Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 (минбаъд - Барнома) баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия карда шудааст.
2. Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст. Дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
3. Тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
5. Барнома ба бартараф намудани мушкилот дар соҳаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, муайян намудани мақсаду ҳадафҳо, афзалиятҳо ва воситаҳои давлат ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ равона гардидааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
6. Барнома бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, пеш аз ҳама аз рӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ ва ба вуҷуд овардани нерӯи илмие, ки қобилияти дар сатҳи талаботи муосир ҳал намудани муҳимтарин масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад, таҳия гардидааст.
7. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома вазифаҳои зеринро бояд иҷро кард:
- такмили фаъолияти докторантураи фалсафа (PhD)докторантура аз рӯйи ихтисос ва постдокторантура дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат;
- ҳадафмандона, дар асоси нақшаҳои дурнамо тайёр кардани номзад ва докторони илм вобаста ба талаботи давлат дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ;
- назорати мунтазам ва бо ҷойи кор дар сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудании хатмкунандагони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура, ки муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишварро хатм намудаанд;
- иҷрои корҳо оид ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати вусъат додани тайёркунии кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ;
- истифодаи самараноки ҷойҳои ҷудошуда барои магистратура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос ва постдокторантура аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- истифодаи самараноки имконияти ба марказҳои илмии хориҷӣ барои таҳсил дар аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура равона намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мутахассисони ҷавони муассисаҳои илмии мамлакат;
- андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии магистрантон, аспирантон, докторантони фалсафа (PhD)-докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон, постдокторантон, олимон ва мутахассисони ҷавон.
3. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
8. Барнома дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- қабул ба магистратура дар муассисаҳои (ташкилотҳои) илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
- қабул ба докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос ва постдокторантура дар муассисаҳои (ташкилотҳои) илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
- равон кардани ҷавонони лаёқатманд барои таҳсил ба аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос ва докторантура ба марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ;
- қабул ба унвонҷӯӣ барои омода намудани диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм дар муассисаҳои (ташкилотҳои) илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар.
9. Барнома самтҳои зерини фаъолиятро низ дар бар мегирад:
- таҳия намудани феҳристи мавзӯъҳои илмиву таҳқиқотӣ ва муайян намудани муаммоҳои илмӣ, ки аз қонуниятҳои рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва муаммоҳои илмии ҷаҳони муосир реша мегиранд;
- муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ ва вобаста ба он мутобиқ намудани корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ;
- таъсиси Шохиси иқтибосоварии илмии Тоҷикистон (ШИИТ) дар заминаи пойгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таҳқиқотии вазорату идораҳо ва китобхонаҳои илмӣ бо созмон додани портали иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф, ки дар ҷаҳонигардии пажӯҳишҳои илмии мамлакат хизмат менамояд;
- такмили фаъолияти магистратура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос, унвонҷӯйӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат;
- ташкили кластерҳои илмиву таҳсилотӣ ва дигар шаклҳои ташкилӣ, ки ба ҳамгироии илму истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати зеҳнӣ мусоидат менамояд;
- ташкили низоми ҳавасмандӣ барои фаъолияти омӯзгорони соҳиби унвону дараҷаи илмӣ дар коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ба мақсади ташаккулу рушд додани мактабҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ;
- такмили низоми ҳавасмандии ҷавонон ҳангоми ҷалб намудани онҳо ба соҳаи илм;
- пурзӯр намудани масъулияти роҳбарон ва мушовирони илмӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо риояи муҳлатҳои пешбинишуда иҷро намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ;
- босамар истифода бурдани механизмҳои марказҳои илмии хориҷӣ барои таҳсил дар магистратура, аспирантура ва докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос бо мақсади равона намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони ҷавони муассисаҳои илмию таҳқиқотии мамлакат;
- ба роҳ мондани таҳсил ва омода кардани кадрҳои илмӣ аз рӯйи низоми "доктори инженерия (EngD)";
- такмили тарзу услуб ва механизми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ.
10. Қабул ба магистратура, докторантураи фалсафа (PhD)докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура дар муассисаҳои (ташкилотҳои) илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи нақшаи буҷети давлатӣ ва теъдоде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, амалӣ карда мешавад.
11. Таҳсил дар аспирантура ва докторантураи марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба воситаи муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ", аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" дар асоси созишномаҳои дутарафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад.
12. Қабул ба унвонҷӯӣ барои омода намудани диссертатсияи номзадӣ ва докторӣ дар муассисаҳои (ташкилотҳои) илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки захираҳои кадрӣ ва шароити пеш бурдани корҳои илмию таҳқиқотӣ доранд, дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад. Довталаб ба унвонҷӯӣ бояд ба талабот нисбати шахсоне, ки ҷиҳати навиштани диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм пешбинӣ шудааст, мутобиқ бошад.
13. Омода намудани диссертатсия аз ҷониби шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
14. Дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ таваҷҷӯҳи махсус бояд барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла ихтисосҳои физика, математика, химия, геология, сейсмология, астрономия, геоэкология, радиоэкология, технологияҳои иттилоотӣ, нанотехнология, биотехнология, генетика, энергетика, иқлимшиносӣ (климатология), иммунология, трансплантология, вирусология ва ихтисосҳои дигари нодир равона шавад. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ зарур аст, ки мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои сотсиология, ахлоқшиносӣ этика, эстетика, равоншиносӣ (психология), иқтисоди рақамӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, демография ва ғайра тайёр карда шаванд.
15. Иҷрои нақшаҳои пешбинигардида ба таҳкими назарраси нерӯи илмии кадрӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон, мушовирон ва довталабони дараҷаҳои илмӣ, баланд бардоштани натиҷанокӣ ва самаранокии таҳқиқоти илмӣ, пурзӯрсозии фаъолияти инноватсионӣ ва суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад кард.
4. АТТЕСТАТСИЯИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
16. Аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аттестатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
17. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба ташаккули шабакаи шӯроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, беҳтаргардонии сифати кори шӯроҳои диссертатсионӣ ва диссертатсияҳои ба дифоъ пешниҳодшаванда, мунтазам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ равона месозад.
18. Вазифаи асосии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик ташаккули шабакаи шӯроҳои диссертатсионӣ мебошад. Дар ин маврид на танҳо шабакаи шӯроҳои диссертатсионие ташаккул дода мешаванд, ки диссертатсияҳоро барои дифоъ дар соҳаҳои илм ва ихтисосҳои таъмин бо нерӯи илмии мувофиқ (яъне, миқдори зарурии докторҳо ва номзадҳои илм барои фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ) қабул карда тавонанд, балки бо фароҳам омадани шароити зарурӣ шӯроҳои диссертатсионӣ ҳуқуқ дошта бошанд, ки барои ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи ихтисосҳое низ қабул намоянд, ки аз рӯи онҳо ҳоло диссертатсияҳо ҳимоя карда намешаванд. Ба ин мақсад таъсис додани шӯроҳои муттаҳидаи байниидоравии диссертатсионӣ ва шӯроҳои диссертатсионии муштараки байнидавлатӣ пешбинӣ карда мешавад.
19. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва ҳамоҳангсозии кори шӯроҳои диссертатсионро ба роҳ монда, фаъолияти худро ба татбиқ кардани технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар низоми аттестатсия, таъсиси пойгоҳи иттилоотӣ оид ба шӯроҳои диссертатсионӣ, инчунин ба даст овардани нишондиҳандаҳои миқдории дифои диссертатсияҳои сифати баланд дар самту соҳа ва ихтисосҳои гуногун, ташаккули нерӯи пурқуввати илмӣ, гузаронидани семинарҳо, машваратҳо, нашри бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи таҳлилӣ ва маводи дигар равона месозанд.
20. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои заруриро бобати ба тартиб даровардани номгӯйи маҷаллаҳои илмӣ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии диссертатсияҳо бо риояи меъёрҳои зарурии ба ин маҷаллаҳо пешниҳодшаванда (рейтинги маҷалла дар иттиҳоди илмӣ, тақризнависӣ, рефераткунӣ ва шохис (индекс)-и иқтибосоварии мақолаҳо, теъдод, обунашавӣ ба маҷалла) чоп карда шаванд, анҷом медиҳад.
21. Бо мақсади иҷрои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ("Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тахассуси олӣ"), ки 12 феврали соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997, №395 Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ амал мекунад. Комиссияи аттестатсионии мазкур дар фаъолияти худ Низомномаи Комиссияи аттетстатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997, №395 тасдиқ шудааст, ба роҳбарӣ мегирад.
22. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд диссертатсияҳои худро дар шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дифоъ намоянд.
23. Бо дар назар доштани зарурати тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федера тсияи Россия дар доираи Барнома оид ба васеъ кардани шабакаи шӯроҳои диссертатсионӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ бо ҷалби мутахассисони дохилӣ ва берунӣ рушд медиҳад.
5. ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ДАР МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҳОИ ХОРИҶӢ
24. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо оид ба рушди минбаъда ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои илмии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалӣ, фондҳо, ассотсиатсияҳо ҳам дар асоси шартномаю созишномаҳои баимзорасонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо пешбинӣ гардидааст. Мавқеи муҳимро дар ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ чорабиниҳои мақсаднок доир ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ишғол мекунад. Миқдори муайяни аспирантон, докторантони фалсафа (PhD)докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон таҳсилро дар марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ мегузаранд. Ин муассисаҳо омодагӣ, таҳсил ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмиро таъмин менамоянд.
25. Аспирантон, докторантони фалсафа (PhD)-докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон, олимони ҷавон аз имконияти бештари иштирок дар гузаронидани таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷӣ, истифодаи заминаи таҷрибавии муосир, баромад дар конференсияҳо, симпозиумҳо ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ истифода баранд.
26. Кафолати амалисозии чорабиниҳо доир ба таҳсили магистрантон, аспирантон, докторантони фалсафа (PhD)-докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ зери таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, қабули қарорҳо доир ба ин масъала ва ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок дар ин самт мебошад.
27. Самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз бисёр ҷиҳат аз миқдори грантҳо ба ин мақсад ҷудогардида, квотаҳо барои иштирок дар барномаҳои таҳсил, баландбардории тахассус ва шаклҳои дигари дастгирии олимони ҷавон вобастагӣ дорад.
28. Фаъолият ва ташаббуси роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти истифодаи имкониятҳои пешниҳодшуда, сатҳи омодагӣ аз рӯйи ихтисосҳои магистрантон, аспирантон, докторантони фалсафа (PhD)докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва кормандони ҷавони илмӣ ва аз тарафи онҳо донистани забонҳои хориҷӣ дорои аҳаммияти муҳим мебошад.
29. Дар ҷараёни иҷрои Барнома нақшаҳои ҳарсолаи ба хориҷа дар асоси шароиту имкониятҳои воқеӣ равона кардани аспирантҳо, докторантони фалсафа (PhD)-докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва кормандони ҷавони илмӣ (олимон) тартиб дода мешаванд. Дар ин маврид роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар назар дошта бошанд, ки барои рушди минбаъдаи илм ва инноватсия тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар чунин соҳаҳои илм ва ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои илмӣ тайёр карда намешавад, пешбинӣ карда шавад.
6. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМӢ ВА ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
30. Дастгирии давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ бевосита ба дастгирии давлатии ҳама соҳаҳои илм алоқаманд мебошад. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо роҳи таъмини маблағгузории устувори давлатӣ, ташкили шароити хуб барои пешбурди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, афзоиши пайдарпайи хароҷот ба илм, мусоидат барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ва ғайра амалӣ мегардад.
31. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои соҳаи маориф ва илм ҳамасола ба нақша гирифта мешаванд, аз ҳисоби грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
32. Маблағгузории тайёр кардани кадрҳои илмӣ, инчунин аз ҳисоби суратҳисобҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонад амалӣ гардад.
33. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бо роҳи бастани шартнома бо муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар тайёр кардани кадрҳои илмии сатҳи баланд иштирок намоянд.
7. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
34. Амалисозии Барнома ба ташаккули нерӯи илмие, ки қобилияти самаранок ҳал намудани масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад, мусоидат менамояд.
35. Иҷрои чорабиниҳои Барнома, арзёбии самаранокии чораҳое, ки барои расидан ба мақсад ва ҳалли вазифаҳои Барнома нигаронида шудаанд, пешниҳод оид ба беҳтаргардонии корҳои ташкилии назорат аз амалишавии Барнома аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.
36. Вазорату идораҳои дахлдор, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 15 феврал оид ба иҷрои Барнома ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниход менамоянд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030
Нақша
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Нақшаи дурнамои қабул ва хатми магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои солҳои 2021-2030