Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, № 702 "Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тибби барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тибби барои давраи то соли 2030

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 ва нақшаи амалисозии Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ҳамасола тибқи тартиби муқарраргардида мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисосҳои афзалиятноки тиббӣ барои таҳсил кардан ба хориҷи кишвар сафарбар намояд,

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тибқи тартиби муқарраргардида бо дарназардошти таъмин кардани вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои тиббӣ нақшаи умумии қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ, нақшаи қабули духтарон ва писаронро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва номгӯи ихтисосҳои тиббӣ, ки аз рӯи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ кадрҳо тайёр карда мешаванд, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд,

4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ оид ба амалисозии барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад;

- тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустиро дар зинаҳои дахлдори таҳсилоти баъдидипломӣ ва курсҳои бозомӯзӣ бо дарназардошти ихтисосҳои афзалиятдошта амалӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2020, № 702

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе подготовки медицинских кадров на период до 2030 года

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу подготовки медицинских кадров на период до 2030 года и план реализации Программы подготовки медицинских кадров на период до 2030 (приложения 1 и 2).

2. Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств ежегодно в установленном порядке отправлять за пределы страны на обучение молодых специалистов отрасли здравоохранения по приоритетным медицинским специальностям.

3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно с учетом обеспечения областей, городов и районов республики медицинскими кадрами в установленном порядке составлять общий план приёма студентов в медицинские образовательные учреждения республики, план приёма девушек и юношей в учреждения высшего профессионального образования по квоте Президента Республики Таджикистан за счет средств государственного бюджета и перечень медицинских специальностей, по которым за счет средств государственного бюджета будут готовиться кадры в зарубежных высших образовательных учебных учреждениях, разработать и представить их на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан.

4. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения в рамках средств, предусмотренных государственным бюджетом, внебюджетных средств и с привлечением внутренних и внешних инвестиций принять необходимые меры для реализации настоящей программы;

- осуществить подготовку кадров здравоохранения на соответствующих этапах последипломного медицинского образования и курсах переподготовки с учетом приоритетных специальностей.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 декабря 2020 года, №702