ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025-ро таҳти назорат қарор дода, ҷиҳати амалисозии он тадбирҳои мушаххас андешанд ва аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 30 ноябр маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025-ро таъмин карда, аз натиҷаи амалӣ шудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2021, № 114
ш. Душанбе