ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 1 калимаҳои "авиатсияи гражданӣ," хориҷ карда шаванд:
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархатҳои даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳуми банди 5 хориҷ карда шаванд;
- аз сархати сездаҳуми банди 6 калимаҳои "ва ҳавоӣ" хориҷ карда шаванд.
2. Аз замимаи 4 "Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"".
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №596 "Дар бораи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 2 дар таҳрири зарин ифода карда шавад:
"2. Низомнома, сохтор ва номгӯи корхона на дигар ташкилотҳои системаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3)." (замимаи 3 замима мегардад);
- бандҳои 2(1)-2(3) дар тақрири зерин илова карда шаванд:
"2(1). Шумораи ниҳоии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба миқдори 35 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
2(2). Ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини директор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.
2(3). Барои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.";
4. Дар Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 1 ва сархати якуми банди 5 калимаи ", ҳавоӣ" хориҷ карда шавад;
- аз сархати сеюми банди 5 калимаҳои "ва ҳавоӣ" ва ", фаъолият оид ба хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати шашуми банди 5 калимаҳои "ҳавоӣ ва" хориҷ карда шаванд;
- аз сархатҳои сеюм ва даҳуми банди 6 калимаҳои "парвозҳо," ва "ва ҳавоӣ," хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми банди 6 хориҷ карда шаванд.
5. Дар сархати дуюми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, №358 "Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати авиатсияи гражданӣ)" ва "аэропортҳои" ба калимаҳои "Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "фурудгоҳҳои" иваз карда шаванд.
6. Дар Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, №358 "Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, ки тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 2,11,12,13,15,16,17,18,19,21 ва 23 калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати нақлиёти (Раёсати авиатсияи гражданӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум банди 13 калимаҳои "аэропортҳои авиатсияи" ба калимаи "фурудгоҳҳои" иваз карда шавад.
7. Аз банди 2 Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 "Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонун)" хориҷ карда шавад.
8. Дар ҳайати Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 "Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2018, № 536
ш. Душанбе
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2018, № 536
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхона ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар"
6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"