ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.11.2022 № 548)
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. хориҷ карда шуд ().
3. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад.
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани механизми мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 2 майи соли 2007, №244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд";
- аз 1 августи соли 2008, №379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат";
- аз 3 июли соли 2014, №437 "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 14 майи соли 2020 № 271
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон, Исфара ва Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 1 июли соли 2020 амалӣ карда шавад.