Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифташудааст,
рақами бақайдгирӣ 487(1)
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифташудааст,
рақами бақайдгирӣ 487(1)
ФАРМОИШИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ-2007)". Маҷмӯаи №16 "Лӯлакашҳои дохилӣ"
120.030.030.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Ба меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ-2007). Маҷмӯаи №16 "Лӯлакашҳои дохилӣ", ки бо сархати якуми банди 1 фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2008, №7фк тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2009, №487 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд, замима мегарданд.
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
...