Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 2021, №358
Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025
1. Муқаррароти умумӣ
- Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - БСД) бо мақсади ҷалби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ таҳия гардидааст.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои сиёсию иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ аз рӯи принсипҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардиданд.
- БСД ба иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва комёб гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор равона карда шудааст.
- Бо роҳи ба БСД ворид намудани лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатие, ки сарчашмаи сармоягузориашон муайян нашудаанд, захираҳои молиявии хориҷӣ ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ҷалб карда мешаванд.
- Дар доираи БСД ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими фазои мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ ба назар гирифта шудааст. Вусъати иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ташаккули даромадҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард.
- Лоиҳаҳои ба БСД воридшуда сармоягузориҳои муассисаҳои давлатӣ, идора ва сохторҳои корпоративиро дар бар мегиранд. Маблағгузорӣ кардани қисми муайяни хароҷот аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё қарзҳои кафолатдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дорад. Фондҳои сармоягузорӣ метавонанд дорои хароҷоти фаврӣ ва кумакҳои техникӣ бошанд, ба шарте ки онҳо қисми ҷудонашавандаи лоиҳа маҳсуб дониста шаванд. Лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ ба таври алоҳида пешниҳод шудаанд.
- Асосҳои ҳуқуқии таҳияи БСД-ро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 «Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди кишвар ташкил медиҳанд.
2. ШАРҲИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАҲОИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТӢ
§ 1. Вазъи иқтисоди миллӣ ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ
- Тоҷикистон кишвари куҳсор буда, роҳи баромад ба баҳр надорад ва бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Қисмати шимолӣ ва ҷанубӣ, инчунин ғарбӣ ва шарқии кишварро қаторкуҳҳо аз ҳам ҷудо менамоянд.
- Кишвар дорои захираҳои азими гидроэнергетикӣ буда, аз ҳисоби он истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқро таъмин менамояд. Иқтидори истеҳсоли қувваи барқ дар як сол 527 млрд кВт/соатро ташкил дода, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи он аз худ карда шудааст. Дар баробари ин мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи барқароршавандаи энергия шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи ҳисобҳои коршиносон иқтидори энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 16 млрд мВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60-80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол қонеъ гардонида метавонад.
- Дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда ба чаҳорумин бузургтарин содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил ёбад.
- Шароити куҳсори кишвар аз мавҷудияти боигариҳои бузурги маъданиву ғайримаъданӣ ва имкониятҳои беназири рушди иқтисоди саноати куҳӣ шаҳодат медиҳад. Дар Тоҷикистон беш аз 600 канданиҳои фоиданок бо 60 намуди ашёи хоми маъданӣ ошкор, иктишоф ва ба тавозун гирифта шуда, аз ин миқдор 35 кон мавриди азхудкунӣ қарор дода шудааст. Ба ғайр аз ин наздик ба 800 кони сарватҳои табиӣ иктишоф шуда, ба 48-тои он иҷозатнома барои пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ дода шудааст.
- Рушди саноати куҳӣ ба манбаи бузурги ашёи хом, қувваи корӣ ва неруи барқи арзон ва талаботи рӯзафзун ба металлҳои ранга дар бозорҳои ҷаҳонӣ асос меёбад. Дар кишвар конҳои тиллою нуқра, руҳ, сурма волфрам, қалъагӣ ва металлҳои нодиру пошхӯрда, конҳои сангҳои ороишӣ, қимматбаҳо ва сохтмонӣ ошкор гардидаанд.
- Бахши кӯҳкории кишвар дар маҷмӯъ хусусияти содиротӣ дошта, бо ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ, технологияҳои пешқадам ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми соҳа, диверсификатсияи назаррас ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши баланди иловагӣ, аз ҷумла ҷавоҳирот, хишти пухта, семент, арматура, плитаҳои сангӣ, тунука, кафелу панелҳо, гаҷкартон, гулгаҷ, шиша ва маҳсулоти шишагӣ, конструксияҳои филизӣ ва дигар маҳсулотро таъмин кардан мумкин аст.
- Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нави саноати кимиё барои истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла нуриҳои минералӣ, масолеҳи рангу бори сохтмонӣ, доираи васеи маводи шустушӯии кимиёи маишӣ ва лавозимоти беҳдоштӣ, аз ҷумла айна, собун, шампун, уребчаҳо, малҳамҳои ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ ва дигар маҳсулоти амсоли инҳо мусоидат менамояд.
- Истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминий барои таъмини талаботи бозорҳои ҷумҳурӣ бо молҳои гуногуни алюминӣ, ба монанди ноқилҳо, лавозимоти рӯзғор, ашёи мухталиф барои сохтмони иншоот, қуттиҳои консерваю обҳои нӯшокӣ, асбобҳои сантехникиву барқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
- Дар кӯҳҳои Тоҷикистон зиёда аз 3500 намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш ва табобатӣ мавҷуд буда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 16 корхонаи коркарди танҳо 45 номгӯи гиёҳҳои шифобахш фаъолият менамоянд. Дар баробари ин ҳамасола дар ҳаҷми 50 млн доллари ИМА маҳсулоти доруворӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Ин аз имкониятҳои ҳанӯз ба таври пурра истифода нашуда, дар ин самт шаҳодат медиҳад, ки барои рушди соҳаи дорусозӣ ҳамчун яке аз соҳаи сердаромади иқтисоди ҷаҳон муҳим арзёбӣ мегардад.
- Барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар самти истеҳсоли доруворӣ ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ оид ба коркарди дорувории муосири растанӣ дар асоси набототи Тоҷикистон ва ташкили озмоишгоҳҳо дар ин самт, ташкили кластерҳои саноати дорусозӣ барои истеҳсол ва содироти чойҳои шифобахш, доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш, витаминҳои фаъоли биологӣ, равғанҳои эфирӣ, малҳамҳои табобативу ороишӣ ва дигар маҳсулоти инноватсионӣ зарур мебошад.
- Иқлими мусоид ва захираҳои фаровони оби дарёҳо барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла барои пахтакорӣ, пиллапарварӣ, зироатпарварӣ, боғу токпарварӣ, парвариши сабзавоту полезӣ ва дар як мавсим гирифтани ду-се ҳосил шароити хубро фароҳам меорад.
- Дар минтақаҳои кишвар барои ташкил додани кластерҳои азими агросаноатӣ барои коркарди ашёи хоми кишоварзӣ то маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла газворҳо, либоси кӯдакона, занона, мардона, либоси мактабӣ, варзишӣ, тагпуш ва либоси ягонаи соҳавӣ, ҷуробу пайпоқ, рӯйҷойҳо ва сачоқҳо, маҳсулоти кешбофӣ, рӯймолу сарпӯшҳои пахтагӣ, абрешимӣ, пашмӣ ва чармӣ, пойафзол, либосҳо, халтачаҳо, ҷузъдону ҷомадонҳо ва дигар маҳсулоти чармӣ, асал, маҳсулоти қаннодӣ, шоколад ва мармалод, шарбату консерваҳои сабзавоту мева, маҳсулоти гӯшту ширӣ ва дигар маҳсулоти ниҳоии ширию гӯштӣ бо дарёфти бозори фурӯши онҳо имкониятҳои васеъ мавҷуд мебошанд.
- Мавқеи мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон дар қалби Осиё, масири «Роҳи Абрешим», шоҳроҳи бунёдшудаистода дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва байни самтҳои Ҷануб-Ҷануб, Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ (CASA) барои ба кишвари сайёҳӣ ва транзитӣ табдил ёфтани он шароити мусоид фароҳам меорад.
- Дарозии роҳҳои мошингард зиёда аз 26 605,1 километр ва роҳҳои оҳани дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 953 километрро ташкил медиҳад. Инчунин чор фурудгоҳи ҳавоии асосие, ки ба хатсайрҳои байналмилалӣ хизмат мерасонанд, фаъолият менамоянд.
- Бо бунёд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар солҳои 2015-2019 ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳҳои Тоҷикистон 14,8 фоиз коҳиш ёфта, мусофиркашонӣ 1,5 маротиба зиёд шуда бошад ҳам, имкониятҳои васеи ин самт ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
- Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои истифода намудани фазои ҳавоии он бо мақсади транзити мусофирон ва борҳо имкон медиҳад.
- Тавассути зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ аз манотиқи гуногуни олам сатҳи даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, инчунин сайёҳӣ бамаротиб афзоиш ёфта метавонад.
- Бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири рушди сайёҳӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 дар заминаи истифодаи имкониятҳои васеъ мусоидат ба сайёҳии табобатию рекреатсионӣ, куҳнавардию шикор, экосайёҳӣ, истеъмоли таомҳои миллӣ, омӯзиши анъана ва касбу ҳунарҳои миллӣ, сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсусро тақозо менамояд.
- Солҳои охир тамоюли муҳоҷирати табибони ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ барои фаъолият ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ба назар мерасад, ки ба пешравии тибби ватанӣ мусоидат намуда истодааст. Бо ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи тибб ва хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар имкониятҳои рушди сайёҳии тиббӣ-табобатӣ (хизматрасониҳои дандонпизишкӣ, нейроҷарроҳӣ, ҷарроҳии пластикӣ, пайвандкунии узвҳои бадан ва ғайра) мутобиқ ба талаботи минтақавӣ ва арзиши дастрас зиёд мегарданд.
- Солҳои охир роҳандозии технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молия ва бонкӣ барои васеъ гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои қарзӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда истодааст.
- Раванди рақамикунонӣ инчунин дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, савдо, логистика ва дигар соҳаҳо ба таври васеъ инкишоф ёфта истодааст.
- Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи аввали рушди иқтисоди рақамӣ қарор дошта, сатҳи фарогирии интернети фароҳмавҷи паст ва арзиши он нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд аст.
- Мавҷудияти имкониятҳои васеи татбиқи иқтисоди рақамӣ дар шароити дастрасӣ надоштани кишвар ба роҳҳои баҳрӣ барои рушди барномасозии ватанӣ, таҳия, содирот ва роҳандозии фосилавии барномаҳои автоматикунонидашудаи электронӣ дар ташкилоти кишварҳои хориҷӣ, тавсеаи шуғли фосилавӣ барои ҷавонон, занон, духтарон, нафақахурон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, рушди фаъоли бахши хусусӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини самаранокии баланди фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
- Истифодаи самараҳои азими иқтисоди рақамӣ ҷалби васеи сармоягузориҳои мустақими хусусӣ ва давлатиро барои такмили инфрасохтор ва заминаи моддию техникии соҳа, роҳандозии ҳукумати электронӣ ва доираи васеи хизматрасониҳои электронӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва муосиргардонии низоми маъориф ва илми кишвар талаб менамояд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2015-2020 ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои бозорӣ як қатор ислоҳоти назарраси институтсионалӣ дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ, устувории молиявӣ, маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии босуръати кишвар анҷом дода шуд, ки ба дастовардҳои назаррас дар самти ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ оварда расонид.
- Ҷиҳати мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ташкил ёфта, ҷумҳурӣ ба узвияти СУС, Конвенсияи СММ оид ба эътирофи қарорҳои судҳои арбитражи хориҷӣ, Конвенсияи Гаага оид ба тайъиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ шомил гардид ва дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, инфрасохтори рушди соҳибкорӣ, роҳандозии стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон корҳои мушаххас анҷом дода шуданд.
- Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуд.
- Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисод ба самти дастгирии ҳаматарафаи ташаббусҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ равона гардида, дар ин самт ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои маъмурии сунъӣ ва таъмини шаффофияти меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар таҳрири нав, «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд стратегияву барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин барои ҷалби сармоя ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст.
- Бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ тибқи низоми «Равзанаи ягона» боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ бекор карда шуда, шумораи сохторҳои бақайдгиранда аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам гардид.
- Портали электронии хизматрасониҳо барои андозсупорандагон роҳандозӣ гардида, тавассути он 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, декларатсияҳои андозӣ ва ҳисоботдиҳӣ, пардохти андозҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии миллӣ, «Master» ва «Visa», баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ва дигар хизматрасониҳои машваратию иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст.
- Дар доираи ислоҳоти содагардонии низоми иҷозатдиҳӣ шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ то 56 адад коҳиш дода шуда, пешниҳоди 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуд. Барои таъмини дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ дар бораи расмиёти гирифтани иҷозатнома ва литсензияҳо онлайн портали www.ijozat.tj таъсис дода шуд.
- Барои гузаронидани ислоҳоти санҷишҳои фаъолияти субектҳои хоҷагидор дар доираи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то 25 адад коҳиш дода шуд. Ҳадафи ниҳоии ислоҳот то 20 адад кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ мебошад.
- Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мораторий ба ҳама намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то 1 январи соли 2021 эълон карда шуд, ки 1948 субъекти хоҷагидорро дар 24 соҳаҳои истеҳсолӣ фаро мегирад. Дар натиҷаи ислоҳот дар самти мазкур шумораи санҷишҳо аз 300 ҳазор санҷиш дар соли 2016 то 48 ҳазор санҷиш дар соли 2019, яъне 6 маротиба коҳиш ёфт.
- Ҷиҳати таъмини дастрасии васеи соҳибкорон ва аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва воситаҳои қарзӣ бюроҳои таърихи қарзӣ, феҳристи электронии гарави молу мулки манқул ва ғайриманқул ташкил ёфта, ислоҳоти босамари қонунгузории низоми созишҳои таъминшуда гузаронида шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳуқуқҳои қарздорон, татбиқ ва роҳандозии принсипҳои идоракунии корпоративӣ мусоидат намуд. Ин ислоҳоти босамар боиси 113 зина баланд шудани мавқеи кишвар тибқи нишондиҳандаи дастрасӣ ба қарз ва мавқеи 11-умро ишғол намудани Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ гардида, барои ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири молиявӣ дар кишвари мо шароити мусоид фароҳам овард.
- Татбиқи ислоҳоти назаррас дар самти такмили қонунгузории соҳавӣ, рақамигардонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорону аҳолӣ, таъсиси низомҳои миллии «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои корҳои сохтмонӣ, пайвастшавӣ ба қувваи барқ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, инчунин роҳандозӣ кардани расмиёти мустақим дар реҷаи онлайн барои барои коҳиш додани вақт ва хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ мусоидат намуд.
- Бо мақсади амалигардонии чорабиниҳо оид ба ташкили фаъолият дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҳкими нерӯ, такмили ихтисос ва расонидани кумаки техникию методӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шуд. Айни замон тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳа дар самтҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва обтаъминкунӣ бо маблағи беш аз 280 млн сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
- Дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ нисбати 7 лоиҳа корбарӣ рафта истодааст, ки дар давраи наздик мавриди амал қарор мегиранд.
- Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ», ки соли 2013 таъсис ёфта буд, соли 2020 ба корхонаи воҳиди давлатии Бонки давлатии саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуда, ҷиҳати таҷдид ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолшаванда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мусоидат ба рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содироти молу маҳсулот то имрӯз 196 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон ба маблағи 298 млн сомонӣ, аз ҷумла 33 лоиҳаи тиҷоратии бонувони соҳибкорро ба маблағи 22 млн сомонӣ, 19 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорони ҷавонро ба маблағи 47,4 млн сомонӣ ва 171 лоиҳаи соҳибкории навтаъсисро ба маблағи 171 млн сомонӣ дастгирӣ намудааст.
- Маблағҳои ҷудогардида ба соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва хурокворӣ, дузандагӣ, ҳунармандӣ, коркарди пӯсту чарм ва истеҳсоли пойафзол, мебел, хизматрасонии таълимӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таъсиси сардхона, коркарди санги мармар ва гранити маҳаллӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд.
- Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда дар ин самт фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ аз нав таҷдид ва ба истифода дода шуда, тартиби мустақими пешниҳоди раводидҳои электронӣ ба сайёҳони байналмилалӣ ҷорӣ гардид. Мақомоти ваколатдори давлатӣ - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 – 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав қабул карда шуданд. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушди сайёҳӣ ва шуъбаи сайёҳӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфт.
- Бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар ширкатҳои сайёҳии навтаъсис дар 5 соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти ашё ва таҷҳизот барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардиданд.
- Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар чор соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 40 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.
- Бо мақсади дастгирии соҳибкорони навтаъсис (стартапҳо) ва рушди соҳибкории хурду миёна тавассути дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ соли 2018 Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо воҳидҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис дода шуд.
- Дастовардҳои ислоҳоти номбурдаи солҳои охир боиси ба 59 зина баланд шудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди Соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ (аз мавқеи 165-ум дар соли 2015 ба 106-ум ҷой дар соли 2020) ва солҳои 2015 ва 2020 ба рӯйхати «Топ-10» кишвари ислоҳотгари беҳтарин шомил гардидани он замина гузошт.
- Аз соли 2017 инҷониб рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар аз ҷониби ширкатҳои байналмилалии рейтингии «Standard & Poor's» ва «Moody's Investors Service» дар сатҳи «В, бо дурнамои рушди устувор» ва «В-» арзёбӣ ва нигоҳ дошта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар таҷрибаи соҳибистиқлолии худ ба маблағи 500 млн доллари ИМА евробонд интишор карда, ба бозори ҷаҳонии сармоя ворид шуд.
- Ислоҳоти гузаронидашуда ба афзоиши мунтазами шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна аз 206,5 ҳазор адади соли 2015 ба 328 ҳазор адад дар соли 2020 мусоидат намуда, дар натиҷаи он имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД 70 фоиз, дар таъмини шуғли аҳолӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ 80 фоизро ташкил медиҳад.
- Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири молиявӣ дастрасии соҳибкорон ва аҳолӣ ба воситаҳои молиявию қарзии низоми бонкӣ мунтазам тавсеа ёфта, дар соли 2019 ҳаҷми қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ ба иқтисодиёт 9,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2018 25,5 фоиз зиёд аст.
- Тибқи маълумоти оморӣ воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар панҷ соли охир 31,2 млрд сомониро ташкил додааст, ки аз он 14,1 млрд сомонӣ сармоягузории мустақим ва 17 млрд сомонӣ дигар сармоягузориҳо мебошанд.
- Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра асосан ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок 6,7 млрд сомонӣ, саноат 3,5 млрд сомонӣ, энергетика 599 млн сомонӣ, алоқа 99,2 млн сомонӣ, хизматрасонии молиявӣ 71,1 млн сомонӣ, сохтмон 41,7 млн сомонӣ, кишоварзӣ 61 млн сомонӣ, маориф 31,5 млн сомонӣ, ва дигар соҳаҳо 117,3 млн сомонӣ равона шудааст.
- Дар доираи созишномаҳои сармоягузории баимзорасонидашуда ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 10 млрд сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуда, 15 корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
- Дар баробари дастовардҳои қайдгардида нишондиҳандаи ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ нисбат ба ММД дар соли 2019 танҳо 4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба нақшаи пешбинигардида 6 банди фоизӣ ва нисбат ба соли 2015 як банди фоизӣ кам аст.
§ 2. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини раванди рушди устувор
- Хароҷот ба БСД қисми ҷудонашавандаи хароҷоти миёнамуҳлат дар доираи буҷет (минбаъд - ХММДБ) ба ҳисоб меравад. ХММДБ бояд ҳамаҷониба афзалиятнок бошад ва нишондиҳандаҳои банақшагирифташудаи ҳуҷҷатҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ, уҳдадориҳои қарзӣ ва тадбирҳои сиёсати иқтисодиро ба инобат гирад.
- Хароҷоти буҷет рушди иқтисодии банақшагирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи таваррумро барои солҳои минбаъда инъикос менамояд. Дар ин давра афзоиши хароҷоти буҷет, асосан дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни омодагии буҷети кишварро таҳким мебахшад, то ин ки мақсаднокии хароҷот ва назорати хароҷоти маблағҳои буҷетиро, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ҷудо шудаанд, беҳтар намояд.
- Тибқи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи механизми маблағгузорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва мусоидат ба рушди соҳаҳои иқтисод сиёсати макроиқтисодӣ ва тадбирҳои молиявӣ дар давраи миёнамуҳлат ба татбиқи самараноки сиёсат, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, қурби муътадили асъори миллӣ ва сатҳи пасти таваррум равона хоҳад гашт.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои берунаи давлатиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҳар семоҳа маълумотро дар бораи қарзи хориҷӣ дар воситаҳои ахбори омма ҷой медиҳад.
- Дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини раванди рушди устувори иқтисоди миллӣ низоми маҷмӯии банақшагирии стратегӣ фаъол гардида, тамоми соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар бо барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул гардида, дар таъмини рушди бемайлони иқтисодиёти миллӣ дар асоси дурнамосозии макроиқтисодӣ бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ ва барномарезии миёнамуҳлат ва дарозмуддат заминаи устувор гузошта шуд.
- Дар солҳои 2015-2019 рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 1,6 маротиба афзуд.
- Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафу афзалиятҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019-ум 77,4 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли базавӣ (2015) 29 млрд сомонӣ ё 1,6 маротиба (номиналӣ) зиёд мебошад. Дар соли 2020 бошад, бо дар назар доштани паёмадҳои манфии паҳншавии пандемияи коронавирус ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 82,5 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Ҳамчунин, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ дар соли 2020 ба 8765,1 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2015-ум 3087,3 сомонӣ ё 1,6 маротиба афзоиш ёфт.
- Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ сол то сол афзоиш ёфта, аз 16,6 миллиард сомонии соли 2015 ба 29,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 баробар шуд.
- Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ нисбат ба ММД дар соли 2020-ум 30,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда (26%) 4,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
- Тавре аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020 бармеояд, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти дахлдор ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмӯъ татбиқ гардида, заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи кишвар фароҳам оварда шудааст.
- Дар соли 2019 ҳаҷми қарзи берунаи давлатӣ 2925,3 млн доллари ИМА ё 36 фоизро нисбат ба ММД ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2015 (27,9 фоиз) 8,1 банди фоизӣ зиёд аст.
- Сабаби зиёд шудани қарзи беруна ин ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои сармоягузорӣ ба иншооти муҳими афзалияти миллидошта мебошад, ки айни замон мавриди бунёду барқарорсозӣ қарор доранд.
- Дар панҷ соли охир ҳаҷми воқеии ММД нисбат ба нақша барзиёд таъмин гардид. Рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ дар солҳои 2016-2019 асосан аз ҳисоби афзоиши соҳаҳои саноат 1,8 маротиба, кишоварзӣ 1,2 маротиба, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 1,5 маротиба, мусофиркашонӣ 1,2 маротиба, хизматрасониҳои пулакӣ 1,1 маротиба, боркашонӣ 1,2 маротиба ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1,3 маротиба таъмин гардид.
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,7 млрд сомонии соли 2015 то ба 30,8 млрд сомонӣ дар соли 2020 ё қариб 2 маротиба афзудааст, ки дар натиҷа ҳиссаи он дар ММД ба 17,4 фоиз баробар гардида, нисбат ба соли 2015-ум 5,1 банди фоизӣ зиёд шуд.
- Ҳаҷми истеҳсоли семент дар давраи солҳои 2016-2019 3 маротиба, ангишт 1,9 маротиба, калобаи пахтагин 4,4 маротиба, равғани растанӣ 2,2 маротиба ва маҳсулоти қаннодӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфт.
- Ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД дар соли 2020 ба 22,6 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2015 1 банди фоизӣ камтар аст. Ин шаҳодат медиҳад, ки гузаштан аз модели аграрию индустриалӣ ба модели индустриалию аграрӣ бомуваффақият идома ёфта, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
- Дар давоми солҳои 2016 - 2020 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ карда шуда, дар доираи лоиҳаҳои мазкур ба иқтисодиёти мамлакат 2 млрд доллар ИМА ҷиҳати рушди соҳаҳои воқеӣ, бахусус энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкунӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва дигар бахшҳо ҷалб ва аз худ карда шудаанд.
- Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо арзиши умумии 3,5 млрд доллари ИМА, аз ҷумла 1771 млн доллари ИМА дар доираи маблағҳои қарзӣ, 1592 млн доллари ИМА маблағҳои грантӣ, 128 млн доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 36,3 млн доллари ИМА аз дигар сарчашмаҳо мавриди татбиқ қарор доранд.
- Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ то инҷониб (31.12.2020) дар ҳаҷми 1567,8 млн доллари ИМА ё 44,4 фоиз, аз он 745,8 млн доллари ИМА қарз ё 42 фоиз, 751,9 млн доллари ИМА грант ё 47,2 фоиз, 40,2 млн доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё 31,3 фоиз ва 29,8 млн доллари ИМА аз дигар сарчашмаҳо ё 82,2 фоиз аз худ шудааст.
- Дар соли 2020 дар доираи татбиқӣ лоиҳаҳои муштарак 319,5 млн доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,3 млн доллар, қарзи ташкилоти байналмилалии молиявӣ 168 млн доллар, маблағҳои грантӣ 140,9 млн доллари ИМА ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2,2 млн доллар маблағҳо аз худ карда шудааст
- Дар соли 2020 дар соҳаи энергетика ва нақлиёт 207,8 млн доллари ИМА, маориф ва тандурустӣ 42,6 млн доллари ИМА, кишоварзӣ ва обёрӣ 29,9 млн доллари ИМА, обтаъминкунӣ 15,6 млн доллари ИМА ва дигар соҳаҳо – 23,1 млн доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шудаанд.
- Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар давоми солҳои 2016-2020 зиёда аз 5 маротиба зиёд гардида, ба 55 млрд сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 5,5 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ барои зиёда аз 77 ҳазор ҷойи нишаст, иншооти муассисаҳои тандурустӣ барои бештар аз 5 ҳазор ҷойи қабул ва кат сохта, ба истифода дода шудаанд.
- Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 72 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 30 субъект ба МОИ «Суғд», 11 субъект ба МОИ «Панҷ» 25 субъект ба МОИ «Данғара», 1 субъект ба МОИ «Кӯлоб» ва 5 субъект ба МОИ «Ишкошим» рост меояд.
- Дар маҷмӯъ аз аввали фаъолият ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба маблағи зиёда аз 1,9 млрд сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2020 43,3 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
- Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2016-2020 аз 54 фоиз ба зиёда аз 70 фоиз расонида шуд.
- Дар давоми солҳои 2016-2020 ҳамасола зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, дар панҷ соли охир шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд 50 фоиз кам гардид.
- Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди миёнаи меҳнати як корманд 1,2 маротиба зиёд гардид.
- Дар давоми солҳои 2016-2020 аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион ба 9,3 миллион нафар расида, нисбат ба соли 2015 800 ҳазор нафар ё беш аз 9 фоиз афзудааст. Дар соли 2019 дарозумрии миёнаи аҳолӣ то 75 сол боло рафт.
- Тибқи маълумоти расмии соли 2019 шумораи таваллудшудагон ба 231 ҳазор нафар баробар гардид. Коэффитсенти умумии таваллуд ва коэффитсенти умумии фавт мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 25 ва 3,6 нафарро ташкил медиҳад, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани ташвиқу тарғибот оид ба танзими оила, ҳифзи саломатӣ ва корҳои беҳдоштӣ шаҳодат медиҳад.
- Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ба рӯйхати 10 кишвари дорои суръати баланди коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ дар 15 соли охир дохил карда шуд.
- Аз рӯи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардидааст.
- Дар соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Индекси дарозумрии солим ҷои 98-ум, арзёбии малакаҳои рақамии аҳолии калонсол 57-ум ҷойро дар байни 141 кишвари дунё ва аз рӯи арзёбии тафаккури таҳлилӣ дар таълим мавқеи 30-юмро ишғол менамояд.
- Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ мавқеи 2-юм, сифати инфрасохтори роҳ мавқеи 50-ум, самаранокии хизматрасонии роҳи оҳан мавқеи 37-умро дар байни 141 кишвари ҷаҳон ва тибқи Индекси амнияти озуқаворӣ мавқеи 91-умро дар байни 133 кишвари ҷаҳон бо ба даст овардани 42,6 хол аз 78,1 холи бузургтарини имконпазир аз рӯи Шохиси сифати озуқа ишғол менамояд.
- Тибқи таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар соли 2019 Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии самаранокии заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати такмили расмиёти танзими давлатӣ мавқеи 30-юм, сарбории танзими давлатӣ мавқеи 20-ум ва самаранокии қонунгузорӣ барои ҳалли баҳсҳо мавқеи 34-умро дар байни 141 кишвари дунё соҳиб гардид.
- Бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геополитикӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳо ва тағйирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ нишондиҳандаҳои алоҳидаи мақсадноки макроиқтисодӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ карда шуд.
- Барои ноилшавӣ ба ҳадафҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, татбиқи чораҳои ҳавасмандкунии фаъолнокии иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
§ 3. Маълумот доир ба татбиқи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020»
- Ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар шароите, ки маблағгузориҳои дохилии кишвар маҳдуданд, яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад.
- Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда мешавад.
- Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 (минбаъд – БДС 2016-2020) бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва кумаки техникӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №772 тасдиқ карда шудааст.
- Бо мақсади хориҷ намудани лоиҳаҳои татбиқшуда ва ворид намудани лоиҳаҳои афзалиятноки нав мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №381, аз 1 августи соли 2018, №383 ва аз 31 декабри соли 2019, №659 тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд.
- Теъдоди умумии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 бо назардошти ҳамаи тағйиру иловаҳои воридкардашуда 1210 адад буда, арзиши умумии лоиҳаҳо 39,7 млрд доллари ИМА, аз ҷумла лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон муайян 341 адад (28,2 фоиз) бо арзиши 8,9 млрд долларро ташкил намуд ( мутобиқи замимаи 2).
- Аз теъдоди умумии лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон муайян дар доираи барномаи мазкур 80 лоиҳа ба анҷом расидааст, ки аз он 41,3 фоизи арзиши умумии лоиҳаҳо ба бахши энергетика, 39,8 фоиз ба бахши нақлиёт, 8,8 фоиз ба бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, 5,5 фоиз ба бахши маориф, 2 фоиз ба бахши обу коррезӣ, 1,6 фоиз ба бахшҳои дигар ва танҳо 1 фоиз ба бахши идоракунии иқтисодиёт рост меояд (мутобиқи замимаи 3).
- Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 70 адад (29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 39,9[1] млрд сомонӣ (3,53 млрд доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
- Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 20,0 млрд сомонӣ (1,77 млрд доллар) ё 50,2 фоиз, маблағҳои грантӣ 18,1 млрд сомонӣ (1,6 млрд доллар) ё 45,1 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,45 млрд сомонӣ (128,5 млн доллар) ё 3,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 410,2 млн сомонӣ (36,3 млн доллар) ё 1 фоизро ташкил медиҳад.
- Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад:
- Бонки Осиёии Рушд 856,1 млн доллар ё 24,3 фоизи маблағи умумии портфел;
- Бонки Умумиҷаҳонӣ 757,0 млн доллар ё 21,5 фоиз;
- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 638,6 млн доллар ё 18,1 фоиз;
- Ҷумҳурии Халқии Хитой 331,4 млн доллар ё 9,4 фоиз;
- Бонки Исломии Рушд 163,3 млн доллар ё 4,6 фоиз;
- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ 117,9 млн доллар ё 3,3 фоиз;
- Фонди Саудии Рушд 90,0 млн доллар ё 2,6 фоиз;
- Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 млн доллар ё 2,5 фоиз;
- Фонди ОПЕК 72,0 млн доллар ё 2 фоиз;
- Бонки Олмонии Рушд 55,4 млн доллар ё 1,6 фоиз;
- Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 53,1 млн доллар ё 1,5 фоиз;
- дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ё давлатҳои донор 140,7 млн доллар ё 4 фоиз;
- саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 128,5 млн доллар ё 3,6 фоиз;
- дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғ.) 36,3 млн доллар ё 1 фоиз.
- Дар соли 2020 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3,6 млрд сомонӣ (319,5 млн доллар) аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 92 фоизи нақшаи молиявии солона (нақшаи молиявии солонаи 2020 – 3,9 млрд сомонӣ ё 346,5 млн доллар) баробар аст, аз ҷумла дар соҳаҳои:
- энергетика дар доираи 10 лоиҳа 136,6 млн доллар (1,5 млрд сомонӣ) ё 106 фоизи нақшаи молиявии соли 2020;
- нақлиёт дар доираи 12 лоиҳа 71,3 млн доллар (805,7 млн сомонӣ) ё 94 фоизи нақша;
- маориф дар доираи 5 лоиҳа 23,1 млн доллар (261,0 млн сомонӣ) ё 95 фоизи нақша;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 20 лоиҳа 22,0 млн доллар (248,6 млн сомонӣ) ё 72 фоизи нақша;
- тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи 6 лоиҳа 19,7 млн доллар (222,6 млн сомонӣ) ё 113 фоизи нақша;
- кишоварзӣ ва обёрӣ/ обтаъминкунӣ дар доираи 7 лоиҳа 30 млн доллар (337,9 млн сомонӣ) ё 102 фоизи нақша;
- экология ва ҳолатҳои фавқулода дар доираи 5 лоиҳа 12,8 млн доллар (144,6 млн сомонӣ) ё 52 фоизи нақша;
- дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғайра) дар доираи 5 лоиҳа 4,1 млн доллар (46,3 млн сомонӣ) ё 30 фоизи нақша, аз худ карда шудааст.
- Дар БСД сарчашмаи маблағгузории 341 лоиҳа ба маблағи умумии 8,9 млрд доллари ИМА муайян буда, вобаста ба татбиқи 191 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалии молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардидааст ва гуфтушунидҳо дар ин самт идома доранд (Замимаи №4).
- Дар доираи БДС 2016-2020 (лоиҳаҳои қарзӣ ва грантӣ) дар давоми солҳои 2016 - 2020 аз рӯи таҳлилҳо маблағи зиёда аз 3,6 млрд доллари ИМА аз худ карда шудааст.
- Дар БДС 2016-2020 тақсимоти лоиҳаҳо аз рӯи маблағгузорӣ ба ду ҷадвал, аз ҷумла ба лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон қарзӣ (ҷадвали ҷамъбастии №3 БДС 2016-2020) ва гранту кумаки техникӣ (ҷадвали ҷамъбастии №4 БДС 2016-2020) роҳандозӣ карда шудаанд. Қисми зиёди лоиҳаҳо ба ҷадвали ҷамъбастии №4, яъне лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникии наву амалкунанда барои солҳои 2016-2020 ворид карда шудаанд, ки ҷалби грант ва кумакҳои техникиро тақозо менамояд.
- Аксари лоиҳаҳо ҳангоми дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ тибқи талаботи институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд аз қарзу грант ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мегарданд.
- Сарчашмаи маблағгузории лоиҳа аз ҷониби мақомоти соҳавие, ки дархости лоиҳавӣ пешниҳод менамояд, муайян мегардад.
- Баъзе лоиҳаҳое, ки сарчашмаи муайяни маблағгузорӣ доранд, аз марҳилаи дарёфти сармоягузор ба гурӯҳи лоиҳаҳои амалкунанда ворид мегарданд.
- Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии сармоягузории БДС 2016-2020 якҷо бо Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ чораҳои судманд андешида шуд.
- Дар давраи солҳои 2016-2020 як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ бо шарикони рушд ва институтҳои молиявӣ ба имзо расонида шудаанд. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 112 адад созишномаҳои қарзию грантӣ ба маблағи умумии 2757,31 млн доллари ИМА аз рӯи 93 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба имзо расонида шудаанд, ки аз он ҳаҷми маблағҳои қарзӣ 1416,23 млн доллари ИМА, маблағҳои грантӣ 1341,08 млн доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
- Сармоягузорони асосии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ тибқи созишномаҳои сармоягузорӣ Бонки Осиёии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд ва ғайраҳо ба шумор мераванд.
- Аз ҷониби ташкилоти чамъиятии рушд аз қабили ЮНИСЕФ, JICА, GIZ ва ғайраҳо лоиҳаҳои хурдҳаҷми соҳаҳои гуногун бевосита татбиқ гардида истодаанд.
- Таҳлили сохтори соҳавии лоиҳаҳои «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» нишон медиҳад, ки аз шумораи умумӣ (1210 лоиҳа), 869 адад ба маблағи умумии 30,8 млрд доллари ИМА (72 фоиз аз теъдоди умумӣ) лоиҳаҳои сармоягузорӣ сарчашмаи маблағгузории худро аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дарёфт карда натавонистанд. Аз ҷумла 115 лоиҳа ба бахши нақлиёт (52 фоизи аз арзиши умумии лоиҳаҳо), 92 лоиҳа ба бахши энергетика (33 фоиз), 133 лоиҳа ба бахши кишоварзӣ ва обёрӣ/ обтаъминкунӣ (7,4 фоиз), 276 лоиҳа ба бахши обу корезӣ (3,6 фоиз), 78 лоиҳа ба бахши мултисектору соҳаҳои дигар (1,7 фоиз), 95 лоиҳа ба бахши маориф (1,7 фоиз), 73 лоиҳа ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (0,7 фоиз) ва 7 лоиҳа ба бахши идоракунии иқтисодиёт (0,2 фоиз) рост меоянд.
- Гарчанде аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи БДС 2016-2020 як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор сабабҳо ба татбиқи самараноки барнома таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷумла:
- 98 фоизи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба БДС 2016-2020 бинобар сабаби дарёфт нагардидани сарчашмаи маблағгузориҳо аз барномаҳои қаблӣ кучонида шудаанд;
- сарфи назар аз тартиби муқарраргардида аксари вазорату идораҳо ҳангоми вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаҳои ба БДС вориднашударо ба сармоягузорон пешниҳод менамоянд, ки барои самаранок татбиқ намудани барнома монеа эҷод менамояд;
- баъзе лоиҳаҳои хурду миёна бо номҳои шабеҳ берун аз БСД татбиқ мегарданд, ки аз мониторинги рафти татбиқи онҳо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълумот надоранд. Дар натиҷа дар БСД лоиҳаҳое, ки бо номгузориҳои дигар берун аз он татбиқ мешаванд, солҳои тулонӣ боқӣ монда, такрор мешаванд ва афзалияти худро гум мекунанд.
- БСД бо мақсади дарёфти сарчашмаи маблағгузории хориҷӣ ва дохилӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорие, ки сарчашмаи маблағгузории он муайян намебошад, таҳия мегардад. Мафҳуми сармоягузорӣ тибқи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби сармоягузор дар шакли дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ гузоштани сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани фоида мебошад.
- Ҷадвали ҷамъбастии №4 БСД 2016-2020 аз бахши сохтмони асосӣ иборат буда, танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби фармоишгарон, яъне вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истифода додани фондҳои асосӣ ва иқтидорҳо амалӣ мегардад.
- Ҳамасола бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор, нишондиҳандаҳои сармоягузориҳои асосии мутамарказ барои солҳои дахлдор муайян мегардад. Дар асоси нишондиҳандаҳои муайяншуда, аз ҷониби фармоишгарон номгӯи иншооти дар соли дахлдор дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоқикистон таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоқикистон барои маблағгузорӣ пешниҳод мешаванд.
- Заминаи моддию техникии воҳиди сохтории дахлдори дастгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоқикистон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таҳия, мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ беҳбудиро тақозо менамояд.
- Бо дарназардошти масъалаҳои мавҷуда ва таҷрибаи андухта аз татбиқи барномаҳои қаблии сармоягузориҳои давлатӣ ҷиҳати такмил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани низоми таҳия, мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи босамари Барнома роҳандозӣ намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
- ҳангоми ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 афзалият дода шавад;
- ҳангоми таҳияи лоиҳаи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ лоиҳаҳои такроршуда ва афзалияти худро гумкарда аз барномаҳои қаблӣ ба инобат гирифта нашаванд;
- бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд маҳзани электронии маълумоти лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ва Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ ташкил карда шавад;
- феҳристи электронии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, лоиҳаҳои қарзию грантӣ ва грантиву кумаки техникӣ таҳия ва ҷорӣ карда шавад;
- бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд низоми автоматии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад;
- заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии воҳиди сохтории дахлдори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шавад.
3. ДУРНАМОИ БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025
§ 1. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ
- БСД 2021-2025 898 лоиҳаро ба маблағи умумии 19,1 млрд доллари ИМА дар бар гирифта, аз ҷумла аз 62 лоиҳаи нав ба маблағи 540,6 млн доллар ва 836 лоиҳаи гузаранда аз «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ба маблағи умумии 18,6 млрд доллари ИМА иборат мебошад.
- Аз 898 лоиҳа, аз ҷумла 64 лоиҳа ба бахши энергетика (7 824 млн доллар ё 41 фоиз), 103 лоиҳа ба бахши нақлиёт ( 4 507 млн доллар ё 24 фоиз), 135 лоиҳа ба бахши кишоварзӣ ва обёрӣ/обтаъинкунӣ (2 481 млн доллар ё 13 фоиз), 272 лоиҳа ба бахши обу корезӣ (1 222 млн доллар ё 6 фоиз), 121 лоиҳа ба соҳаҳои дигар (1 394 млн доллар ё 7 фоиз), 92 лоиҳа ба бахши маориф ва илм (821,4 млн доллар ё 4 фоиз), 88 лоиҳа ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (589,9 млн доллар ё 3 фоиз), 15 лоиҳа ба бахши идоракунии иқтисодиёт (245,5 млн доллар ё 1 фоиз) ва 7 лоиҳа ба бахши савдо ва хизматрасонӣ (23,6 млн доллари ё 0,1 фоиз) рост меояд.
- Аз рӯи сохтори минтақавӣ Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, аз 898 лоиҳа 160 лоиҳа бо маблағи умумии 5 429 млн доллар ё 28,5 фоиз ба вилояти Суғд (аз рӯи маблағ), 334 лоиҳа бо маблағи умумии 4 856 млн доллар ё 25,5 фоиз ба вилояти Хатлон, 218 лоиҳа ба маблағи умумии 3937 млн доллар ё 21 фоиз ба лоиҳаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, 107 лоиҳа бо маблағи умумии 2 855 млн доллар ё 15 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 43 лоиҳа бо маблағи умумии 1 206 млн доллар ё 6 фоиз ба ВМКБ ва 36 лоиҳа бо маблағи умумии 738 млн доллар ё 3,8 фоиз ба шаҳри Душанбе рост меояд.
- Аз рӯи сохтори минтақавӣ 62 лоиҳаи нави сармоягузории Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, аз ҷумла 26 лоиҳа ба маблағи умумии 283653 ҳазор доллари ИМА ё 52,5 фоиз (аз рӯи маблағ) ба лоиҳаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, 13 лоиҳа бо маблағи умумии 116977 ҳазор доллар ё 21,6 фоиз ба вилояти Суғд, 13 лоиҳа бо маблағи умумии 73955,40 ҳазор доллари ИМА ё 13,7 фоиз ба вилояти Хатлон, 7 лоиҳа бо маблағи умумии 50734 ҳазор доллари ИМА ё 9,4 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 2 лоиҳа бо маблағи умумии 11880,9 ҳазор доллари ИМА ё 2,2 фоиз ба шаҳри Душанбе ва 1 лоиҳа бо маблағи умумии 3 407 ҳазор доллари ИМА ё 0,6 фоиз ба ВМКБ рост меояд.
§ 2. Манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ
- Манбаъҳои маблағгузорӣ барои сармоягузориҳои давлатиро фондҳои шарикони рушд, буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои молиявии дохилию беруна ташкил медиҳанд.
- Дар БСД лоиҳаҳои қарзӣ ва лоиҳаҳои грантӣ дар доираи се бахш гурӯҳбандӣ шудаанд:
- лоиҳаҳое, ки маблағгузориашон тасдиқ шудааст (бо сармоягузорон созишномаҳо имзо шудаанд);
- лоиҳаҳое, ки маблағгузории як қисмашон муайян шудааст ё лоиҳаҳое, ки дарёфти манбаи маблағгузориашон идома дорад (шумораи ками онҳо дар марҳилаи гуфтушунид бо донорҳои муайяншуда қарор доранд);
- лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникии амалкунанда ва нав пешниҳодшуда, ки дар хусуси маблағгузории онҳо гуфтушунид нашудааст.
- Бо мақсади гурӯҳбандии лоиҳаҳо, ҳар лоиҳаи сармоягузорие, ки дар қисми Б «Лоиҳаҳои қарзӣ ва грантӣ»-и БСД 2021-2025 ворид мегардад, бо рамз чунин ишора карда мешаванд:
- идоракунии иқтисодиёт – ЕСМ;
- кишоварзӣ – AGR;
- обёрӣ – IRW;
- таъминоти об ва корезӣ – WSS;
- энергетика – ENE;
- нақлиёт – TRA;
- экология - ECO;
- маориф – EDU;
- тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – HEA;
- савдо ва хизматрасонӣ – STUR;
- дигар соҳаҳо - MUL.
- БСД дар асоси талаботи «Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 тасдиқ шудааст, таҳия мегардад.
- Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи БСД Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба арзёбии дархостҳои лоиҳавии сармоягузорӣ бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода мешавад.
- Аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаҳои сармогузории давлатӣ ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи БСД пешниҳод карда мешаванд.
- Гурӯҳи корӣ дархостҳои лоиҳавии сармоягузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро бо дар назар доштани ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, барномаҳои соҳавии рушд, барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода ба Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ пешниҳод менамояд.
- Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро баррасӣ ва интихоб менамояд.
- Лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ баъд аз гузаронидани омузиш, баҳодиҳӣ ва қарори қабулшудаи Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ба БСД ворид гардида ҳамчун лоиҳаҳои афзалиятнок ҳисобида мешаванд.
§ 3. Лоиҳаҳои қарзию грантӣ, грантӣ ва кумаки техники БСД 2021-2025
- Лоиҳаҳои қарзию грантӣ, грантӣ ва кумаки техникии БСД дар маҷмӯъ 898 лоиҳаро ба маблағи умумии 19,1 млрд доллари ИМА дар бар гирифта ба ду қисм (А ва Б) ҷудо мегардад.
- Қисми А лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникӣ буда, аз 807 лоиҳа иборат мебошад, ки маблағи умумии он 12,1 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Дар раванди ҷудо намудани лоиҳаҳо ба соҳаҳо, ки дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникӣ сурат мегирад, ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, обу корези шаҳрӣ 1,9 млрд доллари ИМА рост меояд, ки 19,8 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникиро дар бар мегирад.
- Ба соҳаи идоракунии иқтисодӣ 249 млн доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки 2 фоизи маблағи лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникиро ташкил медиҳад ва маблағгузории мазкур ба ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ташкили иқтидор оид ба идоракунии иқтисодиву молиявӣ, инчунин идоракунии андоз пешбинӣ шудааст.
- Ба соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёт 7,6 млрд доллари ИМА рост меояд, ки 63,5 фоизи маблағи умуми лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникиро дар бар мегирад.
- Лоиҳаҳои сармоягузории соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ/обтаъминкунӣ, савдо ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо 2,2 млрд доллари ИМА буда 18,3 фоизи маблағи умуми лоиҳаҳои грантӣ ва кумаки техникиро ташкил медиҳад.
- Қисми Б - лоиҳаҳо қарзию грантӣ буда, аз 91 лоиҳа иборат мебошад, ки маблағи умумии он 7 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Барои панҷ соли пешбинишуда дар доираи лоиҳаҳо қарзию грантӣ маблағгузорӣ дар ҳаҷми 2,17 млрд доллари ИМА дар назар дошта шудааст.
- Тавре таҳлили сохтори соҳавии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории қарзию грантӣ нишон медиҳад, 65 фоизи маблағҳо ба соҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт рост омада, соҳаҳои мазкур асоси лоиҳаҳои давраи 5-соларо ташкил медиҳанд. Инфрасохторе, ки дар ҳолати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад, ба баланд шудани маҳсулнокӣ ва рушди иқтисодии тамоми соҳаҳо, таъмини дастрасӣ ба бозорҳо, ба баланд шудани рақобатпазирӣ ва фаъол гардидани бахши хусусӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
- Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 рушди инфрасохтор дастрасии аҳолии камбизоатро ба об, қувваи барқ ва нақлиёт тавсеа бахшида, сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд менамояд.
- Лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, таъминоти об ва корезӣ 2,6 млрд доллари ИМА ё 13,5 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои навро ташкил медиҳанд.
- Лоиҳаҳои сармоягузории соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ ва дигар соҳаҳо 4,2 млрд доллари ИМА ё 21,5 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳанд.
4. Афзалиятҳои рушди бахшҳои иқтисодиёти Миллӣ
§1. Кишоварзӣ ва обёрӣ
- Таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, баланд гардидани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
- Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи назаррасро ташкил дода, қариб 2/3 ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии амалкунандаи ҷумҳурӣ корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд.
- Кишоварзӣ соҳаи аз ҳама бештар истеъмолкунандаи об ба ҳисоб меравад, ки ба он қариб 94% захираҳои истифодашавандаи об рост омада, 90% маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар заминҳои обёришаванда истеҳсол карда мешаванд.
- Иншооти гидротехникӣ ниҳоят фарсуда гардида, ҳавзҳои калони об, ҷӯйбору новҳое, ки ҳолати мелиоративии даҳҳо ҳазор гектар заминҳои обёришаванда аз онҳо вобастаанд, ба таваҷҷӯҳи махсус ниёз доранд, аз нарасидани воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳои заминкан танқисӣ мекашанд.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ:
- афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ;
- баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ;
- таъмини амнияти озуқавории кишвар;
- беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин базаи моддӣ- техникии ташкилоти соҳа;
- вобаста намудани иншооти дохилихоҷагӣ ба тавозуни Ассосиатсияи истифодабарандаи об;
- бо мақсади рӯйпуш намудани хароҷоти аслии соҳа давра ба давра баланд бардоштани тарифҳои ҳаққи хизматрасонии об.
- Тадбирҳои сиёсати соҳаи объёрӣ инҳо мебошанд:
- барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии аз фаъолият бозмондаи соҳа;
- беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, пешгирӣ аз шусташавӣ ва ҳифзи замин, азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт берунмонда;
- ташкил ва тақвият бахшидани фаъолияти Ассосиатсияи истифодабарандаи об;
- дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об марҳила ба марҳила гузариш аз усули идоракунии маъмурӣ ба усули идоракунии ҳавзавӣ ва гузариши пардохти маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ба низоми ғайринақдӣ, низоми биллингӣ;
- азхудкунии заминҳои нави обёришаванда;
- тамдид намудани муҳлати тарифҳои имтиёзноки неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ;
- ҷорӣ намудани тарифҳои ягонаи неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ;
- тибқи шартнома ва дар асоси дархост таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ;
- ба низом даровардани тақсимоти истифодаи оқилонаи об;
- гузаронидани баруйхатгирии ҳолати воқеии иншооти обёрӣ.
§2. Соҳаи энергетика
- Соҳаи энергетика яке аз соҳаи афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар ба шумор рафта, дар пешбурди фаъолияти иқтисодӣ ва қонеъ кардани ниёзҳои аввалияи аҳолӣ нақши ҳалкунанда дорад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори назарраси онро асоси рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар арзёбӣ менамояд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи манбаъҳои гидроэнергетикӣ буда, манбаи асосӣ ва базавии сарчашмаҳои энергетикии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки захираҳои потенсиалии солонаи онҳо 527 млрд кВт/соат, аз ҷумла, потенсиали гидороэнегетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок – 317 млрд кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад ва айни замон танҳо 6 фоизи ин захираҳо аз худ карда шудаанд.
- Манбаъҳои дигари истеҳсоли энергия, ба мисли манбаъҳои энергияи офтобӣ ва бодӣ, энергияи аз партовҳо истеҳсолшаванда метавонанд тақрибан 10%-и талаботи ҷумҳуриро бо нерӯи барқ қонеъ гардонанд.
- Рушди комплекси сӯзишворӣ – энергетикӣ тибқи нақшаи стратегии беҳдошти ҳолатҳои умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин мақсадҳо, ба монанди бунёди шабакаҳои барқӣ, таҷдид ва азнавсозии инфрасохтори мавҷудаи энергетикӣ, гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ, коркарди конҳои нави нафту газ, такмили технологияи истеҳсолу коркарди ангишт, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва афзоиши содироти нерӯи барқ равона карда шудааст.
- Рушди соҳаи энергетика ба бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, шабакаҳои барқии аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, азнавсозии иқтидорҳои амалкунанда ва шабакаҳои мавҷудбуда асос меёбад.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи энергетика:
- сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншоот, анҷоми лоиҳаҳои амалкунанда ва пешниҳоди лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши энергетика;
- сохтмони инфрасохтори зарурии барқӣ барои таъмини тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқ;
- истифодаи васеи технологияҳои муосири каммасраф ва сарфакунандаи энергия;
- ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии неруи барқ.
- Дар соҳаи энергетика роҳандозӣ намудани тадбирҳои сиёсиву сармоягузории зерин дар назар аст:
- таъмини амнияти энергетикӣ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ;
- ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони энергияи барқ;
- бунёд, таҷдид ва азнавсозии инфрасохтори гуногуни мавҷудаи энергетикӣ;
- коҳиш додани талафоти нерӯи барқ;
- истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва баҳисобгирии неруи барқ ё рақамикунонии соҳа;
- ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ.
§3. Бахши нақлиёт
- Бахши нақлиёт яке аз соҳаҳои стратегии кишвар эълон карда шуда, аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, инчунин, хоҷагии роҳҳои автомобилгард иборат мебошад.
- Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро куҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ хусусан, дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ, фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат ва истифодаи имкониятҳои транзитии кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, ки робитаи доимии байни марказ ва минтақаҳои ҷумҳуриро таъмин мекунанд, аҳамияти махсус дода мешавад.
- Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ дар тавозуни Вазорати нақлиёт ҳамагӣ 14339 километрро ташкил дода, бо мурури замон бисёре аз онҳо сифати техникии худро гум кардаанд. Аз ин лиҳоз, барои сохтмон, таъмир ва барқарорсозии роҳҳо маблағҳои зиёде ҷудо гардида истодаанд, ки ҳиссаи назарраси онҳоро сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
- Шабакаҳои роҳи оҳан дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамчун омили муҳими сохтори нақлиётии кишвар муайян гардидаанд. Дар ин самт ба сохтмони хатҳои нави роҳҳои оҳан, ки марказро бо минтақаҳои муҳими стратегии ҷумҳурӣ ва шабакаҳои роҳҳои оҳани мамлакатҳои ҳамсоя мепайванданд, аҳамияти махсус дода мешавад.
- Дар марҳилаҳои минбаъда ба шоҳроҳи асосии гузариши транзитии интиқоли байналмилалӣ табдилдиҳии кишвар самти асосии равобити байналмилалии нақлиётӣ арзёбӣ гардидааст.
- Сохтмон ва барқарорсозии роҳҳо, купрукҳо ва нақбҳо қариб, ки дар ҳама самтҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодаанд, ки барои мубаддал ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва рушди фаъоли ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.
- Бо мақсади татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳҳо барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётӣ равона гардидаанд.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи нақлиёт:
- идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорати давлатӣ ва батанзимдарории фаъолияти нақлиёт;
- фароҳам овардани шароит барои бехатарии фаъолияти нақлиёт;
- таҳияи нақшаи рушди соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатии миллӣ ва байнидавлатию соҳавӣ;
- банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатнок ва самаранокии кори системаи нақлиётӣ мусоидат менамояд;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва такмили захираҳои табиӣ мутобиқи фаъолияти соҳаи нақлиёт;
- татбиқи сиёсати сармоягузорӣ, тарифӣ ва фаъолияти илмию техникии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;
- сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ;
- зиёд намудани ҳаҷми боркашониҳои байналмилалии нақлиётӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди комплекси нақлиётӣ, ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ.
§4. Маориф ва илм
- Соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки рушди иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.
- Соли 2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 662 адад расида, 107 адади он хусусӣ мебошанд.
- Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таҳсилоти умумӣ имконият медиҳад, ки майли эҷодӣ ва қобилияти кӯдакон инкишоф дода шавад.
- Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бояд ҳамасола на камтар аз 20% кормандони соҳаи маориф ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Аз шумораи умумии кормандон дар маҷмӯъ 589 нафар омӯзгор ҳамасола (бахусус дар ВМБК ва НТҶ) бо сабаби нарасидани маблағгузорӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта намешаванд.
- Муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои таълимӣ дар муассисаҳои такмили ихтисос ба баланд гардидани сифати курсҳои такмили ихтисос, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ, дарсҳои амалӣ, таҳқиқотҳои илмӣ дар самти такмили ихтисос, омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ташаккули маҳорати касбии омӯзгорон дар истифодаи технологияи таълими фаъол ва таҷрибаи кор бо таҷҳизоту асбобҳои озмоишгоҳҳо асос шуда метавонад.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи маориф ва илм:
- таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот;
- беҳтар намудани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо;
- таҳким бахшидани самаранокии низоми идоракунии соҳаи маориф;
- баланд бардоштани устувории молиявӣ ва самаранокӣ дар соҳаи маориф;
- ташкил ва рушди шабакаи касбии миллии таҳқиқот ва ихтирооти илмӣ-техникӣ бо такя ба технологияҳои сарфакунандаи захираҳо дар шароити барзиёдии неруи корӣ ва минтақаи куҳӣ.
§5. Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Пастравии истеҳсолот, сатҳи пасти заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, норасогии кадрҳо, мушкилоти молиявӣ ва масъалаҳои дигар низоми хизматрасонии тиббиро боз ҳам коста гардонид.
- Соҳаи тандурустӣ асосан аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешавад. Инчунин дар доираи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва муштарак аз ҷониби як қатор ташкилоти байналмиллалӣ дастгирӣ меёбад.
- Системаи маблағгузории тандурустӣ нобаробар буда, ба талаботи аҳолӣ ва соҳа ҷавобгӯ нест. Пастравии мақоми тандурустӣ дар байни аҳолӣ ва пастшавии сифати хизматрасонии тиббӣ гузаронидани ислоҳоти соҳаи тандурустиро тақозо дорад.
- Бад шудани вазъияти эпидемиологӣ вобаста ба бемориҳои сироятӣ ба қадри кофӣ дастрасӣ надоштани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ алоқаманд аст. Дар айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои молиявӣ як қатор лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
- такмили низоми расонидани КАТС, ки ба принсипҳои тибби оилавӣ асос ёфтааст;
- ҳамоҳангсозии афзалиятҳои ислоҳоти соҳаи тандурустӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба рушди тандурустии ҷамъиятӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ (махсусан табақаҳои камбизоати аҳолӣ) ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ;
- такмили барномаҳои дорусозӣ ва огоҳсозии аҳолӣ;
- беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар миқёси ҷамоатҳо, рушди ташаббусҳо дар таъмини амнияти модар ва кӯмаки перинаталии самаранок, ҳамгироии барномаҳои солимии модару кӯдак дар барномаҳои тибби оилавӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани стратегияи ислоҳот ва рушди институтсионалии тандурустии ҷамъиятӣ;
- рушди хадамоти тандурустии ҷамоавӣ ва ҷамъиятӣ (КАТС, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иттилооти тиббӣ) ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ, инчунин, ҷомеаи маҳаллӣ бо иштироки аҳолӣ дар сатҳи фардӣ, оилавӣ, ҷамоатҳо;
- ташкили Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ бо мақсади татбиқу мониторинги барномаҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва маҳаллӣ;
- ислоҳоти системаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ;
- таҳия ва татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои минтақаҳои таҷрибавии кишвар;
- ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор оид ба паст кардани сатҳи фавти модарон ва фавти кӯдакон ба 2/3 ҳисса;
- пешгирии паҳншавии ВНМО/БПНМ ва кам кардани бемории сил;
- аз нав дида баромадани мақом ва вазифаҳои муассисаҳои КАТС;
- рушди заминаи клиникии омодасозии табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ;
- аз нав ташкил кардан ва модернизатсияи хизматрасониҳои тиббӣ барои тақсими баробари захираҳо ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳо барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар заминаи марказҳои солимии деҳот, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ;
- ҳамгироии барномаҳои махсуси амудӣ дар системаи таъмини ёрии тиббӣ, ҳамгироии се ихтисоси асосии тиббӣ (терапия, педиатрия, акушерию гинекологӣ) дар як воҳиди муташаккили кӯмаки аввалияи тиббӣ;
- таҳияи системаи мониторинг ва баҳодиҳии сифати хизматрасониҳои КАТС;
- гузаронидани доираи васеи чорабиниҳо оиди татбиқи сиёсати маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар доираи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб додани барномаҳои алоқаи коммуникатсионии муассисаҳои КАТС таҳия ва татбиқи механизм, ки ба дастгирии хадамоти КАТС аз тарафи муассисаҳои госпиталӣ тааллуқ дорад.
§6. Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегия ва барномаҳои муайянкунандаи сиёсати рушди ояндаи мамлакат татбиқ карда мешаванд.
- Ба ташаккул ёфтани заминаи ҳуқуқӣ, таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои гуногуни рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ айни замон заминаи воқеии таъминкунандаи фаъоли иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ва фаъолнокии онҳо дар бозори меҳнат фароҳам омадааст.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши босуръати табиии аҳолии мамлакат дорои захираҳои барзиёди меҳнатӣ мебошад.
- Бо назардошти ҳамбастагӣ бо равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ равандҳои демографӣ барои пешгӯӣ, муайян ва қонеъ намудани талаботи воқеии вазъи бозори меҳнат ва танзими масъалаҳои шуғл дар ҷумҳурӣ хеле муҳим мебошанд.
- Тибқи пешгӯиҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то соли 2030 аҳолии ҷумҳурӣ батадриҷ афзоиш ёфта, ба 11,5 млн нафар хоҳад расид, ки афзоиши чашмдошти шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидани рушди иқтисодӣ имконият фароҳам меоварад.
- Барои паст намудани шуғли ғайрирасмӣ, шинос кардани шаҳрвандон бо меъёрҳо ва принсипҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии электронии шартномаҳои коллективии меҳнатӣ, механизми татбиқи ҳуқуқҳои муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омӯзондани корфармоён, кормандони ташкилоту муассисаҳо дар самти бастан ва бақайдгирии шартномаҳои коллективии меҳнатӣ самаранок мебошад.
- Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ дар ташкилоту корхонаҳо ташкили лабораторияи сайёр барои муайян намудани ченаки шароити ҷойҳои корӣ зарур мебошад.
- Вазифа ва афзалиятҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
- давра ба давра ба танзим даровардани институти «Бозори мардикор» ва барасмиятдарории шуғли ғайрирасмии шаҳрвандони бекор;
- баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолии қобили меҳнат;
- паст намудани шиддати бекорӣ дар Ҷумурии Тоҷикистон;
- паст намудани шуғли ғайрирасмӣ;
- баланд бардоштани фаъолнокии шаҳрвандоне, ки муваққатан дар ҷустуҷӯйи кори расмӣ мебошанд;
- беҳтар намудани некӯаҳволӣ ва саломатии шаҳрвандон;
- кам намудани шумораи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайраҳо;
- ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайвасткунонии дастгоҳи марказии вазорат бо шабакаи дохилӣ ва байниидоравӣ;
- ҷалби то 85 фоизи шаҳрвандон ва кормандони қобили меҳнат ба шуғли расмӣ ва фаро гирифтани қариб 90 фисади кормандону корфармоёнро бо чорабиниҳои таълимӣ;
- таёр кардани мутахассисони сатҳи аввалия то 90 фоиз (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ);
- ба роҳ мондани омори дақиқи муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа.
§7. Cоҳаҳои дигари афзалиятнок
- Бахши молия соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ буда, ҳамчун низоми таъминкунандаи суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, инчунин маблағгузори эҳтиёҷоти соҳаҳои воқеӣ барои таъмини саноатикунонии босуръати кишвар баромад мекунад. Дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низоми бонкӣ бартарӣ дошта, зиёда аз 96 фоизи дороиҳои молиявӣ ба он рост меояд.
- Бо мақсади арзёбии мунтазами суботи макроиқтисодию молиявии кишвар, баррасии хавфҳои маҷмӯии низоми молиявӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати таъмини устувории низоми молиявӣ Шӯрои миллии суботи молиявӣ фаъолият менамояд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст намудани таъсири омилҳои берунӣ, дастгирии бахши бонкӣ ва хусусӣ барномаҳои мушаххас қабул ва амалӣ намуда, нишондиҳандаҳои молиявӣ, макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба андозае дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудаанд.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи молия:
- таъмин кардани самаранокии идораи молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;
- баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва қобилияти пешгӯии низоми андоз ва такмили маъмурикунонии он;
- таъмини устувории молиявӣ ва рушди босуръати иқтисодиёт;
- таъмини сатҳи устувори таваррум дар ҳудуди 7 фоиз +/- 2;
- зиёд намудани дороиҳои бахши молиявӣ то 40 фоизи ММД;
- афзоиш додани ҳиссаи дороиҳои бахши бонкӣ то 35 фоизи ММД, ташкилоти ғайрибонкии молиявӣ то 5-10 фоизи ММД.
- Иқтисоди рақамӣ тақозои муҳими рушди даврони муосир мебошад. Бинобар ин, самти асосии рушди минбаъдаи институтсионалии кишвар табодули рақамӣ мебошад, ки барои ташкили иқтисоди рақамӣ заминаи муосири меъёрию ҳуқуқӣ, низоми нави самараноки идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва механизми нави ҳамкории шабакавӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ тақозо мекунад.
- Ташаккули заминаи ғайрирақамӣ (заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва манбаъҳои молиявӣ) ва рақамӣ (Интернети фароҳмавҷ ва технологияҳои рақамӣ)-и табоддулоти рақамӣ дар кишвар ислоҳи афзалиятҳо ва тадбирҳои дар СМР-2030 пешбинишударо тақозо менамояд.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ:
- ташаккули заминаи ғайрирақамӣ барои мусоидат ба иқтисоди рақамӣ;
- таҳким бахшидани заминаҳои рушди иқтисоди рақамӣ;
- тақвият додани низоми таҳсилот барои рушди малакаҳои рақамӣ дар байни кормандони идоракунӣ ва аҳолӣ;
- дигаргунсозии соҳаҳои пешбари иқтисод, ки рақамисозии он метавонад ба сатҳу сифати фаъолияти дигар соҳаҳои иқтисод таъсир дошта бошад;
- таъмини идоракунии давлатӣ ва раванди танзим дар соҳа дар асоси рақобати одилона, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бахши хусусӣ;
- дар сохтори мақомоти идоракунии давлатӣ таъсис додани механизми самараноки ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи иқтисоди рақамӣ.
- Ислоҳот дар соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалятноки иқтисодӣ идома ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ оид ба батанзимдарории фаъолият такмил ёфта, инфрасохтор ва шароит барои қабули меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ беҳтар шуда истодааст. Ҳамзамон, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро барои рушди саноати сайёҳӣ ва барои афзоиши даромадҳои аҳолии маҳал гузошта истодааст.
- Тибқи арзёбии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ (СУС) дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 ҳиссаи соҳаҳое, ки хизматрасонии сайѐҳӣ доранд, дар ҳаҷми умумии ММД ба ҳисоби миѐна 10,4 фоиз ва ҳиссаи бевоситаи бахши сайѐҳӣ дар ММД 2,2 фоизро ташкил медиҳад.
- Вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ:
- ташаккул додани пойгоҳҳои институтсионалии рушди сайёҳӣ;
- баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳои сайёҳӣ;
- таъмини устуворӣ ва рушди иқтидорҳои сайёҳии дохилӣ.
Замимаи 1
ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ
барои солҳои 2021-2025
Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020
|
2015
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
ММД
номиналӣ (млн сомонӣ)
|
48408,7
|
54479,1
|
61197,6
|
71059,2
|
77354,7
|
82543
|
ММД
воқеӣ
(бо % афзоиш)
|
106,0
|
106,9
|
107,1
|
107,6
|
107,5
|
104,5
|
Таваррум
(бо %)
|
5,1
|
6,1
|
6,7
|
5,4
|
8,0
|
9,4
|
Сохтори
ММД (бо % аз ҳаҷми
ММД)
|
100
|
100
|
100
|
100
|
100
|
100
|
Истеҳсоли
молҳо
|
46,5
|
47,0
|
48,3
|
54,2
|
46,0
|
47,5
|
Хизматрасонӣ
|
41,2
|
41,7
|
40,3
|
36
|
43,6
|
43,4
|
Андозҳои
холис
|
12,3
|
11,3
|
11,4
|
9,8
|
10,4
|
9,1
|
Нишондиҳандаҳои
буҷети
давлатӣ нисбат ба ММД (бо %)
|
|
|
|
|
|
|
Даромадҳо
|
34,3
|
33,9
|
38,1
|
35
|
30,4
|
29,5
|
Хароҷот
|
33,7
|
33,6
|
36,4
|
35,1
|
30,8
|
30,2
|
Каср
|
0,6
|
0,3
|
1,7
|
-0,1
|
-0,4
|
-0,7
|
Нишондиҳандаҳои
гардиши савдои хориҷӣ (млн долл. ИМА)
|
|
|
|
|
|
|
Гардиши
савдои хориҷӣ (млндолл.ИМА)
|
4326,2
|
3929,9
|
3973,1
|
4222,9
|
4523,7
|
4557,8
|
Содирот
(млндолл.ИМА)
|
890,6
|
898,7
|
1198,1
|
1073,3
|
1174,4
|
1406,9
|
Воридот
(млндолл.ИМА)
|
3435,6
|
3031,2
|
2775,0
|
3149,6
|
3349,3
|
3150,9
|
Фарқият
(+/-) (млндолл.ИМА)
|
-2545,0
|
-2132,5
|
-1576,9
|
-2076,3
|
-2174,9
|
-1744
|
Замимаи 2
ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ
барои солҳои 2021-2025
Гурӯҳбандии соҳавии лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 бо назардошти тағйиру иловаҳои воридкардашуда
Соҳа
|
Ҳамагӣ
|
Аз ҷумла
лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон
муайян
|
Шумора
(адад)
|
Арзиш
(ҳаз.доллар)
|
Шумора
(адад)
|
Арзиш
(ҳаз. доллар)
|
Идоракунии
иқтисодиёт
|
27
|
252277
|
20
|
188566
|
Кишоварзӣ
ва обёрӣ
|
192
|
3849309
|
59
|
1497004
|
Обу корез
|
315
|
1483887
|
39
|
449968
|
Энергетика
|
139
|
12310649
|
47
|
2249097
|
Нақлиёт
|
167
|
18832461
|
52
|
2797412
|
Маориф
|
130
|
953254
|
35
|
422271
|
Тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
|
97
|
507958
|
24
|
305316
|
Мултисектор
ва соҳаҳои дигар
|
143
|
1567187
|
65
|
1020183
|
Ҳамагӣ
|
1210
|
39 756 982
|
341
|
89 298 17
|
Замимаи 3
ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ
барои солҳои 2021-2025
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Баанҷомрасида (аз рӯи соҳаҳо)
Соҳа / Лоиҳа
|
Миқдори лоиҳаҳо
|
Арзиши умумии лоиҳаҳо
|
Вазни хос (%)
|
|
|
(ҳаз. доллар)
|
|
Энергетика
|
20
|
835049
|
41,3
|
Нақлиёт
|
18
|
805625
|
39,8
|
Кишоварзӣ
ва обёрӣ
|
13
|
178277
|
8,8
|
Маориф
|
21
|
110442
|
5,5
|
Обу корез
|
3
|
41120
|
2
|
Мултисектор
ва соҳаҳои дигар
|
3
|
31 096
|
1,6
|
Идоракунии
иқтисодиёт
|
2
|
20 775
|
1
|
Ҳамагӣ
|
80
|
2022383
|
100
|
Замимаи 4
ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ
барои солҳои 2021-2025
Сохтори лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки сарчашмаи маблағгузориашон муайян, баанҷомрасида, амалкунандава то ҳол оғознашуда мебошад
Соҳа / Лоиҳа
|
Миқдори умумии лоиҳаҳое, ки сарчашмаи маблағ-
гузориашон муайян аст (адад)
|
аз ҷумла
|
Лоиҳаҳои баанҷомрасида (адад)
|
Лоиҳаҳои амал-
кунанда (адад)
|
Лоиҳаҳои
то ҳол оғознашуда (адад)
|
Идоракунии иқтисодиёт
|
20
|
2
|
6
|
12
|
Кишоварзӣ ва обёрӣ
|
59
|
13
|
7
|
39
|
Обу корез
|
39
|
3
|
10
|
26
|
Энергетика
|
47
|
20
|
10
|
17
|
Нақлиёт
|
52
|
18
|
13
|
21
|
Маориф
|
35
|
21
|
5
|
9
|
Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
|
24
|
0
|
7
|
17
|
Мултисектор ва соҳаҳои дигар
|
65
|
3
|
12
|
50
|
Ҳамагӣ
|
341
|
80
|
70
|
191
|
[1]Эзоҳ: Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 11,300 сомонӣ (ба ҳолати 01.01.2021с.)
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 2021, №358
Номгӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2021-2025
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2024 № 208)
Номгӯи лоиҳаҳо