×

Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 3 апрели соли 2021, № 116

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

 

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №116

 

Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1 .Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) марҳилаҳои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи аҳолиро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ инъикос мекунад. Маҳз, дар ҳамин сатҳҳо асосҳои саводнокии экологии аҳолӣ, шуури экологӣ ташаккул ёфта, муносибати арзишманд ба табиат ва фарҳанги экологиро рушд менамояд.

2. Маърифат ва тарбияи экологӣ тадбирҳои иттилоотиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолтар намуда, сатҳи маърифати аҳолиро баланд бардошта, ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар раванди ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намояд.

3. Маърифати экологӣ ба хотири рушди устувор бояд дар сатҳи вилоятӣ ва маҳаллӣ амалӣ карда шуда, ҳама зинаҳои низоми маориф -томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистратура ва докторантураро фаро мегирад. Маърифати экологӣ барои ба роҳ мондани робитаи байни инсон ва муҳити зист, инчунин эътироф кардани аҳамияти масъулият барои амалҳои ҷомеа дар маҷмӯъ ва ҳар як шахси алоҳида нигаронида шудааст.

2. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ БАРНОМА

4. Мақсади Барнома тарбия ва маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хоҳиши устуворӣ, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ мебошад.

5. Барнома барои ташаккул додани низоми босифати маърифати экологӣ, ки ҷавобгӯи эҳтиёҷоти рушди устувори кишвар мебошад, пешбинӣ шудааст.

6. Вазифаҳои Барнома инҳо мебошанд:

- фароҳам овардани шароити мусоид тавассути амалҳои муштараки маърифатӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- такмили таҳсилоти асосии (ибтидоии) экологӣ ва мусоидат ба рушди он;

- ҷорӣ намудани маърифат барои рушди устувор дар таълими расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳо ва амалисозии принсипҳои рушди устувор мусоидат менамояд;

- таҳияи асосҳои методологӣ ва илмию методӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии нав ва тарзи нави зиндагии инсон ва ҷомеа тибқи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

- ташкили омӯзиши шаҳрвандон барои идоракунии сифати зиндагӣ, дарки воқеии маҳдудиятҳои экологии мавҷудаи рушди устувор ва зарурати мутобиқшавӣ ба ин маҳдудиятҳо;

- рушди имкониятҳо, пешбар шудан ва пешбурди донишҳо, малакаҳо ва салоҳияти сабзи омӯзгорон, пешвоёни ҷавон, хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- баланд бардоштани сатҳи иқтидор ва имкониятҳо дар мавзӯъҳои асосии рушди устувор (тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки энергия, захираҳои об, масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ) барои гурӯҳҳои гуногуни мақсаднок, аз ҷумла омӯзгорон, пешвоёни ҷавон, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони соҳибкорӣ;

- ба роҳ мондан ва мустаҳкам кардани раванди муттасили маърифати экологӣ;

- рушди маърифати экологии томактабӣ, мактабӣ ва берун азмактабӣ;

- рушд додани омодагии касбӣ ва бозомӯзии мутахассисон, такмили ихтисоси роҳбарон ва мутахассисоне, ки барои қабули қарорҳо дар соҳаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии аҳолӣ масъуланд;

- рушди интишори самараноки донишҳои экологӣ;

- ҷалби воситаҳои ахбори омма ба муттаҳидшавии сокинони шаҳр ва минтақаҳо барои ҳалли масъалаҳои ҳифз ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист.

7. Принсипҳои тарбия ва маърифати экологӣ ба ҳуқуқи инсон, ба муҳити мусоиди зиндагӣ асос ёфта, ғояи ташаккули шахси дорои тафаккури навро дар бар гирифта, фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехатарро бо мақсади ҳифзи ҳаёт дар замин, наҷот додани инсоният аз офатҳои экологӣ амалӣ менамояд.

8. Принсипҳои Барнома инҳо мебошанд:

- аз ҷониби ҳар як шаҳрванд кафолати гирифтани донишҳои умумии экологӣ;

- ҳатмӣ будани донишҳои экологӣ дар низоми тарбия ва маърифати экологӣ;

- дохил кардани масъалаҳои тарбия ва маърифати экологӣ ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ;

- иштироки шаҳрвандон дар ҳама марҳилаҳои қабули қарор оид ба татбиқи ҳама гуна лоиҳаҳое, ки ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд, инчунин ба масъалаҳое, ки эҳтимолан ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсир мерасонанд;

- афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ;

- фарогир (ҷаҳонӣ) будани тарбияи экологӣ;

- бо тарбия ва маърифати экологӣ таъмин кардани ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синну соли гуногуни аҳолӣ.

3. САМТҲОИ АСОСИИ ДУРНАМОИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ БАРНОМА

9..Маърифати экологӣ барои рушди устувор маълумоти пешравандаро дар бар гирифта, ба ҳалли масъалаҳои муосири иҷтимоию экологӣ, фароҳам овардани шароит барои худфаъолиятгузорӣ ва рушди шахсият дар муҳити зуд тағйирёбандаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

10. Вазифаҳои маърифати экологӣ барои рушди устувор ин ташаккули донишҳои умумӣ ва донишҳои фаръии фаннӣ, маҳорат ва малакаҳои умумӣ дар асоси дарки қонунгузорӣ ва консепсияи рушди устувор, рушди ҳавасмандии бошуурона барои тадқиқоти таълимию пажӯҳишӣ ва фаъолияти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки барои беҳтар намудани муҳити зист ва сифати зиндагӣ нигаронида шудааст.

11. Хусусиятҳои маърифати экологӣ барои рушди устувор иборат аст аз:

- таваҷҷуҳ барои пешгирии мушкилоти иҷтимоию экологӣ;

- муттаҳидсозии маълумоти мухталиф ва ҷудогонаи экологӣ аз фанҳои табиии илмӣ, гуманитарӣ ва техникӣ ба як илми ягона бо мақсади таҳия кардани мундариҷаи нави таълимӣ аз маълумоти мавҷудбуда;

- таҳияи мундариҷаи нави таълимӣ, ки ба ҳамгироии донишҳои ҳозиразамони илмӣ дар бораи табиат, ҷомеа, иқтисод ва ғояҳои рушди устувор асос ёфтааст;

- фароҳам овардани шароит барои қабули арзишҳои экологӣ ва гуманистӣ, ки ба маҳдудкунии эҳтиёҷот ва биосфера асос ёфта, ба принсипҳои фаъолияти инсон мувофиқ мебошанд.

12. Ҷузъи методологии маърифати экологӣ барои рушди устувор муносибати экологӣ-гуманистиро ба тарбияи экологӣ пешбинӣ намуда, аз инҳо иборат аст:

- ба эътибор гирифтани шарту шароити устувори ҳаётгузаронӣ ва рушди инсоният;

- алоқамандии тарафайн дар ҷомеа, иқтисод ва табиат, ҳуқуқ ва масъулияти инсон;

- эҳтиёҷоти наслҳои имрӯза ва ҳуқуқи наслҳои оянда ба муҳити солим;

- гуногунии фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва биологӣ;

- баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ;

- идораи босамари партовҳо;

- тағйирёбии иқлим;

- саломатии хеш ва шахсони дигар;

- рушди ҳудудҳои шаҳрӣ ва деҳот.

13.Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар бояд оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор корҳои иловагӣ гузаронида, инчунин оид ба ин ду самт таҳқиқот анҷом дода шуда, бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва шароити кишварамон китобҳои дарсӣ бояд таҳия карда шаванд.

14.Ҷанбаи иҷтимоии иқтисоди "сабз" ин ҷорӣ кардани таълими "сабз"-ро пешбинӣ мекунад, ки ба афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, коҳиши ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зист мусоидат карда, истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъмин менамояд. Бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули тафаккур ва маърифати экологӣ мебошад. Аз нигоҳи ташаккули фарҳанги рафтори экологӣ ва дарки муносибати сарфакорона ба истифодаи энергия, об ва захираҳои дигари табиӣ дар кишвар муҳим аст. Аз ин лиҳоз, гузариш ба иқтисоди "сабз" тақвияти назарраси маърифати экологиро дар самти таваҷҷуҳи бештар ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ тақозо менамояд. Инчунин, бо дар назар доштани принсипҳои иқтисоди "сабз" ташаккул додани стандартҳои таълимии насли нав хеле муҳим аст.

15.Гузариш ба иқтисоди "сабз" инчунин омода кардани мутахассисонро дар сатҳи истеҳсолот низ пешбинӣ мекунад, ки он омӯзиши муҳандисон ва мутахассисонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳосилнокии захираҳо, инчунин амалигардонии технологияҳои "сабз"-ро дар бар мегирад.

16. Андозаи иҷтимоии иқтисоди "сабз" тарғиби маърифати сабзро дар бар гирифта даромад ва шуғлро афзоиш дода, партовҳои карбон ва ифлосшавиро коҳиш медиҳад ва ҳадафи такмил додани истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.

17. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ба раванди гузариш ба иқтисоди "сабз" хизматчиёни давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла мутахассисоне, ки дар низоми ҳукумати электронӣ кор мекунанд, бояд ҷалб карда шаванд.

18. Маърифати экологӣ дар робита бо афзоиши ифлосшавӣ ва харобшавии муҳити зист, кам шудани захираҳои табиӣ, вайроншавии тавозуни биосфера, тағйирёбии иқлим, бад шудани саломатии одамон ва маҳдудияти имконияти рушди минбаъда самти афзалиятноки рушди маориф маҳсуб меёбад.

19. Дар шароити буҳрони кунунии экологӣ, ки танҳо рафъи он метавонад ҳифзи инсониятро дар сайёра таъмин намояд, асоси тарбияи маънавӣ ва маърифати инсонро таҳияи принсипҳои муносибати оқилонаи одам ва табиат ташкил медиҳад. Дар ин марҳила ҷорӣ намудани маърифати экологӣ бо принсипҳои рушди низоми маориф ҳамоҳангшуда, бо дарназардошти иқтисоди "сабз" хеле муҳим аст.

20. Аксар вақт зери мафҳуми иқтисоди "сабз" истеҳсоли намудҳои гуногуни таҷҳизоти обтозакунӣ, ҷудо карда дуюмбора истифода кардан ва безараргардонии партовҳо, пешниҳоди хизматҳои экологиро дар назар доранд, вале дар ин маврид иқтисоди "сабз" танҳо як қисми иқтисоди "бузург" мебошад.

21. Гузариши воқеӣ ба иқтисоди "сабз" истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифз кардан ва афзоиши сармояи табиӣ, кам кардани ифлосшавӣ, ихроҷҳои камкарбон, пешгирии аз даст додани хизматҳои экосистемавӣ ва гуногунии биологӣ ва ҳалли мушкилоти партовҳо бо гузариш ба иқтисоди даврӣ мебошад.

22. Буҳрони экологӣ ва тағйирёбии иқлим солҳои охир зарурати тағйир додани тафаккур ва муносибати инсониятро нисбат ба ҳаёт возеҳ нишон дод. Аз ин рӯ, густариши донишҳо дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор муҳим мебошанд ва дар ин самт бояд ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ корбарӣ карда шавад.

23. Донишҳои экологӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим бояд ба кумаки аҳолӣ дар ҳалли мушкилот ва анҷом додани аксуламалҳои самарабахш ба тағйирёбии иқлим нигаронида шуда, ба баъзе ҷанбаҳои ин масъала таваҷҷуҳи махсус дода шавад. Ин тамоюл ба аҳолӣ барои дарк кардани сабабҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим кумак мерасонад, инчунин барои зиндагӣ кардан бо оқибатҳои он инсонро омода мекунад. Ҳамзамон барои андешидани чораҳои зарурӣ тадбирҳо ҷиҳати қабули тарзи ҳаёти нисбатан устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имкон медиҳад. Ғайр аз ин, донишҳои экологӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ба сиёсатмадорон барои дарк кардани аҳамият ва саривақтӣ будани татбиқи механизмҳои мубориза бо он дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ кумак хоҳад кард. Аҳли ҷомеа дар бораи чи гуна таъсир кардани тағйирёбии иқлим, гузарондани чорабиниҳо ҷиҳати ҳимоя кардани хеш аз оқибатҳои манфии он ва чӣ гуна коҳиш додани таъсири номатлуби оқибатҳои зарари ба табиат расонидашударо хоҳанд фаҳмид. Маърифати экологӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, хусусан барои баланд бардоштани сатҳи устувории гурӯҳҳои осебпазир ба таъсири манфии он кумак мерасонад.

24. Барои расидан ба иқтисоди "сабз" бояд ин амалҳо анҷом дода шаванд:

- бештар таваҷҷуҳ кардан ба механизмҳо ва воситаҳои интиқоли иттилоот ба аҳли ҷомеа;

- истифодаи лавҳаҳо ва экранҳои таблиғотии васеъ, ки дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ нақши муҳим доранд;

- мусоидат намудан ба ворид кардани масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он ба барномаи таълимӣ дар ҳама сатҳҳои таҳсилот (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои такмили ихтисоси кадрҳо ва ғайра), аз ҷумла дар барномаҳои миллии таълимӣ дар сатҳи муттасил;

- тақвияти нерую имкониятҳои марказҳои матбуотии вазорату идораҳои дахлдор ё мутахассисони масъули робита бо ҷомеа оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва механизмҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон (тавассути пресс-релизҳо, видеороликҳо, мақолаҳо ва ғайра) ва мусоидат ба татбиқи масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар нақшаҳои соҳавӣ оид ба огоҳонӣ ва иттилоотонӣ дар байни вазорату идораҳо.

4. ВАЗЪИ КУНУНИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25. Ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар сатҳи таҳсилоти томактабӣ корҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии кӯдакон дар кӯдакистонҳо амалӣ карда мешаванд.

26. Маърифат ва тарбияи экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) дар ҳамаи зинаҳои таҳсил гузаронида мешавад. Дар доираи дастгирии маърифати экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мавзчъҳои марбут ба муҳити зист ба барномаи расмии таҳсил дохил карда мешаванд.

27. Барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ экология ва баъзе мавзчъҳои экологиро дар бар мегиранд. Айни замон, дар низоми таҳсилоти касбии техникӣ таваҷҷуҳи асосӣ барои таъмини дастрасӣ ба таълими духтарон ва гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир дода мешавад.

28. Шаклҳои асосии фаъолият дар ин соҳа вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа, гузаронидани озмун, семинар ва намоиш дар мавзчъҳои мухталифи экологӣ мебошанд, ки дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ баргузор мегарданд.

29. Фаъолсозӣ дар самти таъмини саривақтии расонидани огоҳии экологии аҳолӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, партовҳои сахти маишӣ, бехатарии оби нӯшокӣ ва истифодабарии захираҳои табиӣ, инчунин ҳавасмандгардонӣ бо мақсади баланд бардоштани истифодаи сарфакоронаи энергия, захираҳои об ва воридоти технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст.

30.Яке аз воситаҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳи муносибати эҳтиёткорона ба табиат ин маъракаҳо ва чорабиниҳои ҳамасола оид ба кабудизоркунӣ ва ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин ва минтақаҳои дигар мебошанд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 1,91 млн бех ниҳол ва 22,19 млн бех гулу бутта шинонда шудааст. Дар соли 2020 дар шаҳри Душанбе зиёда аз 8,1 млн навъи гуногуни лола шинонда шуданд.

31. Ба туфайли амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ таҷрибаи ғанӣ андчхта шудааст, аммо ин таҷриба бояд барои расидан ба сатҳи ҳадафрасии маърифати экологӣ ва фарҳанги экологии аҳолӣ рушд дода шавад.

5. САТҲИ АМАЛИСОЗИИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

32. Дар тарбияи экологии насли наврас оила нақши муҳим мебозад. Оила малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба манзил, ҳайвоноти хонагӣ ва кишоварзӣ, растаниҳои хонагӣ, истифодаи эҳтиёткоронаи об, қувваи барқ ва ғизо, дарки зарурати коркарди партовҳои рӯзгор ва дарки муносибати байни рафтори ҳаррӯзаи инсон ва муҳити зист, сифати зиндагии оила, аз ҷумла саломатӣ ва некуаҳволии аъзои он ва одамони дигар, корҳои маърифатӣ дар байни кӯдакон ва падару модарони онҳо дар иттиҳодияҳои ғайрирасмии оиларо инкишоф медиҳад.

33. Ҳар як оила низоми дар якчанд наслҳо ташаккулёфтаи тарбияи фарзанд, қоидаҳо ва қонунҳои худро дорад, ки онҳо такмил меёбанд ва барои рушди шахсият кумак мерасонанд, ӯро ба ҳаёти оянда омода месозанд. Ҷанбаҳои мусбат дар тарбияи фарзанд мустақиман ба анъанаҳо, фарҳанг ва фазои маънавию ахлоқӣ, ки дар ин оила ҳукмфармост, вобаста аст. Меҳрубонӣ, ғамхорӣ нисбат ба дигарон, эҳтиром ба калонсолон, раҳмдилӣ, ваҳдат - ҳамаи ин сифатҳо асоси фарҳанги беҳтарини экологӣ мебошанд. Арзишҳои ахлоқӣ ва экологии кӯдак, ки дар ӯ аз хурдсолӣ тарбия карда мешаванд, дар ҳаёти калонсолии ӯ низ боқӣ мемонанд. Ҷалб кардани воситаҳои ахбори омма ба раванди маърифати экологӣ дар оила ва муттаҳидсозии сокинони шаҳр ё ноҳия дар ҳалли масъалаҳои ҳифз ва беҳтар кардани муҳити зист хеле муҳим аст.

34. Ниҳоди дигари муҳимми маърифати экологӣ ин муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо ва мавзеъҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи табиат мебошанд.

35. Маърифати экологии кӯдакони синни томактабӣ ҳамчун як ҷузъи маърифати муттасили экологӣ ҳамеша яке аз самтҳои муҳими кори муассисаҳои томактабӣ буда, бояд ҳолатҳои зеҳнӣ ва равонии кӯдакро фаро гирад.

36. Фарҳанги экологии кӯдакон бояд ҳанӯз дар муассисаҳои томактабӣ ташаккул ёбад. Дар ҳафт соли аввали ҳаёт ташаккули шахсияти кӯдакон сурат мегирад, хусусиятҳои ақлӣ ва ҷисмонии онҳо пайваста такмил меёбад ва ба дараҷаи фаҳмиш мерасанд. Дар давраи томактабӣ асосҳои ҳамзистӣ бо олами зинда гузошта мешавад. Маърифати экологии кӯдакони синни томактабӣ ташаккули арзишҳои олами зиндаро дар онҳо дар назар дорад ва ин вазифаро падару модарон ва мураббиёни кӯдакистонҳо амалӣ менамоянд.

37. Кӯдакон ба ҳамаи падидаҳои табиӣ, аз ҷумла барф, борон, рангинкамон таваҷҷуҳ доранд. Мураббӣ бояд малакаи мушоҳидаи ҳодисаҳои табииро ба кӯдакон омӯзонад.

38. Ҳадафи асосии таълими экологии кӯдакони синни томактабӣ ташаккул додани муносибати маърифатӣ дар кӯдакон, гирифтани донишҳои эҳсосию маънавӣ ва фаъолияти амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва саломатии онҳо мебошад.

39. Кӯдакони синни томактабӣ бояд вазифаҳои зеринро ба анҷом расонанд:

- ташаккули донишҳои илмии экологии содатарин;

- инкишофи завқи донишомӯзӣ ба олами табиӣ;

- худшиносӣ ва ташаккули хеш ҳамчун ҷузъи табиат;

- тарбия кардани муносибати инсондӯстона ва ғамхорона нисбати олами табиӣ;

- ташаккули қобилияти пешбинӣ намудан ва оқибатҳои амалҳои хеш дар табиат;

- ташаккули малака ва маҳорати мушоҳида кардани объектҳо ва зуҳуроти табиӣ.

40. Барнома ҳалли масъалаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- навсозии барномаҳо ва технологияҳои куҳнаи раванди таълиму тарбия;

- таҳияи барномаҳо барои кӯдакони то 3-сола;

- таҳия ва густариши нашрияҳои баландсифат барои кӯдакон, аз ҷумла нашрияҳои илмӣ-методӣ ва даврӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ;

- баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон.

41. Маърифати экологӣ дар низоми таҳсилоти умумӣ дар ҷараёни дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ дар низоми таълими иловагӣ амалӣ карда мешавад.

42. Таваҷҷуҳи асосӣ дар Барнома барои хонандагони хурдсол, инкишоф додани муносибат ба объектҳо ва зуҳуроти мушоҳидашаванда, инчунин инкишофи мушоҳидакорӣ, қобилияти муайян карда тавонистани робитаҳои сабаб-натиҷа асос ёфтааст.

43. Ҳадафи ташаккули ниёзҳои хонандагони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ба дониш дар бораи олами атроф ва робитаи хеш ба он ин талабот, манфиатҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои аз ҷиҳати экологӣ асоснок (дар навбати аввал, муносибати инсондӯстона ба муҳити зист ва ба мавҷудоти зинда) мебошад.

44.Раванди тарбияи экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти арзишҳои асосии миллии ҷомеа, ба монанди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми оила, ҳифзи сиҳатӣ, ҷалб кардан ба меҳнат, эҷодкорӣ, илм ва табиат сохта мешавад.

45. Барнома ҷиҳати аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоии ҳамкорӣ бо муҳити табиӣ ва иҷтимоию табиӣ, ташаккул додани фарҳанги экологии хонандагон нигаронида шудааст.

46.Мавҷудияти таҳсилоти иловагӣ дар маърифати муттасили экологӣ тавассути амалисозии барномаҳои иловагии таълимии самти табиатшиносӣ ва сайёҳию кишваршиносӣ, фаъолияти таҳқиқотии хонандагон, машғулиятҳо дар қитъаҳои наздимактабӣ, кори гурӯҳҳои истеҳсолии хонандагон ва ҷангалпарварони ҷавон, ташкили фаъолияти амалии ҳифзи муҳити зист ва таблиғи донишҳои экологӣ амалӣ мегардад.

47. Ҳадафи асосӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тарбия намудани ҷавонон мебошад, ки донишу малака доранд ва метавонанд дар шароити воқеии табиӣ ва иҷтимоӣ зиндагӣ ва кору фаъолият намоянд.

48.Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ анҷом додани корҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

- омода кардани кадрҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- ташаккулии донишҳои экологӣ ва қобилияти интихоби технологияҳои нави муосири самаранок барои истифодаи захираҳои табиӣ;

- рушди қобилияти ҷавонон ҷиҳати истифодабарии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар;

- рушди фарҳанги экологии истеҳсолот.

49. Омодасозии омӯзгорони оянда барои ташкили таълими экологии насли ҷавон вазифаи муҳим ва таъхирнопазир мебошад, ки аз ҳалли оқилонаи он, дар навбати худ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар вобаста хоҳад буд.

50. Омӯзиши экологии омӯзгорон бояд ба ташаккули қобилияти мустақилона омӯхтани онҳо равона гардад. Ин тамоюл бояд як қоидаи ҳатмӣ барои ҳар як омчзгор бошад ва онҳо як қисми вақти худро барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси хеш, аз худ кардани дастовардҳои муосири илм, техника, фарҳанг ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист сарф намоянд.

51. Вазифаҳои омӯзгорон бо мақсади тақвият бахшидани малакаи донишҳои худ аз инҳо иборат мебошад:

- тақвият бахшидани донишҳои экологӣ ва тавсеаи педагогии онҳо;

- расонидани кумаки методӣ;

- такмили омодагии экологии омӯзгорон дар доираи таҷрибаомӯзӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои нави такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самти маърифати экологӣ.

52.Баланд бардоштани тахассуси хизматчиёни давлатӣ оид ба маърифати экологӣ ин васеъ намудани дониши роҳбарон ва мутахассисоне, ки барои қабули қарорҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ масъуланд. Омӯзиши барномаҳои иловагии касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони субъектҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки барои қабули қарорҳо оид ба ҳифзи муҳити зист масъуланд ва ба муҳити зист таъсири манфӣ доранд ё дошта метавонанд.

53.Дар асоси Барнома байни роҳбарони ташкилот ва мутахассисоне, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои зерин масъуланд, омӯзиш ва аттестатсия гузаронида мешавад:

-ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додан, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва барҳамдиҳии бино, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба муҳити зист таъсири манфии мустақим ё ғайримустақим доранд;

-омода кардан, насб (монтаж) кардан, ба кор даровардан, хизматрасонӣ ва таъмири дастгоҳҳои техникӣ (мошинҳо ва таҷҳизот), ки дар объекти ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақимдошта истифода мешаванд;

-муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;

-интиқоли модда ва партовҳои хатарнок;

-гузаронидани экспертизаи экологӣ;

-амалисозии чорабиниҳои назорати давлатии экологӣ ва баҳисобгирии таъсири техногенӣ;

-иҷрои чорабиниҳои назорати истеҳсолии экологӣ ва аудити экологии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд;

-амалисозии барномаҳои иловагии таълимӣ барои баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти экологӣ;

-иҷрои корҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои таъйиноти ҳифзи муҳити зист.

6. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ ВА САЙЁҲОН

54.Асоси фарҳанги экологии шахсиятро шуури экологӣ ташкил медиҳад. Фарҳанги экологии аҳолӣ аз маҷмӯи хусусиятҳои шахсии одам иборат аст, ки вазъи ҳамоҳангии ӯро бо табиат ва ҷаҳони ботиниашро тавассути рушди тафаккури экологӣ, муносибати эҳсосию ахлоқӣ ва амалӣ нисбат ба муҳити зист инъикос менамояд.

55.Фарҳанги экологӣ - ҷаҳони эҳсосотӣ - ҳассосии шахсият, фарҳанги муносибатҳои маънавӣ бо табиатро инъикос мекунад. Тавсифи муҳимми ҷанбаи маънавии фарҳанги экологии шахсият ҳисси меъёр доштан мебошад, ки ташаккули фарҳанги экологӣ тавассути муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва масъулияти муштараки аҳолии кишвар, тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии аз ҷиҳати экологӣ масъули аҳолии синну соли гуногун мебошад.

56.Ташаккули фарҳанги экологиро дар байни аҳолии кишвар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма бояд амалӣ намояд.

57.Мавқеи фаъол дар ташаккули фарҳанги экологӣ бояд манфиатҳо ва талаботи тамоми сокинони шаҳру ноҳияҳоро инъикос намуда, аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:

- беҳтар кардани шароити зиндагии наслҳои ҳозира ва оянда дар раванди муносибатҳои эҳтиёткорона ба муҳити зист;

- таъмин намудани оромӣ ва эътимод ба саломатии кӯдакон бинобар коҳиш додани таъсири техногенӣ ба муҳити зисти шаҳр ва деҳот;

- муттаҳид намудан ва саъю кӯшиши аҳолӣ барои ҳалли масъалаҳо ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати муҳити зист.

58. Роҳбарияти мақоми болоии ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия ё деҳа бояд ба баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ҳавасманд бошанд, зеро дар ин маврид хароҷот аз буҷети ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр ва ноҳия бо сабабҳои зерин кам мешавад:

- баланд шудани ҳисси масъулияти шахсӣ барои таъсир расонидан ба муҳити зист ҳангоми қабул кардани қарор;

- ташаккул додани мавқеи фаъоли кормандони дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъминоти амнияти экологии аҳолӣ коркунандаи корхонаҳое, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд;

- сарфа кардан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи маҷмӯӣ ва эҳтиёткоронаи онҳо.

59. Назария ва донишҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ дода мешаванд, заруранд, аммо ҳеҷ гуна дониш касро маҷбур намекунад, ки табиатро дӯст дорад ва бошуурона ба он ғамхорӣ кунад, зеро чунин муҳаббат ва дарк кардани табиат танҳо дар ҳамбастагии наздики инсон ва табиат пайдо мегардад ва ин ҳолат тавассути сайёҳии экологӣ ба даст оварда мешавад, ки дорои имкониятҳо ва дурнамои бузург барои маърифат ва тарбияи экологӣ мебошад.

60.Ба вуҷуд овардани таассуроти мусбии маънавии сайёҳон ҳангоми сафар ба мавзеъҳои табиӣ, мамнуъгоҳҳои давлатии табиӣ, паркҳои давлатии табиӣ, парваришгоҳҳои табиӣ, ёдгориҳои давлатии табиӣ бо мақсади шиносоӣ бо сарватҳои он ва фарҳанги маҳаллӣ, ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба сарватҳои табиӣ мебошад.

61. Вазифаҳои сайёҳон дар соҳаи ҳифзи табиат ва муҳити зист:

- инкишофи ниёзҳои маънавии дар иртибот бо табиат, дарки таъсирбахшии муфиди он, кӯшиши омӯзиши табиат дар ягонагӣ бо эҳсосоти хусусияташ ахлоқӣ (маънавӣ);

- мусоидат ба ҳифзи табиат ва муҳити зисти иҷтимоию фарҳангӣ;

- азхудкунии донишҳои амалӣ, малакаҳои амалӣ ва маҳорати идораи оқилонаи истифодаи табиат, ташаккули қобилияти арзёбии вазъи муҳити табиӣ, қабули қарорҳои дуруст барои беҳтар кардани он;

- инкишофи малакаҳо ҷиҳати пешбинии оқибатҳои эҳтимолии фаъолияти хеш дар табиат;

- ташаккули мафҳуми робитаҳои тарафайн дар табиат;

- саҳми иқтисодӣ дар рушди устувор ва нигаҳдории экологии минтақаҳое, ки нафарони бисёрро қабул мекунанд;

- ташаккули кӯшиш барои амалҳои фаъолона дар самти беҳтарсозӣ ва ҳифзи муҳити табиӣ, тарғиби донишҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, муносибати таъхирнопазир ба рафтори одамоне, ки ба табиат зарар мерасонанд;

- баланд бардоштани сатҳи шуури одамон оид ба зарурати ҳифзи муҳити табиӣ ва фарҳангӣ, ҳам аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ва ҳам аз ҷониби сайёҳон;

- ташкил намудани сайёҳии экологӣ аз рӯи хатсайрҳои пешакии муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.

62. Баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии занон дар соҳаи идоракунии устувори захираҳои об, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҷангалҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва идоракунии партовҳо зарур аст.

7. ТАШКИЛИ ОМцЗОНИДАНИ АҲОЛӢ ДАР ҲОЛАТИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДА

63. Бо дарназардошти офатҳои табиии солҳои охир баамаломада омӯзонидани аҳолии кишвар ҷиҳати рафтори дурусти мақсаднок дар ҳолатҳои фавқулода дар оила, кӯдакистон, мактаб, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олӣ ва ҷои кор зарур мебошад.

64.Дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёт ба насли наврас ва ҷавонон падару модар, шахсони наздик, сохторҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ кумак мерасонанд, ки зинда монанд. Сохторҳои ҳукуматӣ бо дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеа омӯзишҳо ташкил мекунанд.

65.Таълими аҳолӣ дар вазъиятҳои фавқулода чунин ташкил карда мешавад:

- дар низоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар низоми таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

66.Дар ҳолатҳои фавқулода амалҳои гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ аз ҳам фарқ мекунанд, аз ин рӯ, омодагии онҳо бояд гуногун бошад.

67.Омӯзиши аҳолӣ дар сатҳи ҳудудӣ аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Аҳолии қобили меҳнат бевосита дар корхонаҳо омӯзонида шуда, дар тамринҳо иштирок мекунанд. Аҳолии бекор, бевосита мустақилона аз рӯи ёддоштҳо, дар лексияҳои оммавӣ ва бо истифода аз воситаҳои ахбори омма рафтори эҳтимолии хешро меомӯзад.

68. Хонандагону донишҷӯён аз рӯи барномаҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим мегиранд, ки он дар шаклҳои гуногуни зерин сурат мегирад:

- омӯзиши назариявӣ;

- машқҳои амалӣ ва кори мустақилона;

- бозиҳо ва монанди инҳо.

69. Шаклҳои асосии дарсҳо чунинанд:

- лексия ва семинар;

- дарсҳои амалӣ, тактикӣ ва махсус;

- машқ ва намудҳои гуногуни тамрин.

8. НАҚШИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР РУШДИ ТАРБИЯ, МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ

70.Аҳамияти болоравандаи воситаҳои ахбори омма дар иттилоотонӣ ва тарбияи аҳолӣ хусусияти хоси ҳаёти муосири ҷомеа мебошад. Вазифаҳои асосие, ки воситаҳои ахбори омма дар низоми маърифат ва тарбияи экологӣ анҷом медиҳанд, ташаккули афкори ҷомеа ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тарбияи фарҳанги экологӣ ва пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

71.Матбуот дар муқоиса бо воситаҳои дигари ахбори омма василаи пуриқтидортаринест, ки имкон медиҳад мундариҷаи ғояҳои тарғибшударо пурра ва муфассалтар ифшо намояд. Гуногунрангии иттилоот ба матбуот имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳити зистро, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ба таври васеъ ва бисёрҷониба инъикос намояд.

72.Воситаҳои пуриқтидори таъсир расонидан ба шуур ва рафтори одамон телевизион мебошад. Таъсир ба шуури экологии тамошобинон, тавассути намоиш додани манзараҳои мубориза бо зараррасонҳо, пахши гузоришҳо, огоҳонӣ ва муроҷиатҳо ба аҳолӣ дар бораи рафти ниҳолшинонӣ, нигоҳубини дарахту буттаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба даст оварда мешавад. Яке аз роҳҳои муҳимми дастрасии оммавӣ ин радио мебошад.

73.Коршиносон фаъолияти сусти ахбори оммаро дар пешбурди арзишҳои экологӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қайд мекунанд, ки ин раванди умумиҷаҳонӣ аст. Ягона воситаи бештар рушдкунанда интернет мебошад, ки бо хусусияти асосии худ ҳамчун воситаи коммуникатсионӣ ба рушди шаклҳои нави таълим ва фарҳанги экологӣ таъсири инқилобӣ дорад. Захираҳои интернет мунтазам такмил ёфта, шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба маърифати экологӣ таҳия мегарданд.

9.САҲМИ СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР САМТИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

74. Ҳадафҳои фаъолияти маърифатии созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ба ҳифзи босамари табиат ва экологикунонии шуури ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд.

75. Ба шакл, усул ва тарзҳои фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии экологӣ дохил мешаванд:

- чорабиниҳои экологӣ, флэшмобҳо;

- лагерҳои экологӣ (омӯзиш, экскурсияҳои экологӣ, хатсайрҳои экологӣ);

- ташкили пайраҳа ва бунгоҳҳои экологӣ;

- машғулиятҳои мавзӯӣ, ки ба ташаккули фарҳанги экологӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиат равона карда шудаанд;

- форумҳои экологӣ;

- нашри китобчаҳо (брошюраҳо), буклетҳо, варақаҳо;

- ташкили озмунҳо, намоиши суратҳо.

76..Доир намудани конференсия, тренинг, семинар ва аксияҳои экологӣ бештар маъмуланд.

77. Айни замон созмонҳои ҷамъиятии экологӣ дар ҳалли бисёр муаммоҳои экологии кишвар фаъолона ширкат меварзанд.

10. ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

78. Баланд бардоштани сатҳи дониши экологии хизматчиёни ҳарбӣ барои коҳиш додани таъсири омилҳои номусоиди марбут ба муҳити зист ба ҳамаи намуди амалиёти ҳарбӣ, ба шароити корӣ ва самаранокии истифодаи техникаи ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба таҳия ва асоснокии талаботи бехатарии экологӣ барои низомиён мебошад.

79. Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ҷиҳати истифодаи техникаю таҷҳизоти ҳарбӣ бо истифода аз технологияҳои экологӣ;

- ба хизматчиёни ҳарбӣ омӯзонидани банақшагирии чорабиниҳо оид ба тарбия ва маърифати экологӣ;

- ворид намудани унсурҳои маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода кардани ҳайати омӯзгорон барои таълим додани фанҳои экологӣ;

- омодагии қӯшунҳо барои амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодаи экологӣ.

11. РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

80. Принсипҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбия ва маърифати экологӣ ин мубодилаи озоди иттилооти экологӣ, донишҳои экологӣ ва технологияҳои навтарин дар байни кишварҳо, рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷаи дур ва наздик, инчунин таъмин намудани сатҳи иттилоотонии экологии аҳолӣ дар дохили кишвар мебошанд.

81. Барои ин вазифаҳои зеринро бояд анҷом дод:

- ҳамгироии низоми маърифати экологии кишвар бо низомҳои пешрафтаи таълими экологӣ дар хориҷа;

- дар рушди тарбия ва маърифати экологӣ истифода кардани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ;

- бо дарназардошти анъанаҳо ва шароити маҳаллӣ амалисозии таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар соҳаи маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифодаи имкониятҳои марказҳои миллие, ки барои амалисозии конвенсияҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ташкил гардидаанд;

- иштирок дар чорабиниҳои кишварҳои хориҷӣ оид ба маърифати экологӣ.

12. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

82.Маблағгузории нақшаи чорабиниҳо оид ба раванди иҷрои Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ, бақияи озод ва барзиёди даромад нисбат ба хароҷоти буҷети маҳаллӣ, воситаҳои махсус (хазинаи экологӣ), инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ, кчмакҳои техникии созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии сарпарастон, барномаҳои хайриявӣ ва манбаъҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

13. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

83.Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ , ташкилотҳои манфиатдор ва тамоми аҳли ҷомеа дар амалисозии Барнома фарогир ва ҷалб карда мешаванд.

84.Бо мақсади татбиқи Барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои дахлдори вилоятҳо ва ноҳияҳо таҳия карда мешаванд.

85.Бо дарназардошти зарурат ва аҳамияти ҷамъиятию давлатии маърифати экологӣ дар кишвар, ташкили идоракунии он аз рчи принсипҳои ҳамоҳансозии фаъолият ва кчшишҳои дастаҷамъонаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ мегардад.

86.Вобаста ба ҷоннок намудани ҳамоҳансозии фаъолияти байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои манфиатдор дар самти маърифати экологӣ тибқи талабот ва бо риояи қонунгузорӣ комиссияҳои давлатӣ ва минтақавии байниидорӣ амал мекунанд.

87.Ба ҳайати Комиссияи давлатии байниидоравӣ намояндагони вазорату идораҳо, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, маориф, иқтисод, молия, илм, меҳнат, мудофиа, варзиш, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, ҳолатҳои фавқулода, энергетика ва захираҳои об, сайёҳӣ, кишоварзӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, воситаҳои ахбори омма ва ғайра фаъолият мекунанд, шомил мешаванд.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №116

 

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

 

Нақша

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апреля 2021 года, №116

Государственная комплексная программа развития экологического воспитания и просвещения населения Республики Таджикистан на 2021-2025 годы

* Программа

* План мероприятий