ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мақомоти’ иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳои онро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор амалисозии самараноки барнома ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2021, № 170
ш. Душанбе
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Об освобождении Рахмонзода А. А. от должности Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
Освободить Рахмонзода Абдуджаббора Азизи от должности Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью в связи с переходом на другую работу.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 4 мая 2021 года, №170