×

Тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда аз 26 сентябри соли 2020, № 504

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2020, №504

 

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОГОҲИНОМАҲОИ ГАРАВ ВА ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (минбаъд -Тартиби мазкур) дар асоси қисми 8 моддаи 19, қисми 2 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда" ва қисми 8 моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, низоми ба қайди давлатӣ гирифтани огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ), инчунин тартиби ворид намудани маълумот ба онро муайян мекунад.

2. Тартиби мазкур расмиёте мебошад, ки аз тарафи давлат бо мақсади ба танзим даровардани ҷараёни бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда, муқаррар намудани вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда, инчунин ташаккули манбаи озоди иттилоот оид ба огоҳиномаҳои гарав ва уҳдадориҳои таъминшуда муқаррар карда шудааст.

2. БАҚАЙДГИРИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА

3. Уҳдадориҳои таъминшуда уҳдадориҳое эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи онҳо ҳуқуқи талабнамоии кредитор нисбат ба қарздор бо усулҳои гуногуни таъмини иҷрои уҳдадориҳо муқаррар карда шудаанд.

4. Тартиби мазкур нисбат ба уҳдадориҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи талабнамоии кредитор нисбат ба қарздор бо пешниҳоди молу мулки манқул ба усулҳои гуногун таъмин карда шудаанд, татбиқ карда мешавад (минбаъд - уҳдадориҳои таъминшуда).

5. Уҳдадориҳои таъминшуда бо роҳи бақайдгирии огоҳиномаи гарав тибқи Тартиби мазкур ба қайд гирифта мешаванд.

3. ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ ВА ҚОИДАҲОИ УМУМИИ БАҚАЙДГИРИИ ОН

6. Огоҳиномаи гарав - хабари кредитор оид ба ҳуқуқи ӯ ба молу мулки манқули қарздор ё шахсони сеюм, ки мутобиқи Тартиби мазкур ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид карда мешавад.

7. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав бо роҳи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тавассути пур кардани шакли дахлдори бақайдгирӣ дар сомонаи интернетии Феҳристи ягонаи давлатӣ амалӣ карда мешавад.

8. Огоҳиномаи гарав дар се шакл метавонад ба расмият дароварда шавад:

- огоҳиномаи гарав дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул;

-огоҳиномаи гарав дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба уҳдадориҳои таъминшудаи бақайдгирифташуда;

- огоҳиномаи гарав дар бораи эътирозҳо.

9. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

- ихтиёрӣ будани бақайдгирии огоҳиномаи гарав;

- бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби субъектҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида (минбаъд - кредиторони бақайдгиранда, кредиторони қарздор);

- ба даст овардани ҳуқуқи афзалиятнок аз ҷониби кредитор барои қонеъ гардонидани манфиатҳои худ дар назди кредиторони дигар аз арзиши молу мулки манқули қарздор;

- таъсир нарасонидани бақайдгирии огоҳиномаи гарав ба эътиборнокии аҳде, ки ҳуқуқи кредитор нисбат ба қарздор оид ба қонеъ гардонидани манфиатҳои худ аз молу мулки манқули қарздор асос мегирад;

- хусусияти мустақил доштани қисматҳои огоҳиномаи гарав;

- огоҳиномаи гарав, шакли аҳди муқаррарнамудаи қонунро тағйир намедиҳад, аз ҷумла дар ҳолати бақайдгирии давлатии аҳд.

10. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз тарафи кредиторони қарздор мустақилона амалӣ карда мешавад.

11. Ба сифати кредиторони қарздор, ки тибқи Тартиби мазкур бақайдгирии огоҳиномаи гаравро метавонанд амалӣ намоянд, субъектони зерин баромад менамоянд:

- гаравгирон;

- кредиторони дигаре, ки ба онҳо молу мулки қарздор барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дода мешавад;

- моликони молу мулки ба ихтиёри қарздор додашуда (минбаъд - кредиторони хусусӣ).

12. Тибқи Тартиби мазкур ба сифати кредиторон инчунин субъектоне эътироф карда мешаванд, ки иштирокчии муносибатҳои дахлдори оммавӣ-ҳуқуқӣ буда, нисбат ба қарздор ҳуқуқи талаб намудани қонеъгардонии манфиатҳои худро, ки аз талаботи хусусияти оммавӣ- ҳуқуқидошта бармеоянд, аз арзиши молу мулки манқули ба қарздор тааллуқдошта доро мебошанд.

Ба сифати чунин кредиторон эътироф карда мешаванд (минбаъд - кредиторони оммавӣ):

- идоракунандагони аз тарафи суд нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муфлис таъйиншуда;

- даъвогароне, ки ба фоидаи онҳо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқул аз ҳисоби қарздор вуҷуд дорад;

- мақомоти андоз ва гумрук дар ҳолати талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- мақомоти таҳқиқ ва тафтишот дар ҳолати гузоштани ҳабс ва маҳдудиятҳои дигари ҳуқуқ ба молу мулки қарздор.

13. Огоҳиномаи гарав дар бораи уҳдадориҳои таъминшуда бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) нисбат ба шахсони воқеӣ (ҳам кредитор ва ҳам қарздор);

- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳалли ҷойгиршавии (маҳалли зисти) кредитор ва идоракунандаи гарав, агар чунин шахс таъйин шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда;

- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли ҷойгиршавӣ (маҳалли зист) ва рақами мушаххаси андозсупорандаи қарздор;

2) нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ (ҳам кредитор ва ҳам қарздор):

- номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли бақайдгирӣ ва маҳалли ҳақиқии ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ - кредитор, рақами мушаххаси андозсупоранда;

- номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли бақайдгирӣ ва маҳалли ҳақиқии ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ - қарздор, рақами мушаххаси андозсупоранда;

3) тавсифи умумии молу мулки манқуле, ки ба сифати мавзӯи гарав ё таъминоти дигар баромад менамояд ва барои мушаххасгардонии он имконият медиҳад. Мушаххасгардонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳи нишон додани рақами шахсии воситаи нақлиёт гузаронида мешавад;

4) талаботи дигаре, ки Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

14. Дар баробари маълумоти дар банди 13 Тартиби мазкур нишондодашуда, огоҳиномаи гарав инчунин метавонад, маълумот дар бораи аҳд, ки асоси ба миён омадани уҳдадории таъминшуда мебошад, дар бар гирад.

15. Баъд аз нишон додани маълумоти дар банди 13 Тартиби мазкур пешбинишуда ҳар як огоҳиномаи гарав ба таври худкор (автоматӣ) дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бо нишон додани сана, вақти бақайдгирӣ ва додани рақами махсуси бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар бораи бақайдгирии огоҳиномаи гарав фавран ҳисоботи дахлдор дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

4. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ АЗ ҶОНИБИ КРЕДИТОРИ ХУСУСӢ

16. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби кредитори хусусӣ тибқи боби 3 Тартиби мазкур ба таври умумӣ сурат мегирад.

5. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ АЗ ҶОНИБИ КРЕДИТОРИ ОММАВӢ

§ 1.Тартиби бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби идоракунандагони аз тарафи суд нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлис таъйиншуда

17. Дар ҳолати аз ҷониби суд муфлис эълон карда шудани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд - муфлис), инчунин аз ҷониби суд муқаррар карда шудани мудир (минбаъд - идоракунанда) барои гузаронидани расмиёти муфлисшавӣ нисбати шахси муфлисшуда идоракунанда метавонад тибқи муқаррароти Тартиби мазкур огоҳиномаи гаравро ба қайд гирад.

18. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби идоракунанда бо назар доштани талаботи боби 3 Тартиби мазкур ба таври зерин сурат мегирад:

- дар қисмати маълумот оид ба кредитор идоракунанда маълумотро оид ба тамоми кредиторони шахси муфлис, ки тибқи муқаррароти қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ворид менамояд;

- дар қисмати маълумот оид ба қарздор идоракунанда маълумотро оид ба муфлис бо дарҷи сана ва рақами санади судӣ оид ба муфлис эълон карда шудани ин шахс ва маълумот оид ба идоракунанда (насаб, ном ва номи падар, маҳалли зист (маҳалли ҷойгиршавӣ) ва рақами мушаххаси андозсупоранда) ворид менамояд;

- дар қисмати молу мулки манқул идоракунанда маълумотро оид ба молу мулке, ки қарздор доро буда, он барои қонеъ намудани манфиатҳои кредиторон равона карда мешавад, ворид менамояд.

§ 2. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби даъвогароне, ки ба фоидаи онҳо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқул аз ҳисоби қарздор вуҷуд дорад

19. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби даъвогаре (даъвогароне), ки ба фоидаи онҳо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидани мол мулки манқул аз ҳисоби қарздор вуҷуд дорад (минбаъд - даъвогар), бо дар назар доштани боби 3 Тартиби мазкур тариқи зайл сурат мегирад:

- дар қисмати маълумот оид ба кредитор даъвогар маълумоти дахлдорро вобаста ба худ ворид менамояд;

- дар қисмати маълумот оид ба қарздор даъвогар маълумотро оид ба қарздор бо дарҷи сана ва рақами ҳалномаи судӣ оид ба рӯёнидани қарз ворид менамояд;

- дар қисмати молу мулки манқул даъвогар маълумотро оид ба молу мулки қарздор, ки тибқи ҳалномаи судии эътибори қонунӣ пайдонамуда рӯёниш ба он равона карда мешавад, ворид менамояд.

20. Дар ҳолате ки тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳалномаи судӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад, иҷрочии мақомоти иҷро бояд ба фоидаи даъвогар огоҳиномаи гаравро тибқи Тартиби мазкур ба қайд гирад.

21. Дар ҳолате ки огоҳиномаи гарав аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба қайд гирифта мешавад. дар қисмати қарздор мушаххасоти ҳуҷҷати иҷро бар иловаи маълумоти дигар бояд дарҷ карда шавад.

§ 3. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук дар ҳолати талаб кардани иҷрои ухдадориҳои пардохти гумрукӣ, андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет

22. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти андоз ва гумрук барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба пардохти гумрукӣ, андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ки бе санади судӣ ва мустақилона аз ҷониби мақомоти дарҷгардида метавонанд дар доираи ваколатҳои онҳо амалӣ карда шаванд, огоҳиномаи гаравро метавонанд ба қайд гиранд.

23. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук тибқи муқаррароти боби 3 Тартиби мазкур инчунин дар қисмати маълумот дар бораи қарздор иловатан сана ва рақами санади дахлдори мақомоти андоз ва гумрук оид ба татбиқ намудани чораҳои маҷбуран ситонидани пардохтҳои гумрукӣ. андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет дарҷ карда мешавад.

24. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои пардохти гумрукӣ, андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет дар асоси ҳалномаи судӣ дар қисмати маълумот оид ба қарздор бо дар назар доштани талаботи боби 3 Тартиби мазкур маълумот оид ба санади судӣ дарҷ карда мешавад.

§ 4. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтишот дар ҳолати гузоштани ҳабс ва маҳдудиятҳои дигари ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки қарздор эътироф карда мешаванд

25. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти таҳқиқ ва тафтишот дар асоси қарори суд дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, барои бақайдгирии огоҳиномаи гарав ваколатдор мебошанд.

26. Мақомоти таҳқиқ ва тафтишот дар муддати то се рӯзи корӣ баъд аз қабул кардани қарори суд ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи санади судиро барои бақайдгирии огоҳиномаи гарав ирсол менамоянд.

27. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти боби 3 Тартиби мазкур бо дар назар доштани қоидаҳои зерин огоҳиномаи гаравро дар муддати 3 рӯзи корӣ ба қайд мегирад:

1) дар қисмати маълумот дар бораи кредитор;

- дар ҳолати ба фоидаи давлат минбаъд мусодира карда шудани молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, маълумот дар бораи мақомоти таҳқиқ ва тафтишот бо нишон додани сана ва рақами қарори суд дарҷ карда мешавад;

- дар ҳолати ба фоидаи ҷабрдида (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) ситонидани молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, маълумот дар бораи ҷабрдида бо нишон додани сана ва рақами қарори суд дарҷ карда мешавад;

2) дар қисмати маълумот дар бораи қарздор маълумоти дар боби 3 Тартиби мазкур дарҷгардида нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, дарҷ карда мешавад.

6. БАҚАЙДГИРИИ ТАҒЙИРОТ БА ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ

28. Дар ҳолати иваз шудани маълумоте, ки дар асоси он огоҳиномаи гарав тибқи боби 3 Тартиби мазкур ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла иваз шудани маълумот оид ба қарздор, кредитор, иваз шудани мавзӯи гарав (молу мулк), таъйин, озод ва ё иваз кардани идоракунандаи гарав, ба огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда тағйирот ворид карда мешавад.

29. Бақайдгирии тағйирот ба огоҳиномаи гарав дар асоси муқаррароти банди 13 Тартиби мазкур бо тартиби умумӣ аз ҷониби кредиторони бақайдгирандаи огоҳиномаи гарав амалӣ карда мешавад.

7. БАҚАЙДГИРИИ НОРОЗИГӢ БА ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ ВА ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ АЗ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

30. Бақайдгирии норозигӣ ба огоҳиномаи гарав ва тартиби хориҷ намудани огоҳиномаи гарав аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ сурат мегирад.

8. ДАСТРАСӢ БА ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

31. Дастрасии маълумот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ озод мебошад. Ҳар як шахс метавонад дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ҷустуҷӯи огоҳиномаҳои гарави бақайдгирифташударо аз рӯи рақами мушаххаси андозсупоранда - қарздор ё рақами бақайдгирии огоҳиномаи гарав анҷом диҳад.

32. Аз рӯи натиҷаҳои ҷустуҷӯ мақоми бақайдгиранда метавонад аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ иқтибос пешниҳод намояд.

33. Бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда тавассути шабакаи интернет амалӣ мегардад. Мақоми бақайдгиранда фаъолияти Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирӣ ва ҷустуҷӯии шабакавиро дар сомонаи интернет таъмин намуда, дастрасиро ба он бо нишонии электронӣ: minjust.tj ё www.fehrist.tj пешниҳод менамояд.

34. Муҳлати амали огоҳиномаи бақайдгирифташудаи гарав панҷ сол мебошад. Муҳлати амали огоҳиномаи гарав, ки дар ҳолати дохил кардани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ нишон дода шудааст, то гузашти ин муҳлат тариқи тағйир додани огоҳиномаҳои дахлдор, ки дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ҷой дорад, метавонад на дертар аз шаш моҳ то гузаштани муҳлати амали огоҳиномаи ибтидоӣ тамдид карда шавад.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

35. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мундариҷа ва саҳеҳии огоҳиномаи гарав масъул намебошад. Чунин масъулият пурра ба кредиторони бақайдгирандаи огоҳиномаи дахлдор вогузор карда мешавад, ба истиснои он огохиномаи гарав, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи §4 боби 5 Тартиби мазкур ба қайд гирифта мешаванд.

36. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва уҳдадориҳои мақомоти бақайдгиранда бо дастурамали дахлдор, ки бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муқаррар мегардад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2020, №504

Феҳристи объектҳое, ки бинобар арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ё барои амнияти давлатӣ аҳамият доштанашон мавзӯи гарав шуда наметавонанд

1. Ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки ба қисми ҷудонашавандаи давлатии Фонди бойгонии миллӣ, фондҳои муассисаҳои илмию тадқиқотӣ дохил карда шуданд.

2. Воситаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, фондҳои мақсадноки давлатӣ.

3. Захираҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Объектҳо ва молу мулки мудофиаи гражданӣ ва таъиноти сафарбарӣ.

5. Ашёе, ки аз муомилот бароварда шудааст, соҳибӣ ба онҳо манъ карда шудааст, инчунин талаботе. ки гузашти онҳо ба шахсони дигар бо қонун манъ шудааст.

6. Молу мулки дигаре, ки нисбати онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи манфиати амнияти давлатӣ татбиқи гарав мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро манъ аст.

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2020 года, №504

ПОРЯДОК РЕГИСТРАЦИИ УВЕДОМЛЕНИЙ О ЗАЛОГЕ И ВЕДЕНИЯ ЕДИНОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕЕСТРА ОБЕСПЕЧЕННЫХ ОБЯЗАТЕЛЬСТВ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок регистрации уведомлений о залоге и ведения Единого государственного реестра обеспеченных обязательств (далее - настоящий Порядок) разработан на основании части 8 статьи 19, части 2 статьи 22 Закона Республики Таджикистан "О залоге движимого имущества и регистрации обеспеченных обязательств" и части 8 статьи 116 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан и определяет систему государственной регистрации уведомлений о залоге и ведения Единого государственного реестра обеспеченных обязательств (далее - Единый государственный реестр), а также порядок внесения информации к нему в Реестре.

2. Настоящий Порядок представляет собой процедуру, установленную государством, с целью регулирования процесса регистрации уведомлений о залоге и регистрации обеспеченных обязательств, определения правового статуса участников регистрации уведомлений о залоге и регистрации обеспеченных обязательств, а также формирования свободного источника информаций по уведомлений о залоге и обеспеченных обязательств.

2. РЕГИСТРАЦИЯ ОБЕСПЕЧЕННЫХ ОБЯЗАТЕЛЬСТВ

3. Обеспеченные обязательства признаются обязательствами, по которым право требования кредитора к заемщику, обеспечены различными способами обеспечения исполнения обязательств.

4. Настоящий Порядок применяется к обязательствам, по которым право требования кредитора к заемщику обеспечены движимым имуществом предоставленным различными способами (далее-обеспеченные обязательства).

5. Обеспеченные обязательства регистрируются путем регистрации уведомления о залоге в соответствии с настоящим Порядком.

3. УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАЛОГЕ И ОБЩИЕ ПРАВИЛА ЕГО РЕГИСТРАЦИИ

6. Уведомление о залоге - это уведомления кредитора о его правах на движимое имущество заемщика или третьих лиц, которые вносятся в Единый государственный реестр в соответствии с настоящим Порядком.

7. Регистрация уведомления о залоге осуществляется путем внесения информации в Единый государственный реестр путем заполнения соответствующей регистрационной формы на сайте Единого государственного реестра.

8. Уведомление о залоге может быть оформлено в трех формах:

- залоговое уведомление о регистрации залога движимого имущества;

- залоговое уведомление о внесении изменений и дополнений в зарегистрированные обеспеченные обязательства;

- залоговое уведомление о возражений.

9. Регистрацию уведомления о залоге осуществляется на основе следующих принципов:

- добровольная регистрация уведомления о залоге;

- регистрация уведомления о залоге со стороны субъектов, установленных в Порядке (далее - регистрирующие кредиторы, кредиторы заемщика);

- приобретение преимущественного права со стороны кредитора на удовлетворения своих интересов перед другими кредиторами от стоимости движимого имущества заемщика;

- регистрацию уведомления о залоге не влияет на действительность сделки, основанную на праве кредитора в отношении заемщика об удовлетворении своих интересов из движимого имущества заемщика;

- независимый характер частей уведомлений о залоге;

- уведомление о залоге не изменяет установленную законом форму сделки, в том числе в случае государственной регистрации сделки.

10. Регистрация уведомления о залоге осуществляется самостоятельно со стороны кредиторов заемщика.

11. В качестве кредиторов заемщика, которые в соответствии с настоящим Порядком могут осуществлять регистрацию уведомления о залоге, выступают следующие субъекты:

- залогодержатели;

- прочие кредиторы, которым имущество заемщика предоставлено в качестве обеспечения исполнения обязательств;

- собственники имущества, переданного во владение должнику (далее-частные кредиторы).

12. В соответствии с настоящим Порядком кредиторами также признаются субъекты, которые являются участниками соответствующих публичных правовых отношений и имеют право требовать от должника удовлетворения своих интересов, возникающих из требований, имеющиеся публично-правовой характер, из стоимости имущества, принадлежащего должнику.

В качестве таких кредиторов признаются (далее - публичные кредиторы):

- управляющие, назначенные судом в отношении несостоятельных физических и юридических лиц;

- истцы, в пользу которых имеется вступившее в законную силу судебное решение о взыскании движимого имущества за счет должника;

- налоговые и таможенные органы в случаях истребования исполнения обязательств по уплате налоговых и иных обязательных платежей в бюджет;

- органы дознания и следствия, в случае наложения ареста и других ограничений прав на имущество должника.

13. Залоговое уведомление о регистрации обеспеченных обязательств должно содержать следующую информацию:

1) в отношении физических лиц (и кредитора и должника);

- название (фамилия, имя и отчество) и адрес расположения (места жительства) кредитора и управляющего залогом, в случае назначения такого лица, индивидуальный номер налогоплательщика;

- название (фамилия, имя и отчество),, адрес расположения (места жительства) и индивидуальный номер налогоплательщика должника;

2) в отношении юридических лиц (и кредитора и должника);

- наименование юридического лица, место регистрации и действительный адрес расположения юридического лица - кредитора, индивидуальный номер налогоплательщика;

- наименование юридического лица, место регистрации и действительный адрес расположения юридического лица - должника, индивидуальный номер налогоплательщика;

3) общее описание движимого имущества, являющегося предметом залога или другого обеспечения и для предоставляющего возможность его индивидуализации. Индивидуализация автомобильных транспортных средств проводится путем закрепления номера шасси транспортного средства;

4) другие требования, установленные настоящим Порядком и нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

14. В дополнение к информации, изложенной в пункте 13 настоящего Порядка, уведомление о залоге может также включать информацию о сделке, которая является основанием возникновения обеспеченного обязательства.

15. После представления информации, предусмотренной в пункте 13 настоящего Порядка, каждое уведомление о залоге автоматически регистрируется в Едином государственном реестре с указанием даты, времени регистрации и выдачей специального регистрационного номера. О регистрации уведомления о залоге в электронном виде будет представлен соответствующий отчет.

4. ПОРЯДОК РЕГИСТРАЦИИ УВЕДОМЛЕНИЯ О ЗАЛОГЕ СО СТОРОНЫ ЧАСТНОГО КРЕДИТОРА

16. Регистрация уведомления о залоге со стороны частного кредитора осуществляется в соответствии с главой 3 настоящего Порядка в целом.

5. ПОРЯДОК РЕГИСТРАЦИИ УВЕДОМЛЕНИЯ О ЗАЛОГЕ СО СТОРОНЫ ПУБЛИЧНОГО КРЕДИТОРА

§ 1. Порядок регистрации уведомления о залоге со стороны управляющих, назначенных судом в отношении несостоятельных физических и юридических лиц

17. В случае объявления несостоятельными индивидуальных предпринимателей и юридических лиц (далее - банкрот), а также назначения судом управляющего (далее - управляющий) для проведения процедуры банкротства в отношении лица, признанного несостоятельным, управляющий может зарегистрировать уведомления о залоге в соответствии с положениями настоящего Порядка.

18. Регистрация уведомления о залоге со стороны управляющего осуществляется с учетом требований пункта 3 настоящего Порядка следующим образом:

- вносить информацию обо всех кредиторах лица, признанного несостоятельным, установленных в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан в части сведения о кредитора;

- управляющий вносит информацию о лице, признанного несостоятельным, с указанием даты и номера судебного акта о признании лица банкротом и сведениями об управляющем (фамилия, имя и имя отчества, места жительства (адрес расположения) и индивидуальный номер налогоплательщика) в части сведения о кредитора;

- данные об имуществе,- принадлежащем должнику, которое направлено на удовлетворение интересов кредиторов в части движимого имущества.

§ 2. Порядок регистрации уведомления о залоге истцами, в пользу которых имеется вступившее в законную силу судебное решение о взыскании движимого имущества за счет должника

19. Регистрация уведомления о залоге со стороны истца (ов), в пользу которого(ых) имеется вступившее в законную силу судебное решение о взыскании движимого имущества за счет должника (далее - истец) осуществляется с учетом главой 3 настоящего Порядка следующим способом:

- истец вводит соответствующую информацию о себе в части сведения о кредитора;

- истец вводит данные о должнике с указанием даты и номера судебного решения о взыскании долга в части сведения о заемщика;

- в части недвижимого имущества, истец вводит данные об имуществе должника, которые направляется ему в соответствии с вступившим в законную силу судебным решением.

20. В случае, если в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан исполнение судебного решения осуществляется исполнителем исполнительного органа, исполнитель исполнительного органа должен зарегистрировать уведомление о залоге в пользу истца в соответствии с настоящим Порядком.

21. В случае, если уведомление о залоге зарегистрировано исполнителем исполнительного органа, в части должника должны быть включены реквизиты исполнительного документа в дополнении других сведений.

§ 3. Порядок регистрации уведомления при выставлении требования налоговыми и таможенными органами об исполнения обязательств по уплате таможенных платежей, налогов и иных обязательных платежей в бюджет

22. В случаях, предусмотренных действующим законодательством Республики Таджикистан, налоговые и таможенные органы могут зарегистрировать уведомление о залоге для обеспечения исполнения обязательств по уплате таможенных платежей, налогов и иных обязательных платежей в бюджет, которое может осуществляться без судебного акта или самостоятельно, указанными органами в рамках их полномочий.

23. Регистрация уведомления о залоге налоговыми и таможенными органами осуществляется в соответствии главой 3 настоящего Порядка, а также в части сведения о должнике дополнительно вводятся дата и номер соответствующего акта налогового и таможенного органа о применении мер по принудительному взысканию таможенных платежей, налогов и иных обязательных платежей в бюджет.

24. При выставлении требования налоговыми и таможенными органами об исполнения обязательств по уплате таможенных платежей, налогов и иных обязательных платежей в бюджет на основании судебного решения, в части сведения о должника вводится информации о судебном акте с учетом требований главой 3 настоящего Порядка.

§ 4. Порядок регистрации уведомления о залоге органами дознания и следствия признается в случае наложения ареста и других ограничений прав на имущество должника

25. В случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, органы дознания, и следствия уполномочены за регистрацию уведомления о залоге на основании решения суда об аресте имущества подозреваемого, обвиняемого или лиц, несущих материальную ответственность за свои действия в соответствии с законом.

26. В течение трех рабочих дней после приятия решения суда, органы дознания и следствия направляют копию судебного акта Министерству юстиции Республики Таджикистан для регистрации уведомления о залоге.

27. Министерство юстиции Республики Таджикистан регистрирует уведомление о залоге в течение 3 рабочих дней на основании положений главой 3 Настоящего порядка с учетом следующих правил:

1) в части сведения о кредиторе;

- в случае дальнейшей конфискации имущества подозреваемого, обвиняемого или лиц, несущих материальную ответственность за свои действия в соответствии с законом в пользу государства, вводится информация об органах дознания и следствия с указанием даты и номера решения суда;

- в случае изымании имущества подозреваемого, обвиняемого или лиц, несущих материальную ответственность за свои действия в соответствии с законом в пользу потерпевшего (физического и юридического лица), вводится информация о потерпевшем с указанием даты и номер решения суда;

2) в части сведения о кредиторе вводятся информации, содержащуюся в главе 3 настоящего Порядка в отношении подозреваемого, обвиняемого или лиц, несущих материальную ответственность за свои действия в соответствии с законом.

6. РЕГИСТРАЦИЯ ИЗМЕНЕНИЙ В УВЕДОМЛЕНИИ О ЗАЛОГЕ

28. В случае изменения сведений, на основании которых зарегистрировано уведомление о залоге в соответствии с пунктом 3 настоящего Порядка, в том числе изменения сведений о должнике, кредиторе, изменения предмета залога (имущества), назначении, увольнении или замены управляющего залогом, вносятся изменения в зарегистрированном уведомлении о залоге.

29. Регистрация изменений в уведомлении о залоге в соответствии с положениями пункта 13 настоящего Порядка осуществляется в общем порядке зарегистрированными кредиторами уведомления о залоге.

7. РЕГИСТРАЦИЯ ВОЗРАЖЕНИЯ НА УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАЛОГЕ И ПОРЯДОК ИСКЛЮЧЕНИЯ УВЕДОМЛЕНИЯ О ЗАЛОГЕ ИЗ ЕДИНОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕЕСТРА

30. Регистрация возражения на уведомление о залоге и порядок исключения уведомления о залоге из Единого Государственного реестра осуществляются в соответствии с положениями, предусмотренными действующим законодательством.

8. ДОСТУП К ЕДИНОМУ ГОСУДАСРТВЕННОМУ РЕЕСТРУ

31. Доступ к информации в Едином государственном реестре является свободным. Любое лицо может совершить поиск зарегистрированного уведомления о залоге в Едином государственном реестре по идентификационному номеру налогоплательщика - должника или регистрационному номеру уведомления о залоге.

32. По результатам поиска регистрирующий орган может представить выписку из Единого государственного реестра в виде электронного документа или в бумажном носителе.

33. Регистрация обеспеченных обязательств осуществляется через сети Интернет. Регистрирующий орган обеспечивает деятельности Единого государственного реестра, регистрации и сетевого поиска, предоставляет доступ к нему по электронному адресу: minjust.tj или www.fehrist.tj .

34. Срок действия зарегистрированного залогового уведомления составляет пять лет. Срок действия уведомления о залоге, указанного при введении сведения в Едином государственном реестре, до истечения этого срока может быть продлен путем изменения соответствующих уведомлений, которые размещены в Едином государственном реестре, но не позднее чем через шесть месяцев до истечения срока действия первоначального уведомления.

9. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

35. Министерство юстиции Республики Таджикистан не несет ответственности за содержание и достоверность уведомления о залоге. Эта ответственность полностью ложится на кредиторов, регистрирующих соответствующее уведомление, за исключением уведомления о залоге зарегистрированного Министерством юстиции в соответствии с главой 5 §4 настоящего Порядка.

36. Порядок ведения Единого государственного реестра и обязанности регистрирующего органа устанавливаются соответствующей инструкцией, утверждаемой приказом министра юстиции Республики Таджикистан.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2020 года, № 504

Перечень объектов, которые не могут быть предметом залога в силу исторической и культурной ценности или значимости для обеспечения государственной безопасности

1. Архивные документы, включенные в неотъемлемую государственную часть Национального архивного фонда, а также фонды научно-исследовательских учреждений.

2. Средства государственного бюджета Республики Таджикистан, международные ресурсы Республики Таджикистан, Министерства финансов, Национальный банк Таджикистана, целевые государственные фонды.

3. Государственные ресурсы Республики Таджикистан.

4. Объекты и имущества гражданской обороны и мобилизационного назначения.

5. Материалы, выведенные из оборота, и не подлежащие отчуждению, а также требования, уступка которых другим лицам запрещена законом.

6. Прочее имущество, в отношении которого реализация залога запрещена в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан и постановлениями Правительства Республики Таджикистан в целях обеспечения защиты интересов национальной безопасности.