Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амалигардонии онро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2020 № 429
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе развития телевидения и радио в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу развития телевидения и радио в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План её реализации (приложения 1 и 2).
2. Комитету по телевидения и радио при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами республики обеспечить выполнение настоящей Программы и Плана её реализации в пределах средств, предусмотренных государственным бюджетом, специальных средств и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
Пpeдceдaтeль
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 июля 2020 года, №427