ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба татбиқи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт амалӣ гардонидани тадбирҳои пешбининамудаи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини татбиқи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қарорҳои заруриро қабул намояд.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тадбирҳои пешбининамудаи Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Ба сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001 № 702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, баъд аз сархати "Шӯъбаи молия" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шӯъбаи мониторинги Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ" ва минбаъд мутобиқи матн.
4. Мутобиқи тағйироти дар сохтор баамаломада теъдоди ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори чор воҳид зиёд карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
8 августи соли 2002, № 857