Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи манъ кардани содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади истифодаи самараноки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, васеъ намудани коркарди саноатии онҳо дар дохили ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2020 манъ карда шавад.
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
3. Бандҳои 8-15 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 377 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 марти соли 2020 № 212
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О запрете экспорта лома и отходов чёрных и цветных металлов из Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О заготовке лома и отходов чёрных и цветных металлов", статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях эффективного использования лома и отходов чёрных и цветных металлов, расширения их промышленной переработки внутри республики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Запретить с 1 марта 2020 года экспорт лома и отходов чёрных и цветных металлов из таможенной территории Республики Таджикистан.
2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству транспорта Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить контроль над исполнением настоящего постановления.
3. Исключить пункты 8-15 приложения к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2014 года, №377 "О ставках вывозных таможенных пошлин".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 марта 2020 года, №212