳдудиятҳои зерин дар панҷ соли минбаъда афзалияти аввалия барои соҳа мебошанд. Аз ҷумла:
- дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтани гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва эътирофи эътибори қонунии онҳо;
- номукамалии низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотии давлатӣ бо тасҳеҳи қонунгузории амалкунанда ва тавсеаи имконияту истифодаи онҳо аз ҷониби субъектҳои мухталиф;
- нокифоягии реҷаи ҳуқуқии маълумоти шахсӣ бо назардошти истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба танзими савдои электронӣ;
- нокифоягии механизми батанзимдарории ҷараёни воридкунии маълумот ба махзанҳои иттилоотӣ;
- номукаммалии меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар муносибатҳои интернетӣ.
105. Бо мақсади ҳалли мушкилоти дар соҳа ҷойдошта амалигардии тадбирҳои зерин зарур мебошад:
- муайян намудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки ташаккули иқтисоди рақамиро маҳдуд мекунанд;
- тавсеаи истифодаи таҷрибаи ҳуқуқӣ;
- ташаккули шароити муътадили ҳуқуқӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ;
- ташкили инфрасохтор ҷиҳати таъмини мубодилаи маълумот байни субъектҳо;
- ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки ба ташкили иқтисоди рақамӣ равона карда шудааст;
- ташаккули заминаи ҳуқуқии рушди робототехника, низоми бехатарии иттилоотӣ ва кибербехатарӣ;
- ташакули механизми ҳуқуқии таъмини амнияти рақамии беморон, кормандони тиб ва ташкилоту муассисаҳои тиббӣ;
- муқаррар намудани меъёрҳо ва талаботи ягона ҷиҳати таъмини мутобиқат ва ҳамкории низомҳои мухталифи иттилоотӣ;
- фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ташаккули таҳсилоти рақамӣ.
§2. Рушди инфрасохтори ТИК барои иқтисоди рақамӣ
106. Дар замони муосир инфрасохтори ТИК омили муҳим барои рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, бе дастрасии инфрасохтори ТИК устувор намудани он имконнопазир аст.
107. Асоси созандаи рушди инфрасохтори ТИК дастрасии васеъ ба Интернет мебошад, ки тавассути технологияҳои ноқилдор (FTTx ва ADҒL) ва технологияҳои беноқил (3G, 4G ва 5G) инчунин алоқаи маҳворавӣ таъмин карда мешавад.
108. Мушкилиҳои асосии инфрасохтори ТИК-и кишвар инҳо мебошанд:
- дар сатҳи зарурӣ дастрас набудани суръати Интернет;
- ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори иқтисоди рақамӣ;
- норасоии мутахассисон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ;
- мавҷуд набудани маблағгузорӣ барои рушди соҳа;
- муҷаҳҳаз набудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо технологияҳои муосир.
109. Вазифаҳо барои таъсиси инфрасохтори иқтисоди рақамӣ:
- такмил ва қабули заминаи институтсионалӣ барои гузаронидани ислоҳот дар соҳаи ТИК;
- дастгирии давлатӣ ҷиҳати таъмини таҷҳизот ва технологияҳои муосир барои рушди инфрасохтори рақамӣ;
- омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ;
- баланд бардоштани суръати Интернет;
- зиёд намудани маблағгузорӣ барои рушди соҳа;
- марҳила ба марҳила гузаштан ба ҳалли масъалаҳои миллӣ дар соҳаи ТИК ва воситаҳои таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ.
110. Барои ташкил намудани низоми бехатарии иттилоотӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур мебошанд:
- рушди механизми ошкор ва пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ ва рафъи оқибатҳои пайдоиши онҳо;
- таъмин намудани бехатарии иттилоот ва кибернетикии объектҳои инфрасохтори иттилоотии миллӣ;
- таъмини ҳамоҳангсозии самарабахш байни мақомоти идоракунанда ва вокуниш ба таҳдидҳои кибернетикӣ;
- нигоҳдории махфият ва идоракунии амнияти маълумоти шахсӣ.
§3. Рақамикунонии соҳаи макроиқтисодӣ
111. Солҳои охир дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ муътадилии макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардидааст.
112. Дар самти ҳамоҳангсозии умумии сиёсати макроиқтисодӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, раванди ҳамгироии сиёсати макроиқтисодӣ бо дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ то андозае беҳтар гардида истодааст.
113. Бахусус бо мақсади ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ бо сиёсати пулию қарзӣ ва андозию буҷетӣ, инчунин кам кардани таъсири эҳтимолии хавфҳои беруна ба иқтисоди миллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 нобяри соли 2018, №557 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин дар кишвар Шӯрои миллии суботи молиявӣ фаъолият намуда истодааст.
114. Бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти истифодабарии моделҳои эконометрикӣ ҳангоми таҳияи дурнамоҳо оғоз аз соли 2015 дар низоми дурнамосозии макроиқтисодии кишвар моделҳои эконометрикии дурнамосозӣ ҷорӣ карда шудааст.
115. Моделҳои эконометрикии истифодашаванда моделҳои мувозинати умумии қисмӣ буда, ҳамоҳангии сиёсати макроиқтисодӣ, бахусус пулию қарзӣ ва андозу буҷетро бо соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар сатҳи зарурӣ таъмин намекунанд, ки ин барои сифатнок таҳия намудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ мушкилӣ эҷод мекунанд.
116. Дар асоси маълумоти расмии оморӣ ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ нисбат ба ММД соли 2020 14 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016 1 банди фоизӣ кам мебошад.
117. Тибқи арзёбии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар соли 2015 дар Тоҷикистон ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ 37,7 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, ки нишонидиҳандаи аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ (27,8 фоиз) ва сатҳи миёнаи минтақавӣ (31,7 фоиз) ба қадри назаррас баланд мебошад.
118. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар ҳолати роҳандозии ТИК дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва баҳисобгирӣ сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ паст мегардад.
119. Дар низоми макроиқтисодиёт баҳисобгирии дурусти оморӣ нақши асосӣ мебозад ва дар ин самт аз ҷониби мақомоти давлатӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст, вале ҳоло ҳам мушкилот ба назар мерасад. Дар раванд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта такмили низоми электронии пешниҳоди ҳисобот ва баҳисобгирии оморӣ зарур мебошад.
120. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- бо мақсади таъмини рушди фарогири иқтисодиёт ҳамоҳангсозии сиёсати мақроиқтисодӣ (соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва минтақаҳо) якҷо бо сиёсати иқтисодии хориҷӣ дар доираи як платформа ба роҳ монда мешавад. Яъне бо мақсади ҷалби сармоя механизми ҳамкории электронии бевосита бо диаспораҳои Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад;
- бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳлилҳо, дақиқ муайян намудани иқтидорҳои дохилии кишвар ва таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ модели муозинати умумии динамикии бисёрсоҳавӣ истифода карда мешаванд;
- механизми ҷамъоварии маълумоти омории такмилдодашуда пурра электронӣ карда мешаванд;
- ҷамъоварии маълумоти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз мақомоти маҳаллӣ тавассути низоми муосири электронӣ таъмин карда мешавад;
- низоми ҳисобҳои миллӣ такмил дода мешавад;
- иқтидори кадрию техникии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар самти истифодаи моделҳои эконометрикӣ тақвият дода мешавад;
- дар вазорату идораҳои соҳавӣ моделҳои муосир ҷорӣ карда шуда, дар як платформаи дастрас пайваст карда мешаванд;
- рақамигардонии махзани маълумоти лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ, маблағгузориҳои мутаммарказ, кӯмаки башардӯстона ва ташкили феҳристи ягонаи давлатии электронии онҳо;
- роҳандозии низоми автоматии мониторинги раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ, сохтмони иншооти нотамом, маблағгузориҳои мутаммарказ ва кӯмаки башардӯстона;
- роҳандозии низоми автоматии мониторинги раванди татбиқи Стратегияи миллии рушд, Барномаи миёнамуҳлати рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор.
§4. Рақамикунонии савдои дохилию хориҷӣ
121. Тиҷорати электрониро метавон ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ ифода намуд, ки он бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар тавассути шабакаҳо ва асбобҳои электронӣ анҷом дода шуда, дар он миёнарав ва харидор тиҷорати электрониро амалӣ мегардонанд.
122. Имрӯзҳо дар ҷаҳон ягон бозори босуръат рушдкунанда ва тавоное мавҷуд нест, ки бо савдои электронӣ муқоиса карда шавад. Бинобар ин як қатор кишварҳо ба савдои минтақавӣ дохил шуда, созишномаҳои тиҷорати электрониро барои афзоиш додани содирот ва воридот тавассути низомҳои тиҷорати электронӣ шароити мусоид фароҳам меоранд, ба монанди Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Корея ва Австралия, Сингапур бо Зеландияи Нав, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Эрон ва ғайра.
123. Рақамикунонии савдо раванди суръатбахши ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар савдои хориҷӣ ва тақвияти диверсификатсияи содиротро тавассути ҷалби молҳо ва хизматрасониҳо дар савдо, ки ба воситаи шабакаҳои нави рақамӣ роҳандозӣ мегарданд ифода менамояд.
124. Афзалиятҳои назарраси рақамикунонии савдо дар рушди муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ва хариди электронӣ, таъмини дастрасии баробари субъектҳои соҳибкорӣ ба фаъолияти содиротӣ ва шаффофияти расмиёт маҳсуб меёбанд.
125. Платформаҳои савдои ғайрикоғазӣ ва рақамӣ бояд фазои мусоидро ҷиҳати рушди савдо, хизматрасонӣ ва содагардонии амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, инчунин низоми ҳамлу нақл фароҳам орад. Кам кардани вақт ва арзиши амалиёти тиҷоратӣ, коҳиш ёфтани таъсири манфии омилҳои субъективӣ, афзоиши самаранокӣ ва ташаккули гардиши савдои хориҷӣ, инчунин рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ натиҷаи самарабахши рушди тиҷорати рақамӣ арзёбӣ мегардад.
126. Рушди савдои электронӣ тавассути афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳо, ки аз ҷониби онлайн мағозаҳо дар майдонҳои тиҷорати электронӣ, ки дар он фармоиш тариқи Интернет расонида мешавад, таъмин карда мешавад. Зиёд намудани ҳиссаи савдои электронӣ дар гардиши савдои чакана тавассути ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ имконпазир аст.
127. Афзоиши ҳаҷми таъмини муросилот (посилкаҳо) дар "Почтаи Тоҷикистон" бо муҷаҳҳазгардонии технологияҳои инноватсионии рақамӣ таъмин карда мешавад.
128. Дар навбати худ омилҳои асосии рушди тиҷорати электронӣ пайдоиши миёнаравҳои Интернетӣ ё ба ибораи дигар платформаҳои савдо мебошанд, ки барои иштирокчиёни тиҷорати электронӣ инфрасохтори дахлдорро фароҳам месозанд.
129. Омилҳои калидии таъмини афзоиши рақобатпазирии савдои электронӣ инҳоянд:
- сифати инфрасохтори технологии маҳаллӣ;
- мавҷудият ва сатҳи тайёрии мутахассисон дар соҳаи тиҷорати электронӣ;
- муҳити инноватсионӣ, танзими ҳуқуқӣ ва фазои соҳибкорӣ;
- сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотӣ.
130. Технологияҳои молиявӣ ҷанбаи муҳими татбиқи муваффақи савдои электронӣ дар бахши иқтисодиёт ва самти содироти хизматрасониҳо мебошанд. Содироти хизматрасониҳои молиявӣ, ки одатан аз ҷониби бонкҳо ва дигар миёнаравҳои молиявӣ пешниҳод карда мешаванд, сатҳи эътимод ба давлатеро, ки шахси ҳуқуқӣ дар қайди он мебошад, афзун мегардонад. Устувории сиёсӣ ва иқтисодӣ, таъмини махфияти иттилооти молиявӣ омилҳои асосии рушди содироти хизматҳои анъанавии молиявӣ мебошанд.
131. Рушди содироти хизматрасониҳои молиявӣ тавассути рушди бозори воситаҳои молиявӣ ва амалиёти маблағгузории тиҷоратӣ дар бозорҳои байналмилалӣ ба даст оварда мешавад.
132. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди савдои электронӣ мушоҳида карда мешавад. Айни замон дар Тоҷикистон онлайн харид намудани доираи васеи молҳо ва хизматрасонӣ, инчунин фармоиши таксӣ, хариду фурӯши амволи ғайриманқул, хӯрокворӣ ва ғайра имконпазир мебошад. Ҳамзамон савдои электронӣ дар ҷумҳурӣ хусусиятҳои худро дорад. Аксарияти онлайн мағозаҳо имконияти қабули пардохти ғайринақдӣ ва пешниҳод намудани реквизитҳоро надоранд ва арзиши мол ҳангоми таҳвил пардохт карда мешавад.
133. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи савдои электронӣ дар ҷумҳурӣ ин гарон будани арзиши молҳо ва хизматрасониҳои онлайн фурӯхташаванда мебошад, ки дар шароити Тоҷикистон (қобилияти пасти харидорӣ) омили асосии боздоранда мебошад.
134. Дигар омилҳое, ки ба рушди савдои электронӣ монеа эҷод менамоянд инҳо мебошанд:
- маҳдуд будани доираи истифодабарандагони Интернет;
- номукамалии низоми инфрасохтори почта;
- дар сатҳи зарурӣ набудани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- паст будани сатҳи ташвиқу тарғиб байни аҳолӣ оид ба мавҷудияти чунин хизматрасониҳои электронӣ, набудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бартарияти хизматрасониҳои электронӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон;
- мавҷуд набудани маҷмӯъи чорабиниҳои тарғиботии фаъол тавассути Васоити ахбори омма ва шабакаи Интернет (хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакҳо ва ғ.) барои оммафаҳм намудани хизматрасониҳои электронӣ;
- дониши нокифоя оид ба истифодабарии хизматрасониҳои рақамӣ ва бартарияти онҳо;
- нокифоягии дастгирии институтсионалии бозори ТИК ва савдои электронӣ;
- ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи эътимоднокӣ ва фарҳанги молиявии иштирокчиёни бозори ТИК ва стартапҳои технологияҳои молиявӣ;
- норасоии сармоягузориҳои хусусӣ ва сармояи таваккалӣ барои ташаккул ва рушди иттилооти инноватсионӣ ва стартапҳои технологияҳои молиявӣ.
135. Барои ҳалли мушкилиҳои соҳаи савдо ҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ мегардад:
- беҳтар намудани дастрасӣ ба трафики интернети нисбатан дастрас ва босифат;
- дар асоси барномаҳо ва усулҳои муосир ташаккули низоми таълимии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисосии мутахассисон дар бозори хизматрасонии ТИК;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва молиявӣ;
- сиёсати ҳавасмандгардонии андозӣ дар сармоягузорӣ ба ТИК, технологияҳои молиявӣ ва фаъолият дар ин самт;
- амалигардонии барномаҳо ва ташаббусҳои давлатӣ дар самти дастгирии фаъолияти ширкатҳои ТИК ва бартараф намудани монеаҳо дар содироти технологияҳои иттилоотӣ ва молиявӣ;
- ташкили нуқтаҳои хизматрасонии молиявӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ дар минтақаҳои кишвар;
- таснифи маълумот, ба монанди: таснифоти мол, хизматрасонӣ, иштирокчиёни бозор ва ғайра барои сода кардани коркарди маълумот ва таҳлили вазъи кунунии бозор;
- фароҳам овардани шароит барои рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба технологияи муосир;
- баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба шабакаҳои интернетии хариду фурӯши молу маҳсулот, хизматрасонӣ, инчунин ҳифзи маълумоти шахсӣ ва такмили расмиёти аутентификатсия (муайянкунӣ);
- идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ ва ташаккули омори тиҷорати электронӣ;
- тақвияти амалиёти электронӣ, муайян кардани рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои тафсилоти шартномаҳои дар шакли электронӣ басташуда, дараҷаи масъулият ва сатҳи ҳимояи иштирокчиёни тиҷорати электронӣ;
- батанзимдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба андоз ва андозбандии тиҷорати электронӣ;
- рушди низоми пардохт ва инфрасохтори логистикӣ;
- мусоидат ба савдо ва татбиқи савдои бе коғаз;
- ҳимояи ҳуқуқии истеъмолкунандагон;
- муҳофизати маълумоти шахсӣ;
- маъмулсозии тиҷорати электронӣ.
§5. Рақамикунонии бахши молиявӣ
136. Ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2020 -2023 қабул гардида, дар он масъалаҳои ҳалталаби соҳаи молияи давлатӣ, бахусус ҳамоҳангсозии идоракунии буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, мутобиқгардонии низоми ҳисоботдиҳии молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО), рақамикунонии ҳисоботи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегарданд.
137. Зиёда аз 120 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодабарандагони Барномаи ягонаи Феҳристи хизматчиёни давлатӣ ва дорандаи сертификати имзои электронии рақамии маркази тасдиқкунандаи соҳаи молия мебошанд.
138. Барои сода ва дақиқ намудани раванди ҷамъоварии маълумот, инчунин таҳияи дурнамои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ моделҳои соҳавӣ истифода бурда мешаванд. Умуман дар доираи татбиқи стратегияҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо бо ҷалби шарикони рушд дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, аммо дар самти рақамикунонии соҳаи молияи давлатӣ мушкилиҳои зерин баназар мерасанд:
- дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтани ҳукумати электронӣ, рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо ва роҳандозӣ нагардидани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ;
- нокифоя будани маблағгузориҳои давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ гардидани барномаҳои давлатии рушди технологияҳои иттилоотӣ, таҷдиди воситаҳои барномавию техникӣ, беҳсозии бизнесҷараёнҳо бо истифода аз технологияҳои муосир;
- номукаммалии сатҳи истифодабарии ТИК дар самти хизматрасониҳои молиявӣ;
- кам будани шумораи ширкатҳои технологияҳои молиявӣ дар бозори дохилии кишвар бо низоми хизматрасониҳои электронии молиявӣ, ки бевосита истеъмолкунандагонро ба тиҷорат пайваст менамояд;
- ҷой доштани омилҳои инсонӣ ҳангоми пардохти уҳдадориҳои андозӣ;
- мавҷуд будани пардохтҳои нақдӣ дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ.
139. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- ташкили платформаи электронии ягона барои мониторинги воридоти тамоми даромадҳо (андозӣ, ғайриандозӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва ғайра) ва пайгирии хароҷот аз рӯи соҳаҳо;
- пурра ҷорӣ намудани низоми пардохти электронии андозҳо ва ҷаримаҳо ва дар ин замина аз байн бурдани омилҳои инсонӣ;
- муҷҷаҳазгардонии терминалҳои наздисарҳадӣ ва гумрукӣ барои ба таври электронӣ пардохт намудани маблағҳои гумрукӣ бе иштироки шахсони манфиатдор;
- ташкили реестри ягона дар доираи шартномаи мутақобилан судманд бо давлатҳои шарикони тиҷоратии кишвар барои мушаххаскунии воридоти молу маҳсулот;
- ҷорӣ намудани моделҳои соҳавии байнибуҷетӣ (маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ);
- таҳкими иқтидори коммуникатсионии танзимгарони бахши молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди субъектҳои бозор ба ташкилоти молиявӣ;
- таҳияи барномаҳои компютерӣ барои биржаҳои фондӣ оид ба хариду фурӯши дороиҳои молиявӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва фосилавӣ;
- ташкил намудани низоми муосир оид ба идоракунӣ ва паст кардани хавфҳои молиявӣ дар сатҳи микро ва макроиқтисодӣ;
- тавсияи махзани маълумоти феҳристҳои электронии гарави амволи манқул ва ғайриманқул;
- ҷорӣ намудани низоми мукаммали идоракунии хавфҳо дар корхонаҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ тибқи талаботи байналмилалӣ IҒO 9001- 2000.
§6. Рақамикунонии соҳаи низоми андозбандӣ
140. Бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, боз ҳам сода ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва дар ин замина коҳиш додани муҳлати омода намудани ҳисоботи андоз як қатор чораҳо андешида шуд.
141. Ҷиҳати аз байн бурдани тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар ҳомили коғазӣ ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, ба даст овардани сертификати имзои электронии рақамӣ ҷиҳати дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ройгон ба роҳ монда шуд.
142. Барои андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет, ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозро надоранд, дар биноҳои нозиротҳои андози як қатор шаҳру ноҳияҳо утоқҳои алоҳида - терминалҳо ҷиҳати пешниҳоди эъломияҳо дар шакли электронӣ ҷудо карда, бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар онҳо мутахассисони мақомоти андоз ба андозсупорандагон кӯмак менамоянд.
143. Дар ин самт портали электронии хизматрасониҳо барои андозсупорандагон роҳандозӣ шуда, тавассути он 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, декларатсияи андозӣ ва ҳисоботдиҳӣ, пардохти андозҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии миллӣ, "Maғter" ва "Viғa", баргардонидани ААИ ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва дигар хизматрасониҳои машваратию иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари пардохти нақдии маблағи андозҳои мазкур бо истифодаи кортҳои пардохти бонкӣ тавассути сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интернетэквайринг ҷорӣ гардид. Ин имконият дод, ки субъектҳои хоҷагидорӣ тавассути кортҳои пардохтӣ маблағи андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ пардохт намоянд.
144. Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас як қатор мушкилиҳо боқӣ мемонанд:
- маҳдуд будани имкониятҳои техникӣ;
- такмил додани механизми баргардонидани ААИ.
145. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- аз байн бурдани таҷрибаи дар амал ҷойдоштаи пешниҳоди эъломияҳои андозӣ дар ҳомили коғазӣ дар баробари пешниҳоди электронии онҳо ва таъмини истифодаи васеи тартиби мустақими (онлайн) андозҳо;
- татбиқи васеи механизми электронии баргардонидани ААИ ба субъектҳои соҳибкорӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаҳои махсуси электронӣ бо нишон додани усулу меъёрҳои ҳисоботкунии намудҳои андоз баҳри андозсупорандагон;
- ташкили феҳристи электронии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мукаммал намудани системаи идоракунии хавфҳо аз рӯи ҷанбаҳои муайян тибқи барномаҳои махсуси электронӣ;
- боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, зиёд намудани шаклҳо, сода ва дастрас намудани хизматрасониҳои рақамӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон;
- татбиқи "Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025" ҷиҳати тақвияти технологияҳои рақамии андоз;
- тақвият бахшидани корҳо ба раванди технологияҳои рақамӣ ва роҳандозии тадбирҳои зерин ҷиҳати рушди ТИК ва рақамикунонии соҳаи андоз;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати такмили Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ва гузариш ба моделҳои нави технологии рушди низоми мақомоти андоз;
- таъсиси муҳити махсуси технологӣ ва махзани маълумоти худкор ҷиҳати ба роҳ мондани табодули электронии маълумот бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- ҷорӣ намудани назорати андозӣ дар шакли мониторинги уфуқӣ тавассути ҳамбастагии низомҳои электронии байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон;
- такмили механизми назорати воридот, истеҳсол, гардиш ва фурӯши молҳои зераксизӣ бо ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таҷрибаи дигар давлатҳо;
- муайян ва ҷорӣ намудани низоми андозбандии хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла хариду фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоии электронӣ;
- ҷорӣ намудани назорати андозбандии дукарата дар шаклҳои электронӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ ва канораҷуйӣ аз он;
- автоматикунонии механизми гирифтани патент, шаҳодатнома, РМА ва РЯМ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ.
§7. Рақамикунонии низоми бонкӣ
146. Дар натиҷаи амалишавии чорабиниҳо дар стратегия ва барномаҳои муосири қабулгардида низоми бонкии кишвар дар самти дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бахусус дар самти вусъатбахшии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
147. Дар соли 2019 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб таъсис дода шуд. Мақсади асосии Марказ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои амалиётӣ ҷиҳати таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявии кишвар мебошад.
148. Низоми Амонати (депозитарияи) коғазҳои қиматнок инфрастохтори марказонидашудаи ҳисоббаробаркунии бозори коғазҳои қиматнок (CҒD) ба роҳ монда шуда, анҷоми расмиёт вобаста ба амалиётҳои қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпаративиро сода ва шаффоф намуд.
149. Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 "Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" амалӣ гардидааст. Ҳоло пардохти як қатор хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
150. Дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ташкилотҳои қарзии молиявӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро бомуваффақият татбиқ намуда истодаанд. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пайваста чораҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ гузаронида шуда истодаанд, аз ҷумла пешниҳоди "Caғh back", яъне баргардонидаи маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ, аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ гардидааст. Инчунин тадбирҳои андешидашуда ба муштариён имконият дод, ки як қатор хизматрасониҳоро бо истифодаи маблағҳои электронӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. Дар соли 2019 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 1,9 млн. адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 102,2 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
151. Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда зиёда аз 2,5 млн. ададро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 беш аз 37 фоиз зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад 35,1 фоиз зиёд гардида, ба 2,4 млн. нафар расид.
152. Соли 2019 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 34,8 млн. адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 872,0 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 аз рӯи шумора 28 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 71,0 фоиз зиёд мебошад.
153. Ба санаи 31 декабри соли 2019 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 878 ва 5348 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 200 адад ва терминалҳои электронӣ 849 адад зиёд шудааст. Дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1813 адад ва дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 3535 терминали электронӣ насб гардидааст (аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 1911 адад, вилояти Хатлон 263 адад , вилояти Суғд 1038 адад, НТҶ 186 адад ва ВМКБ 137 адад).
154. Новобаста аз дастовардҳои ноилгардида дар соҳа мушкилоти зерин ба назар мерасанд:
- дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани маълумотнокии аҳолӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, ки имконияти истифодаи самараноки ислоҳотро дар самти роҳандозии технологияҳои муосири молиявӣ ғайриимкон мегардонад;
- номувофиқ будани қонунгузории соҳавӣ ба талаботи замони муосир ва технологияҳои муосири молиявӣ;
- хароҷоти баланди бақайдгирии амволи манқул дар феҳристи электронии гарави амволи манқул аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ;
- дар сатҳи паст қарор доштани имкониятҳо барои анҷоми пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар.
155. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- мукаммалгардонии заминаи техникию технологии хизматрасониҳои бонкӣ дар кишвар, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст;
- баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз ҷумла аҳолии минтақаҳои дурдасти кишвар оид ба истифодаи хизматрасониҳои электронии низоми бонкӣ, таҳияи стратегияи фарогирии молиявӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои молиявии муосир оид ба содагардонии раванди иҷрои амалиёт дар низоми бонкӣ;
- рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ;
- таъсиси маркази ҳамоҳангсозии савдои электронӣ бо низоми бонкӣ;
- ба таври назаррас зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ;
- тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ дар самти ислоҳоти татбиқшуда ва баланд бардоштани саводнокии рақамии истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ.
§8. Рақамикунонии соҳаи саноат
156. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар водор месозад, ки дар соҳаи мазкур диққати махсуси зоҳир карда шавад.
157. Рақамикунонии соҳаи саноати кишвар ва трансформатсияи иқтисодии он яке аз маъалаҳои аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣаграрӣ мусоидаткунанда мебошад.
158. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 9,9 млрд. сомонии соли 2013 то ба 30,8 млрд. сомонӣ дар соли 2020 расонида шуда, 3,1 маротиба афзудаст. Дар маҷмӯъ ҳиссаи саноат дар ММД соли 2020 ба 17,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2013 4,8 банди фоизӣ зиёд шудааст.
159. Дар воқеъ табдили рақамии саноат дар самтҳои интернет-молҳо, роботикунонӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи блокчейн, интернет-тиҷорати маҳсулотҳои саноатӣ ва ғайра барои рушди минбаъдаи он ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
160. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2900 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 250 намуд маҳсулот истеҳсол менамоянд. Вале муҷаҳҳаз набудани бештари корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир боиси рақобатнопазирии муҳсулоти истеҳсолшуда дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ мегардад.
161. Новобаста аз он, ки як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо ва нӯшокиҳои спиртӣ "Сиёма"-и ҶДММ "Авесто Групп", Маҷмааи нассоҷии "Ҷунтай Син Силу Текстил", корхонаи "Кока - Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон", ҶДММ "Оби Зулол" ва чанд корхонаҳои дигар, ки бо таҷҳизоти муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, истеҳсоли маҳсулоти аълосифати рақобатпазирро ба роҳ монда бошанд ҳам, аммо қонеъкунанда нест.
162. Сарфи назар аз дастовардҳо дар саноат мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- рушд наёфтани кластеркунонии бо истифода аз низоми муосири рақамикунонӣ дар соҳаи саноат;
- таъминоти нокифоя бо технологияҳои муосир дар саноати коркард ва истихроҷ;
- номукаммалии занҷираи ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз технологияҳои муосир;
- пайвастагии зич надоштани соҳаи саноат бо илм дар ҷодаи рақамикунонӣ;
- номукаммалии маълумотнокии корхонаҳои саноатӣ аз дастовардҳо дар самти моликияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ;
- дар раванди истеҳсолот ҷой надоштани низомҳои муосири идоракунӣ ва стандартҳои назорати сифат аз қабили стандарти байналмилалии IҒO 9001 - 2015 ва идоракунии раванди истеҳсолот ERP (Enterpriғe Reғource Planning) ва CRP (Capacity Requirement Planning).
163. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта андешидани чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- бо технологияҳои нави муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ;
- ба роҳ мондани раванди истеҳсолот тавассути автоматикунонии технологияҳои автономӣ;
- муҷаҳҳаз гардонидани корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо дастгоҳҳои озмоишӣ ва таъсиси низоми муосири иттилоотӣ;
- таъмини коркарди ниҳоии сарватҳои зеризаминӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи саноати коркард тавассути роботикунонӣ.
- ташкили низоми давлатии иттилоотии саноат ва ҷорӣ кардани модели В2В (buғineғғ to buғineғғ) ва В2С (Buғineғғ-to-conғumer);
- таъмини инфрасохтори логистикӣ барои тиҷорати электронӣ;
- иттилоотонии корхонаҳои саноатӣ аз дастовардҳо дар самти моликияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ;
- ҷорӣ кардани низомҳои муосири идоракунӣ ва стандартҳои назорати сифат аз қабили стандарти байналмилалии IҒO 9001 - 2015 ва идоракунии раванди истеҳсолот ERP ва CRP дар раванди истеҳсолот.
§9. Рақамикунонии соҳаи энергетика
164. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори солонаи он ба 527 млрд кВт.соат баробар мебошад. Бо назардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317 млрд.кВт соат баробар буда, 4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.
165. Соҳаи энергетика барои рушди иқтисодиёти кишвар нақши арзанда дошта, ҳиссаи хароҷоти энергетикӣ дар ММД 4,0 фоизро ташкил менамояд.
166. Низоми барқии кишвар аз қисматҳои тавлидкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳҳо, шабакаҳои гармидиҳӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, зеристгоҳҳо, шабакаҳои тақсимотӣ ва интиқолдиҳанда иборат аст, ки 95 фоизи истеҳсоли барқ ба нерӯгоҳҳои обии барқӣ рост меояд.
167. Рақамикунонии соҳаи мазкур яке аз масъалаҳои мубрам арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини шаффофият ва пардохти саривақтию пурраи ҳаққи нерӯи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо истифода аз таҷҳизоти рақамии худкори назорат ва баҳисобгирии ҳаҷми нерӯи барқ низоми биллингии баҳисобгирӣ ва пардохти хизматрасониҳо ҷорӣ карда шудааст.
168. Умуман дар 64 шабакаи барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ШСХК "Барқи тоҷик" низоми биллингӣ насб карда шудааст. Аз ҷумла низоми билингии "Expreғғ Client" дар 25 шабакаи барқӣ ва "Tajbilling" дар 39 шабакаи барқӣ ба пуррагӣ тарҳрезӣ шуда, истифодабарандагон ба барномаҳои мазкур ворид карда шудаанд. Ҳамчунин низоми пардохти қувваи барқ дар терминалҳои пардохтии худкор "Экспреспей", "Киви", "Пардохт-ТҶ", "Квик-пей", тавассути интернет бонкинги ширкатҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
169. Дар низоми энергетикии кишвар амалишавии "Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи байни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (CAҒA-1000)", Лоиҳаи "Барқарорсозии НБО-и "Норак", Лоиҳаи "Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт", Сохтмони зеристгоҳи нави Рӯдакӣ 110 кВ дар ноҳияи Восеъ", Лоиҳаи "Таҷдиди НБО-и Қайроққум" ва лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ" бо муваффақият идома дорад.
170. Истифодаи таҷҳизоти муосири рақамӣ дар соҳаи энергетика дар маҷмӯъ барои таъмини сарфакорӣ ва коҳишёбии талафоти нерӯи барқ мусоидат менамояд.
171. Сарфи назар аз мувафақиятҳои ба дастомада, дар ин соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- истифодаи носарфакоронаи нерӯи барқ ва сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи нерӯи барқ;
- пурра таъмин набудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо ҳисобкунакҳои индуксионӣ;
- пурра фаро нагирифтани соҳаи таъминоти нерӯи барқ бо низоми биллингӣ;
- пурра ҳал наёфтани талафоти нерӯи барқ дар низоми энергетикии кишвар;
- нокифоягии маблағҳо барои бунёди нерӯгоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва инфрасохтори энергетикӣ.
172. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- бо мақсади рушди истеҳсол ва содироти нерӯи барқ, кам кардани талафот, танзими тарифҳо тақвияти корҳо дар низоми рақамикунонии интиқол ва фурӯши нерӯи барқ;
- ҷорӣ намудани низоми зеҳнии энергетикии муосир;
- тақвияти низоми биллингӣ ва истифодаи ҳисобкунакҳои барқӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- тақвияти пардохти пурраи қувваи барқ тавассути низоми худкор бо истифода аз корти электронӣ, корти бонкӣ, интернет-бонкинг, барномаҳои мобилии пардохт ва дигар шаклҳои пардохти электронӣ ба суратҳисоб;
- пурзур намудани назорат тавассути технологияҳои рақамӣ дар хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва нерӯгоҳҳои хурду калон.
§10. Рақамикунонии соҳаи нақлиёт
173. Шабакаи роҳҳои Тоҷикистон дар шароити хоссе ташаккул ёфтааст, ки он ҳам ба вазъи муосири нақлиёт ва ҳам ба имкониятҳои рушди он таъсир мерасонад. Ин пеш аз ҳама ба мураккаб будани истифодаи техникаи нақлиётӣ дар ҳудуди кишвар, ки қисми зиёди он кӯҳсор аст, алоқаманд мебошад.
174. Роҳандозии иқтисоди рақамӣ дар соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои танзими давлатӣ дар асоси истифодаи васеи ТИК, боло бурдани сатҳи бехатарӣ дар маҷмааи нақлиётӣ дар заминаи иттилоти пурра, дақиқ ва фаврӣ муайян кардани нақлиёти дар ҳаракат қарордошта, ошкоркунии саривақтии тамоюлҳои манфӣ ва рафъи оқибатҳо ва дигар омилҳо зарур мебошанд.
175. Дар давоми солҳои охир дар ҷумҳурӣ як қатор корхонаву ширкатҳои нақлиётӣ, аз ҷумла "Акиа-Авесто-Индастри", "Рахш таксӣ", "Эйшн Экспресс", "Сомон-таксӣ", "Глобал экспресс Душанбе", "Атластаксӣ", "Олуча-Авто" ва "Сити таксӣ" ба фаъолият шурӯъ намуданд ва бо усулҳои муосири рақамӣ-инноватсионӣ кору хизматрасониҳоро пешниҳод намуда истодаанд.
176. Хизматрасониҳои нақлиётӣ тавассути рақамикунонӣ ва пардохти электронӣ пардохти электронии роҳкирои нақлиётии "Сити корт" (City Card) бештар дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст ва роҳандозии ин таҷрибаи пешрафта дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ мусбӣ арзёбӣ мегардад.
177. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби ҶДММ ТАҚҲ барои сокинони шаҳри Душанбе ва Хуҷанд имконияти пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои мусофирбарӣ (автобус ва тролейбус) фароҳам оварда шудааст. Айни замон шумораи кортҳои пардохтии барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои мусофирбарӣ пешбинишуда 718 111 ададро ташкил медиҳад.
178. Дар шаҳри Душанбе бо истифода аз дастгоҳҳои рақамӣ низоми "Шаҳри бехатар" фаъолият менамояд, ки тавассути камераҳои мушоҳидавӣ омаду рафти нақлиёти ҷамъиятӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, гаштугузори одамон, ҳодисаҳои ғайричашмдошт тариқи рақамӣ марказонидашуда назорат карда мешавад, ки он ба бехатарии нақлиёт ва сокинони пойтахт, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он самараи хуб дода истодааст.
179. Бунёди инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад дар давоми солҳои 2016-2020 дар кишвар 13 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт амалӣ гардид, ки ба рушди инфрасохтори замонавӣ замина гузошта шуда, дар ин самт 5 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Дар натиҷа мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии муосир терминалҳои сарҳадӣ дар Қулма (бо иқтидори ҳамлу нақли 120 ҳаз. тонн/бор дар як сол), Панҷи Поён (780 ҳаз. тонн/бор дар як сол), Фотеҳобод (180 ҳаз. тонн/бор дар сол), Гулистон (450 ҳаз. тонн/ дар сол), Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Саразм ба фаъолият шурӯъ намуданд.
180. Терминали байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе (бо иқтидори иҷозат додани 500 нафар дар 1 соат) фаъолият менамояд, ки бо таҷҳизоти муосиргардонидашудаи аэронавигатсионӣ, аз он ҷумла: таҷҳизоти рақамии "СМАРТ - Т" ва Маркази идораи ҳаракатҳои ҳавоии "Мастер" таъмин карда шуд.
181. Сарфи назар аз мувафақиятҳои ба дастомада, дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- номукамалии таъминот бо таҷҳизоти алоқаи мобилӣ, интернет, wi-fi дар баъзе қитъаҳои кӯҳии роҳҳои автомобилгарди кишвар;
- муҷаҳҳаз набудани роҳу нақлиёти дохилӣ, аз ҷумла мошинҳои боркаш, автобусҳо ва нақлиёти мусофиркаши фармоиши "таксӣ" бо таҷҳизоти GPҒ;
- мавҷуд набудани сохтори махсус вобаста ба татбиқ ва пешбурди фаъолияти иқтисоди рақамӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт;
- мавҷуд набудани низоми "Шаҳри бехатар" дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- муҷаҳҳаз набудани қитъаҳои роҳҳои алоҳидаи магистралӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ, студияи радиоӣ ва телевизионии назорати роҳҳо;
- ба роҳ монда нашудани низоми ягонаи электронии логистикӣ барои ҳамлу нақли бору маҳсулот ва мусофиркашонӣ;
- бо стандарти ягона таҳия ва истифодаи низомҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамкории электронӣ дар асоси истифодаи имзои электронии рақамӣ таъмин набудани соҳаи нақлиёт;
- бо низоми рақамии шабакаи роҳҳои автомобилгард таъмин набудани нақлиёти байналмилалӣ.
182. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- идомаи раванди пайвастшавӣ ба низоми "Шаҳри бехатар" дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ;
- таъмини низоми шаффоф ва махзани маълумот дар соҳаи нақлиёт тавассути рақамикунонии соҳа;
- таъмини истифодаи васеъи низоми GPҒ дар роҳу нақлиёти дохилӣ, аз ҷумла мошинҳои боркаш, автобусҳо ва нақлиёти мусофиркаши фармоиши "таксӣ";
- таъмин намудан бо таҷҳизоти алоқаи мобилӣ, интернет, wi-fi дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳои автомобилгарди кишвар;
- таъмину тақвияти низоми рақамикунонӣ дар шоҳроҳҳои автомобилгард ва низоми ягонаи ҷумҳуриявии технологияи рақамӣ байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таъмин намудани низоми ягонаи электронии логистикӣ барои ҳамлу нақли бору маҳсулот ва мусофиркашонӣ;
- таъмин намудани соҳаи нақлиёт бо стандарти ягонаи истифодаи низомҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамкории электронӣ дар асоси истифодаи имзои электронии рақамӣ;
- фарогирии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо низоми рақамӣ.
§11. Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ
183. Соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, солҳои охир новобаста аз таъсири офатҳои табиӣ ва омилҳои бӯҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дорад. Соҳаи мазкур ба ҳисоби миёна 18-21 фоизи ММД-ро таъмин менамояд ва дар амалигардии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озкуқаворӣ нақши муҳим мебозад.
184. Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Қариб 2/3 ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии амалкунандаи ҷумҳурӣ корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд. Таҳлили нишондиҳандаи сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки дар давоми чор соли охир сатҳи он аз 52 фоизи соли 2018 ба 60 фоизи соли 2019 расид. Ворид ва мавриди истифода қарор додани таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ боиси баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишоварзӣ мегардад, вале дар давоми чор сол танҳо 660 адад трактори нав ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ворид шудааст, ки ин қонеъкунанда нест.
185. Арзёбии сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки талаботи дохилӣ ба шир ва маҳсулоти ширӣ пурра аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин гардида, қонеъкунии талабот ба сабзавот ва полизӣ ҳатто аз меъёрҳои муқарраргардидаи истеъмолӣ қариб 2 маротиба, сатҳи худтаъминкунии аҳолӣ бо нон ва маҳсулоти нонӣ, растаниҳои хӯшадор ва лӯбиёдонагиҳо 97,4 фоиз, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 71,3 фоиз, тухм 27,7 фоиз, мева ва буттамевагиҳо 61,6 фоизро ташкил медиҳад.
186. Ҳарчанд дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар солҳои охир дар мамлакат беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур мебошад. Ин пеш аз ҳама ба истифодаи самараноки заминҳо, ҳатто заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, риояи қоидаҳои агротехникаи парвариши зироатҳо, бунёди гармхонаҳо ва сардхонаҳои муосир, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии репродуксионии сифати баланд, таъмини онҳо бо техника ва нуриҳои минералӣ ва ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
187. Дар давоми чор соли охир ба соҳаи кишоварзӣ 820 млн. сомонӣ (81,9 млн. доллари ИМА) сармояи мустақими хориҷӣ (аз он ҷумла дар соли 2016 - 34,3 млн. дол. ИМА, соли 2017 - 17,9 млн. дол. ИМА ва дар соли 2018 - 29,7 млн. дол. ИМА) ҷалб карда шудааст.
188. Дар натиҷа шумораи техникаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шумораи тракторҳо қариб 3 маротиба (аз 9197 то 27134 адад) ва комбайнҳои ғалладарав 2,7 маротиба (аз 375 то 1024 адад), шумораи тракторҳои ядакдор (қариб 2 маротиба), тракторҳои алафдарав (2,7 маротиба), тухмпошакҳо (15,4 маротиба), сипорҳо (3,4 маротиба) ва нармкунанда (25 фоиз) зиёд шудаанд. Бо вуҷуди ин миқдори мошинҳои чиниши пахта ва ҷамъоварандаи кӯрак мутаносибан 26,8 ва 45,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
189. Арзёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки афзоиши мунтазами аҳолии ҷаҳон, афзоиши бекорӣ, баландравии нархи захираҳои энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои замину об боиси баландшавии нархи озуқаворӣ мегардад. Аз ин рӯ бахши кишоварзӣ барои ба таҳдидҳои афзоишёбандаи ҷаҳонии ба озуқа ҷавобгӯ будан бояд ба рушди устувори интенсивӣ ноил гардад.
190. Дар давоми 15 соли охир дар бахши кишоварзии кишвар 42 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи наздик ба 4 млрд. сомонӣ амалӣ шудааст. Дар натиҷа зиёда аз 20 ҳазор га замини кишоварзӣ аз худ карда шуда, майдони зироатҳои бисёрсола 54 ҳазор га зиёд карда шуд.
191. Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ метавонад дар омӯзиши фермерҳо оид ба усулҳои муосири муносибат, аз ҷумла технология, рақобатпазирии маҳсулот, ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти кишоварзӣ ва дар ин замина зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳимро мебозад.
192. Сарфи назар аз дастовардҳо дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтани заминаи мусоид ҷиҳати рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;
- нокифоя будани малакаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- дастрасии нокифоя ба технологияи рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- номукаммалии истифодаи механизми татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- рушд наёфтани бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ.
193. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- бо мақсади огоҳонидани кишоварзон аз вазъи обу ҳаво ва тамоюли истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ мондани рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;
- таъсиси платформаҳои тиҷоратӣ барои молҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар кишвар;
- таъмини анборҳои замонавии сардхонаҳо ва гармхонаҳо бо технологияҳои рақамӣ барои нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ;
- таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо технологияҳои рақамӣ.
§12. Рақамикунонии соҳаи сохтмон
194. Барои рушди фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ, роҳсозӣ, пулу нақбсозӣ, банақшагирии маъмурӣ, лоиҳакашӣ бо риояи санъати меъмории муосир ва миллӣ рақамикунонии соҳа зарур аст.
195. Гарчанде дар тамоми равандҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ кору хизматрасониҳои инноватсионӣ ва технологияи пешбурди ТИК роҳандозӣ карда шуда бошад ҳам, вале дар маҷмӯъ соҳа то ҳол ба низоми рақамикунонӣ ворид нагардидааст.
196. Рақамикунонӣ барои омӯзиши экологӣ ва сейсмикии қитъаи замини барои сохтмони иншооти зарурӣ ҷудошуда муҳим мебошад. Дар шаҳрҷойҳои кишвар 26 фоизи аҳолӣ ва дар деҳот 74 фоиз истиқомат мекунанд. Вале низоми ягонаи рақамии огоҳкунии аҳолӣ аз пешгирии хатарҳои геоэкологӣ ва геоморфологӣ вуҷуд надорад.
197. Низоми рақамикунонӣ дар пешбурди соҳаи сохтмон гарчанде ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашуда бошад ҳам, дар замони муосир ифодаи "Шаҳри ҳушманд" ва "Хонаи ҳушманд" мусбӣ арзёбӣ мегардад ва дар амал татбиқ гардида истодааст.
198. Вобаста ба огоҳ шудан аз ҳолати заминҷунбӣ (нишондоди ҷунбиши Замин аз рӯи ҷадвали Рихтер, низоми 12 балла) аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 7 минтақаи кишвар, аз ҷумла дар минтақаи Кӯли Сарез (сунъӣ бунёдшуда, с.1911) низоми рақамии назорати бақайдгирии ҷунбиши замин ба роҳ монда шудааст, ки он саривақт ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор интиқол дода мешавад.
199. Истифодаи технологияҳои моделсозии иттилоотӣ ҳангоми таҳияи корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон то 20 фоиз маблағҳоро сарфа мекунад. Ғайр аз ин истифода ва татбиқи технологияҳои моделсозии иттилоотӣ (BIM) монеаҳои маъмуриро аз байн мебарад.
200. Ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ тавассути равзанаи ягона дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маркази "Равзанаи ягона" ба роҳ монда шудааст.
201. Бо ҷорӣ гардидани Равзанаи ягона субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ метавонанд барои гирифтани иҷозат ба номи шаҳрдории Душанбе тариқи реҷаи онлайн аризаи худро пешниҳод намоянд. Ба Равзанаи ягона 12 мақомоти иҷозатдиҳанда пайваст шудаанд, аз ҷумла Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, ШСХК "Барқи Тоҷик", Шабакаи гармидиҳии шаҳрӣ, КВД "Обу корезии шаҳри Душанбе", Хадамоти алоқаи шаҳрӣ ва дигарҳо. Механизми "Равзанаи ягона" барои гирифтани иҷозати сохтмон, ба корхонаҳо барои сабти ном ва дархост намудани иҷозати сохтмон бе боздид аз мақомоти иҷозатдиҳанда кӯмак менамояд. Ин усул ба соҳибкорон барои барканор намудани он душвориҳое, ки дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ пеш меомад, мусоидат менамояд.
202. Дар раванди ворид шудан ба ҷомеаи иттилоотӣ-рақамӣ, бунёди сохтмони иншооти муосири муҳими давлатӣ, аз ҷумла бинову иншооти аҳамияташон махсус, иншооти гидротехникӣ, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо, манзилҳои истиқоматӣ, иншооти маданию маишӣ, таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бознигарӣ карда шуда, бо назардошти талаботи нави ҷомеаи муосири рақамӣ пурра ба роҳ монда нашудааст.
203. Сарфи назар аз мувафақиятҳои бадастомада, дар соҳа мушкилиҳо зерин ҷой доранд:
- иштироки заифи кормандони масъули мақомоти маҳаллӣ дар самти омӯзиши низоми "Равзанаи ягона";
- мавҷуд набудани низоми мониторинг оид ба хизматрасониҳо ва баррасии шикоятҳо;
- дар ҷумҳурӣ 1517 меъёри гуногуни ба танзимдарорандаи соҳа амал менамояд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба рақамикунонӣ ба назар гирифта нашудаанд;
- таъмин нагардидани низоми ягонаи-фазоӣ-геолакатсионии GPҒ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- роҳандозӣ нагардидани корҳо ҷиҳати таъсиси марказҳои таҳлилӣ ва мониторинги рақамӣ дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- набудани низоми муайяни дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ барои рақамикунонии сохтмон;
- муҷаҳҳаз набудани ширкатҳои сохтмонии давлатӣ ва хусусӣ ба низоми автоматикунонидашудаи идоракунӣ;
- норасоии кадрҳои соҳавӣ дар самти технологияҳои рақамӣ.
204. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешаванд:
- тақвият додани амалисозии низоми "Равзанаи ягона" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Душанбе, КВД "Обу корези Душанбе", ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе", ҶСК "Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе" ва Хадамоти алоқа барои гирифтани иҷозат оид ба сохтмон дар шаҳри Душанбе;
- такмил ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва кадастри замин;
- таъмини дастрасӣ ба барномаҳои рақамии нақшаи генералии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;
- таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии давлатӣ ва хусусӣ бо низоми идоракунии рақамӣ;
- рақамикунонии фаъолияти озмоишгоҳҳои сохтмонӣ.
§13. Рақамикунонии расмиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул
205. Барои таъмини мубодилаи мустақими маълумот байни мақомоти давлатӣ вобаста ба устувор кардани расмиёти пешниҳоди шаҳодатнома ҷиҳати дар гарав набудани молу мулк, иттилоот оид ба пардохти андозҳо барномаи электронии "Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон (СХБТ)" таъсис дода шудааст. Инчунин дар барномаи электронӣ барои муттаҳид кардани иттилоот оид ба гарав будан ва ё набудани молу мулки ғайриманқул ва пардохти андоз роҳандозӣ мешавад, ки ин амалиёти бақайдгирии андозро сода гардонида, муҳлати онро хеле кӯтоҳ мегардонад (дар муддати як рӯз). Барномаи мазкур дар 62 корхонаи давлатии фаръии КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваст карда шуда, дар реҷаи онлайн фаъолият дорад.
206. Дар доираи барномаи электронии СХБТ имконияти тафтиши аслӣ будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ашхосе, ки тарафҳои созиш оид ба молу мулки ғайриманқул маҳсуб меёбанд, бо истифода аз РМА андозсупорандагон аз махзани маълумотҳои андоз дар реҷаи онлайн, фароҳам оварда шудааст.
207. Барои таъмини механизми шаффоф ва самараноки риояи меъёрҳои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла муҳлат, сифат ва пардохти арзиши расмии онҳо Дастурамал дар бораи ҷорӣ намудани стандартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва механизмҳои алоҳидаи шикоят дар ҳолати риоя нагардидани меъёрҳои муқарраргардида ба тасвиб расидааст. Дар мавриди риоя нагардидани меъёрҳои муқарраргардида шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ озодона метавонанд шикоятҳоро аз болои хизматрасониҳо тавассути сомонаи расмии корхона (www.baqaydgiri.tj.) бо истифода аз банди тамоси қисмати навигатсиоинӣ, почтаи электронии info@regiғtr_ni.tj, телефони боварӣ ва тариқи хаттӣ ба унвонии роҳбари корхона ирсол менамоянд.
208. Ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба молу мулки ғайриманқул ва ҳимояи сатҳи баланд аз бақайдгирии дубора Феҳристи молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва Феҳристи электронии маълумот оид ба уҳдадории (гарав, қарз, маҳдудият) молу мулки ғайриманқул дар пойгоҳи маҳзани барномаи электронии СХБТ таъсис дода шуда, дар сомонаи www.baqaydgiri.tj дар реҷаи 24/7 рӯз ройгон, мустақим дастраси ҳамаи шаҳрвандон гардонида шудааст.
209. Бо мақсади таъсис додани махзани электронии маълумот барои бақайдгирии ҳудудҳо, санҷиши нақшаҳо ва пешниҳоди иттилооти кадастрӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотию ҷуғрофӣ геопортал тавассути сомонаи www.geoportal.tj ба истифода дода шудааст.
210. Сарфи назар аз дастовардҳо дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- мавҷуд набудани автоматикунонии расмиёти бақайдгирии моликияти давлатӣ ва хусусӣ;
- таъмини нокифояи алоқаи интернетӣ барои таъмини хизматрасониҳои босифати электронӣ ва фаъолияти махзани электронӣ;
- маҳдуд будани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба маълумот оид ба расмиёти дахлдор ва мушкилот дар таъмини истифодаи васеи феҳристҳои электронии гарави амволӣ ғайриманқул ва феҳристи электронии амволи ғайриманқул ва геопортал.
211. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- таъмини алоқаи босуръат ва босифати интернет барои фаъолияти бомароми вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ дар татбиқи барномаҳои автоматикунонидашудаи электронӣ ва хизматрасониҳои электронӣ;
- тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳонии аҳолӣ ва соҳибкорон оид ба тартиби расмиёти бақайдгирии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва меъёрҳои пардохти хизматрасонӣ тибқи нархномаҳои тасдиқшуда;
- мутобиқ намудани санадҳои дохилиидоравӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи барномаи "Низоми худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон" (СХБТ);
- роҳандозии низоми "Равзанаи ягона" ҷиҳати бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул;
- рақамикунонии расмиёт вобаста ба хариду фурӯши молу мулки ғайриманқул.
§14. Рақамикунонии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
212. Мувофиқи натиҷаи таҳқиқоти қувваҳои корӣ дар соли 2020 шумораи умумии аҳолие, ки ғайрирасмӣ фаъолият доранд 249536 нафарро ташкил намуда, аз шумораи умумии машғулбудагон ба шуғли ғайрирасмӣ 116177 нафар (13,7 фоиз) дар бахши расмии иқтисодиёт ва 133359 нафар (15,7 фоиз) дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт шуғли ғайрирасмӣ доранд.
213. Мушкилоти соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин гардиши зиёди ҳуҷҷатҳо, сарфи вақти зиёд, дер иҷро гардидани супоришҳо, пешгирӣ аз ҳолатҳои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани алоқаи бевоситаи мизоҷ ва шахси мансабдор мебошад.
214. Мушкилот дар фаъолияти ғайрирасмии падидаи нав набуда, он дар тамоми давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин падида дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон пештар оғоз гардида, Тоҷикистон бошад аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тайи даҳсолаи охир ба таҳқиқи сабаб ва омилҳои ин мушкилот машғул мебошад. Инчунин шуғли ғайрирасмӣ ба бахши ғайрирасмии фаъолияти иқтисодӣ алоқаи зич дорад, ки алҳол доираи он дар иқтисодиёт хеле васеъ паҳн шудааст. Таҳқиқотҳо оид ба арзёбии сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон асосан натиҷаи таҳқиқоти қувваҳои корӣ, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, пурра ва ҳамаҷониба инъикос карда мешавад.
215. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешаванд:
- рақамикунонии масъалаҳои мушоракати иҷтимоию меҳнатӣ вобаста ба шартномаҳои меҳнатӣ;
- рақамикунонии хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (бақайдгирии электронии шаҳрвандони корҷӯ, таъин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба шаҳрвандони бекор барои машғул шудан ба соҳибкорӣ, пардохти стипендияи хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва маблағгузории иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ва ғайра);
- табодули иттилоот миёни дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- таъсис додани харитаи электронии интерактивии шуғли аҳолӣ ва бекорӣ;
- баҳисобгирии электронии рафту омади муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар.
§15. Рақамикунонии соҳаи моликияти зеҳнӣ
216. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.
217. Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) аъзо шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
218. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 созишномаҳо, конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ ҳамроҳ гардида бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон, бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонидааст.
219. Моликияти зеҳнӣ ҳамчун ҷузъи таконбахши иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон баҳо дода шуда, тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд, ки моликияти зеҳнӣ дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ мавқеи арзандаи худро гузорад.
220. Низоми моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ аз се шохаи асосӣобъектҳои моликияти саноатӣ, ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, инчунин навъҳои нави растанию зоти ҳайвонотро дар бар мегирад.
221. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои қайдгардидаи моликияти зеҳнӣ мақомоти ваколатдорро оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ муайян намудааст.
222. Дар самти фаъолияти объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ махзанҳои иттилоотӣ фаъолият доранд ва барои гузаронидани санҷиши самтҳои мазкур истифода мешаванд.
223. Бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ, бо Бюрои байналмилалии СУМЗ, мукотиба дар қабулу ирсол ва гузаронидани санҷишҳо тариқи рақамӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин сомонаҳои tajpatent.tj, gptb.tj ва innovation.tj таъсис дода шудааст.
224. Барои боз доштани вориднамоии молҳои қалбакӣ ва қочоқ Реестри объектҳои моликияти зеҳнӣ дар сомонаи gumruk.tj таъсис дода шудааст, ки дар асоси аризаи дорандаи истисноии моликияти зеҳнӣ роҳандозӣ мегардад.
225. Вобаста ба ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ махзани иттилоот таъсис дода шуда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" маълумотҳо ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ карда мешаванд.
226. Бо назардошти он ки хизматрасониҳои соҳаи моликияти зеҳниро бештар шаҳрвандони берун аз кишвар тавассути шабакаи интернетӣ истифода мебаранд, ба роҳ мондани махзанҳои иттилоотии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ муҳим арзёбӣ мегарданд.
227. Сарфи назар аз мувафақиятҳои ба дастомада, дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- ҷорӣ нагардидани рақамикунонӣ дар самтҳои фаъолияти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва навъҳои нави растанию зоти ҳайвонот;
- ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани махзани иттилотӣ дар самти фаъолияти объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ;
- ҷорӣ нагардидани рақамикунонӣ дар раванди низоми корӣ.
228. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рақамикунонии моликияти зеҳнӣ;
- ташкили низоми пурраи коргузории рақамии соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- таъсиси махзанҳои иттилоотии муосир дар самти бақайдгирии давлатии объектҳои моликияти саноатӣ, бақайдгирии давлатии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳисоби ҳаққи қалами муаллиф ва навъҳои нави растанию зоти ҳайвонот тавассути равзанаҳои дахлдор;
- таъсиси махзани рақамии иттилоотии ихтироъкорони Тоҷикистон ва ҷавонони навовар ва ихтироъкор (бо нишондоди акс, ному насаб, соли таваллуд, навовариҳо ва ихтироъҳои ба дастовардашуда);
- ташкили равзанаи рақамии иттилоотии навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон оид ба имкониятҳо (бурсҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо, конфронсу семинарҳо) ҷиҳати фаъолияти ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ дар кишвар;
- ташкили силсилаи вебинар-машваратҳо дар самти ҳимоя ва ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ;
- ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ дар самти муаррифии ихтироот ба истеҳсолкунандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Youtube, Инстаграм, Фейсбук ва ғайра) бо мақсади роҳандозии ҳамкории илм бо истеҳсолот ва сармоягузориҳо.
§16. Рақамикунонии соҳаҳои маориф ва илм
229. Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта рақамикунонии соҳа дар самти иқтисоди рақамӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
230. Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо компютер аз ҷониби Ҳукумати кишвар шурӯъ аз соли 2003 Барноми давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2003-2007, 2007-2010, 2011-2015 амалӣ гардида, Барномаи давлатии амалӣ намудани ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2018-2022 мавриди амал қарор дорад, ки ба ҳисоби миёна таъминоти як мактаб бо компютер на камтар аз 19 ададро ташкил дод.
231. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, қабули довталабон ва супоридани имтиҳони қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар пурра тариқи рақамикунонидашуда роҳандозӣ карда шудааст. Маркази мазкур дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 15 филиалҳои худро ташкил намуд, ки тариқи рақамӣ маълумотҳо фаврӣ ба Маркази ягонаи шабакавии Маркази миллии тестӣ ва довталаб интиқол дода мешавад.
232. Низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имконият пайдо намуданд, ки тариқи рақамикунонидашуда маводҳои таълимии дарсиро саривақт аз шабакаи махсуси муассисаҳои таълимӣ дастрас намоянд, аз реҷа ва ҷадвали дарсӣ огаҳӣ пайдо намоянд, имтиҳону санҷишҳоро тариқи рақамӣ бо ворид шудан тавассути кабинети инфиродӣ супоранд ва аз натиҷаи имтиҳонҳо сари вақт огоҳ шаванд. Ҳамчунин таҳсилоти фосилавӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибона ба роҳ монда шудааст.
233. Манбаҳои иттилоотӣ (конспексияи лексияҳо, рӯнамоҳо, китобҳо, маҷаллаҳо, мақолаҳо, рӯзномаи омӯзгор, қайдҳо оид ба омаду рафти донишҷӯён, маълумот дар бораи конфронсу семинарҳо ва ғайра) дар ҳар як саҳифаи омӯзгори дарсбаранда ва китобхонаи электронии шабакаи донишгоҳӣ таъсис дода шудааст.
234. Низоми омаду рафти омӯзгорон ва донишҷӯён тариқи дастгоҳҳои махсуси рақамикунонидашуда бо гузоштани изи ангушт ва чашм, назорати омаду рафти донишҷӯён тавассути ҳисоби камераҳои назоратӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар рафти дарсҳои устодон, равиши дарс, тарзу усулҳои дарсбарии устод, этика ва муомилаи устод ва донишҷӯён, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ, тартибу интизом ва талаботҳои иштироки донишҷӯён дар дарс ва дарсшикании донишҷӯён тариқи электронӣ қайд карда мешавад. Низоми мазкур дар ҳама факултетҳои донишгоҳи марказонидашуда буда аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пурра назорат карда мешавад.
235. Мақсади асосии роҳандозии иқтисоди рақамӣ дар соҳаи маориф пеш аз ҳама мутобиқ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот дар раванди соҳаи маорифи кишвар, баланд бардоштани самаранокии низоми таҳсилот бо истифода аз ТИК, пешбурди таҳлил ва мониторинги сифати таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олии касбӣ, боло бурдани сатҳи дониш ва нерӯи зеҳнии ҷомеа, андешидани тадбирҳо дар самти ба даст овардани иттилооти пурра, дақиқ ва фаврӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, ошкоркунии саривақтии тамоюлҳои манфӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо дар низоми маорифи кишвар мебошад.
236. Сарфи назар аз муваффақиятҳои ба дастомада, дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- норасогии мутахассисон дар самти ТИК;
- ба пуррагӣ фарогир нашудани низомии маорифи кишвар дар самти рақамикунонӣ;
- доираи маҳдуди васоити иттилоотӣ (аудио ва видео дарсҳо, тахтаҳои электронӣ, проектор, баландгуякҳо, экранҳои намоишӣ ва ғайра), технологияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;
- омода набудани низоми маорифи кишвар ҷиҳати ташкили пурраи дарсҳои фосилавӣ тавассути низоми Интернет дар ҳолатҳои форс мажор;
- набудани манбаи ягонаи марказонидашудаи иттилоотӣ оид ба мониторинг ва арзёбии соҳа;
- норасагоии китобҳо ва маводҳои таълимии электронӣ, васоити дарсии электронӣ ва тақвияти махзани ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба китобҳои дарсии электронӣ, аудио ва видео дарсҳо;
- набудани механизми роҳандозии зинаҳои таҳсилоти рақамӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд (нобино, гунг, маҷруҳ, маъюб ва ғайра);
- набудани низоми рақамикунонидашуда байни устодон ва падару модарон;
- набудани низоми рақамикунонидашудаи бо кор таъмин намудани мутахассисоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм менамоянд.
237. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- такмили заминаи институтсионалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рақамикунонии пурраи низоми маориф;
- таҳияи барномаҳо ва консепсияҳои давлатии рақамӣ дар соҳаи маориф;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-стандартӣ дар самти идоракунии таълими фосилавӣ, барномаҳо оид ба маъмурикунонӣ ва назорати курсҳои таълимӣ-рақамӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Стандарти давлатии таълимӣ оид ба масъалаҳои пурраи рақамикунонии соҳа;
- ташкил намудани хизматрасониҳои оммавии маҷозӣ оид ба иттилоотонии рақамӣ (тавассути сомонаҳои соҳаи маориф);
- омӯзонидани малакаи истифодабарии ТИК дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ғайра (курсҳои омӯзишӣ ва семинартренингҳо);
- таъсис додани маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони гуногунсоҳа дар самти рақамикунонии соҳаи маориф;
- такмил додани мониторинг ва арзёбии ташхисии натиҷаҳои таҳсилоти инфиродӣ (назорати сифати низоми кредитӣ, баҳогузории рейтингӣ ва баҳогузори фаъолияти омӯзгор).
§17. Рақамикунонии соҳаи тандурустӣ
238. Ташаббуси таҳия ва татбиқи низомҳои иттилоотии тиббӣ, маҳсулоти барномавӣ, замимаҳои мобилӣ барои автоматикунонии фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани методҳои инноватсионӣ, технологияҳои муосир мебошад.
239. Аз соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути татбиқи тибби рақамӣ ва муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо чораҳои мушаххас андешидааст.
240. Низоми мазкур бо истифода аз маълумот дар бораи саломатии аҳолӣ имкон медиҳад, ки истифодаи самараноки маблағҳои давлатии ба саломатии аҳолӣ равонагардида дуруст таҳлил карда шуда, тартиб додан ва дурнамои буҷети давлатӣ дар ин самт имконпазир гардад.
241. Айни замон Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе лоиҳаи тибби рақамиро таҳия намуда истодааст, ки низоми ягонаи иттилоотии тиббиро дар 4 сатҳи хизматрасонии аҳолӣ дар дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе татбиқ мекунад. Ба манбаи маълумот аз ҷониби духтурони дармонгоҳҳо беш аз 280 000 нафар ворид карда шудаанд.
242. Дар оянда сокинони дигар минтақаҳои кишвар низ ба кортҳои тиббӣ ва амбулатории электронӣ пайдо мекунанд ва дар соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизматҳои электронии давлатиро қабул карда метавонанд.
243. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рақамисозии ин соҳа омили муҳими ба даст овардани иттилооти боэътимод ва ташаккули дурнамои таҳлилӣ мебошад. Ҷорисозии технологияҳои тиббӣ имконият медиҳад, ки сифати табобат баланд гашта, давомнокии умр аз ҳисоби пешгирии бемориҳо, ташхиси босифат (маҷмааҳои қобили ташхисӣ, таҷҳизоти сайёри ташхисӣ дар деҳот, ташхиси томографии компютерӣ/томографии магнитии резонансӣ) ва усулҳои инноватсионии табобат дароз гардад.
244. Ҷорикунии шиносномаи электронии саломатӣ раванди интиқоли беморонро сода карда, табобати пайдарҳамро имконпазир мегардонад.
245. Рақамикунонии кори муассисаҳои алоҳидаи тиббӣ, поликлиникаҳо, лабораторияҳо ва ғайра барои муттаҳидсозии тамоми соҳаи тандурустӣ ва ташкили таърихи электронии бемориҳо равона гардидааст.
246. Ташкили системаи дорои қобилияти назорат (мониторинг) ва дар оянда беҳсозии саломатии аҳолӣ, сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ ва коҳиш додани хатогиҳо дар таъиноти табобат ҳадафи асосии соҳа мебошад.
247. Сарфи назар аз мувафақиятҳои ба дастомада, дар соҳа мушкилоти зерин боқӣ мемонанд:
- сатҳи нокифояи тайёрии кормандони тиб барои истифодаи ТИК;
- сатҳи нокифояи татбиқи технологияҳои нав;
- пурра ҷорӣ нагардидани ҳамоҳангӣ дар порталҳои электронии сохторҳои тандурустӣ;
- мушкилоти пайвастшавии муассисаҳои тандурустии минтақаҳои дурдаст ба шабакаи Интернет;
- ҷорӣ нагардидани корти электронии амбулаторӣ ё шиносномаи саломатӣ;
- мавҷуд набудани низоми ягонаи таъмини ҷамъоварӣ, коркард ва мубодилаи маълумот дар бораи саломатии шаҳрвандон дар низоми тандурустӣ.
248. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- ҷорӣ намудани низоми ягонаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ;
- омода намудан ва баланд бардоштани малака ва тайёрии кормандони тиб барои истифодаи ТИК;
- тақвияти корҳо дар самти татбиқи технологияҳои нав дар соҳаи тандурустӣ;
- амалисозии раванди ҳамоҳангӣ дар порталҳои электронии тамоми сатҳҳои сохтори тандурустӣ;
- фароҳам орвардани шароит барои таъмин ва дастрасии минтақаҳои дурдаст ба шабакаи Интернет;
- ҷорӣ намудани корти электронии амбулаторӣ ё шиносномаи саломатӣ;
- ташкили низоми ягонаи таъмини ҷамъоварӣ, коркард ва мубодилаи маълумот дар бораи саломатии шаҳрвандон дар низоми тандурустӣ;
- татбиқи пурраи низоми телетиб дар кишвар.
§18. Рақамикунонии соҳаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
249. Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии ба нафақагирон ва ислоҳоти соҳа чораҳо дар самти ташаккули Феҳристи ягонаи нафақагирони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
250. Айни замон татбиқи лоиҳаи пилотӣ дар заминаи сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба ташаккули Феҳристи ягонаи нафақагирон оғоз гардидааст. Вобаста ба ин дар шаҳри Душанбе зиёда за 5 км ноқилҳои замонавии нахи оптикӣ гузаронида шуда, раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе бо дастгоҳи марказӣ ва бо ҳам пайваст карда мешаванд.
251. Ҳадафи асосии соҳаи мазкур тавассути ташкили Феҳристи ягонаи нафақагирон баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар кишвар мебошад.
252. Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда дар соҳа мушкилоти зерин мавҷуд доранд:
- фарсуда будани технологияҳои иттилоотӣ дар соҳа;
- норасоии молиявӣ ҷиҳати хариди технологияҳои муосир;
- пайваст набудани сохторҳои минтақавии мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба дастгоҳи марказӣ.
253. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта чунин тадбирҳо пешбинӣ мешавад:
- дарёфти манбаъҳои молиявӣ барои рақамикунонии соҳа;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосир;
- коркард ва ҷорӣ намудани Шабакаи иттилоотии дохилиидоравӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ;
- таҳияи заминаи ҳуқуқӣ ва моддӣ барои ҷорӣ намудани низоми "Равзанаи ягона дар соҳаи иҷтимоӣ ва нафақа", ки ба он воҳидҳои сохтории соҳа, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти манфиятдор фаро гирифта мешаванд.
§19. Ҷорӣ намудани ҳукумати рақамӣ.
254. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон модели нави идоракунии давлатӣ бо ташкили низоми ягонаи ТИК-и рақамӣ, инфрасохтори иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадами нахустини худро мегузорад.
255. Модели идоракунии давлатӣ ин хизматрасониҳои электронӣ (G2C) мебошад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе ташрифи шаҳрвандон роҳандозӣ мегардад (бақайдгирӣ, қабули электронӣ).
256. Амалиётҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ дар самтҳои G2C, G2B ва G2G бе истифодаи гардиши коғазии ҳуҷҷатҳо ва танҳо бо дархости электронии шаҳрвандон ба анҷом расонида мешаванд.
257. Рақамикунонии ҳамкории ҳукумат бо соҳибкор (G2B) барои кам намудани хароҷоти транзаксионии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофияти қарорҳои қабулнамудаи мақомоти давлатӣ равона мегардад.
258. Амалҳои пешбинишуда бо таъмини Интернети босуръати фарохмавҷ афзалият пайдо намуда, таъмини шаффофият ва содагардонии амалиёти дастгирии молиявӣ ва ғайримолиявии соҳибкории хурду миёна, инчунин расонидани хизматрасониҳои дигари давлатиро ба шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.
259. Дар доираи фаъолияти "Digital by Default" банақшагирӣ ва хизматрасонии давлатии амалҳо дар шакли электронӣ бо баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ барои вусъатдиҳии худхизматрасонии аҳолии кишвар ба расмиёт дароварда мешаванд.
260. Татбиқи низоми хизматрасониҳои шаффоф (Open Government) дар доираи ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, ки бо мақсади таъсиси платформаи муайяни идоракунӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ равона карда шудааст, роҳандозии сиёсати нави рақамиро тақвият мебахшад.
261. Ба таъмини васеи иттилооти давлатӣ, шаффофияти молиявӣ, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ ва пешниҳоди тавсияҳо зимни таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина фароҳам меоварад. Зеро низоми мазкур самаранокии худро дар бештари кишварҳои ҷаҳон исбот намудааст.
262. Татбиқи барномаҳои ҷоринамуда дар оянда ҳиссаи хизматрасониҳои электронии давлатиро дар ММД зиёд намуда, боиси коҳишёбии хароҷоти иловагӣ ва содагардонии ҷараёни муҳлати хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон мегардад.
§20. Рушди нерӯи инсонӣ барои иқтисоди рақамӣ
263. Омода кардани кадрҳои баландихтисос барои пешбурди иқтисоди рақамӣ ва ташкили низоми таълиму бозомӯзӣ бо дарки дониши баланд дар самти амалисозии соҳаи ТИК муҳим арзёби мегардад. Вале норасоии кадрҳои баландихтисос дар кишвар ба рушди иктисоди милли таъсири манфи мерасонад.
264. Гарчанде дар 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар мутахассисони соҳаи ТИК омода мегарданд, ҳануз ҳам барои таъмини пурраи бозори меҳнат нокифоя мебошад.
265. Аз ин нуқтаи назар омода намудани кадрҳои баландихтисоси марбут ба соҳаи ТИК дар давоми панҷ соли оянда яке аз афзалиятҳои асосии кишвар ба ҳисоб рафта, андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- омода намудани кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он, инчунин ташкили низоми ягона барои омода кардани кадрҳо;
- бозомузии кормандони вазорату идораҳои кишвар ва ҷонибҳои манфиатдор дар доираи самтҳои мухталифи рақамикунонии иқтисоди миллӣ;
- ҳамгироии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;
- таъмин намудани дастгирии иттилоотии маърифатӣ ва мавқеъгирии табдилдиҳии рақамӣ (тавассути ВАО ва Интернет).
5. ТАШКИЛИ ЭКОСИСТЕМАИ ИННОВАТСИОНӢ, СТАРТАПҲО ВА КИТТК
§1.Тиҷоратикунонии фаъолияти инноватсионӣ, стартапҳо ва КИТТК
266. Бо мақсади таъмини рушди фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар "Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020", "Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2011 - 2020" ва "Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020", инчунин як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва инноватсия муайян намуда, ба рушди таҳқиқоти илмӣ, коркарди технологияҳои нав ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот равона карда шудаанд.
267. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар самти навоварию ихтироъкорӣ озмунҳои ҷумҳуриявии "Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон", "Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон" ва "Форуми ихтироъкорони Тоҷикистон" мунтазам гузаронида мешаванд.
268. Дар ҷумҳурӣ 22 парки технологӣ ва 4 маркази техникӣинноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ дар самтҳои хизматрасонии компютерӣ, полиграфӣ, тароҳӣ ва мураббигӣ фаъолият менамоянд, ки дар заминаи онҳо коргоҳҳои хурди саноатӣ, дӯзандагӣ, коркарди чӯб, сангҳои ороишӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ташкил карда шудааст. Вале фаъолияти паркҳои технологӣ дар самти амалисозии барномаҳои инноватсионӣ, сохтани намунаҳои таҷрибавии таҷҳизот ва мошинҳо, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
269. Гарчанде ҳамасола барои рушди илм дар самти амалисозии фаъолиятҳои инноватсионӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, вале ин барои рушди фаъолияти инноватсионӣ кофӣ нест. Мисол дар давоми се соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи илм 40,2 фоиз аз 86,0 млн. сомонӣ соли 2017 то 120,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст, ки ҳамагӣ 0,14 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Ҳол он ки сатҳи маблағгузории соҳаи илму техника дар мамлакатҳои пешрафта ба 5,0-6,0 фоизи ММД баробар аст.
270. Дар ҳафт соли охир шумораи ихтироъҳои татбиқшуда 172 ададро, аз ҷумла дар соҳаи тиб - 92, кишоварзиӣ- 11, бойторӣ - 12, химия - 15, металлургия - 14, нассоҷӣ - 4, сохтмон - 4, механика - 10 ва физика -10 ташкил додааст, ки ба рушди инноватсионии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ нест.
271. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд, вале барои ташаккули экосистемаи миллии инноватсионӣ иқтидори онҳо нокофист.
272. Барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ платформаи мувофиқ ва низоми мутамарказ дар ҷумҳурӣ таъсис дода нашудааст.
273. Бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи навовариҳо дар истеҳсолот андешидани тадбирҳои зерини дастгирии давлатӣ дар чунин самтҳо зарур аст:
- ташкили фазои мусоиди пешбурди фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар;
- ҳавасманд намудани сармоягузории бахши хусусӣ ба КИТТК;
- ташкили технопаркҳои бисёрсоҳавии инноватсионӣ ва муттаҳид намудани иқтидорҳои технопаркҳои мавҷуда дар кишвар;
- дастгирии давлатии лоиҳаҳои инноватсионӣ (стартапҳо) тавассути гузаронидани озмунҳо дар ин самт ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок дар асоси нақша чорабиниҳои барномавӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳа таҳия карда мешавад (фаъолияти муштараки Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ" ва Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии "Саноатсодиротбонк");
- ҷорӣ намудани фанн дар самти тайёр намудани соҳаи инноватсия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқати ихтироъкор дар шаҳру ноҳияҳо тавассути ҷори намудани стипендияи раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия;
- ҷалби сармоягузорону мутахассисони хориҷӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосир барои ташаккули экосистемаи маҳаллӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории зичи стартапҳо ва муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти касбии кишвар, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ барои татбиқи КИТТК.
§2. Рушди "Шаҳри ҳушманд" (Ғmart City)
274. Технологияҳои рақамӣ аз рӯи таҷрибаи андухтшудаи ҷаҳонӣ дар самтҳои логистикаи нақлиёт, инфрасохтори шаҳрдорӣ, идораи муҳити зист, обтаъминкунӣ ва корезӣ, назорати ҷамъиятӣ, тиҷорати электронӣ, назорати нақлиёт ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, амният, тандурустӣ, сохтмон, маориф, батанзимдарории таълиму тарбия ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.
275. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифода аз рӯи технологияи иттилооти шаҳрӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасониҳои электронӣ тавассути ТИК, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ташкил шуда, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе КВД "Шаҳри ҳушманд" таъсис дода шудааст.
276. Татбиқи лоиҳаҳо дар самти "Шаҳри ҳушманд" барои ҳалли масъалаҳои идоравӣ, назоратӣ, танзим ва ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодааст.
277. Мисоли маъмули он "Ҳукумати ҳушманд", "Шаҳрванди ҳушманд", "Муҳит ва маҳалли зиндагии ҳушманд", "Иқтисоди ҳушманд", "Ҳамлу нақли ҳушманд", "Нерӯи ҳушманд", "Экологияи ҳушманд", "Хонаи ҳушманд", "Бехатарии ҳушманд", "Нақлиёти ҳушманд", "Тибби ҳушманд", "Таълими ҳушманд" ва "Оби ҳушманд" мебошанд.
278. Амалишавии лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Душанбе имкон дод, ки миқдори садамаҳо ва қоидавайронкуниҳо кам карда шавад. Дар баробар ин, дар нақлиёти шаҳрӣ насби камераҳои мушоҳидавии ҳушманд ва GPҒ-"треккер"-ҳо бо мақсади муайян намудани миқдори мусофирон имкон дод, ки танбашавӣ ва ҷиноятҳо дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ пешгирӣ карда шавад.
279. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои идоракунии шаҳру ноҳияҳо андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- амалишавии лоиҳаҳои "Шаҳри ҳушманд" дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ);
- омода кардани мутахассисон дар самти идоракунии "Шаҳри ҳушманд";
- рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъминоти барномавии муассисаҳо дар самти "Шаҳри ҳушманд";
- давра ба давра насби камераҳои мушоҳидавӣ ва назоратӣ дар роҳҳои автомобилгард, истгоҳҳои нақлиёт, кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо;
- таъмини истгоҳҳои шаҳрҳои таҷрибавӣ бо таблоҳои рақамии хатсайрҳои нақлиётӣ ва пайвасти он бо шабакаи Интернет (бо нишондоди вақти омаду рафти воситаҳои нақлиётии мусофиркаш);
- таъмини истгоҳҳо бо низоми автоматикунонидашудаи пешниҳоди чиптаҳои пластикӣ (бо мақсади пардохти роҳкиро);
-ташкили таваққуфгоҳҳои нақлиётии ҳушманд (бо пардохти электронии кортӣ ё нишони "QR-рамз";
- ҷорӣ намудани низоми биллингии назорат ва пардохти хизматрасониҳои нақлиёт, таъминоти барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ;
- истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми равшаннамоии шоҳроҳҳо, роҳҳо, роҳравҳо, хиёбонҳо ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо;
- истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тарбия, назорати давомоти таълимгиранда, ташкили махзани иттилоотӣ ва барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе;
- ҷорӣ намудани низоми ҳушманди идоракунии партовҳои маишӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (ҷамъоварӣ, ҷудокунӣ ва коркард);
- муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббию ташхисӣ бо технологияҳо ва барномаҳои муосири рақамӣ;
- насби терминалҳои муосир дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамзамон ҷорӣ намудани портали махсус барои таъмини шаҳрвандон ва сайёҳон бо иттилооти зарурӣ;
- таъмини шаҳри Душанбе бо барномаҳои мухталифи навигаторӣ.
6. НИЗОМИ ТАШКИЛ, ҲАМОҲАНГСОЗӢ ВА АМАЛИГАРДОНИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
280. Барои амалисозии раванди татбиқи трансфарматсияи рақамӣ дар кишвар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020, №370 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ" мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ муайян гардид.
281. Дар доираи ваколатҳо вазорат тамоми тадбирҳои заруриро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Барнома дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади муколамаи масъалаҳои марбут ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ Шӯро оид ба идоракунии татбиқи иқтисоди рақамӣ таъсис дода мешавад.
§1. Таъсиси Маркази ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ
282. Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ (минбаъд - Марказ) таъсис дода шуда, фаъолияти он ба рушди иқтисоди рақамӣ нигаронида мешавад.
283. Марказ ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои манфиатдорро дар татбиқи иқтисоди рақамӣ таъмин намуда, бо назардошти таҷрибаи муваффақи кишварҳои хориҷӣ дар самти ташкили низоми ҳамкории электронии байниидоравӣ тибқи модели "Х-road" фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
284. Марказ дорои низоми муосири ҷамъоварии коркард ва таҳлили иттилоот оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ дар тамоми ҷумҳурӣ буда, дар он мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда шуда, бо таҷҳизоти муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
285. Дар сомонаи Марказ Портали иқтисоди рақамӣ ташкил карда мешавад, ки дар он барои муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳамзамон истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамӣ маълумот ва тавсияҳои дахлдор ҷойгир карда мешавад.
§2. Вазифаҳои Маркази ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ
286. Вазифаҳои Маркази ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ инҳоянд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ дар самти амалисозии иқтисоди рақамӣ;
- таъмини равандҳои рақамикунонии байниидоравии соҳавӣ тавассути ҷорӣ намудани платформаҳо дар самти идоракунии давлатӣ;
- дар ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдор таҳия ва татбиқи стандартҳои ягонаи таъминоти барномавӣ, дастурамалҳо ва методологияи истифодаи низоми ТИК;
- коркарди лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи ТИК ва мусоидат ҷиҳати татбиқи онҳо;
- ташкили махзани итилоотӣ дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва феҳристи манбаъҳои иттилоотӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ ва омори макроиқтисодӣ;
- мониторинг ва арзёбии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди идоракунии рақамӣ, табдилдиҳии рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ТИК ва алоқа;
- татбиқ ва идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;
- арзёбии сатҳи омодагии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
- ҷалби кӯмакҳои беруна ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии лоиҳаҳо оид ба ташкил ва рушди инфрасохтори рақамӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешниҳоди онҳо барои маблағгузорӣ ба шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор;
- иштирок дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳои ягонаи таҳсилот, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи ТИК;
- қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоту идораҳои кишвар ҷиҳати дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа, захираҳои иттилоотӣ ва ҳамгироии иттилоотӣ.
7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ
287. Арзёбии эҳтиёҷоти маблағгузории Барнома дар ду марҳила гузаронида мешавад. Дар марҳилаи аввал аз рӯи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ (БМХД) ҳисоб карда мешавад, ки то чӣ андоза метавонад маблағгузориро барои татбиқи Барнома таъмин кунад.
288. Дар марҳилаи дуюм, арзиши тахминии чорабиниҳое, ки ба матритсаи амалиёт ворид шудаанд, ҳисоб карда мешавад, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории зерин:
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- маблағҳои шарикони рушд (бо назардошти кӯмаки расмӣ);
- маблағҳои хусусӣ (дохилӣ ва хориҷӣ).
289. Фарқияти молиявии бавуҷудомада байни эҳтиёҷоти маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар доираи вазифаҳои Барнома ва нишондиҳандаҳои дурнамои ҳадди захиравии иқтисодиёт тавассути ҷалби сармояи хусусии дохилию хориҷӣ рупӯш карда мешавад.
290. Низоми мониторинг ва арзёбӣ. Барнома тавре тарҳрезӣ шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяншуда тавассути ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатии кишвар, сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки онҳо дар асоси ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикони рушд дар татбиқи Барнома таъмин карда шавад.
291. Низоми мониторинг ва арзёбии Барнома барои пайгирии пешрафт дар самти ноилшавӣ ба ҳадафҳо, муайян кардани таҷрибаи хуби андӯхташуда ва мушкилоти мавҷуда, таҳлили равандҳои рушд дар доираи худи Барнома ва таҳияи хулосаҳои асоснок барои таҷдиди назари сиёсат дар самти татбиқи ҳадафҳо, ки барои баланд бардоштани самаранокии он равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст. Низоми мониторинг ва арзёбӣ имкон медиҳад, ки робитаи зичи тарафҳо ва доимии байни қарорҳои сиёсии қабулгардида ва натиҷаҳои амалии татбиқи онҳо, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти ниҳодҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда таъмин карда шавад.
292. Принсипҳои асосии низоми мониторинг ва арзёбӣ раванди татбиқи Барнома, ки бевосита ба ноил гардидан ба ҲРУ алоқаманд мебошанд, инҳоянд:
- таъмини равандҳои мустақили низоми низоми мониторинг ва арзёбӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ;
- таваҷҷуҳ ба натиҷа ва афзалиятҳои Барнома;
- истифодаи технологияҳои нави мониторинг ва арзёбӣ;
- иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор;
- ҷалби мақомоти сатҳи миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи сатҳҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд;
- муназзамӣ ва мунтазамӣ;
- дастрасӣ ба иттилоот;
- пешниҳоди иттилооти босифат, муҳим ва боэътимод;
- риояи меъёру қоидаҳо;
- ошкорбаёнӣ ва шафофият.
293. Унсурҳои сохтории низоми мониторинг ва арзёбӣ. Сохтори низоми мониторинг ва арзёбӣ Барнома аз унсурҳои зерин иборат аст:
- хусусиятҳои асосии Барнома;
- индикаторҳои ченшаванда (нишондиҳандаҳо), ки тавассути онҳо пайгирии хусусиятҳо имконпазир аст;
- сарчашмаҳои иттилоот барои гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ;
- низоми ҷамъоварии маълумот;
- даврият ва ҷадвали ҷамъоварии маълумот;
- масъулин барои дастрас намудан ва пешниҳод кардани иттилооти зарурӣ;
- коркард ва таҳлили маълумоти бадастомада;
- истифодабарандагони натиҷаҳои низоми мониторинг ва арзёбӣ;
- хароҷоти зарурӣ барои гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ;
- паҳн намудани натиҷаҳои низоми мониторинг ва арзёбӣ.
294. Хусусиятҳои асосии Барнома ҳадафҳои Барнома, вазифаҳо, чорабиниҳо, амалҳо ва натиҷаҳои чашмдошт ба ҳисоб мераванд.
295. Ҳадафҳои Барнома - ҳамон натиҷаҳое мебошанд, ки дар ҳолати бомувафаққият татбиқ намудани Барнома дар назар дошта шудаанд. Мувофиқаи тарафайн, мушаххасоти миқдорӣ ва муҳлатии Барнома барои мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар самти татбиқи он имконият фароҳам меоварад. Ҳадафҳои он ҲРУ-ро, ки дар асоси талаботи воқеӣ (объективӣ), афзалиятҳои асоснок ва мувофиқашуда, инчунин имконият ва зарурати татбиқи онҳо дар кишвар миллӣ кунонида шудаанд, пурра дар бар мегирад.
296. Вазифаҳо - ҷузъи (қисми) ҳадафҳо, ҳадафҳои наздиктарин (зерҳадафҳо) ва ё натиҷаи бевоситаи амалҳо дар доираи Барнома мебошанд. Ҳар як ҳадафи Барнома аз як/ё якчанд вазифаҳо иборат аст. Вазифаҳо дар доираи Барнома роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳо мебошанд.
297. Тадбирҳо (чораҳо) - ин амалҳои мушаххаси ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда равонашуда мебошанд. Тадбирҳо дар доираи Барнома воситаҳо/усулҳои ноил гаштан ба ҳадафҳо мебошанд.
298. Ҳамаи ҳадафу вазифаҳо, тадбирҳо/амалҳо ва ҳамчунин нишондиҳандаҳои мақсаднок дар доираи Барнома дар асоси меъёрҳои ҒMART (яъне, мушаххас, арзёбишаванда, ноилшаванда, муҳим/муносиб ва дорои муҳлати муайян) тартиб дода шудаанд.
299. Маҷмӯи нишондиҳандаҳои Барнома - ҷиҳати арзёбии пешрафти кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои гузошташуда маҷмӯи индикаторҳо (нишондиҳандаҳо) истифода мегарданд, ки онҳо имконияти пайгирӣ намудани самаранокӣ ва натиҷанокии тарафҳои дар Барнома пешбинишударо фароҳам меоранд.
300. Низоми индикаторҳои Барнома маҷмӯи мураттабгардидаи нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқамандро барои тавсифи натиҷаҳои ҳадафҳои мақсадноки муқарраргардида ифода менамояд. Мониторинг ва арзёбии Барнома дар асоси нишондиҳандаҳо (бузургиҳои мақсаднок) ва тадбирҳои амалишаванда дар доираи Нақшаи амалҳои Барнома дар сатҳи миллӣ дар маҷмӯъ ва минтақавӣ бо тақсимот аз рӯи гурӯҳҳои алоҳидаи махсусан осебпазири аҳолӣ, экологӣ ва дигар аломатҳо роҳандозӣ карда мешавад.
301. Нишондиҳандаҳои ҳадафҳои мақсадноки мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Барнома метавонанд нишондиҳандаҳои байнисоҳавӣ ё нишондиҳандаҳои мувофиқи дутарафаи мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар бошанд. Маҷмӯи нишондиҳандаҳои мониторинг метавонанд ҳамаи самтҳои тадбирҳои захираҳо барои татбиқ ва ҳамаи натиҷаҳои бадастомадаро дар ҷараёни татбиқи он фаро гирад. Дар низоми мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Барнома панҷ намуди нишондиҳандаҳое, ки воситаҳои низоми мониторинг ва арзёбӣ ба ҳисоб мераванд, истифода бурда мешаванд:
- нишондиҳандаҳо тадбирҳо/амалҳо (activitieғ). Онҳо нишон медиҳанд, ки кадом тадбирҳо, амалҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда пешбинӣ гардида, ба кӣ нигаронида шудаанд. Инчунин онҳо амалигардонии тадбирҳоро барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда таҷассум менамоянд;
- нишондиҳандаҳо захираҳои истифодашаванда (input). Онҳо нишон медиҳанд, ки кадом захираҳо бо кадом миқдор барои ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда заруранд. Онҳо сиёсати ҷалб ва тақсимоти воситаҳои молиявии буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои (донорӣ, бахши хусусӣ) барои татбиқи Барнома истифодашавандаро пешниҳод менамоянд. Бо дигар ибораҳо онҳо арзиши чорабиниҳоро инъикос мекунанд;
- нишондиҳандаҳо таъсиррасон (impact). Онҳо нишон медиҳанд, ки кадом натиҷаҳои ниҳоӣ ва ҳамчунин тағйирот дар самти ҳадафҳои гузошташудаи стратегии сатҳи миллӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии аҳолӣ ба даст оварда мешаванд;
- нишондиҳандаҳо боздеҳ (output). Онҳо нишон медиҳанд, ки пас аз роҳандозии амалҳо ва қабули чораҳо кадом намуди неъматҳо/маҳсулоти манфиатнок фароҳам оварда шудаанд. Онҳо натиҷаҳои фаъолияти шахсони масъулро (мақомоти давлатӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор) бевосита инъикос менамоянд;
- нишондиҳандаҳо чашмдошти ниҳоӣ (outcome). Онҳо нишон медиҳанд, ки фароҳам овардани неъматҳо/маҳсулот дар доираи татбиқи Барнома ба чӣ оварда расонидааст. Дар натиҷа оё вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар тағйир ёфтааст ва ё то кадом андоза дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии давлатӣ ва қаноатмандӣ бо ин хизматрасониҳо таъмин карда шудааст.
302. Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама вақт имконияти интихоб кардани нишондиҳанда барои арзёбии бевоситаи амалҳои зарурӣ ё натиҷа вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат, арзёбиҳои ғайримустақим истифода бурда мешавад. Чунин нишондиҳандаҳоро прокси-индикаторҳо ном мебаранд, ки дар нақшаи амалҳои Барнома муайян карда шудаанд.
303. Ба сарчашмаҳои маълумот барои ташкил ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Барнома ва ҲРУ дохил мешаванд:
- омори (расмӣ) давлатӣ (махзани маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- омори идоравӣ (махзани маълумоти фосилавӣ ва ҳисоботи солонаи вазорату идораҳои кишвар);
- омори ташкилотҳо/корхонаҳои алоҳида (махзани маълумоти ташкилотҳо/корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор бе назардошти омори давлатӣ);
- омори алтернативӣ (махзани маълумоти институтҳо/ташкилоти байналмилалӣ, ташкилоти мустақили тадқиқотӣ ва ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани пурсишҳои сотсиологии аҳолӣ, тадқиқоти интихобии минтақаҳо, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, хоҷагиҳои хонаводаҳо, ё дигар тадқиқоти гуногун).
304. Низоми ҷамъоварии маълумот - зернизоми калидии низоми мониторинг ва арзёбӣ низоми ҷамъоварии маълумоти бузургиҳои нишондиҳандаҳои мониторинг ва дигар иттилооти миқдорӣ ва сифатӣ барои тавсифи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҲРУ мебошад. Низоми ҷамъоварии маълумот/иттилоот бояд бо чунин тарз мураттаб шавад, ки талаботи пуррагии маълумоти зарурӣ барои қабули қарорҳои идоракунӣ ва сарфаи захираҳои иқтисодии давлатии зарурро барои гирифтани ин иттилоот таъмин намояд.
305. Ташкили низоми ҷамъоварии маълумот аз таҳияи маҷмӯи иттилооти муайянкунандаи самт, ҳаҷм ва реҷаи муваққатии табодули маълумот, қоидаҳо ва дастурамалҳои танзимкунандаи мундариҷа, сарчашмаҳо, даврият, муҳлатҳои пешниҳод кардани маълумот аз ҷониби ҷузъҳои сохтории низоми мониторинг ва арзёбӣ иборат мебошанд.
306. Ин низом ҳамчунин низоми ҳуҷҷатгузориеро дар бар мегирад, ки аз рӯи таркиби худ ҳамчун маҷмӯи ба ҳамдигар алоқаманди ҳуҷҷатҳо, равандҳои ҳуҷҷатгузории маълумот ва гардиши ҳуҷҷатҳо тибқи қоидаҳои ягонаву талабот ва аз рӯи мундариҷа ҳамчун воситаи татбиқи тадбирҳои бо мубодилаи маълумот ҳуҷҷатгузоришуда ифода меёбад.
307. Дар низоми ҷамъоварии маълумот Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷамъоварии саривақтӣ, коркард ва пешниҳоди ҳаҷми зиёди маълумоти асосиро аз рӯи ҳамаи намудҳои нишондиҳандаҳо таъмин менамояд, нақши марказӣ дорад.
308. Даврият ва ҷадвали ҷамъоварии иттилоот - барои пуррагӣ ва комилии иттилооти пешниҳодшаванда, ҷамъоварии маълумот (ҳисоби рақамҳо/бузургиҳои мақсадноки нишодиҳандаҳо) тибқи нишондиҳандаҳои дахлдори Барнома ва ҲРУ дар як сол як маротиба пас аз ба анҷом расидани давраи ҳисоботӣ ба роҳ монда мешавад.
309. Тартиби гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 тасдиқ шудааст) барои вазорату идораҳои дахлдори кишвар пешниҳод намудани маълумот дар бораи иҷрои Барнома ва ҲРУ - ро то 1 марти ҳар сол ба мақомоти ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии низоми мониторинг ва арзёбӣ (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешбинӣ менамояд.
310. Ҳангоми зарурат мақомоти ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии низоми мониторинг ва арзёбӣ раванди татбиқи Барнома дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар муҳлатҳоро барои пешниҳод кардани маълумот/иттилоот вобаста ба татбиқи Барнома ва ҲРУ муқаррар намояд.
311. Низоми мониторинги таъмини молиявӣ. Барои маблағгузории Барнома сарчашмаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ, давлатӣ ва хусусӣ муайян карда шудаанд ва қобилияти назорати ин воситаҳои молиявии барои татбиқи ҳадафҳои гузошташуда сафарбаршаванда барои дарки иқтидорҳои ҳар як сарчашма нақши муҳим мебозанд.
312. Вазифаи мониторинги таъминоти молиявӣ аз дастрас намудани иттилооти зарурӣ ба масъулин ҷиҳати қабули қарорҳои сохторӣ иборат мебошад. Дарки он ки аз ҷониби кӣ ва чӣ тавр воситаҳо барои рушд дар ҳар як марҳалаи татбиқи чорабиниҳо сармоягузорӣ карда мешавад, имконияти муайян кардани саҳми ҳар як сарчашмаи маблағгузориро дар ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда фароҳам меорад.
313. Назорати пайвастаи воситаҳои молиявии сафарбаршаванда масъулиятро дар сатҳи маъмурӣ барои мақсаднок ва самаранок хароҷот кардани захираҳо, махсусан дар шароити зиёд будани самтҳои рушд, ки маблағгузориҳоро ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои захиравӣ талаб менамоянд, баланд мебардорад.
314. Бо мақсади ҷамъоварӣ/пайгирии пайвастаи иттилоот дар бораи маблағгузориҳои молиявӣ аз сарчашмаҳои гуногун барои татбиқи тадбирҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои дар Барнома муайянгардида, ба низоми мониторинг ва арзёбӣ раванди татбиқи Барнома низоми мониторинги таъминоти молиявӣ дохил карда мешавад. Он қисми таркибӣ ва ҷудонопазири мониторинг ва арзёбии Барнома ба ҳисоб рафта, якҷо бо мониторинги раванди татбиқи Нақшаи амалӣ Барнома гузаронида мешаванд.
315. Низоми самараноки мониторинги таъминоти молиявӣ мавҷуд будани як қатор ҷузъҳои асосиро талаб менамояд, ба монанди:
- нишондиҳандаҳои нақшавии маблағҳои сафарбаршаванда ба ҳар як сарчашма ва самт;
- таваккалҳои имконпазир;
- нишондиҳандаҳои воқеии захираҳои сафарбаршаванда ба ҳар як сарчашма ва самт;
- ташкили ҷамъоварии пайвастаи нишондиҳандаҳои воқеӣ (муайян кардани сарчашмаҳои иттилоот, усулҳои ҷамъоварии он ва шахсони масъул);
- гузаронидани таҳлилҳои пайваста (муқоисаи нишондиҳандаҳои воқеӣ ва банақшагирифташуда ва муайян кардани фарқият);
- қабули қарорҳо дар бораи такмили амалҳо дар ҳолати зарурат.
316. То кадом андоза самаранок ва босифат дар ҳамбастагӣ қарор доштани ҷузъҳои болозикр ба самаранокии тамоми низоми мониторинги таъминоти молиявӣ ва ҳамчунин мувафаққияти татбиқ гардидани Барнома таъсири назаррас мерасонад.
317. Мониторинги таъминоти молиявии Барнома аз рӯи маълумоти ибтидоии чорабиниҳо, ҳаҷми маблағҳои банақшагирифташуда вобаста ба татбиқи он, ки дар нақшаи чорабиниҳо дарҷ гардидаанд, гузаронида мешавад.
318. Иттилооти мазкур асосан ба муайян кардани сабабҳои қафомонӣ аз нишондиҳандаҳои банақшагирифташуда ва ҳамчунин пешниҳоди қарорҳо барои бартараф намудани онҳо ва ё такмили Нақшаи амал барои хориҷ намудани чорабиниҳои бо сабабҳои гуногун маблағгузоринашаванда равона карда мешавад.
319. Ҳамаи маълумоти ҳисоботӣ вобаста ба захираҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо ба мақомоти ҳамоҳангсоз оид ба мониторинг ва арзёбӣ (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниҳод карда мешаванд, ки вазъи умимиро дар бораи маблағгузории чорабиниҳо таҳлил менамояд.
8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
320. Татбиқи афзалиятҳову тадбирҳои Барнома аз ҳисоби ҳама намуди сарчашмаҳои маблағгузорӣ таъмин мегардад. Сарчашмаи асосии молиявӣ маблағҳои буҷети давлатӣ мебошад, ки ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор дар солҳои 2021-2025, ҷиҳати маблағгузории тадбиру лоиҳаҳои Барнома пешбини мегардад.
321. Сарчашмаи дигари амалисозии Барнома маблағҳои грантӣ ва сармоягузории шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалию молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошанд.
322. Ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинишуда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Барнома тахминан 2,33 млрд. сомонӣ, аз ин маблағҳои буҷети давлатӣ 8,8 фоиз (ё 205,4 млн. сомонӣ), бахши хусусӣ 16,7 фоиз (ё 389 млн. сомонӣ) ва шарикони рушд 74,5 фоиз (ё 1734,4 млн. сомонӣ) ташкил медиҳад.
323. Инчунин маблағгузориҳо аз дигар манбаҳои молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода бурда мешаванд.
РӯЙХАТИ ИХТИСОРОТ
ААИ - Андоз аз арзиши иловашуда
АБЗО - Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ
АС - Агентии содирот
АО - Агентии омор
АНСМ - Агентии назорат дар соҳаи маориф
АХД - Агентии хизмати давлатӣ
АИД - Академияи идоракунии давлатӣ
АМИТ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
БОР - Бонки Осиёии Рушд
БМТ - Бонки миллии Тоҷикистон
ВА - Вазорати адлия
ВАО- Воситаҳои ахбори омма
ВМКБ - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ВРИС - Вазорати рушди иқтисод ва савдо
ВСТН - Вазорати саноат ва технологияҳои нав
ВК - Вазорати кишоварзӣ
ВКД - Вазорати корҳои дохилӣ
ВМ - Вазорати молия
ВМИ - Вазорати маориф ва илм
ВН - Вазорати нақлиёт
ВФ - Вазорати фарҳанг
ВЭЗО - Вазорати энергетика ва захираҳои об
ВТҲИА - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ВММША - Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
ИА - Иттиҳоди Аврупо
ИБАБ - Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ
ТИК - Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
ИМА - Иёлоти Мутаҳидаи Амрико
ИОШ - Индекси омодагии шабакавӣ
СМНҶ - Сомонаи моҳворавии навбари ҷаҳонӣ (GPҒ)
СММ - Созмони Милали Муттаҳид
СҲСД - Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
СУС - Созмони умумиҷаҳонии савдо
СУМЗ - Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ
СО - Суди олӣ
СОИ - Суди олии иқтисодӣ
КИТТТ - Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва техникии таҷрибавӣ
КА - Кумитаи андоз
КДСИАД - Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
КДАМ - Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
КМС - Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
КТР - Кумитаи телевизион ва радио
КРС - Кумитаи рушди сайёҳӣ
КДИЗГ - Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
КВД - Корхонаи воҳиди давлатӣ
КИТТК - Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва техникию таҷрибавӣ
ККЗО - Кумитаи кор бо занон ва оила
КҶВ - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
ММД - Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ
ММҚ - Маркази миллии қонунгузорӣ
МД ММПИ - Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"
МИМҲД - Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
НТҶ - Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
РМА - Рақами мушаххаси андоз
ТОҶИКСТАНДАРТ - Агнетии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
ХА - Хадамоти алоқа
ХГ - Хадамоти гумрук
ҲРУ - Ҳададафи рушди устувор
ҲҶТ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПСС - Палатаи савдо ва саноат
МД ММА - Муассисаи давлатии Маркази миллии аккредитатсия
ҶДММ - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд
ШСХК БТ - Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
GCI - Индекси ҷаҳонии ҳамгироӣ 5
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2021, №460
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025
Замима мегардад