Низомномаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз 27 октябри соли 2020, № 551

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 октябри соли 2020, № 551

Низомномаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

БОБИ 1. МУҚАРРОТИ УМУМӢ

1.Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - Комиссия) барои баррасии пешниҳодҳо вобаста ба рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ ва такмили усулҳои иқтисодӣ, ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳамлу нақл, муштариён ва ҷомеа таъсис дода мешавад.

2. Комиссия мақоми ҳамоҳангсоз ва дастаҷамъӣ буда, фаъолияти он доимоамалкунанда мебошад.

3. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

БОБИ 2. ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ

4. Комиссия масъалаҳои зерини ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ вобастабударо баррасӣ менамояд:

- амалисозии низоми давлатӣ ва рушд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- баланд бардоштани самаранокӣ ва такмили усулҳои хоҷагидорӣ;

- ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, новобаста аз шакли моликият;

- ҳимояи ҳуқуқи интиқолдиҳандагон ва истифодабарандагони нақлиёти автомобилӣ;

- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии интиқолдиҳандагони соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

- мусоидат ҷиҳати ташкили рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ;

- масъалаҳои марбут ба вазъи бехатарӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ.

БОБИ 3. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

5. Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- масъалаҳо оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва такмили усулҳои идоракунию хоҷагидорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ва рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баррасӣ менамояд;

- дар амалисозии чорабиниҳои умумӣ оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои он иштирок менамояд;

-дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ барои интиқолдиҳандагон, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити баробар ва рақобати солим мусоидат менамояд;

-таклифу пешниҳодҳоро оид ба мусоидат ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ равона гардидаанд, баррасӣ менамояд; -тибқи тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттиҳодияҳои нақлиёти автомобилӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти комиссия дохиланд, маълумот (мавод) дархост менамояд;

- ҳангоми зарурат шахсони мансабдори вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттиҳодияҳои нақлиёти автомобилӣ ва интиқолдиҳандагонро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ки дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолият мекунанд, ба маҷлисҳои худ даъват менамояд;

- ҳангоми зарурат, бо мақсади ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти рушди соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои манфиатдор, олимон ва мутахассисон гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад;

- оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Комиссия дахлдошта мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.

БОБИ 4. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

6. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии интиқолдиҳандагон таъсис дода мешавад.

7. Аъзои Комиссия ҳуқуқ доранд:

- дар доираи масъалаҳои марбут бафаъолияти худ ба Комиссия таклифҳо пешниҳод намоянд;

- дар муҳокимаи пешниҳодҳо ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои дар баррасии Комиссия қарордошта иштирок намоянд;

- оид ба фаъолияти Комиссия ва рафти амалисозии қарорҳои он маълумот гиранд.

8. Уҳдадориҳои аъзои Комиссия:

- дар доираи уҳдадориҳои худ чораҳои заруриро оид ба татбиқи амалии қарорҳои Комиссия меандешанд;

- дар маҷлисҳои Комиссия, муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда ва таҳияи қарорҳо иштирок менамоянд;

- ҳангоми имконнопазир будани иштирок, ба котиби Комиссия оид ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳодҳои хаттии худро ирсол менамоянд.

БОБИ 5. ТАШКИЛИ КОРИ КОМИССИЯ

9. Ба кори Комиссия раис роҳбарӣ мекунад, ки дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- роҳбарии фаъолияти Комиссияро амалӣ мекунад;

- вазифаҳоро дар байни аъзои Комиссия тақсим менамояд;

- иҷрои вазифаҳои дар назди Комиссия гузошташударо таъмин менамояд;

- оид ба баргузории маҷлисҳои Комиссия қарор қабул менамояд;

- қарорҳои қабулкардаи Комиссияро тасдиқ менамояд.

10. Муовини раиси Комиссия:

- супоришҳои раиси Комиссияро иҷро менамояд;

- оид ба самтҳои асосии кори Комиссия пешниҳодҳо омода менамояд;

- бо супориши Раис дар набудани ӯ дар маҷлисҳои Комиссия роҳбарӣ менамояд;

- иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро таъмин менамояд.

11. Котиби Комиссия:

- лоиҳаи нақшаи маҷлиси Комиссия ва рӯзномаи онро таҳия намуда, ба раиси (муовини раиси) Комиссия пешниҳод менамояд;

- супоришҳои раис ва муовини раиси Комиссияро оид ба ташкили фаъолияти Комиссия иҷро менамояд;

- омодагии маҷлисҳои Комиссия ва таҳияи лоиҳаи қарорҳои онро таъмин менамояд;

- амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию таҳлилии Комиссияро бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки дар Комиссия намояндагӣ мекунад, таъмин менамояд;

- ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои баррасӣ ба Комиссия омода ва пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигарро мутобиқи қарорҳои Комиссия, супориши раис ва муовини ӯ иҷро менамояд.

12. Нақшаи кори ҳарсола ва рӯзномаи маҷлиси Комиссия дар маҷлисҳои Комиссия муайян карда мешаванд.

13. Маҷлиси Комиссия мутобиқи нақшаи кори Комиссия ва на камтар аз ду маротиба дар як сол, инчунин ғайринавбатӣ бо пешниҳоди раиси Комиссия ва ташаббуси аъзои он ҳангоми зарурати баррасии бетаъхири масъалаҳо гузаронида мешавад. Маҷлиси Комиссия комилҳуқуқ ҳисобида мешавад, агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошанд. Қарорҳои Комиссия бо аксарияти овоздиҳӣ бо дар назар доштани ақидаи аъзои ҳузурнадоштаи Комиссия, ки ба котиби Комиссия дар шакли хаттӣ ирсол шудаанд, қабул мегарданд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунанда дар маҷлис ҳалкунанда мебошад.

14. Қарорҳои қабулнамудаи маҷлиси Комиссия бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раиси Комиссия ё муовини ӯ, ки дар маҷлис раисӣ мекунад, имзо карда мешаванд. Нусхаи протоколҳо ба аъзои Комиссия, инчунин мақомот ва ташкилотҳои дахлдор ирсол мегардад. Қарорҳои қабулнамудаи Комиссия хусусияти тавсиявӣ доранд.

15.Таъмини ташкилию техникии фаъолияти Комиссияро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 октябри соли 2020, № 551

Ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) - муовини раиси Комиссия.

сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия.

Аъзои Комиссия:

муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

муовини раиси вилояти Суғд;

муовини раиси вилояти Хатлон;

муовини раиси шаҳри Душанбе;

сардори раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва дигар намояндагони муассисаҳои илмию тадқиқотии соҳаи нақлиёти автомобилӣ;

намояндагони ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии интиқолдиҳандагон.