ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии огоҳиномаҳои гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда
Мутобиқи қисми 6 моддаи 5, қисми 8 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии ухдадориҳои таъминшуда", моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
2. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии ухдадориҳои таъминшуда тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3. Феҳристи объектҳое, ки бинобар арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ё барои амнияти давлатӣ аҳамият доштанашон мавзӯи гарав шуда наметавонанд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 603 "Дар бораи Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ухдадориҳои гаравӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 сентябри соли 2020 № 504
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах регистрации уведомлений о залоге движимого имущества и регистрации обеспеченных обязательств
В соответствии с частью 6 статьи 5, частью 8 статьи 19 Закона Республики Таджикистан "О залоге движимого имущества и регистрации обеспеченных обязательств", статьей 116 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Определить Министерство юстиции Республики Таджикистан уполномоченным государственным органом в сфере регистрации обеспеченных обязательств и ведения Единого государственного реестра обеспеченных обязательств.
2. Утвердить Порядок регистрации уведомлений и ведения Единого государственного реестра обеспеченных обязательств (приложение 1).
3. Утвердить перечень объектов, которые не могут быть предметом залога в силу исторической и культурной ценности или значимости для обеспечения государственной безопасности (приложение 2).
4. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2015 года, №603 "О Порядке регистрации залогов и ведения Единого государственного реестра залоговых обязательств".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 сентября 2020 года, №504