Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, № 706 "Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазоратҳои нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии барномаи мазкур ҷиҳати ҷалби воситаҳои молиявӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои кумаки техникии созмонҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои самарабахши барномаи мазкурро таъмин карда, ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои он маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

 аз 31 декабри соли 2020, № 706

ш. Душанбе