Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 № 252 "Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022

 

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия дастурамал ва қоидаҳоро доир ба амалишавии Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд амалӣ намудани барномаи мазкурро дар шаҳрҳои Левакант, Норак, Турсунзода, Истаравшан, Истиқлол ва ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Спитамен, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Панҷ, Ашт, Шуғнон, Рӯшон, Рашт, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ховалинг идома дода, аз 1 январи соли 2020 амалисозии барномаро дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Деваштич, Сангвор, Лахш, Зафаробод, Восеъ, Фархор, Нуробод, Тоҷикобод, Роштқалъа, Ванҷ ва Шаҳристон таъмин намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, Рашт, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинигардида, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намудани барномаи мазкурро таъмин намоянд.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалӣ намудани барномаро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ намудани он ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 майи соли 2020 № 252

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных городах и районах Республики Таджикистан на 2020-2022 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных городах и районах Республики Таджикистан на 2020-2022 годы (прилагается).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с министерствами экономического развития и торговли, финансов разработать и утвердить инструкцию и правила по реализации Программы государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных городах и районах Республики Таджикистан на 2020-2022 годы.

3. Министерствам здравоохранения и социальной защиты населения, финансов, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов и районов республиканского подчинения с привлечением партнеров по развитию продолжить реализацию данной программы в городах Левакант, Нурек, Турсунзаде, Истаравшан, Истиклол, районах Мир Сайид Алии Хамадони, Спитамен, Шамсиддин Шохина, Дангаринском, Пянджском, Аштском, Шугнанском, Рушанском, Раштском, Шахринавском, Варзобском, Файзабадском, Кухистони Мастчохском, Ховалингском районах и с 1 января 2020 года обеспечить реализацию программы в городе Рогун и в районах Деваштич, Сангвор, Ляхш, Зафарабадском, Восейском, Фархорском, Нурободском, Таджикабадском, Рошткалинском, Ванчском и Шахристанском районах.

4. Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов Турсунзаде, Рогун и Варзобского, Шахринавского, Раштского, Файзабадского, Нурободского, Таджикабадского районов и районов Сангвор и Ляхш обеспечить реализацию данной программы в рамках средств, предусмотренных для отрасли здравоохранения, а также из других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

5. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить координацию и техническую поддержку реализации программы и o результатах её реализации ежегодно до 20 декабря представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 мая 2020 года, №252