Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 № 212 "Дар бораи манъ кардани содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи манъ кардани содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади истифодаи самараноки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, васеъ намудани коркарди саноатии онҳо дар дохили ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2020 манъ карда шавад.

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

3. Бандҳои 8-15 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 377  "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2020 № 212

ш. Душанбе