ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №550
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, № 550 "Дар бораи Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 8 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҳангоми ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А", "В", "С", "D", "СЕ", "DЕ" дар як вақт аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилӣ дар банди 9 шаҳодатномаи ронандагӣ мувофиқан зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е" чоп карда мешавад.";
- ба банди 14 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Зимнан ҳуқуқи таҳсил дар курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияҳои (зеркатегорияҳои) "ВЕ", "СЕ", "DЕ", "С1Е", "D1Е" ба ронандагоне дода мешавад, ки дар шаҳодатномаи ронандагии онҳо иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти мувофиқан категорияҳои (зеркатегорияҳои) "В", "С", "D", "С1", "D1" қайд шудааст, на кам аз як сол собиқаи идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобилии категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдорро доранд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.";
- дар банди 17 калимаҳои "категорияҳои (зеркатегорияҳои) "А", "А1", "В", "В1" ва аз категорияи "D" ба категорияҳои (зеркатегорияҳои) "А", "А1", "В", "В1", "С", "С1" ба калимаҳои "аз категорияи "В" ба категорияи (зеркатегорияи) "А", "А1", аз категорияи "С" ба категорияҳои (зеркатегорияҳои) "А", "А1", "В", "В1" ва аз категорияи "D" ба категорияҳои (зеркагегорияҳои) "A", "А1", "В", "В1", "С", "С1" иваз карда шаванд;
- банди 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"18. Агар гурӯҳи таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияҳои "В", "С" ва "О", ки то мавриди амал қарор гирифтани Тартиб дар бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шуда бошад ва таълим пас аз мавриди амал қарор гирифтани Тартиб анҷом ёбад, шунавандагони он баъд аз супоридани имтиҳонҳои назариявӣ ва амалӣ дар бозрасии давлатии автомобилӣ аз категорияҳои дахлдор ба супоридани имтиҳони амалӣ барои гирифтани ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияи (зеркатегорияи) дахлдор тибқи банди 17 Тартиби мазкур иҷозат дода мешаванд. Ба шахсони мазкур ҳуқуқ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "С" баъд аз расидан ба синни ҳаждаҳ ва категорияҳои "D", "Тm", "Тb" баъд аз расидан ба синни бисту як дода мешавад.
Эзоҳ: Талаботи банди мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки муассисаҳои таълимиро оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт то мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур хатм намудаанд.";
- сархати сеюми банди 32 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- воситаҳои нақлиёти категорияи "С" - ба шахсоне, ки ба синни нуздаҳ (19) расидаанд, (аз синии ҳаждаҳ (18) ба шахсоне, ки тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба таҳсил ҷалб гаштаанд);";
- дар банди 37 баъд аз калимаҳои "барои категорияҳои "ВЕ", "СЕ", "DЕ"" калимаҳои "ё то мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур категорияи "Е"" илова карда шаванд;
- дар банди 38 баъд аз калимаҳои "барои зеркатегорияҳои "С1Е", "D1Е"" калимаҳои "ё то мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур категорияи "Е"" илова карда шаванд;
- ба банди 51 эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳ: Гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани (бозомӯзии) ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ", "DЕ" метавонад ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти мувофиқан зеркатегорияҳои "А1", "B1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е" асос шавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2020, № 686
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 ноября 2019 года, №550
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Порядок допуска к управлению транспортными средствами, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 ноября 2019 года, №550 "О Порядке допуска к управлению транспортными средствами", следующие изменения и дополнения:
- пункт 8 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"При выдаче гражданам водительского удостоверения на управление транспортными средствами категорий "А", "В", "С", "D", "СЕ", "DЕ" одновременно регистрационно-экзаменационными подразделениями государственой автомобильной инспекции в пункте 9 водительского удостоверения печатаются соответственно подкатегории "А1", "В1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е".";
- пункт 14 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"При этом право прохождения курсов подготовки в учебных учреждениях по подготовке водителей транспортных средств категорий (подкатегорий) "ВЕ", "СЕ", "DЕ", "С1Е", "D1E" предоставляется водителям, в водительских удостоверениях которых имеются разрешающие отметки соответственно категорий (подкатегорий) "В", "С", "D", "С1", "D1" и не менее одного года стажа управления соответствующих категорий (подкатегорий) автотранспортного средства, а также прошедших медицинское освидетельствование в установленные сроки.";
- в пункте 17 слова "категорий (подкатегорий) "А". "А1", "В", "В1" и с категорией "D" на категории (подкатегории) "А", "А1", "В", "В1", "С", "С1" заменить словами "с категории "В" на категории (подкатегории) "А", "А1, с категории "С" на категории (подкатегории) "А", "А1", "В", "В1" и с категории "D" на категории (подкатегории) "А", "А1", "В", "В1", "С", "С1";
- пункт 18 изложить в следующей редакции:
"18. Если учебная группа по подготовке водителей транспортных средств категорий "В", "С" и "Б" зарегистрирована в государственной автомобильной инспекции до вступления в силу Порядка, а обучение завершена после вступления в силу Порядка, ее слушатели после сдачи теоретических и практических экзаменов в государственной автомобильной инспекции на соответствующую категорию допускаются к сдаче практических экзаменов для получения права управления транспортными средствами соответствующих категорий (подкатегорий) согласно пункту 17 настоящего Порядка. Указанным лицам права на управление транспортных средств категории "С" выдаётся по достижению восемнадцатилетнего возраста и категорий "D", "Тm", "Тb" по достижению двадцати однолетнего возраста.
Примечание: Требования настоящего пункта применяются в отношении лиц, окончивших учебные учреждения по подготовке водителей транспортных средств до вступления в силу настоящего Порядка.";
- абзац третий пункта 32 изложить в следующей редакции:
"- транспортными средствами категории "С" - лицам, достигшим девятнадцатилетнего (19) возраста (с восемнадцатилетнего (18) возраста лицам, обучающимся в учебных учреждениях Комитета общественной организации содействия обороне по направлению военных комиссариатов);";
- пункт 37 после слов "соответственно категории "ВЕ", "СЕ", "DЕ"" дополнить словами "или до вступления в силу настоящего постановления категории "Е"";
- пункт 38 после слов "соответственно подкатегории "С1Е", "D1E" дополнить слова "или до вступления в силу настоящего постановления категории "Е"";
- пункт 51 дополнить примечанием следующего содержания:
"Примечание: Свидетельство об окончании учебных курсов по подготовке (переподготовке) водителей транспортных средств категорий "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ", "DЕ" может служить основанием для получения водительского удостоверения соответственно категорий "А1", "В1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е".".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 декабря 2020 года, №686