Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 № 413 "Дар бораи барҳамдиҳии муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳамдиҳии муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 62-64 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳои илмию тадқиқотӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барҳам дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, дар муддати 2 моҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо нигоҳ доштани макони фаъолият тадбирҳо андешад.

3. Комиссияи барҳамдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои барҳамдиҳии муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва. ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба анҷом расонида, тавозунҳои фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муддати 2 моҳ ҷиҳати ба сохтори худ ворид намудани воҳидҳои кории муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва зиёд намудани шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро дар доираи воҳидҳои корӣ ва маблағҳои пешбинишудаи муассисаи мазкур таъмин намояд.

6. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди илмҳои соҳаи тиб ва тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии соҳавӣ созишномаи дуҷонибаро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад.

7. Сархати ҳафтуми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.

8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №494 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор сокит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 июли соли 2020 № 413

ш. Душанбе