Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №114
Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, шароитҳои мусоидро фароҳам меорад.
2. Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддӣтехникии муассисаҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ, бознигарии нақшаву барномаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот раванди тозаеро касб намуда, босуръат идома меёбад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар соҳаи илму маориф, ки ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ муайян шудааст, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
4. Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи илму маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани стандартҳои ҷаҳонӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассуси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳанд.
5. Навсозӣ ва рушди кишвар бе ноил гардидан ба пешрафтҳо дар соҳаи илму маориф ғайриимкон аст. Дар беҳтар намудани сифати таҳсилот, самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ мавқеи муҳим доранд.
6. Ҳадафи асосии қабули Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) иборат аст аз:
- муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо воситаҳои муосири техникӣ ва асбобҳои аёнӣ;
- тавассути ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ;
- фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои ҳалли масъалаҳои методӣ ва дидактикӣ, шавқовар гузаронидани дарсҳо ва имкони интихоби васеи усулҳои таълим бо истифода аз воситаҳои муосири техникӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва воситаҳои аёнӣ;
- ба даст овардани натиҷаҳо дар самти мушоҳидакорӣ, ташаббускорӣ, инчунин рушди тафаккури техникӣ ва эҷодкории хонандагон бо истифода аз воситаҳои маҷмӯии таълим;
- баланд бардоштани сифати назариявӣ ва амалии дарсҳо, бошуурона аз худ кардани мавзӯъҳои дарсӣ ва беҳтар намудани ҷанбаҳои тарбиявии дарс бо истифода аз воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим;
- фароҳам овардани шароити мусоиди кори таълиму тарбия бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии дарси омӯзгор ва маҳорату малакаи касбии омӯзгор;
- такмили низоми таълимию методӣ, фароҳам овардани шароит барои истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таълиму тарбия;
- рушди маҳорати касбии омӯзгор дар заминаи истифодаи самараноки воситаҳои муосири техникии таълим дар раванди дарс ва баланд бардоштани фаъолияти эҷодию навоварии омӯзгорон;
- таъмини кабинетҳои технологияи меҳнат бо маводи аёният ва технологияи муосир ва дар ин замина ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши касбҳои дуредгарӣ, челонгарӣ, оҳангарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат.
7. Қабул ва амалӣ гаштани Барнома барои таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бахусус, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва аз худ намудани фанҳои дақиқ, тавсеаи тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
8. Мақсади Барнома аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
9. Вазифаҳои Барнома:
- амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва дар ин замина беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ, бахусус, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
- таъмини озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти муосири техникии таълим, реактивҳо ва дигар лавозимот, ки тибқи талаботи барномаи таълим барои гузаронидани корҳои лабораторӣ шароит фароҳам меоварад;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор оид ба амалигардонии чорабиниҳои Барнома;
- амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Барнома дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, раёсат ва шуъбаҳои маориф ва раёсати молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомот, ки дар Барнома зикр гардидаанд;
- такмил додани усули таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, суруд ва мусиқӣ, муҳайё намудани шароит ва таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- ба таври васеъ ба роҳ мондани таҷрибаҳои амалӣ дар дарсҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тарғиби онҳо тавассути дастурҳои методӣ ва воситаҳои ахбори омма;
- истифодаи технологияҳои муосир ва методу усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарс;
- беҳтар намудани сифати омӯзиши фанҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- таҷҳизонидани синфхонаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ бо аёниятҳо;
- таҷҳизонидани кабинетҳои забон ва адабиёти тоҷик, алифбои ниёгон, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти қирғиз, забон ва адабиёти туркмен, забони давлатӣ, таърих ва ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ бо аёниятҳо ва дигар воситаҳои зарурии таълимӣ;
- ташкил ва гузаронидани семинарҳо дар муасисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои амалигардонии самтҳои Барнома.
3. ВАЗЪИ ТАҶҲИЗОНИДАНИ КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа ва бо дарназардошти таҷдиди минбаъдаи соҳа дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ислоҳоти соҳаи илму маориф идома меёбад.
11. Яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф пайдарҳамии раванди таҳсилот мебошад, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад.
12. Ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва дар ин замина аз худ намудани дастовардҳои илми муосир, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
13. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият ва такмили омӯзиши фанҳои таълимӣ, бахусус фанҳои дақиқ, заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва таҳияи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030 ҷиҳати бунёди муҳити созгор барои рушди соҳа дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар имконоти васеъ фароҳам меоварад.
14. Дар солҳои таҳсили 2020-2021 дар ҷумҳурӣ 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият карда, дар онҳо 2033900 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 124593 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.
15. Мутобиқи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар як ҳафта дар синфҳои I-IV - 22 соат, дар синфҳои V-IX - 56 соат ва дар синфҳои X-XI - 32 соат; барои фанҳои гуманитарӣ дар синфҳои I-IV - 49 соат, дар синфҳои V-IX - 67 соат ва дар синфҳои X-XI - 29 соат; барои фанҳои иҷтимоӣ дар синфҳои I-IV - 20 соат, дар синфҳои V-IX - 20 соат ва дар синфҳои XXI - 7 соат ҷудо карда шудааст, ки таносуби омӯзиши фанҳо аз рӯи ҳаҷми умумии соатҳои ҷудошуда дар синфҳои I-XI дар як ҳафтагуманитарӣ 48 фоиз, дақиқ 36,4 фоиз ва иҷтимоӣ 15,6 фоизро ташкил медиҳад.
16. Дар нақшаи таълимии мазкур омӯзиши фанҳо аз рӯи равияҳо ва зерравияҳои соҳавӣ пешбинӣ шудааст, ки баъди хатми таҳсилоти умумии асосӣ амалӣ карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гурӯҳбандӣ ба равияҳо аз синфи X иҷозат дода мешавад. Ҳангоми гурӯҳбандӣ ба равияҳо сатҳи дониш, малака, истеъдод ва ҳолати равонии хонанда бояд ба инобат гирифта шавад. Гурӯҳбандии синфҳо ба равияҳо ба миқдори синф ва шумораи хонандагон вобаста аст.
17. Дар муассисаҳои таълимии намуди гимназия, литсей ва хусусию ғайридавлатӣ, ки заминаҳои хуби таълимӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ доранд, хонандагон аз синфҳои V ва VII ба равияҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
18. Ташкил кардан ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон мусоидат намуда, фаъолияти самаранок ва шароити созгори таълимиро барои омӯзгор таъмин менамояд.
19. Таҳлили вазъи амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 нишон дод, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои муайян дар ин самт Барномаи мазкур бо сабаби ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин паҳншавии пандемияи COVID-19 ба таври зарурӣ амалӣ нагардид.
20. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи ташкил ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят тибқи нишондоди Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 24,31 фоиз амалӣ гардид. Аз ин лиҳоз, аз 292 кабинети дар давраи амалигардонии барномаҳои давлатии ба нақша гирифташуда ҳамагӣ 71 кабинет ташкил карда шудааст. Ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ, хариди таҷҳизот ва маводи зарурӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят маблағи ҷудогардида нокифоя буд.
21. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон тибқи нақшаи амалигардонии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 бояд 740 кабинети таълимӣ барои фанҳои табиӣ-риёзӣ (физика, химия, биология, ҷуғрофия, математика, технологияи иттилоотӣ, экология, суруд ва мусиқӣ) муҷаҳҳаз гардонида мешуд. Дар муддати дуюним сол дар муассисаҳои таълимии вилоят 240 кабинети таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 32,43 фоизи нақшаро ташкил дод.
22. Ҳамчунин дар вилояти Суғд аз 571 кабинети тибқи нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 пешбинишуда дар давоми дуюним сол 336 кабинет муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 58,84 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
23. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иҷрои нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ба 118,9 фоиз расид, яъне ба ҷои 111 кабинети дар нақша пешбинишуда 132 кабинет таҷҳизонида шуд.
24. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз 425 кабинети тибқи нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 пешбинишуда 53 кабинет муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 12,47 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
25. Аз 2139 кабинети тибқи нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 пешбинишуда дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 832 кабинет муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 38,9 фоизи иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.
26. Аз таҳлилҳои гузаронидашуда бармеояд, ки Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад иҷро нагардид.
27. Бинобар сабаби иҷро нагардидани Барномаи мазкур зарурати таҳияи Барномаи нав ба миён омад, ки он дар банди 4 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии дастури Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" пешбинӣ шудааст.
28. Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, ороиши синфхонаҳо ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосири таълимӣ ба ташаккули тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мусоидат намуда, сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагонро беҳтар мегардонад.
29. Дар асоси Барномаи мазкур ба ҳисоби миёна арзиши таҷҳизонидани як кабинети фаннии физика ва химия ба 15000 сомонӣ, як озмоишгоҳи таълимии физика ва химия ба 50000 сомонӣ, як озмоишгоҳи таълимии биология ба 25000 сомонӣ, як синф-кабинет ва кабинетҳои фанҳои дигар то 10000 сомонӣ баробар мебошад. Дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна маблағи умумӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур 124635 ҳазор сомониро ташкил медиҳад (замимаҳои 1-5).
4. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
30. Барномаи мазкур бо роҳҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, суруд ва мусиқӣ (замимаҳои 6-13);
- фароҳам овардани шароит барои хонандагони болаёқат бо дарназардошти хусусиятҳои фардии онҳо;
- такмил ва таҷҳизонидани синфхонаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
- такмил ва таҷҳизонидани синфхонаҳои бахшҳои экологӣ ва техникии марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ (замимаи
14).
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
31. Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:
- маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ва илм;
- маблағҳои махсуси соҳа; - ҷалби маблағҳои қарзии имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ;
- дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
32. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ҷалби грантҳои созмонҳои байналмилалӣ барои ороиш ва таҷҳизонидани кабинету озмоишгоҳҳо бояд лоиҳаҳои худро ба тендерҳои созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
6. НАТИҶАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
33. Амалигардонии Барномаи мазкур ба инҳо мусоидат хоҳад кард:
- иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули шахсияти дорои тафаккури нав, рушди бемайлони ҷомеаи солим, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникии насли нав;
- беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар заминаи такмили роҳу усулҳои таълим;
- таъмини ҳамгироии таълиму тарбия, ҳифзи муҳити зист ва тарғиби интихоби касбу ҳунар;
- фароҳам овардани муҳити эҷодӣ ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорон дар заминаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияҳои муосири таълимӣ;
- афзун намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникии онҳо ва интихоби бошууронаи касбу ҳунарҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №114
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025
Нақша