ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таъмин карда, ҳар сол то 1 декабр ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати рафти иҷрои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро амалӣ карда, доир ба иҷрои барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2021, № 116
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной комплексной программе развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "Об экологическом образовании населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную комплексную программу развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Государственной комплексной программы развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов Республики Таджикистан обеспечить выполнение Государственной комплексной программы развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы и ежегодно до 1 декабря представлять Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан информацию о её выполнении.
3. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан осуществить контроль за ходом выполнения Государственной комплексной программы развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы и ежегодно представлять Правительству Республики Таджикистан отчет о выполнении данной программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 апреля 2021 года, №116