ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ
Мутобиқи моддаи 105 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 333 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, иҷро ва амалишавии талаботи тартиби мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, аз ҳисоби маблағҳои худӣ, махсус ва шаҳрвандон, инчунин дигар манбаъҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 697 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2021, № 174
ш. Душанбе