бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2024 № 488 аз эътибор соқит дониста шуд
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 майи соли 2020, №271
Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.11.2022 № 548)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳои муайянкунии камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон, инчунин шартҳои таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон дар асоси Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
3. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо ҳамчун камбизоат эътироф гардидаанд, таъин ва пардохт карда мешавад.
4. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ асосан ҷиҳати ҷуброн намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, дастрасии кӯдакони онҳо ба таҳсилот ва ҳалли мушкилоти дигари иҷтимоии оилаҳо равона карда шудааст.
2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ татбиқ намуда, шакл ва намудҳои ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
6. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - агентӣ) дар раванди татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои ҷудогардида, инчунин саҳеҳияти муайянкунии камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон масъул буда, вазифаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мониторинги амалишавии Тартиби мазкурро амалӣ менамояд.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, идораҳои коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳалро оид ба татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташкил намуда, иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузоштаро назорат мебарад.
8. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати ба онҳо таъин ва пардохт намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, комиссияҳои маҳаллӣ таъсис дода, ҳайат ва ваколатҳои комиссияи мазкурро муайян менамоянд.
9. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораҳои коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон, бахусус маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оиларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар онҳо дарҷгардидаро санҷида, дурустии онҳоро тасдиқ мекунанд.
9(1). Дар шуъбаҳои вилоятӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳо, шароити иқлимию ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо нозир-коргузор бе додани мақоми хизматчии давлатӣ таъин карда мешаванд. Шумора, тартиби ба кор таъин ва аз кор озод намудани мутахассисони зикргардида, инчунин уҳдадориҳои мансабии онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Хароҷоти марбут ба нигоҳдории мутахассисони зикргардида аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинигардида анҷом дода мешавад ().
3. ТАРТИБИ ТАЪИНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
10. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро камбизоат мешуморанд ва дар шароити душвори зиндагӣ қарор дошта, имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд, барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ё кумитаи маҳаллаи ҷои истиқоматашон муроҷиат мекунанд.
11. Ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, аз ҷониби шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва кумитаи маҳалла варақаҳои (ҳуҷҷатҳои) зарурӣ, аз ҷумла "Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ" "Маълумотнома дар бораи ҳайати оила" ва "Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила" ба таври ройгон дода мешаванд.
12. Ҳуҷҷатҳои зарурии дар банди 11 Тартиби мазкур номбаргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия, тасдиқ ва нашр гардида, ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораҳои коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳалла ба таври ройгон дастрас карда мешаванд.
13. Аз номи ҳамаи аъзои оила пур намудани ариза ва намунаи "Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки аъзои оила" ваколати сардори оила мебошад. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок дар муҳлати зиёда аз шаш моҳ набудани сардори оила, яке аз аъзои ба балоғатрасидаи оила ҳуқуқи муроҷиатро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дорад.
14. Дар ариза розигии аризадиҳанда ва аъзои оилаи ӯ оид ба ҷамъоварӣ кардани маълумоти иловагӣ дар бораи хонавода, молу мулк ва даромадҳои он, инчунин барои санҷиши маълумоти пешниҳодшуда бо мақсади қабул намудани қарори одилона роҷеъ ба таъин кардани (ё рад намудани) кумакпулии унвонии иҷтимоӣ инъикос карда мешавад.
15. Дар сурати беморӣ ё ба муҳлати зиёда аз се моҳ аз маҳалли истиқомати доимӣ берун сафар кардани сардори оила, мавсуф дар аризааш бояд шахси муътамади худро зикр намояд, ки ҳангоми набудани ӯ ваколатҳояшро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба уҳда мегирад. Ваколатнома тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия дода мешавад.
16. Дар сурати якҷоя истиқомат намудани ду ва зиёда оилаҳое, ки хоҷагидориашон алоҳида аст, ҳар як оила метавонад барои таъини кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мустақилона ариза пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва ё кумитаи маҳалла ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба ҳар як оилаи мустақил дар алоҳидагӣ баррасӣ менамоянд.
17. Ариза бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳо барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва ё кумитаи маҳалла ташкил карда мешавад, ба қайд гирифта шуда, ба аризадиҳанда хатти буриши варақаи ариза, ки дар он санаи қабул ва рақами бақайдгирии ариза дарҷ мегарданд, дода мешавад.
18. Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раиси ҷамоати шаҳрак ё деҳот, сардори идораи манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳаллаи ҷои истиқомати аризадиҳанда тасдиқ карда мешаванд.
19. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораҳои коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳалла аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш қабул намуда, дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд. Ба ҳар як оила ва шаҳрванди камбизоате, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамояд, парвандаи иҷтимоии инфиродӣ кушода шуда, дар он ҳамаи ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд.
20. Кормандони масъули мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ариза, маълумотнома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушаххасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некуаҳволии оила дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба махзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоии мақоми ваколатдори давлатӣ (минбаъд - феҳристи иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ) ворид менамоянд.
21. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар махзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ва ё рад карда мешавад.
22. Ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба тариқи истисно таъин ва пардохт карда мешавад. Шахсони яккаву танҳои пиронсол онҳое ҳисобида мешаванд, ки ба синну соли нафақа расида (занҳо аз 58-сола ва мардҳо аз 63-сола боло), талаботи худро мустақилона таъмин карда наметавонанд ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ хешу табори наздике, ки онҳоро нигоҳубин карда тавонанд, надоранд.
23. Ба оилаҳое, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои I ва II ё зиёда аз ду шахси маъюб доранд, инчунин ба падару модари танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, ҳангоми муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила бартарӣ дода мешавад.
24. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин дар ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:
- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;
- шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;
- шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.
25. Натиҷаи коркарди маълумот дар бораи таъин ё рад намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ то санаи 10 моҳи оянда ба махзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ворид карда шуда, дар ин хусус мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муддати 10 рӯз ба аризадиҳанда тавассути мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва ё кумитаи маҳалла хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмак) ирсол менамояд.
26. Дар мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ парвандаҳои иҷтимоии инфиродии шаҳрвандони муроҷиаткунанда се сол нигоҳ дошта шуда, баъдан ба бойгонӣ супорида мешаванд.
27. Ба оила ё шаҳрвандоне, ки таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ рад карда шудааст, дар сурати тағйир ёфтани шароити зиндагӣ ва ҳайати оила метавонанд баъд аз 6 моҳ барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ такроран муроҷиат намоянд.
4. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
28. Маблағгузории хароҷот барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинигардида ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
29. Андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат, бо дарназардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, барои дувоздаҳ моҳ бо тартиби зерин таъин ва пардохт карда мешавад ():
- то 1 июли соли 2023 дар муддати дувоздаҳ моҳ 8 (ҳашт) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
- аз 1 июли соли 2023 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ 9 (нуҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 0,5 (ним) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад;
- аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад;
- аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат дар муддати дувоздаҳ моҳ 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар шашмоҳа ба андозаи 50 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад ().
30. Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба таври нақдӣ ё бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсуси (депозитии) шаҳрванд, инчунин бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - филиали "Амонатбонк") дар маҳалли зисти аризадиҳанда анҷом дода мешавад.
31. Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоие, ки сари вақт бо айби сардори оила ва шаҳрванди камбизоат гирифта нашудааст, дар моҳҳои минбаъда пардохт карда мешавад. Агар кумакпулии унвонии иҷтимоии таъингардида дар давоми шаш моҳ гирифта нашавад, маблағи пардохтнашуда аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - "Амонатбонк") ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
32. Дар сурати дар муҳлати муқарраргардида пардохт нашудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бо айби мақоми масъули таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, шахсони мансабдори масъул тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
33. Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоии таъингардида дар ҳолатҳои зерин қать карда мешавад:
- агар дар вақти санҷиш ошкор гардад, ки аз ҷониби аризадиҳанда маълумоти нодуруст пешниҳод гардидааст ва ё маълумот пинҳон карда шудааст, ки ба раванди муқаррар намудани ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъсир расонидааст ва ё расонида тавонад;
- агар оила ва шаҳрванди камбизоат ба маҳалли дигар (шаҳр ё ноҳия) ё хориҷи кишвар барои зиндагии доимӣ кӯчида бошад;
- ҳангоми вафоти сардори оила ва шаҳрванди камбизоат, ки кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст. Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ибтидои семоҳаи баъдӣ, ки ҳолатҳои мазкур рух додаанд, қатъ мегардад.
34. Дар сурати бо сабаби вафоти сардори оила қатъ гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, яке аз аъзои оилаи ӯ, ки тибқи тартиби муқарраргардида сардори оила ҳисобида шудааст, метавонад барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, ки ба сардори оила пардохта нашудааст, ариза пешниҳод намояд.
35. Дар раванди таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бо мақсади муайян намудани дурустии маълумоти пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон дар бораи ҳайати оила, даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва агентӣ санҷиши эътимоднокӣ (верификатсия) гузаронида мешавад. Верификатсия бо мақсади зерин гузаронида мешавад:
- пешгирӣ намудани ҳолатҳои пешниҳод кардани маълумоти нодуруст (рӯйпӯш ё сохтакорӣ) аз ҷониби аризадиҳанда;
- таҳлили омилҳои ба пайдо шудани хатогиҳо мусоидаткунанда ва пешниҳоди таклифҳо барои беҳтар намудани раванди механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ;
36. Қоидаҳои умумӣ ва шартҳои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ байни мақомоти масъул дар асоси дастурамал, ки аз ҷониби агентӣ ва "Амонатбонк" таҳия ва тасдиқ карда мешавад, муайян мегарданд.
37. Барои маблағгузории пардохтҳои марбут ба механизми таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ агентӣ дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи буҷети давлатӣ харҷномаҳоро дар се нусха тартиб дода, барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
38. Маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсимбандии ҳар семоҳаи маблағҳо сурат мегирад.
39. Агентӣ дар асоси маълумоти аз мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрасгардида то санаи 10-уми моҳи минбаъда барои маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи супоришҳои пардохтӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд. Шакли супориши пардохтӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
40. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришномаи пардохтӣ маблағро ба суратҳисоби маҷмӯии раёсати "Амонатбонк" мегузаронад ва кормандони масъули раёсати мазкур интиқоли минбаъдаи маблағҳоро тибқи мактуб ва феҳристи ҳамроҳикунандаи аз тарафи агентӣ пешниҳодшуда ба суратҳисоби "Амонатбонк" мегузаронад. Дар навбати худ "Амонатбонк" интиқоли минбаъдаи маблағҳоро ба суратҳисоби депозитии гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъмин менамояд ().
41. Агентӣ ҳар моҳ рӯйхати электронии ном ба номи гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин рӯйхати ном ба номи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро, ки бори аввал кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мегиранд, ба "Амонатбонк" бо мактуби ҳамроҳикунанда пешниҳод менамояд ().
42. "Амонатбонк" дар давоми 3 рӯзи корӣ бо тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси рӯйхатҳо, аз ҷумла рӯйхатҳои электронии ном ба номи пешниҳодшуда ():
- ба номи ҳар як гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (дар ҳолати бори аввал таъин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ) суратҳисоби шахсӣ кушода, ба он маблағи воридшударо мегузаронад ();
- бо хоҳиши гирандаи кумакпулӣ барои интиқоли маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ суратҳисоби депозитӣ мекушояд;
- дар ҳолати қатъ гардидани пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, суратҳисоби гирандаи кумакпулиро мебандад.
43. Мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар навбати худ ҳар моҳ рӯйхати ном ба номи гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, рӯйхати оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бори аввал таъин гардидааст ва рӯйхати шахсонеро, ки ба онҳо пардохти кумакпулӣ қатъ гардидааст, аз рӯи намунаҳои шаклҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода, то санаи 10-уми моҳи равон ба филиали "Амонатбонк" пешниҳод менамояд.
44. Рӯйхатҳо барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ё қатъ намудани он дар шакли электронӣ таҳия гардида, бо тартиби муқарраргардида ба БДА ҶТ "Амонатбонк" пешниҳод карда мешавад ().
45. Дар ҳолати ошкор намудани хатогӣ дар рӯйхат, аз ҷумла рӯйхати электронии ном ба ном, рӯйхати мазкур дар муҳлати як рӯзи корӣ аз ҷониби "Амонатбонк" ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргардонида мешавад, ки дар муҳлати як рӯзи корӣ бояд хатогиро бартараф намояд ().
46. Пардохти маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи бонкӣ сурат мегирад, корманди масъули филиали "Амонатбонк" бошад, мониторинги минбаъдаи онро амалӣ менамояд.
47. Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тавассути марказҳои хизматрасонии филиали "Амонатбонк" дар маҳалли зисти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. Дар сурати зарурат маблағи кумакпулӣ тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии ахолӣ аз ҷониби шахси ваколатдори маркази хизматрасонии филиали "Амонатбонк" ба маҳалли зисти эҳтиёҷманд расонида мешавад.
48. Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар банди 35 Тартиби мазкур зикр гардидаанд, шахсе, ки кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтааст, маблағи ғайриқонунӣ гирифтаашро ба хазинаи филиали "Амонатбонк" бармегардонад ва ин маблағ дар муддати ду рӯзи корӣ ба суратҳисоби агентӣ интиқол дода мешавад.
49. Дар сурати беморӣ, вафот ё муваққатан дар маҳалли истиқомати доимии худ набудани сардори оила, маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоиро метавонад шахси муътамади ӯ дар асоси ваколатнома гирад.
50. Корманди ваколатдори мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар се моҳ як маротиба (баъди ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи гузашта) якҷо бо корманди масъули филиали "Амонатбонк" таҳлили пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро мегузаронад ва дар бораи маблағи аслан пардохташуда тибқи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санади муқоисавӣ тартиб медиҳад.
51. Ҳаққи хизматрасонии бонкии "Амонатбонк" ба андозаи 0,8 фоиз аз маблағи умумии рӯйхатҳои ном ба ном гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад. Ҳаққи хизматрасонии бонкӣ дар баробари пешниҳоди рӯйхати ном ба номи гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи супоришоти пардохтӣ ба ҳисоби бонк пардохт мегардад.
5. БАНАҚШАГИРИИ ХАРОҶОТ БАРОИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
52. Банақшагирии маблағҳо барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва хароҷоти дигар, ки дар буҷети давлатӣ ба ин мақсад пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби агентӣ дар асоси дархости мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.
53. Агентӣ дар асоси дархости мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хулосаи пешакии худро оид ба маблағи барномаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳар сол то санаи 10 март ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
54. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи пешакии агентӣ маблағи заруриро барои соли ояндаи буҷетӣ ҳисоб намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
55. Ҳисобот дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба агентӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи якуми семоҳаи оянда пешниҳод карда мешавад. Агентӣ дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
56. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мониторинг ва арзёбии амалисозии Тартиби мазкур, хароҷоти мақсадноки маблағҳоро барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гузаронида, дар асоси натиҷаҳои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
6. БАҲИСОБГИРИИ ШАХСОНЕ, КИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ МЕГИРАНД
57. Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мегиранд ва таъмини назорати дурустӣ ва саривақтии пешниҳод намудани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ махзани ягонаи электронии маълумоти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ташаккул дода мешавад.
58. Махзани ягонаи электронии маълумоти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ташкил ва истифода бурда мешавад.
59. Маълумоти марбут ба додани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дар бораи даромад ва молу мулк, ки дар парвандаҳои гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҷамъ оварда шудаанд, барои қабул кардани қарор дар бораи таъин ё рад кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
60. Ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ба онҳо кумакпулӣ таъин гардидааст, то анҷоми муҳлати пардохти он кумакпулӣ мегиранд, баъдан дар асосҳои умумӣ мутобиқи талаботи Тартиби мазкур барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ метавонанд муроҷиат намоянд.
7. НАЗОРАТИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ ДУРУСТИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
61. Назорати риояи муқаррароти Тартиби мазкур, аз ҷумла дурустии маълумот аз рӯи шакли "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ равона карда шудаанд, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маҳаллии молия таъмин менамоянд.
62. Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки оид ба даромад ва молу мулк маълумоти нодуруст пешниҳод намудаанд ва дар натиҷа беасос кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтаанд, маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаи худро пурра ба суратҳисоби филиали "Амонатбонк" баргардонида, ба муҳлати 12 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани пардохти кумакпулӣ аз ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ маҳрум мегарданд.
63. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ё кумитаҳои маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ва мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия (шаҳр) ба агентӣ оид ба ҷараёни татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳар нимсола маълумот пешниҳод менамоянд.
8. ШИКОЯТ АЗ БОЛОИ ҚАРОР ОИД БА ТАЪИН Ё РАД КАРДАНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
64. Шаҳрвандон метавонанд аз рӯи қарор дар бораи таъин ё рад кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва нисбати амалҳо (ё беамалии) кормандони ваколатдоршуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё агентӣ муроҷиат намоянд.
65. Муроҷиат ва аризаю шикоятҳои шаҳрвандон оид ба пешниҳоди кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.