Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 аз 30 апрели соли 2021, № 170

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2021, № 170

Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади суръат бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият додани таъсири илм ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти мавҷуда, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳия гардидааст.

2. Рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф дар ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфта, дар ин самт консепсияву барномаҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул шуда, комёбиҳои муайян ба даст омадааст. Олимони соҳаи илмҳои мазкур дар солҳои охир як зумра навъҳои ихтирооту навовариҳои манфиатбахшро офарида, технологияи самаранокии ҳифзи онҳоро тарҳрезӣ намуда, дар ҷамъият татбиқ карда истодаанд. Ҳамзамон, дастовардҳои илмии фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф ва хусусан татбиқи онҳо барои рушди самараноки он ҳанӯз ҳам басанда нест.

3. Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самти рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин ҷиҳати татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, афзоиши истеҳсолот, ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳаҳои илму маориф дастгирии давлатӣ лозим мебошад.

4. Низоми самарабахши тайёр кардани кадрҳои илмии баландтахассус аз таъминоти молиявии он вобастагӣ дорад. Имрӯз ҳиссаи хароҷот ба илм аз рӯи ҳисоб ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва дар омода кардани неруи илмӣ таъсир мегузорад. Амалисозии Барнома ба ташаккули неруи илмие, ки қобилияти самаранок ҳал намудани масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад, мусоидат мекунад.

5. Дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, афзоиши донишу дурнамоии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ зарур мебошад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ

6. Баъди амалӣ гаштани Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008 ва Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар институту марказҳо ва озмоишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рушду такомул пайдо кард. Таҷрибаи манфиатовари ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар ин соҳа андӯхта шуда, самтҳои афзалиятдоштаи рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ муайян гардида, неруи илмӣ ба ин самтҳо мутамарказонида шудааст.

7. Дар доираи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ гузаронида шуда, таҷрибаи судманди ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои мухталиф, самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои дақиқ ва табиӣ муайян ва неруи илмии онҳо мутамарказонида шуда бошанд ҳам, вале мушкилоту камбудӣ ва норасоиҳо дар пешравӣ ва сифати амалисозии бандҳои алоҳида ба назар мерасанд, ки онҳо бо татбиқи Барнома бояд ҳалли худро ёбанд.

8. Хусусияти дигари муҳимми амалисозии чорабиниҳои Барнома ҳамгиро гардидани он бо Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 буд, ки имкониятҳои рушди устувор ва ҳамаҷонибаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва таъсири рӯзафзуни зиёди онҳоро ба пешрафти илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ менамояд.

9. Пешрафти минбаъда ва пурзӯр намудани таъсири неруи илмӣ ба рушди иҷтимоии кишвар зарурати тағйир додани вазъи кунуниро дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва қабули барномаи рушди илмҳои мазкурро дар оянда талаб менамояд.

10. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 9 институти илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ фаъолият менамоянд.

11. Дар соли 2020 дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 19 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Россия ва 59 шӯрои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, рисолаҳои 452 нафар тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2020 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 нафар рисолаи илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 27 рисолаи докторӣ, 311 рисолаи номзадӣ ва 15 нафар докторантон аз рӯи ихтисис (PhD) мебошад. Аз шумораи умумӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиӣ ва тиббӣ 112 нафар ва дар соҳаҳои дигар 241 рисолаи худро дифоъ намуданд.

12. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 8756 нафар ва докторантон аз рӯи ихтисис (PhD) 1532 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40% онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4421 нафар кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм ва 3582 нафар номзади илм мебошанд.

13. Ҷиҳати ҳавасмандгардониҳо дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621 Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" тасдиқ гардидааст. Теъдоди умумии Ҷоизаи давлатӣ 15 адад буда, маблағи ҳар яки он 20000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 6 ҷоиза ба олимони муассисаҳои таълимию илмӣ ва 9 ҷоизаи дигар ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дода мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, ки дар вақти муқарраршуда рисолаҳои илмии худро дифоъ мекунанд, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ маблағҳои ҳавасмандгардонӣ ба миқдори аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

14. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №620 "Дар бораи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона" шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то ба 50 нафар зиёд гардида, 70 фоизи шумораи умумии он ба фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона карда шудааст.

3. ВАЗИФАҲО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА

15. Дар Барнома барои рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ амалӣ намудани вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:

- дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- табдил додани илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи пешрафтаи дониш ва фаъолият;

- омӯзиш ва тарбияи донишҷӯёни боистеъдод;

- ташаккули таваҷҷуҳ ба азхудкунии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ.

16. Афзалияти таҳсилот дар самти омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бояд ба ташаккули истеъдод дар самтҳои зерин равона карда шавад:

- тафаккури мантиқӣ вобаста ба доираи васеи маводи риёзӣ (аз геометрия то барномасозӣ);

- моделсозии риёзӣ (сохтани модел ва баҳодиҳии натиҷаҳо) ва амалигардонии риёзиёт, аз ҷумла тавассути технологияҳои иттилоотӣ;

- ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои нав, ташаккули тасаввуроти дохилӣ, моделҳо барои объектҳои риёзӣ математикӣ ва бартараф кардани монеаҳои рушди зеҳнӣ;

- афзалият ба омӯзиши унсурҳои риёзиёти амалӣ, информатика, "риёзиёти компютерӣ" (аз ҷумла вобаста ба тавсиф ва таҳқиқи раванди тафаккур, муошират ва фаъолияти инсон);

- равона кардани фаъолияти омӯзишӣ ба муҳити иттилоотӣ (рақами электронӣ, ки ба иштирокчиёни раванди таҳсилот, дастрасии махзанҳои иттилоотӣ, инъикос ва натиҷаи раванди таҳсил, таҳлил ва назорати берунаро таъмин менамояд);

- равон намудани афзалияти таҳсилот зимни омӯзиши илмҳои табиӣ ба ташаккули истеъдод;

- муҷаҳҳазгардонии лабораторияҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосири илмӣ ва технологӣ, захираҳои иттилоотӣ ва ҳисоббарорӣ барои истифодаи дастаҷамъона бо мақсади таъмини сифати баланди корҳои таҷрибавӣ;

- муҷаҳҳаз гардонидани лабораторияҳои физика, химия, биология бо таҷҳизоти замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ;

- такмили низоми омодакунии кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ;

- таъмини таҳқиқоти сатҳи ҷаҳонӣ дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, технологияҳои пешрафта тавассути дастгирии лоиҳаҳои илмӣ;

- фароҳам овардани шароит барои афзоиши неруи зеҳнии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар кафедраву шуъбаҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, мутамарказонии неруҳои илмӣ ва воситаҳои моддӣ-техникӣ дар ин муассисаҳо;

- ворид намудани тағйироту ислоҳот дар сохтори муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муносибгардонии онҳо бо талаботи муосир;

- рушди инфрасохтори иттилоотӣ дар заминаи истифодаи технологияи пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- такмили заминаи моддию техникӣ барои нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, адабиёти дарсӣ, иттилоотию маълумотӣ оид ба фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- васеъ намудани ҳамкориҳои илмии байналмилаливу технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии он;

- истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷудо мешаванд;

- ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- таъмини илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо асбобу воситаҳои ченкунандаи муосир;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқот дар бахшҳои навтарини илм;

- рушди заминаи моддию техникии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- тайёр намудани мутахассисони касбӣ тавассути донишкадаҳои такмили ихтисос дар хориҷи кишвар;

- иштироки фаъолонаи омӯзгорон, муҳаққиқон ва кормандон дар таҳия ва қабули грантҳои байналмилалӣ;

- ташкили замина барои таҳия ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар истеҳсолот.

4.МУШКИЛОТ ДАР СОҲАИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ

17. Новобаста аз дастовардҳои илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар солҳои охир, то ҳол мушкилоти муайян дар соҳа ҷой дорад.

18. Дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мушкилиҳои зерин мавҷуд мебошанд:

- нарасидани техника ва технологияи замонавӣ дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- дар сатҳи зарурӣ нарасидани воситаҳои молиявӣ ҷиҳати рушди соҳа;

- ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани фаъолияти озмоишгоҳҳо;

- ба талаботи стандартҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқат накардани дастовардҳои соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- норасоии кадрҳои баландихтисос дар илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- дар сатҳи зарурӣ завқманд набудани аҳолӣ ба илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; - дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ набудани ҳавасмандгардонии моддию маънавии барои мутахассисони соҳа;

- набудани алоқаи зич байни назария ва истеҳсолот дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- дар сатҳи зарурӣ набудани хамкорӣ бо в оситаҳои ахбори омма оид ба намоиши дастовардҳои олимони соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ.

5. САМТҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

19. Ҳамгироии неруи илмӣ дар амалигардонии Барнома мактабҳои илмии мавҷудаи эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда аз рӯи самтҳои афзалиятдори таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табииро дастгирӣ намуда, ташкили шароити мусоидро барои ташаккули мактабҳои илмӣ аз рӯи самтҳои навтарини таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, рушди заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, мустаҳкамкунии заминаи моддию техникии пажӯҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти навтарини илмӣ, асбоб, технологияи навин, реактивҳо ва маводи дигари зарурӣ, ҳамгироии пажӯҳишгоҳҳои академӣ ва кафедраҳо, озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили инфрасохтор дар заминаи истифодаи технологияи навтарини иттилоотӣ, коммуникатсия ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меоварад.

20. Дар заминаи ҳамгироии неруҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ аз рӯи самтҳои афзалиятдори таҳқиқот, ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ анҷом ёфта, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва инфрасохтори муосири иттилоотӣ ташаккул мегардад, самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ боло рафта, такмил ва вусъат додани низоми дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

21. Самтҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:

- такмили заминаи моддию техникии таҳқиқоти илмӣ ва раванди таълим дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ;

- ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва фаъолияти инноватсионӣ;

- дастгирии давлатии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ки он ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағузорӣ, ташкил кардани таҳқиқот нигаронида шудаанд;

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;

- таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- баррасии масъалаҳои фанҳои бунёдӣ ва амалии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҷаҳонбинии илмӣ оид ба амнияти ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ, истифодаи кайҳон ва энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, инноватсия, нанотехнология, технологияҳои коркарди маводи нави функсионалӣ ва иқтисоди рақамӣ, мошинсозӣ, моделсозии математикӣ, забони компютерӣ, ақли сунъӣ, роботсозӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин;

- дар сатҳи муосир ба роҳ мондани иттилоотонии равандҳои таълим ва идоракунӣ, татбиқи низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, онлайн-ҷаласаҳо ва таҳсилоти фосилавӣ;

- иктишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, масъалаҳои энергетика, сарфаи энергия ва захираҳои манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, коркарди канданиҳои фоиданок, мавод ва технологияи нав;

- гуногунии биологӣ, биотехнология, тағйирёбии иқлим, пиряхшиносӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла зилзила;

- тиб, дорушиносӣ, дорусозӣ таҷҳизот ва технологияҳои тиббии ташхису табобат, коҳиши сатҳи талафот аз бемориҳои дорои моҳияти иҷтимоӣ;

- рушди инноватсионии кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, амнияти озуқаворӣ, ғизои хушсифат, экология, ҳифзи муҳити зист, селексияи зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растаниҳо.

6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

22. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

23. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома метавонад намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва коршиносонро ҷалб намояд.

7. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

24. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ҳамасола барои соҳаҳои маориф ва илм пешбинишаванда, вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, пажӯҳишгоҳ, озмоишгоҳ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доранд, инчунин аз ҳисоби ташкилоту фондҳои байналмилаливу хориҷӣ, сарпарастони алоҳида ва манбаъҳои дигар амалӣ карда мешавад.

25. Барои маблағгузории Барнома инчунин манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои сармоягузорӣ, маблағҳое, ки фонд ва созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ барои иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ ҷудо менамоянд, истифода мешаванд.

 

Нақша

 

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2021 года, №170

Государственная целевая программа развития математических, точных и естественных наук на 2021-2025 годы

*Программа

*План