Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби таъсис додани фондҳои боварии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъсис додани фондҳои боварии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани Тартиби мазкур ҳангоми таъсис додани фонд чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2020 №118
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке создания доверительных фондов питьевого водоснабжения и водоотведения
В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О питьевом водоснабжении и водоотведении" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок создания доверительных фондов питьевого водоснабжения и водоотведения (прилагается).
2. Местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры для реализации настоящего Порядка при создании фонда.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 февраля 2020 года, №118