Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ворид намудан ва муҳлати нигоҳдошт дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ворид намудан ва муҳлати нигоҳдошт дар қабулгоҳтаҳвилгоҳи ноболиғон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ кардани тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Маблағгузории тартиби мазкур аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ барои вазорату идораҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2020 № 459
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке водворения и сроке пребывания в приёмнике-распределителе для несовершеннолетних
В соответствии со статьёй 10 Закона Республики Таджикистан "О системе предупреждения и профилактики правонарушений несовершеннолетних" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок водворения и срок пребывания в приёмнике-распределителе для несовершеннолетних (прилагается).
2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан совместно с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и местными исполнительными органами государственной власти принять необходимые меры по реализации настоящего порядка.
3. Обеспечить финансирование настоящего порядка за счёт средств, предусмотренных в государственном бюджете для соответствующих министерств и ведомств и внебюджетных источников.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 августа 2020 года, №459