Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, № 702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 17.01.2014 № 116 аз эътибор соқит дониста шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 08.08.2002 № 857, аз 21.02.2007 № 187, аз 24.05.2007 № 253, аз 02.03.2013 № 1434)

Бо мақсади такмили низоми идораи давлатӣ ва бо шароитҳои тағйирёбандаи иқтисодӣ мувофиқ гардонидани он, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур гардонад.

3. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар бобати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ваколатҳои дахлдори шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;

дар мӯҳлати як моҳ мувофиқи тартиби муқарраргардида дар бобати шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ворид намояд;

мувофиқи тартиби муқарраргардида Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти ин Фармон таҳия ва пешниҳод гардонад.

4. Бандҳои 1, 2 ва 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1996 № 463 "Дар бораи сохтор ва шумораи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 1996 № 554 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1996 № 463 "Дар бораи сохтор ва шумораи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 637 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1997 № 740 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 1997 № 847 "Дар бораи ба тобеияти котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани маркази таҳлили Идораи фарҳанг ва иттилоот",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998 № 946 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар сохтор ва миқдори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 маи соли 1998 № 1004 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1998 № 1041 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1998 № 1042 "Дар бораи таъсиси бахши бозрасии ҳарбии шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 1999 № 1273 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2000 № 85 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2000 № 199а "Дар бораи қисман тағйир додани сохтор ва теъдоди кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 № 474 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2001 № 528 "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

беэътибор дониста шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

30 октябри соли 2001, № 702

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2001, № 702

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ - намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон

Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсия

Шӯъбаи молия

Шӯъбаи мониторинги Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 08.08.2002 № 857)

Шӯъбаи саноат ва энергетика

Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия

Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ

Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин

Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда

Шӯъбаи илм ва маориф

Шӯъбаи фарҳанг

Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила

Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм

Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ

Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ

Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ

Шӯъбаи ташкилӣ

Шӯъбаи назорат

Шӯъбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи умумӣ

Шӯъбаи тарҷума

Бахши кадрҳо

Бахши корҳои махсус

Маркази иттилоотию техникӣ

Хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 21.02.2007 № 187

Ҳисобдории марказӣ (бо ваколати идора)

Идораи хоҷагӣ

Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 24.05.2007 № 253)

Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол" (Фармони Президенти ҶТ аз 03.09.2008 №530)

Шӯьбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Фармони Президенти ҶТ  аз 02.03.2013 № 1434)

Утратил силу в редакции Указ Президента РТ от 17.01.2014г.№116

ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

УКАЗ

"О РЕОРГАНИЗАЦИИ СТРУКТУРЫ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО АППАРАТА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Указа Президента РТ от 08.08.2002г. №857, от 21.02.2007г. №187,от 24.05.2007г. №253,от 03.09.2008г.№530, от 02.03.2013г.№ 1434)

В целях совершенствования системы государственного управления и приведения ее в соответствие с изменяющимися экономическими условиями, на основании статьи 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Утвердить прилагаемую структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

2. Правительству Республики Таджикистан представить предложения о внесении соответствующих изменений в действующие нормативно-правовые акты Республики Таджикистан, регулирующие деятельность Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

3. Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан:

принять меры по разграничению функций структурных подразделений Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, обеспечивающих деятельность Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, определив соответствующие полномочия должностных лиц, входящих в их состав;

в месячный срок внести в установленном порядке предложения по штатной численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

разработать и представить в установленном порядке на утверждение Положение об Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан с учетом настоящего Указа.

4. Признать утратившими силу:

пункты 1, 2 и 3 Указа Президента Республики Таджикистан от 8 апреля 1996 года №463 "О структуре и численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 16 августа 1996 года №554 "О внесении изменений и дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан от 8 апреля 1996 года №463 "О структуре и численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 15 января 1997 года №637 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 16 июня 1997 года №740 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 25 сентября 1997 года №847 "О переводе аналитического центра Управления культуры и информации в Секретариат Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 20 февраля 1998 года №946 "Об отдельных изменениях в структуре и численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 18 мая 1998 года №1004 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 17 августа 1998 года №1041 "О частичном изменении структуры и численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 17 августа 1998 года №1042 "О создании сектора военной инспекции отдела обороны и правопорядка Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 27 июля 1999 года №1273 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 6 января 2000 года №85 "О внесении изменений в структуру Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 29 марта 2000 года №199а "О частичном изменении структуры и численности Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 25 января 2001 года №474 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";

Указ Президента Республики Таджикистан от 1 марта 2001 года №528 "О частичном изменении структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан                   Э.Рахмонов

г.Душанбе,

30 октября 2001 года № 702

Утверждена

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 30 октября 2001 года № 702

СТРУКТУРА ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО АППАРАТА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Руководство Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по экономической политике

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по внешней политике

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по кадровой политике

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по социальному развитию и связям с общественностью

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по правовой политике - полномочный представитель Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Милли и Маджлиси Намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Секретариат Президента Республики Таджикистан

Протокольная служба Президента Республики Таджикистан

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан

Отдел конституционных гарантий прав граждан

Секретариат Премьер-министра Республики Таджикистан

Отдел экономических реформ и инвестиций

Отдел финансов

Отдел мониторинга Документа Стратегии сокращения бедности (в редакции Указа Президента РТ от 8.08.2002г.№857)

Отдел промышленности и энергетики

Отдел транспорта и коммуникации

Отдел строительства и архитектуры

Отдел сельского хозяйства и землепользования

Отдел экологии и чрезвычайных ситуаций

Отдел науки и образования

Отдел культуры

Отдел здравоохранения, по делам женщин и семьи

Отдел по делам молодежи, спорта и туризма

Отдел обороны и правопорядка

Отдел занятости и социальной защиты населения

Отдел по связям со странами зарубежья

Информационно-аналитический отдел

Организационный отдел

Отдел контроля

Юридический отдел

Общий отдел

Отдел переводов

Сектор кадров

Сектор спецработ

Информационно-технический центр

Пункт исключен. (в редакции Указа Президента РТ от 21.02.2007г.№187)

Центральная бухгалтерия (на правах управления)

Хозяйственное управление

Управление по упорядочению традиций, торжеств и обрядов (в редакции Указа Президента РТ от 24.05.2007г. №253);

Государственное учреждение гостиница "Истиклол" (в редакции Указа Президента РТ от 03.09.2008г. № 530)

 Отдел религии  ,  упорядочения  традиций ,  торжеств и обрядов (в редакции Указа Президента РТ от 02.03.2013г.№ 1434).