ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ва Номгӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқкарда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 аҳамияти афзалиятнок дода, ҷиҳати амалисозии барнома чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2021, № 358
ш. Душанбе