Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 аз 30 июли соли 2020 № 431

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, № 431

 

Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - Барнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия карда шудааст.

2. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ин маҷмӯи чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ карда мешавад.

3. Ҳадафи Барнома ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Барнома равиши мусбати таъмини кумак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ пешниҳод менамояд.

4. Барнома муносибати арзандаро нисбати ноболиғон таъмин менамояд, ки тибқи он ҳуқуқ ва шаъну эътибори ноболиғон эҳтиром карда мешавад, эҳтиёҷоти ҳар як ноболиғ ба назар гирифта шуда, барои коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва такроран содир намудани он дар байни ноболиғон мусоидат мекунад.

2. ИТТИЛООТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДҲО

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки меъёру принсипҳои он қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул карда мешаванд.

6. Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалӣ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст.

7. Барномаҳои муваффақтарин дар тарбияи ноболиғон барномаҳое мебошанд, ки дар айёми кӯдакӣ ба онҳо таъсири мусбат мерасонанд. Муҳлати фаъолияти тарбиявии онҳоро ба чунин зинаҳо тақсим кардан мумкин аст:

- барномаҳои вобаста ба айёми пешазтаваллудӣ ба коҳиш додани ҳаяҷон дар батни модар, таъмини ғизодиҳии муносиб, шароити ҳомиладорӣ ва таваллуди солим нигаронида шудаанд, ки ба ташаккули мағзи сар ва торҳои асаби кӯдак таъсир мекунанд;

- барномаҳои вобаста ба айёми навзодӣ барои пешгирии зӯроварӣ ва беэътиноӣ нигаронидашудае, ки одатан дар ҳаёти ноболиғони бо қонун мухолифатдошта ба мушоҳида мерасанд. Зӯроварӣ дар оила қобилияти ноболиғонро барои пайвастан бо дигарон коҳиш медиҳад, кӯдаконро нисбати зӯроварӣ бефарқ мегардонад ва ба раванди таълим монеа мегардад. Муомилаи падару модар ва таҳсилоти босифати томактабӣ ба тарбияи кӯдак замина мегузоранд;

- барномаҳои марбут ба айёми мактабӣ, ки суҳбатҳо дар бораи зарари истифодаи маводи мухаддир, нӯшокиҳои спиртӣ, носу сигор, филмҳо, сабтҳои электронӣ ва бозиҳои компютерии ғайриахлоқӣ, таблиғкунандаи фаҳш ва зӯроварӣ, дастурҳои зидди муомилаи дағалона ва кушишҳои пешгирии ҷиноятҳои гурӯҳиро дар бар мегиранд.

8. Бо мақсади такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ба кодексҳои оила, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак", "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон" ва "Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон" қабул гардиданд, ки дар онҳо муқаррароти дахлдор дар соҳаи адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон пешбинӣ карда шуданд.

9. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида кафолатҳои муҳими зерин оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудаанд:

- ҳангоми пурсиши кӯдакон иштироки адвокат, намояндаи қонунӣ, омӯзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад;

- пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз 2 соат ва дар маҷмӯъ бештар аз 4 соат давом ёбад;

- ҳангоми қабули кӯдак ба ҳар ҷое, ки аз ҷомеа дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешавад, муоинаи тиббии кӯдак гузаронида мешавад;

- синну соли ҳадди ақал барои таъқиби ҷиноятӣ аз 14 солагӣ муайян карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати кӯдак то 6 моҳ муқаррар карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум намудани кӯдак то 12 сол муқаррар шудааст.

10. Шурӯъ аз соли 2010 омӯзонидани кормандон барои баланд бардоштани тахассус яке аз самтҳои муҳими фаъолият мебошад, ки аз ҷониби ҳамаи вазорату идораҳо амалӣ гашта, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон, прокурорҳо, судяҳо ва мақомоти дахлдор равона карда шудааст.

11. Муносибат ва ғамхорӣ дар ҳамаи муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида дар натиҷаи гузаронидани мониторингҳои мустақил, навсозӣ ва барқароркунӣ, тайёр намудани кадрҳо, омӯзонидани кормандони иҷтимоӣ, равоншиносон ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда барои кӯдакон беҳтар гардидааст.

3. АРЗЁБИИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛИҲО

12. Зиёд шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ давлат ва ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2017 аз тарафи ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда бошад, дар соли 2018 ин нишондиҳанда 907 ҷиноятро ташкил дода, дар соли 2019 873 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Дар соли 2017 аз тарафи ноболиғон агар 14339 адад ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шуда бошад, дар соли 2018 ин нишондиҳанда 16035 адад ва дар соли 2019 бошад, 16923 ададро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 80 фоизи ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғоне содир мешаванд, ки онҳо баъди гирифтани таълими асосии нуҳсола дигар ба таълим ва шуғл фаро гирифта нашудаанд. Ба сабабу омилҳои манфие, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд, ба шуғл ё таълим таъмин набудан, мушкилиҳои равонӣ, зӯроварӣ дар оила ва ҷамъият, набудани ҷойи истиқомат, вобастагӣ аз машруботи спиртӣ ва нашъамандӣ дохил мешаванд.

13. Новобаста аз дастовардҳо дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, баъзе мушкилот ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Аз ҷумла:

- дар амалия ҷой доштани мушкилиҳо дар самти ёрии ҳуқуқии ройгону саривақтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, гарчанде тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда (гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда) ба ёрии ҳуқуқии ройгон ҳуқуқ доранд;

- фаъол ҷалб нашудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва дар пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба дастгирии иҷтимоӣ барои ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда;

- мавҷуд набудани маълумоти оморӣ вобаста ба ташкили таъмини ҳимояи шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ аз зӯроварӣ, дар ҳоле ки ин гурӯҳи ноболиғон ба ёрӣ ва дастгирии дахлдор на камтар аз ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда эҳтиёҷ доранд.

4. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲО

14. Дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошад:

- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти низоми самараноки пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;

- муайян ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда;

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва мониторинг дар самти пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо бо роҳи вокуниши самаранок ба талаботи ҳар як ноболиғ дар алоҳидагӣ;

- сари вақт ва самаранок қонеъ кардани талаботи ҳар як ноболиғ барои истисно намудани зарурати мудохила тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳаёти онҳо.

15. Барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда, Барнома дорои вазифаҳои зерин мебошад:

- муайян кардани манфиат ва эҳтиёҷоти хонандагон, мушкилоти онҳо, тамоюл дар рафтор, инчунин сатҳи амнияти иҷтимоӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ;

- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;

- ташкил ва амалисозии низоми чорабиниҳои доимоамалкунанда ва ҳамоҳангшуда барои паст намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон;

- ташкили чорабиниҳо оид ба рушди ташаббусҳои иҷтимоӣ, амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ;

- кумаки иҷтимоӣ-психологӣ ба оилаҳои осебпазир:

- таъмини низоми фаъоли дастгирӣ, сафарбаркунии ноболиғон ба чорабиниҳои таълимию тандурустӣ;

- таҳияи барномаҳои самаранок оид ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии ноболиғон ба ҷомеа;

- таҳияи барномаҳои самаранок дар муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон;

- таъмини омӯзишҳои мунтазам оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдакон барои ҳамаи кормандони сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, ки бо кӯдакон ва оилаҳои онҳо сарукор доранд;

- баланд бардоштани итиллоотнокии ҷомеа дар бораи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак.

5. ПРИНСИПҲО

16. Бо дарназардошти принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак Барнома барои таъмин ва тақвият додани низоми ягонае, ки ба кӯдакон имкони инкишофи бомуваффақро медиҳад, равона карда шудааст.

17. Вазорату идораҳоро зарур аст, ки оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома ба Вазорати корҳои дохилӣ маълумот диҳанд. Дар нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 намудҳои фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ муайян карда шуда, оид ба ҳар як банди нақшаи чорабинӣ вазорату идораи масъул нишон дода шудааст. Вазорат ё идораи пешбари фаъолият шахси соҳибтахассуси масъулро таъйин менамояд, то фаъолиятро ҳамоҳанг кунад ва ба роҳбарияти худ оид ба иҷрои корҳо дар ин самт ҳисобот пешниҳод намояд. Шахсони масъул бояд дар мулоқотҳои пайвастаи ҳамоҳангсозӣ иштирок намоянд. Вазорати корҳои дохилӣ ба ташкили чунин мулоқотҳо мусоидат менамояд. Ҳамаи мақомоти дигари зикршударо зарур аст, ки барои татбиқи фаъолият бо мақоми ваколатдор барои иҷрои чорабиниҳо ҳамкорӣ намоянд.

6. НИЗОМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

18. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро мавриди иҷро қарор дода, чорабиниҳои дар нақша пешбинишударо амалӣ менамоянд.

19. Дар давраи амалигардии нақшаи чорабиниҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамоянд.

7. МЕХАНИЗМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

20. Маблағгузории Барнома тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

8. НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ БАРНОМА

21. Натиҷаҳои амалишавии Барнома аз рӯи нишондиҳандаҳои муайянкунандаи сифати ҳаёти ноболиғон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо бо ҷомеа чунин арзёбӣ карда мешавад:

- коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон аз 100 фоиз то 70 фоиз тариқи кумак ба оила аз давраи пеш аз таваллуд то ба синни ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ расидан;

- таҳияи механизми дастгирии оилаҳои ниёзманд аз ҷониби кормандони иҷтимоӣ, зиёд кардани теъдоди кормандони иҷтимоӣ;

- дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда;

- пешниҳод гардидани захираҳо барои таҳсилот, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноболиғони гурӯҳҳои ниёзманд, таҳияи барномаҳои буҷетӣ, барои ноболиғоне, ки дар вазъияти ногувор қарор доранд;

- риояи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар амалия, аз ҷумла қарорҳои судӣ ва маъмурӣ, барномаҳо, ки ба ҳаёти ноболиғон таъсир мерасонанд;

- фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои иҷрои вазифаҳои падару модар ва хизматрасониҳо барои нигоҳубини ноболиғон, таъмини кумаки иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир;

- коҳиш додан ва пешгирии зӯроварӣ дар оила бо роҳи гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ;

- такмили хизматрасонии тиббӣ ва коҳиш додани сатҳи фавти навзодон ва ноболиғон;

- дастрасии ноболиғон, аз ҷумла духтарон ба фаъолияти таҳсилотӣ, фароғатӣ ва фарҳангӣ ва пешгирии табъиз дар таҳсилоти духтарон;

- ба роҳ мондани таҷрибаи пешрафтаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон;

- таблиғи васеи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, фарҳангдӯстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ноболиғон;

- ҳамаҷониба ташхис ва муайян кардани сабабҳо ва шароите, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидат мекунанд;

- рушди ҳамкориҳо байни ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимӣ, падару модарон ва хонандагон баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ.

9. ЗАМИНАҲОИ МУСОИД ВА ТАВАККАЛИ АМАЛИГАРДИИ БАРНОМА

22. Яке аз заминаҳои муҳими бомуваффақият амалӣ гардидани Барнома такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи ноболиғон, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии он мебошад. Истифодаи васеи фаъолияти амалии байналмилалӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва тарбияи ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда, омилҳои мусбат барои амалигардии Барнома мебошанд.

23. Дар баробари омилҳои мусбат омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд барои амалӣ гардидани Барнома монеъ шаванд, аз ҷумла норасоии воситаҳои молиявӣ ва иқтидори нокифояи кадрҳо.

24. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барнома дар марҳилаи иҷрои он яке аз ҷузъҳои калидӣ мебошад, зеро бо ду роҳи имконпазир - давлатӣ (расмӣ) ва ҷамъиятӣ (ҷомеаи шаҳрвандӣ) гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии Барнома ба нақша гирифта шудааст.

25. Дар асоси натиҷаҳои мониторинг марҳила ба марҳила самаранокии амалигардии Барнома, бартарӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти иҷрокунандагон ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

 

Замимаи 2

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июля 2020 года, №431

Национальная программа по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы

Национальная программа

* Приложение