Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2020,
№118 тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ ФОНДҲОИ БОВАРИИ ТАЪМИНИ ОБИ НУШОКИ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Тартиби мазкур дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" таҳия гардида, тартиби аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис додани фондҳои боварии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов (минбаъд - фонд), ҳамчунин маблағгузорӣ ва идора кардани истифодаи маблағҳои фондро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо метавонанд, ки дар сатҳи маҳал фондҳои боварии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро таъсис диҳанд.
2. Таъсис додани фонд аз ҷониби мақомоти мазкур ихтиёрӣ мебошад.
3. Фонд дорои суратҳисоб бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Мақсади фонд ба даст овардани фоида намебошад.
5. Фонд шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи фонд амал менамояд.
6. Фонд ҳуқуқ дорад дорои молу мулки алоҳида бошад ва аз номи худ ҳуқуқ ва ухдадориҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст орад.
7. Фонд ҳуқуқи бастани шартномаҳоро дорад.
8. Фонд дорои тавозуни алоҳида, сметаи хароҷотӣ, муҳру штамп ва бланки намунаи муқарраргардида буда, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.
БОБИ 2. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ФОНД
9. Манбаъҳои маблағгузории фонд метавонад инҳо бошанд:
- маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ; - маблағҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ пешбинӣ гардидаанд;
- маблағҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда;
- маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор; маблағҳои грантии шарикони рушд;
- маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
БОБИ 3. САМТҲОИ АСОСИИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНД
10. Маблағҳои фонд дар самтҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- барои амалисозии дастовардҳои пешрафти илмӣ ва техникӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва сохтмони шабакаҳои нави таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- дар дигар корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ дар доираи барномаҳои тасдиқгардидаи бахши таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов.
11. Истифодаи маблағҳои фонд ба мақсадҳое, ки ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов алоқаманд нестанд, манъ аст.
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ МАБЛАҒҲОИ ФОНД
12. Маблағҳои фонд аз ҷониби Шӯрои фонд (минбаъдШӯро) идора карда мешавад.
13.Истифодаи маблағҳои фонд мутобиқи сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои фонд, ки ҳамасола аз ҷониби Шӯро тасдиқ карда мешавад, ба амал бароварда мешавад.
14. Сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои фонд дар асоси дурнамои пешбинишудаи воридшавии маблағҳои молиявӣ барои соли оянда ва зарурати гузаронидани чорабиниҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинигардида тартиб дода мешавад.
15. Шӯро метавонад, ки дар давоми сол бо дархости шарикони рушд ва шахсони саховатпеша дар бораи аз ҷониби онҳо ба фонд ворид кардани воситаҳои молиявии иловагӣ ба харҷномаи тасдиқгардидаи соли дахлдор тағйиру иловаҳо ворид намояд.
БОБИ 5. УЗВИЯТ ДАР ШӯРО ВА ФАЪОЛИЯТИ ОН
16. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо аъзои Шӯроро муайян менамоянд, ки дар он намояндагони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, намояндагони истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов, намояндагони шахсони ҳуқуқие, ки ба фонд маблағ ворид менамояд ва намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар сатҳи маҳаллӣ фаъолият мекунанд, ба таври ихтиёрӣ ба аъзогии Шӯро дохил карда мешаванд.
17. Маҷлиси якуми Шӯро бояд на дертар аз 1 (як) моҳи баъди ташкили Шӯро гузаронида шавад.
18. Ба рӯзномаи маҷлиси якуми Шӯро ҳатман бояд масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
- интихоби раиси Шӯро;
- интихоби котиби Шӯро;
- тасдиқи оинномаи фонд;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро.
19. Шӯро мувофиқи қоидаҳои амалкунанда қабули пешакии қарорҳоро ҷиҳати интихоби лоиҳаҳо ва маблағгузории онҳо амалӣ мегардонад.
20. Барои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд раванди қабули қарорҳои Шӯроро дида бароянд.
21. Самтҳои дигари фаъолияти кории Шӯро дар оинномаи фонд муайян карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
22. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
ПОРЯДОК СОЗДАНИЯ ДОВЕРИТЕЛЬНЫХ ФОНДОВ ПИТЬЕВОГО ВОДОСНАБЖЕНИЯ И ВОДОТВЕДЕНИЯ
Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О питьевом водоснабжении и водоотведении" и определяет порядок создания местными исполнительными органами государственной власти доверительных фондов питьевого водоснабжения и водоотведения (далее - фонд), а также финансирования и управления использованием средств фонда в соответствущих административно-территориальных единицах.
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Местные испольнительные органы государственной власти областей, городов и районов в местном уровне могут создовать доверительные фонды питьевого водоснабжения и водоотведения.
2. Создание фонда настоящими органами является добровольным.
3. Фонд имеет счет в национальной и иностранной валюте в банках Республики Таджикистан.
4. Получение прибыли не является целью фонда.
5. Фонд является юридическим лицом и действует в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и уставом фонда.
6. Фонд имеет право владеть отдельным имуществом и приобретать от своего имени имущественные и неимущественные права и обязанности.
7. Фонд имеет право заключать договоры.
8. Фонд имеет самостоятельный баланс, смету, печать и бланк установленного образца и выступает на суде в качестве заявителя или ответчика.
ГЛАВА 2. ИСТОЧНИКИ ФИНАНСИРОВАНИЯ ФОНДА
9. Источниками финансирования фонда могуть быть:
- свободные средства республиканского и местных бюджетов;
- средства, предусмотренные в государственных программах улучшения снабжения населения Республики Таджикистан чистой питьевой водой;
- средства потребителей питьевой воды и пользователей систем водоотведения подтверждённым тарифам;
- добровольные средства населения и хозяйствующих субъектов;
- грантовые средства партнёров по развитию;
- другие источники, не запрещённые законодательством Республики Таджикистан.
ГЛАВА 3. ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ СРЕДСТВ ФОНДА
10. Средства фонда используются по следующим направлениям:
- для внедрения прогрессивных достижений науки и техники, реабилитации, реконструкции и строительства новых систем питьевого водоснабжения и водоотведения;
- для других проектных и изыскательских работ в рамках утверждённых программ в сфере питьевого водоснабжения и водоотведения.
11. Использование средств фонда на цели, не связанные с пытевым водоснабжением и водоотведением, запрещается.
ГЛАВА 4. УПРАВЛЕНИЕ СРЕДСТВАМИ ФОНДА
12. Средства фонда управляются Советом фонда (далее - Совет).
13. Использование средств фонда осуществляется согласно смете доходов и расходов, ежегодно утверждаемой Советом.
14. Смета доходов и расходов фонда составляется исходя из ожидаемого прогноза поступления финансовых средств на следующий год и необходимости в осуществлении мероприятий, указанных в пункте 10 настоящего Порядка.
15. Совет может в течение года по просьбе партнеров по развитию и меценатов о внесении ими в фонд дополнительных средств, внести изменения и дополнения в утвержденные сметы расходов фонда на соответствующий год.
ГЛАВА 5. ЧЛЕНСТВО В СОВЕТЕ И ЕГО ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
16. Местные испольнительные органы государственной власти областей, городов и районов определяют членов Совета, в состав которых добровольно включаются представители систем питьевого водоснабжения и водоотведения, представители потребителей питьевой воды и пользователей систем водоотведения, пердставители юридический лиц которые вносят средства в фонд и представители организаций гражданского общеста, осуществляющие деятельность на местном уровне.
17. Первое заседание Совета проводится не позднее, чем через один (1) месяц после создание Совета.
18. В повестку дня первого заседания совета должны обязательно вноситься следующие вопросы:
- избрание председателя Совета;
- избрание секретаря Совета;
- утверждение устава фонда;
- определение приоритетных направлений деятельности Совета.
19. Совет в соответствии с действующими процедурами осуществляет предварительное принятие решений для выбора проектов и их финансирования.
20. Для обеспечения прозрачности и отчётности представители гражданского общества могут рассмотреть процесс принятия решений Совета.
21. Другие направления деятельности Совета определяются в уставе фонда.
ГЛАВА 6. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНОЕ ПОЛОЖЕНИЕ
22. Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.