×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 673 "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ

Қонуни мазкур принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ - фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;

- маърифати экологӣ - раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;

- фарҳанги экологӣ - қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва ҳар фарди алоҳида мусоидат менамояд;

- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;

- дониши экологии ҳадди ақал - ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба он мебошад.

Моддаи 2. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:

- кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;

- ҳатмӣ будани омӯзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ;

- ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи барномаҳои давлатии мақсаднок ва соҳавӣ;

- мақсаднокии маърифати экологӣ дар ҳаллӣ масъалаҳои ҳифзи муҳити зист;

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;

- ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;

- иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ.

Моддаи 3. Мақсаду вазифаҳои Қонуни мазкур

1. Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳди ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ;

- мусоидат намудан ба ташаккули тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта.

2. Вазифаҳои Қонуни мазкур чунинанд:

- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣ;

- таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ;

- таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи системаи иттилоот ва таълим.

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистрн дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 5. Маърифати экологӣ ва фазои иттилоотӣ

Фазои маърифати экологӣ ва иттилоотии давлатӣ системаи воситаҳои ахбори омма, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), фарҳанг ва фароғат, туризм ва варзиш, маҷмааҳои табиӣ (мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои таърихӣ - меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули фарҳанги экологии ҷамъияту шахс равона шудаанд.

Моддаи 6. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

Қонуни мазкур тамоми сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро фаро мегирад.

БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

Моддаи 7. Системаи маърифати экологии аҳолӣ

Системаи маърифати экологӣ қисми таркибии системаи ягонаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он маҷмӯи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю самтҳои гуногун буда, ҳамгироии омӯзиш ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идораи маорифро таъмин менамояд.

Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии аҳолӣ

1. Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои зерин дорад:

- маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти махсус ва иловагӣ;

- маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.

2. Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 9. Барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ

1. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ барномаи комплексии давлатии маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ татбиқ мегардад. Барномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия карда мешаванд. Салоҳияти ташкилотҳои ҷамъиятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барномаҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд.

Моддаи 10. Маблағгузории системаи маърифати экологии аҳолӣ

Масъалаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва сертификатсияи барномаҳои комплексӣ, мақсаднок, соҳавӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Иҷрои барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ аз инҳо иборат аст:

- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани онҳо, ташкили системаи маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ, ки масъалаҳои маърифати экологиро дар бар мегиранд;

- иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;

- муқаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкили маърифати экологӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо;

- муқаррар намудани тартиби санҷиши малакаи касбӣ-экологии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии инсон вобастагӣ дорад, инчунин ходимони соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатӣ, илм ва фарҳанг;

- тайёр намудани мутахассисони эколог, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои соҳаи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо;

- таъмини системаи маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ.

Моддаи 12. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳо дохил мешаванд:

- ташкил ва таъмини системаи маърифати экологӣ дар сатҳи маҳал;

- таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ дар бахши маърифати экологӣ;

- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- таъмин намудани муассисаю ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;

- санҷиши малакаи касбӣ-экологии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маърифати экологӣ машғуланд;

- ташкили системаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар системаи маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;

- назорат ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маърифати экологӣ

1. Дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд:

- омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- ширкат дар озмунҳо барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;

- ширкат дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

2. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амалӣ менамоянд, ки тартиби гирифтани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

3. Ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти дақиқи экологиро доранд.

4. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад.

5. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои манфиатдор дар соҳаи маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ таъсис дода мешаванд.

2. Комиссияи байниидоравии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

3. Комиссияи байниидоравии минтақавиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд.

4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии давлатӣ намояндагони вазорату идораҳои мутасаддии соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва воситаҳои ахбори омма шомил карда мешаванд.

5. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил карда мешаванд.

Моддаи 15. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътиррф кардааст, амалӣ карда мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

29 декабри соли 2010 № 673

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010 № 213

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010 № 107

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об экологическом образовании населения

Настоящий Закон регулирует правовые, организационные, финансовые и экономические принципы государственной политики в области экологического образования населения.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственная политика в области экологического образования населения - деятельность уполномоченных государственных органов, направленная на обеспечение условий для осуществления экологического образования населения и координации деятельности государственных, общественных органов и физических лиц по формированию общей и профессиональной экологической культуры личности и общества;

- экологическое образование - процесс обучения, целью которого является получение экологических знаний, обучение, воспитание в духе экологического образования, развитие экологической культуры, правильная и разумная ориентация, проявление способностей и формирование правильного поведения отдельных лиц и населения в области охраны природы и природопользования;

- экологическая культура - неотъемлемая часть общечеловеческой и национальной культуры, включающая систему социальных отношений, моральных ценностей, норм и способов взаимодействия общества с окружающей средой, преемственно формируемая в общественном сознании и поведении людей на протяжении жизни и деятельности поколений экологическим образованием и просвещением, способствующая здоровому образу жизни, духовному росту общества, устойчивому социально-экономическому развитию, экологической безопасности страны и каждого человека;

- экологические знания - сфера общественного знания, направленная на разумное природопользование и обеспечение безопасной для здоровья человека окружающей среды;

- минимум экологических знаний - минимально необходимый каждому члену общества объем знаний, используемый в целях безвредного и малоотходного производства, сбережения природных ресурсов и энергии, восстановления хозяйственной и иной деятельности, а также окружающей среды и формирования бережного отношения к ней.

Статья 2. Основные принципы государственной политики в области экологического образования населения

Основными принципами государственной политики в области экологического образования являются:

- обеспечение государственных гарантий получения гражданином необходимого минимума экологических знаний;

- обязательность экологического образования на всех уровнях образовательной системы;

- включение вопросов экологического образования во все целевые и отраслевые государственные программы;

- целенаправленность экологического образования на выполнение задач охраны окружающей среды;

- осуществление государственной политики в части экологического образования;

- гласность в вопросах реализации государственной политики в области экологического образования;

- участие общественных организаций и граждан в осуществлении государственной политики в области экологического образования.

Статья 3. Цель и задачи настоящего Закона

1. Целью настоящего Закона является:

- охват граждан и общества общими экологическими знаниями;

- способствование формированию экологического воспитания и культуры, гармонизации взаимовлияния человека, общества и окружающей среды, формированию всесторонне развитой личности.

2. Задачами настоящего Закона являются:

- обеспечение и защита прав граждан по распространению экологических знаний;

- обеспечение правовых, - социально-экономических, организационных, психологических и иных гарантий для формирования и развития экологического обучения, воспитания и экологической культуры населения;

- обеспечение механизмов реализации задач в существующей структуре информационных и образовательных систем.

Статья 4. Законодательство Республики Таджикистан об экологическом образовании населения

Законодательство Республики Таджикистан об экологическом образовании населения основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 5. Экологическое образовательное и информационное пространство

Экологическое образовательное и информационное пространство государства включают систему средств массовой информации, различные объекты сфере человеческой деятельности (производства и сферы услуг), искусства, культуры и отдыха, туризма и спорта, природных комплексов (заповедники, природные памятники, национальные парки), а также историко-архитектурных комплексов, городские и сельские территории, которые вместе с сетью образовательных заведений нацелены на создание соответствующих условий для формирования экологической культуры общества и личности.

Статья 6. Сфера применения настоящего Закона

Настоящий Закон распространяется на все государственные структуры, общественные организации, образовательные и производственные организации, средства массовой информации, природопользователей, общественность и граждан.

ГЛАВА 2. СИСТЕМА ЭКОЛОГИЧЕСКОГО ОБРАЗОВАНИЯ НАСЕЛЕНИЯ

Статья 7. Система экологического образования населения

Система экологического образования является составной частью единой образовательной системы Республики Таджикистан. Она является совокупностью взаимосвязанных государственных образовательных стандартов, образовательных программ различных уровней и направленности, обеспечивающих образовательную преемственность обучения и деятельность учебных заведений и органов управления образованием.

Статья 8. Структура системы экологического образования населения

1. Экологическое образование населения включает в себя следующие уровни:

- дошкольное экологическое образование и воспитание (экологическое образование в семье и в дошкольных учреждениях);

- экологическое образование в системе общего образования;

- экологическое образование в системе начального профессионального образования;

- экологическое образование в системе среднего профессионального образования;

- экологическое образование в системе высшего профессионального образования;

- экологическое образование в системе послевузовского образования;

- экологическое образование в системе специального и дополнительного образования;

- экологическое образование широких слоев населения, в том числе в Вооруженных Силах.

2. Преподавание предметов экологической направленности во всех звеньях системы образования осуществляется в соответствии с государственными образовательными стандартами.

Статья 9. Государственные программы экологического образования населения

1. Организационной основой государственной политики в области экологического образования является государственная комплексная программа экологического образования населения.

2. Экологическое образование в Республике Таджикистан осуществляется по единым государственным программам. Они разрабатываются уполномоченными органами государственного управления с привлечением общественных организаций. Компетенция общественных организаций устанавливается законодательством Республики Таджикистан. Программы разрабатываются в соответствии с требованиями государственных стандартов.

Статья 10. Финансирование системы экологического образования населения

Вопросы реализации, финансирования и сертификации комплексных, целевых, отраслевых, территориальных программ Республики Таджикистан решаются в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан. Выполнение государственных программ экологического образования финансируется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

ГЛАВА 3. УПРАВЛЕНИЕ СИСТЕМОЙ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО ОБРАЗОВАНИЯ НАСЕЛЕНИЯ

Статья 11. Полномочия Правительства Республики Таджикистан в области экологического образования

Полномочия Правительства Республики Таджикистан в области экологического образования включает:

- определения основных направлений государственной политики в этой области и создание условий для их реализации, организацию системы экологического образования на республиканском уровне;

- разработку и реализацию государственной комплексной программы экологического образования и других целевых и отраслевых программ, содержащих вопросы экологического образования;

- участие в разработке международных экологических образовательных программ;

- установление порядка сертификации деятельности образовательных учреждений и организаций по вопросам организации экологического образования и их государственной аккредитации;

- установление порядка проверки профессионально-экологической подготовки и аттестации государственных служащих и специалистов, связанных с деятельностью, оказывающей вредное воздействие на окружающую среду, здоровье человека, а также работников систем образования, здравоохранения, науки и культуры;

- подготовку и повышение квалификации специалистов-экологов, научных педагогических кадров и государственных служащих для системы экологического образования;

- информационное и научно-методическое обеспечение системы экологического образования.

Статья 12. Полномочия местных органов государственной власти и самоуправления поселков и сел

В полномочия местных органов государственной власти и самоуправления поселков и сел в области экологического образования входят:

- организация и обеспечение системы экологического образования на местном уровне;

- создание региональной межведомственной комиссии по вопросам экологического образования;

- участие в разработке и реализации государственных программ в области экологического образования;

- разработка и реализация местных программ в области экологического образования;

- информационное и научно-методическое обеспечение учреждений, организаций и органов управления, осуществляющих образовательную деятельность в сфере экологического образования;

- аттестация государственных служащих органов местной исполнительных органов государственной власти, ведающих вопросами экологического образования;

- организация системы подготовки и повышения квалификации педагогических и управленческих кадров для системы экологического образования, специалистов - экологов, работников средств массовой информации, культуры, руководителей и должностных лиц местных органов государственной власти, организаций, специалистов и граждан, чья деятельность оказывает вредное воздействие на окружающую природную среду и здоровье человека;

- контроль и обеспечение соблюдения законодательства в области экологического образования.

Статья 13. Участие общественных организаций и граждан в экологическом образовании

1. В сфере экологического образования населения общественные организации и граждане имеют право:

- подготовки предложений по усовершенствованию и реализации государственной политики в области экологического образования;

- участия в конкурсах по разработке проектов по экологическому образованию;

- участия в подготовке программ международного сотрудничества в сфере экологического образования.

2. Общественные организации и граждане осуществляют экологическую образовательную деятельность на основании государственного сертификата, который они получают в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

3. Организации и граждане, осуществляющие экологическую образовательную деятельность, имеют право подать заявку в соответствующий орган и получить достоверную экологическую информацию.

4. Каждый гражданин имеет право получить экологические знания.

5. Родители и заменяющие их лица обязаны воспитать у детей бережное и ответственное отношение к окружающей среде.

Статья 14. Координация межведомственной деятельности по экологическому образованию

1. Для подготовки предложений по вопросам экологического образования и координации деятельности между органами исполнительной власти и заинтересованными организациями в сфере экологического образования создаются межведомственные комиссии.

2. Государственная межведомственная комиссия создается Правительством Республики Таджикистан.

3. Региональная межведомственная комиссия создается местным исполнительным органом государственной власти.

4. В состав государственной межведомственной комиссии входят представители министерств и ведомств, ведающих вопросами образования, науки, культуры и спорта, экономики, финансов, здравоохранения и санэпидемнадзора, труда, обороны, чрезвычайных ситуаций, иностранных дел, охраны окружающей среды и средств массовой информации.

5. В состав региональной межведомственной комиссии входят представители местных исполнительных органов государственной власти.

Статья 15. Международное сотрудничество в сфере экологического образования населения

Международное сотрудничество в сфере экологического образования населения осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.

ГЛАВА 4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 16. Ответственность за нарушение настоящего Закона

Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 17. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

29 декабря 2010 года №673

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "Об экологическом образовании населения"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "Об экологическом образовании населения", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "Об экологическом образовании населения".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 16 декабря 2010 года №107