Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", моддаҳои 56, 57 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи кормандони Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба миқдори 157 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 46 воҳид муқаррар карда шавад. Маблағгузории 146 воҳид, аз ҷумла 46 воҳиди дастгоҳи марказӣ, 100 воҳиди нақшаи идоракунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳиди ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
3. Ба Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор дошта бошад. Лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ барои Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба миқдори 16 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
5. Сархати ҳаштуми банди 7 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ то 31 декабри соли 2021 амал мекунад.
6. Сархати дуюми Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 "Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ".
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №180 "Дар бораи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 октябри соли 2021, №441