Барномаи Кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакитиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 аз 1 майи соли 2020 № 252

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 майи соли 2020, № 252

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакитиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022(минбаъд-Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

2. Барномаи мазкур самтҳои асосиии расонидани кумаки тиббию санитариро (намуд, ҳаҷм ва шартҳои онро) дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохтӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети давлатӣ, инчунин бо захираҳои донории мавҷуда барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

3. Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд,инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

4. Дар асоси замимаи 1 барнома гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморон, ки ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок оварда шудаанд ва барои гирифтани кумаки ройгони тиббию санитарӣ ҳуқуқ доранд, муайян шудаанд.

5. Шарти асосии расонидани кумаки тиббию санитарӣба таври ройгон ва ҳампардохтӣ (минбаъд-имтиёзнок) ба аҳолӣ ин додани роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи муассисаи минтақавии тандурустии маҳалли зист ва хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.

6. Кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба гурӯҳи имтиёзноки аҳолӣ (аз рӯи номгӯи 1 ва 2 замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.

7. Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи рӯйхати маводи дорувории асосӣ ва синонимҳои онҳо (минбаъд-РМДА), ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, анҷом дода мешавад.

2. НАМУДҲОИ КУМАКИТИББИЮ САНИТАРӢ

8. Барнома намудҳои зерини кумаки тиббию санитариро дарбар мегирад:

- кумаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;

- кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- кумаки тиббии махсусгардонидашуда дар шароити дармонгоҳ;

- таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ;

- иммунопрофилактика;

- кумаки тиббии статсионарӣ;

- кумаки стоматологӣ;

- чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ.

9. Расонидани кумаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳои таҳдидовар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё шахсони атрофи он, ки бо сабаби бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, оризаҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба вуҷуд омадааст, то баровардани бемор аз ҳолати таҳдидовар ба ҳаёти ӯ, ба таври ройгон анҷом дода мешавад.

10. Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар чунин намуд ва ҳаҷми зерин ройгон анҷом дода мешавад: 1) пешгирӣ:

- маслиҳатдиҳӣ (машварат) ва тарғиби таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;

- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда;

- маслиҳатдиҳии (машварати) беифшо (анонимӣ) оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасогии масуният (БПНМ), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;

- назорати ҳолати саломатии кӯдакони синни то 5;

- муоинаи профилактикии давравии талабагон;

- муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда;

- назорати доимии беморони дар қайдбуда, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва шаклҳои ташхиси васоитӣ (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи барнома ба кумаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд);

- гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ оид ба камхунии вобаста ба норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон; - дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва танзими оила;

2) ташхис:

- азназаргузаронии бемор;

- ташхиси заминавии озмоишӣ ва ташхисии гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 ва 2 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси умумии хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмиссионӣ (сирояти тавассути хун гузаранда);

- ташхиси хун вобаста ба вараҷа (малярия);

- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 ва 2 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси балғам (микроскопия);

- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб аз рӯи нишондодҳо;

- сабти барқии дил аз рӯи нишондодҳо;

3) муолиҷа:

- расонидани кумаки бетаъхири тиббӣ;

- шикастабандӣ (иммобилизатсия);

- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохиливаридӣ, дохилимушакӣ ва зерипӯстӣ);

- амалиёти хатна дар шароити дармонгоҳӣ;

- хизматрасониҳои тиббӣ (физиотерапия, маҳс, бо найча баровардани фасоди ковокии пардаи шуш, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, найчагузории рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани носурҳо (флегмонҳо), варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароити дармонгоҳ ва ғайра) ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 ва 2 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

4) кумаки тиббию санитарӣ бадаъватшавандагони хизмати ҳарбӣ дар асоси роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ таъмин намудани муоина, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ.

11. Кумаки тиббии махсусгардонидашуда дар шароити дармонгоҳӣ, аз ҷумла муоинаи озмоишию ташхисӣ аз ҷониби марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои дигари ғайрибистаринамоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯи 1 ва 2 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (аз рӯи бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз табибони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ба таври ройгон расонида мешавад. Дар баробари ин:

1) ба шахсонидигаре, ки ба имтиёзҳоҳуқуқ надоранд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоишӣ ва муолиҷа бо доруворӣ, дигар намуд ва ҳаҷми кумаки тиббии махсусгардонидашуда дар шароити дармонгоҳ дар асоси ҳампардохтӣ анҷом дода мешавад;

2) ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ мавҷуд набудани мутахассисон ва шароитҳои дахлдор барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи муоинаи озмоишӣ ва ташхисӣ,машваратҳои зарурӣ ва намудҳои ташхис метавонанд дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шаванд, зимнан пардохти онҳо бо роҳи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад; 3) шаҳрвандоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани хизматрасонии тиббиимахсусгардонидашудаи дар сатҳи дармонгоҳ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ муроҷиат менамоянд, ҳаққи хизматрасониро тибқи нархнома пурра пардохт менамоянд;

4) кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи тиббии дахлдор мебошанд, аввалан дар ҳаҷм ва намудҳои зерин бо таври ройгон анҷом дода мешавад:

- таҳлили умумии хун 2 маротиба;

- ташхиси хун барои гемоглобин 3 маротиба;

- ташхиси хун барои RW 2 маротиба;

- ташхиси хун барои ВНМО 2 маротиба;

- ташхиси умумии пешоб 2 маротиба;

- ташхиси пешоб барои протеинурия 4 маротиба;

- ташхиси бактериявии пешоб (ҳангоми зарурат);

- микроскопияи андудаи вагиналӣ;

- ташхиси фаросавтӣ 2 маротиба.

12. Таъминоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ аз рӯи барнома дар асоси РМДА аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:

1) ҳангоми расонидани кумаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ройгон дода мешавад;

2) ҳангоми расонидани кумаки тиббию санитарӣ, воситаҳои ташхисӣ ва маводи таъиноти тиббие, ки барои гузаронидани тадбирҳои озмоишию ташхисӣ заруранд, ба аҳолӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома (замимаи 1) дода мешаванд;

3) бемороне, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд, бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. Инчунин гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар давоми сол ба таври ройгон дар доираи маблағе, ки аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд намебошад, бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд.

13. Беморони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоӣ буда бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҳангоми гирифтори беморӣ ва дар ҳаҷми дар ҷадвали 1 зикргардида ба таври ройгон таъмин карда мешаванд:

Ҷадвали 1 *

14. Воситаҳои дорувории дар ҷадвали 1 зикргардида метавонанд тибқи дорухати аз ҷониби табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушергинекологи минтақавӣ додашуда ё дар доираи барномаи дахлдори аз ҷониби донорҳо дастгиришаванда, ба таври ройгон пешкаш карда шаванд.

15. Иммунопрофилактика ба таври ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Эмкунии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон дар доираи Барномаи умумии эмкунӣ, мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, кумакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, гузаронида мешавад.

16. Ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба статсионарҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ бо нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд, кумаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад (мувофиқи номгӯйи муваққатии ҳолатҳои ба ҳаёти беморон хатарнок, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст). Пас аз расонидани кумаки фаврии статсионарӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, суботи нишондиҳандаҳои гардиши хун ва нафаскашӣ беморон ҳамчун шахси дорои роҳхат ба хизматрасонӣ аз рӯи шартҳои расонидани кумаки нақшавии статсионарӣ ва ё барои муолиҷа ба шароити дармонгоҳӣ гузаронида мешаванд.

17. Кумаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кумакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд ва ба бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи 2 замимаи 1 Барнома оварда шудаанд, ба таври ройгон расонида мешавад.

18. Амалиёти хатна дар сатҳи статсионарӣ ба ҳамаи шаҳрвандон ройгон расонида мешавад.

19. Ба дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйи 1 замимаи 1 ва бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯйи 2 замимаи 1 Барнома зикр нагардидаанд, вале аз табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ роҳхат доранд ва ё худ бе роҳхат муроҷиат намудаанд, аз рӯи механизми ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохтӣ) хизмат расонида мешавад.

20. Ҳаҷми ҳампардохтӣ дар Қоидаҳои ҳампардохтӣ аз ҷониби аҳолӣ барои хароҷоти кумаки тиббию санитарии аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ расонидашаванда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян гардидааст.

21. Ҳангоми мавҷудияти нишондодҳо барои бистарикунонӣ беморон қаблан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешаванд.

22. Ба заноне, ки дар қайд мебошанд ва зери назорати мунтазами (ҳангоми ҳомиладорӣ на камтар аз 4 маротиба ҳозир шудан) муассисаи тиббии дахлдор қарор доранд, кумаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар ҳолатҳои дигар кумаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд аз рӯи механизми ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохтӣ) сурат мегирад.

23. Таъминоти беморон бо доруворӣ, ки дар муолиҷаи нақшавии статсионарӣ қарор доранд, мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҳампардохтӣ, кумакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

24. Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар боло зикр гардидаанд, бо риояи қонунгузорӣ оид ба харид ба даст меоранд.

25. Ҳангоми ба миён омадани заруратбарои харидории дорувории ба РМДА (рӯйхати маводи дорувории асосӣ) дохилнашуда ва синонимҳои онҳо мутобиқи рӯйхати иловагие, ки муассисаҳои тандурустӣ муайян менамоянд, иҷозат дода мешавад.

26. Дар сурати аз арзиши миёнаи муолиҷа барои ҳар ҳолати табобат ду маротиба зиёд будани хароҷоти воқеӣ барои таъминоти дорувории беморон комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ аз ҳисоби беморон пардохт намудани хароҷоти иловагӣ танҳо барои таъмини доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда қарор қабул мекунад. 27. Шаҳрвандоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо омадаанд, ҳангоми гирифтани кумаки статсионарӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар асоси Ҷадвали нархи миёнаи ҳолати бемории муолиҷашуда арзиши пурраи хизматрасониро пардохт менамоянд. 28. Кумаки стоматологӣ: 1) намудҳои зерини кумаки стоматологӣ ба таври ройгон расонида мешаванд:

- муоинаи профилактикии даҳони кӯдакон ва занони ҳомиладор дар як солду маротиба;

- санатсияи даҳони кӯдакони аз 2 то 7-сола ва занони ҳомиладоре, ки ба қайд гирифта шудаанд;

- кумаки таъҷилии стоматологӣ;

2) кумакистоматологиимахсусгардонидашуда аз рӯи нархнома барои навъ ва ҳаҷми кумаки тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ тибқи тартиби муқарраргардида расонида мешавад.

29. Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ мутобиқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

3. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМА

30. Мониторинги амалӣ намудани барнома дар асоси нишондиҳандаҳои таҳиянамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути гузаронидани тадқиқот анҷом дода мешавад.

Замимаи 1

ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ

оид ба таъмини аҳолӣ даршаҳру

ноҳияҳоитаҷрибавии Ҷумҳурии

Тоҷикистонбо кумаки тиббию

санитарӣбарои солҳои 2020-2022

Номгӯи 1

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

- иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва маъюбони ҳимояисохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо ҳамаи дараҷаҳои ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

- қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ;

- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;

- нафақахӯрон барои хизматҳои шоён ё махсус;

- шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқииатомии Чернобил зарар дидаанд;

- маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;

- маъюбон аз даврони кӯдакӣ;

- кӯдакони маъюби то синни 18;

- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаҳои кӯдакони оилавӣ (оилаҳои ба фарзандхонӣ қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории падару модар маҳрум мондаанд;

- кӯдакони то 1-сола;

- маъюбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;

- аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат;

- шаҳрвандони синни 80ва аз он боло;

- бошандагони муассисаҳои иҷтимоии будубоши доимӣ;

- шаҳрвандони бекор, ки расман дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд;

- қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила (дар марҳилаи аввали сар задани ҳолат).

Номгӯи 2

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):

- беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар ду ҳафтаи аввал);

- беморони мубталои саратон дар марҳилаи хуруҷи он;

- кӯдакони синни то 5, ки гирифтори дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона);

- беморони мубталои гемофилия;

- беморони мубталои махав;

- беморони мубталои бемории ҳорӣ;

- беморони мубталои гулӯзиндонак;

- беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи DOTS)(табобати кӯтоҳмуддати таҳти назорати бевосита));

- беморони гирифтори ВНМО (вируси норасоии масунияти одам);

- беморони гирифтори бемории дибети қанд (вобаста будан аз инсулин).

Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ, дар минтақаҳо фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.

Замимаи 2

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 мая 2020 года, №252

ПРОГРАММА государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных городах и районах Республики Таджикистан на 2020-2022 годы

*Программа